Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз
«Бовар дорам, ки таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Сада ба арҷгузориву гиромидошти расму ойинҳои миллӣ, таҳкиму густариши боз ҳам бештари ҳисси миллӣ, ҳувияту худшиносии мардуми кишварамон ва ба ин васила вусъат гирифтани раванди ободониву пешрафти Ватани маҳбубамон мусоидат мекунад».
Эмомалӣ Раҳмон
Тавре ки аз сарчашмаҳои таърихӣ ва ишораҳои адибону донишмандони гузашта бармеояд, ҷашни Сада дар миёни ҷашнҳои сегонаи мардуми мо мақому манзалати хоса дорад, зеро он ифодагари омодагӣ ба гардиши табиат мебошад. Дар охири фасли сармо мардум дар майдонҳо ҳезум ҷамъ карда, оташ меафрӯхтанд, дар гири оташ рақсу бозӣ мекарданд, ин маънои онро дошт, ки баъди сардиву карахтии фасли сармо мебояд, ки ба гармиву хушиҳои зиндагӣ рӯ овард.
Мувофиқи махзанҳои таърихӣ иди Сада таърихи беш аз 3000-соларо доро буда, аввалин таблиғкунандагони Сада тоҷикон, ки аз қадимулайём мардуми кишоварз буданд, мебошанд. Сада дар поёни чиллаи калон муждае аз наздик расидани баҳор меорад, инчунин пирӯзии рӯшноиро бар торикӣ ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳору муждаи пешакии Наврӯзи оламафрӯзро мерасонад. Ҷашни Сада марбут ба бузургдошти оташ буда, аз ин рӯ назди зардуштиён арҷманд мебошад.
Зардуштимазҳабони ҷаҳон ин ҷашнро бо шукӯҳу шаҳомати хосса пазироӣ менамоянд. Аз сарчашмаҳои таърихӣ бармеояд, ки то имрӯз дар шаҳри Кирмони Эрон суннати мардумии Садасӯзӣ барҷо мондааст, ки бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ҷашн омодагӣ мегиранд. Теппаи ҳезумро гирд меоранд. Замони гулханафрӯзии онҳо ба рӯзи 10-уми Баҳманмоҳ, ба ғуруби Офтоб рост меояд. Дар ҷашн ҳазорҳо нафар одам ҷамъ омада хурсандӣ мекунанд ва сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Фардои рӯзи Садасӯзӣ деҳқонон қадре аз хокистари мондаро чун рамзи баракату фаровонҳосилӣ бурда ба заминҳояшон мепошанд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки иди Сада баробари бузургдошти Худои гармию фурӯғи миноӣ Митра (Меҳр) рамзи омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.
Решаи ҷашнҳои мардуми ориётабор аз ибтидо бо табиату кайҳон ва иҷтимои башарӣ иртибот дошта, решаи аксари ҷашнҳои ориёӣ иборат аст аз кашфиёте, ки ошкор шудани он ба нафъи тамоми ҷомеаи башарист, аз қабили кашфи оташ, баробарии шабу рӯз, ихтирои оҳан, даст ёфтан ба улуми кишоварзӣ, тиб, киштисозӣ, тасарруфи уқёнусҳои паҳновар ва ғайра. Барои мисол, Каюмарс тибқи ривоятҳои «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ, аввалин касе буд, ки тоҷи подшоҳӣ бар сар ниҳода, низоми ҳукуматдориро бунёд гузоштааст. Шоҳ Ҳушанг мардуми замони худро бо обёрию санъат ва ҷудо кардани оҳану санг ва сохтани ашёҳои оҳанӣ ошно сохт ва ба онҳо кишоварзӣ омӯхт. Кашфи оташ ва бунёди ҷашни Сада низ ба Ҳушанг нисбат дода мешавад. Мувофиқи нигориши Абулқосими Фирдавсӣ Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт. Ҳушанг рӯзе ҳамроҳи ёронаш ба шикор рафт. Дар шикоргоҳ мори сиёҳи дарозеро дучор омад, ки ба одамон ҳамла меовард. Санги калонеро бардошта, сӯйи мор ҳаво дод ва он санг ба санги дигаре бархӯрда ва чарақае аз ин бархӯрд падид омад ва буттаи хушки канори санг аз он чарақа оташ гирифт ва ба ҳамин тартиб оташ падид омад. Ҳушанг аз падид омадани оташ ба ҳайрат монда, онро чун шуои фурӯғи яздонӣ пазируфт ва аз ҳамон рӯз бузургдошти оташро ба ҷо овард. Ин маросим ҷашни Сада номида шуд, ки онро халқҳои ориёинажод пос дошта,дар арафаи фаро расиданаш гулханҳо меафрӯхтанд. Абдулқосими Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» дар ин маврид зикр намудааст:
Баромад ба санги гарон санг хӯрд,
Ҳам ону ҳам ин санг гардид хурд.
Фурӯғе падид омад аз ҳар ду санг,
Дили санг гашт аз фурӯғ озаранг.
Ҷаҳондор пеши ҷаҳонофарин,
Ниёиш ҳамекарду хонд офарин.
Ки ӯро фурӯғе чунин ҳадя дод,
Ҳамин оташ он гоҳ қибла ниҳод.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Баъди кашфи оташ Ҳушанг нахустин касе буд, ки ба истеҳсоли филизот оғоз намуд ва онро гудохта, бар зидди аҳриманзодаҳову деву дадҳо аслиҳа сохт. Кашфи либос ва омӯзиши ҳунари риштану бофтану дӯхтан, сохтмон ва хиштрезӣ, истихроҷи сангҳои қиматбаҳо, баровардани бӯйҳои хуш, ба монанди мушку анбар, уд, гулоб ва кашфи ҳунари киштисозӣ ва дарёнавардӣ бошад, ба шоҳ Ҷамшед нисбат дода шудааст. Ҷашни Сада дар масири таърих ҷойгоҳи хоса дошта, ҳангоми давлатдории Ашкониён, Сосониён ва Сомониён бо тантанаву шукӯҳу шаҳомат истиқбол мегардид. Шоири бузурги асри XI Фаррухӣ дар бузургдошти ҷашни Сада фармудааст:
Сада омад, ки туро мужда диҳад аз Наврӯз,
Мужда бипзиру бидеҳ хилъату кораш ба тироз.
Дар бораи пайдоиши ҷашни Сада манбаъҳои таърихӣ далелҳои гуногун матраҳ кардаанд. Яке аз ин далелҳо гуфтаҳои Умари Хайём, ки бузургтарин донишмандони асри худ ба ҳисоб меравад, дар асари машҳури худ «Наврӯзнома» дар бобати ҷашни Сада афзудааст: «Афридун ҳамон рӯзе, ки Заҳҳок бигрифт, ҷашни Сада барниҳод ва мардумон, ки аз ҷавру ситами Заҳҳок раста буданд, писандиданд ва аз ҷиҳати фоли нек он рӯзро ҷашн карданд ва ҳар сол то ба имрӯз ойини подшоҳони некаҳдро дар Эрон ва даври он ба ҷой меоваранд».
Дар баъзе сарчашмаҳои таърихӣ номи Садаро баргирифта аз адади 100 медонанд. Абурайҳони Берунӣ дар ин замина зикр намудаанд: «Сада гӯянд, яъне сад ва он ёдгоре аз Ардашери Бобакон аст ва дар иллату сабаби ин ҷашн гуфтаанд, ки ҳар гоҳ рӯзҳо ва шабҳоро ҷудогона бишморанд, миёни он ва охири сол адади сад ба даст меояд ва бархе гӯянд, иллат ин аст, ки дар ин рӯз зодагони Каюмарс падари нахустин дуруст сад тан шуданд ва яке аз худро бар ҳама подшоҳ гардониданд». Муҳақиқи дигар ақидаҳои А. Беруниро рад намуда қайд намудааст: «Вожаи сада дар Авасто ҳам ба маънои тулӯъ кардан ва ҳам ба маънои ғуруб кардан омадааст ва ба гумони зиёд, ҷашни Сада ба як ҳодисаи кайҳонӣ, яъне тулӯъ ва ғуруби ҳамзамони ду ситораи пурнуру дурахшон дар нахустин шабҳои баҳманмоҳ дар ҳудуди панҷ ҳазор сол пеш иртибот дошта бошад». Ба ривояти «Таърихи Байҳақӣ», ҷашни Садаи дигаре, ки ба ёди мардум монда, ҷашнест, ки дар замони султон Маҳмуди Ғазнавӣ баргузор шуд. Унсурӣ, шоири қасидасарои дарбори Ғазнавӣ ҳангоми таҷлили ҷашни Сада дар баробари Маҳмуди Ғазнавӣ қасидае дар бораи ин ҷашн қироат кардааст, ки матлаи он чунин аст:
Сада ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афридуну аз Ҷам ёдгор аст.
Тавсифи ҷашни Сада дар ашъори шоирони дарбори Ғазнавӣ далолат бар он дорад, ки ҷашни Сада дар замони Ғазнавиён бошукӯҳ таҷлил мешудааст. Манучеҳрии Домғонӣ аз зумраи он шоирон буда, дар васфи ҷашни Сада қасидае суруда:
Омад эй сайиди аҳрор! Шаби ҷашни Сада,
Шаби ҷашни Садаро ҳурмати бисёр бувад.
Оташе бояд чунон ки фарози аламаш,
Бартар аз доираи гунбади даввор бувад.
Май хӯр, эй сайиди аҳрор шаби ҷашни Сада,
Бода хӯрдан, бале аз одати аҳрор бувад.
Аз мазмуну муҳтавои манбаҳои таърихӣ ва дигар сарчашмаҳо ба хулосае метавон омад, ки Ҷашни Сада ифодаи пайванди зиндагии инсонҳо бо табиат, давраи омодагӣ ба истиқболи баҳор ва Наврӯз, инчунин дигар корҳои кишоварзӣ буда, ба ҳеҷ як аз ақвом ё адёни бостон иртиботе надошта ва ҳамвора ҷашне ҳамагонӣ ва баргирифта аз шароити иқлимӣ ва рӯйдодҳои кайҳонӣ мебошад.
Ҳарчанд дар роҳҳои ноҳамвори таърих бисёр расму оинҳои миллати бостонии мо ба нестӣ рафтаанд, вале ҷашнҳои хуҷастаи ниёгонамон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада алорағми ин ҳама ҷафокориҳову бедодгариҳо боз аз қаъри асрҳо ҳамчун дурдонаҳои гаронбаҳои маънавӣ ҳифз гардида, то замони мо расидаанд ва бо рангу ҷилои беҳтар ва бо шукуҳу шаҳомати хоса таҷлил мегарданд.
Парлумони Тоҷикистон охирҳои моҳи октябри соли 2017 ба Қонун «Дар бораи рӯзҳои ид» тағйиру иловаҳо ворид намуд, ки дар асоси он минбаъд иди Сада дар кишвар чун рамзи гармиву нур аз ҷовидонагии хуршеди оламтоб, бо баргузории чорабиниҳои оммавӣ расман (30-юми январ) таҷлил карда мешавад.
Ҷашнҳои бостонии тоҷикон, аз ҷумлаи Наврӯз, Меҳргон, Сада ҳамчун мероси муқаддаси ниёгонамон дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон шукӯҳу шаҳомати тоза пайдо намуданд ва бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба анъана даромада, ҳамасола бошукуҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифта мешаванд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳои табрикотии хеш ба муносибати ҷашни Сада иброз намуданд: «Дар замони истиқлолият Сада баробари дигар маросиму суннатҳои миллии мо, аз ҷумла Наврӯзу Меҳргон умри дубора пайдо карда, таҷлили ҳарсолаи он ба ҳукми анъана даромад ва дар радифи ҷашнҳои миллиамон ба қонунгузории мамлакат ворид гардид».
Азиза Давлатшозода, полковники милитсия