Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бояд дар зеҳни ҷавонон андешаи солим парварем!

644Яке аз воситаҳои баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстии ҷавонон рушд ёфтани фарҳанги маънавию сиёсӣ, маърифати ҳуқуқӣ ва омӯзиши таърихи пурғановати миллати хеш ба шумор меравад.

Ҷомеа, дар навбати аввал, барои тарбияи дуруст ва хештаншиносии ҷавонон таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намуда, баҳри таълиму тарбияи онҳо ва ба воя расиданашон саҳми арзишманд мегузорад. Агар дар замони ҷаҳонишавӣ мо ба ин қишри ояндасоз таваҷҷӯҳ зоҳир накунем, пас ахлоқ рӯ ба косташавӣ меорад.
Маърифати ҳуқуқии ҷавонон, пеш аз ҳама аз ҷомеа талаб менамояд, ки ин тоифаро дар роҳи расидан ба ҳадафҳои устувор тарбия намуда, баҳри амалӣ гардидани мақсадҳои созанда чораандешӣ карда шавад. Аз ин рӯ, дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба омӯзиш ва соҳибкасб гардидани ҷавонон таваҷҷӯҳи хос зоҳир гардида, таъкид карда шуд, ки: "Бо мақсади соҳибкасб намудани шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки дар асоси таҳлили вазъи бозори меҳнати дохиливу хориҷӣ лоиҳаи барномаи миёнамуҳлати тайёр кардани кадрҳои касбии зинаи ибтидоӣ ва миёнаро аз ҳисоби ҷавонон барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ таҳия ва амалӣ намояд".
Ҳамин аст, ки имрӯз бо ташаббуси Ҳукумати ҷумҳурӣ дар тамоми минтақаҳои кишвар барои соҳибкасб ва шуғли доимӣ доштани ҷавонон омӯзишгоҳҳои махсус фаъолият намуда истодаанд, ки дар оянда барои хубтару беҳтар гардидани шароити зиндагии ин қишр мусоидат мекунад. Ҳамаи ин аз ғамхориҳои Ҳукумати кишвар нисбат ба ин гурӯҳи ояндасоз мебошад.
Зикр кардан ба маврид аст, ки имрӯзҳо бо мақсади солимии ҷомеа, дар рӯҳияи хештаншиносӣ тарбия намудани ҷавонон ва дур будани онҳо аз амалҳои хатарзои замони муосир, ба монанди терроризму экстремизм барои ҷавонон дар тамоми марказу ҷамоат ва шаҳру деҳоти кишвар толору майдончаҳои варзишӣ бо тамоми шароитҳои зарурӣ муҳаё карда шудааст. Ҷавонони мо метавонанд бо истифода аз шароити мусоид, дар навбати худ, пас аз омӯзиши илм ба тамринҳо ва обутоби бадан машғул гарданд.

643Ҳамзамон, лозим ба ёдоварист, ки дар Паём Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҳаёти ҷавонон таваҷҷӯҳ намуда чунин зикр карданд: "Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад.
Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд.
Маҳз ҷавононанд, ки дар оммавигардонии варзиш нақши асосӣ дошта, ба шарафи пирӯзиҳои онҳо парчами Тоҷикистони маҳбуби мо дар гӯшаҳои гуногуни дунё парафшонӣ мекунад".
Дар воқеъ, ҷавонони мо барои муаррифии давлату миллат дар чандин мусобиқаҳои варзишию фарҳангӣ ширкат намуда, Парчами кишварро баланд бардоштаанд, ки ин нишонаи ҳувияти миллӣ мебошад. Соҳибкасбу маълумоти олӣ пайдо кардани ҷавонон боиси коҳишёбии ҷинояту ҷинояткорӣ миёни аҳолӣ мегардад.
Имрӯз нисбат ба дигар қишри ҷомеа саҳми ҷавонон дар рушди маърифату худогоҳӣ боло рафта, онҳо аз ҷиҳати ҳуқуқдониву аз бар намудани вазифаҳои хеш пешрафта мебошанд. Ҳамин ҳолатҳо боис ба он мегардад, ки дар навбати худ бояд аз тарафи мақомотҳои дахлдор ҳамкориро бо ин тоифа зиёд намуда, кӯшиш намоянд, ки дар беҳтар гардидани вазъи иҷтимоию маърифатнокии онҳо саҳми бориз гузоранд.
Бо ин мақсад Пешвои миллат дар Паёмашон чунин зикр намуданд: "Бо дастгириву ғамхорӣ фаро гирифтани ҷавонон, ҳаллу фасли мушкилоти ҳаёти онҳо ва истифодаи дурусту оқилона аз ин захираи стратегии миллӣ ба хотири ободиву пешрафти Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарине мебошанд, ки таҳти таваҷҷӯҳи хоссаи Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро Тоҷикистон худ кишвари ҷавонон аст".
Танҳо дар такя ба қувваи ҳамдигар дар шароити имрӯзаи рушд мо метавонем ба ҳадафҳои олии худ бирасем. Вобаста ба баланд гардидани ҳисси хештаншиносӣ ва дар сатҳи хуб ба роҳ мондани ҷавонон Сарвари давлат дар Паёмашон илова сохтанд, ки "Мо имсол "Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026" ва "Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027"-ро қабул намудем". Ин барномаҳо бошад, ягона роҳи пешгирии ҷавонон аз ҳар гуна амалу кирдорҳои ҷиноятӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, ҷавононро бояд ба илмомӯзӣ ҷалб намуда, дар роҳи расидан ба ҳадафҳои устувор тамоми чораҳои заруриро равона намоем, то ки аз ҳар гуна ҳаракатҳои иртиҷоӣ дар кишвар пешгирӣ карда шавад. Бояд дар раванди тарбияи ватанпарастии ҷавонон ҳамаи субъектҳои тарбия кӯшиш намоянд, дар он вақт натиҷаи дилхоҳ ба даст хоҳад омад ва ин бо мақсади таъмини ягонагии Тоҷикистон ва тарбияи ҷавонони кишвар дар руҳияи ватанпарастиву хештаншиносӣ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз ҷавонони кишвар даъват ба амал оварда мешавад, ки дар пешрафту шукуфоии Ватани азизамон бо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ саҳми арзандаи хешро гузоранд.
Имрӯзҳо низ барои хуб ба роҳ мондани фаъолияти ҷавонон ва дастгириҳои онҳо, аз тарафи ВКД низ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шудааст. Мақомоти корҳои дохилӣ пайваста ба неруи тавонои ин тоифаи ояндасоз такя намуда, бо истифода аз захираи зеҳнии собиқадорону кормандони ботаҷриба нисбати кормандони ҷавони милитсия, ки нав ба фаъолият оғоз намудаанд, роҳнамоиҳо сурат мегирад.
Ҳамзамон, саҳми дружиначиёни ихтиёрӣ, кормандони ғайриштатии милитсия низ, ки аксар аз ҳисоби ҷавонони фаъоли кишвар ташкил ёфтаанд, дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти сокинон назаррас мебошад.
Ҳамин аст, ки ҳамасола ҷавонони кишвар аз тарафи роҳбарияти ВКД барои ҳамкории мутақобилан судманд, саҳмгузорӣ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, суботу оромии кишвар, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, нақши арзандаву назаррас мегузоранд. Ба ин хотир, аз тарафи роҳбарияти мақомоти корҳои дохилӣ хизмати онҳо қадрдонӣ карда мешаванд.
Зулфинисо Камолова, муаллими калони кафедраи бехатарӣ аз сӯхтори факултети №5 Академияи ВКД ҶТ, подполковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...