Вохӯрии сардори Академияи ВКД бо ҳайати шахсӣ
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода дар вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ иброз дошт, ки вазъи имрӯзаи ҷомеаи ҷаҳонӣ як андоза душворфаҳм буда, задухӯрдҳои ҳарбии замони муосир, вазъи ноороми Афғонистон, ки марзи байни ин ду кишвар зиёда аз 1400 километрро ташкил медиҳад, моро водор месозад, ки баҳри таъмини сулҳу субот тамоми донишу маҳорати худро истифода барем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба масъалаи таълиму тарбияи кадрҳо, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла, дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нигоҳ доштани ҳушёриву зиракии сиёсӣ, таваҷҷуҳ намудан ба вазъи кунунии давлати Афғонистон, манфиатҳои ҷомеа ва давлат аз хатарҳои муосири экстремизм, терроризм, гардиши ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои хусусияти трансмиллидошта, ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд, ки аз ҷаласаи ҷамъбастии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 2023 сарчашма мегирад, ба таваҷҷуҳи ҳозирин расонида шуд. Гузашта аз ин, зикр намуд, ки дар ин лаҳзаҳои мураккаби ҳарбӣ-сиёсии ҷаҳон танҳо матонату мардонагӣ, ватандӯстӣ, эҳтирому эътимод ба фарҳанги миллӣ, таъриху адаби пурифтихори миллати тоҷик, моро метавонад аз хатарҳои ҷойдошта эмин нигоҳ дорад.
Сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Ф.Р. Шарифзода иброз кард, ки курсантон бояд нисбат ба иҷрои вазифаҳои хизматии худ ҷиддӣ муносибат намуда, ин даргоҳи маърифатро бомуваффақият хатм намоянд. Новобаста аз таваҷҷуҳи ҳамешагии роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти омода намудани муттахасисони баландихтисос ва фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил имрӯз ҳастанд курсантоне, ки дар иҷрои вазоифу уҳдадориҳои хеш хунукназарона муносибат намуда, дар самти азхуд намудани донишҳои нав беаҳамиятӣ зоҳир менамоянд.
Дар идомаи ҷаласа сардори факултети №2, н.и.ҳ., дотсент, подполковники милитсия А.М. Мансурзода ва сардори факултети №6, н.и.ҳ., подполковники милитсия М.А. Амрудинзода ба сухан баромада, оид ба рафти супоридани санҷишу имтиҳонҳои сессияи зимистонаи соли таҳсили 2022-2023 маълумот манзур намуданд. Сардори Академия муҳтарам Ф.Р. Шарифзода таъкид намуд, ки курсантон ба пуррагӣ санҷишу имтиҳонҳоро супорида, сипас ба таҷрибаомӯзӣ сафарбар карда шаванд. Инчунин ба курсантон муроҷиат намуда изҳор кард, ки танҳо ба донишу маҳорати худ такя намуда, бо тайёрии ҳамаҷониба санҷишу имтиҳонҳоро супоранд ва барои имтиҳони хатм аз ҳозир омодагии ҳамаҷониба бинанд.
Вобаста ба масъалаи равон намудани курсантони курси 5 ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ ба ҳозирин муроҷиат намуда таъкид кард, ки таҷрибаомӯзӣ яке аз қисмати барномаи таълимӣ буда, он бояд дар сатҳи зарурӣ ташкил ва баргузор карда шавад. Ба сардорони факултетҳо, шуъбаи таълим ва сардорони курсҳои воҳиди таълимӣ-низомии Академия дастур дода шуд, ки тамоми ҳуҷҷатгузории раванди таҷрибаомӯзӣ тибқи талабот омода карда шуда, назорати ин раванд пурра ба роҳ монда шавад.
Сардори Академияи ВКД ҷиҳати қатъиян риоя намудани дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-полковники милитсия Р.Ҳ. Раҳимзода аз қабили риояи интизоми хизматӣ ва қонуният, одоби муошират, роҳ надодан ба рафторҳои ғайриоинномавӣ, қоидаҳои пушидани либоси низомӣ ва зиракии сиёсӣ бори дигар курсантонро хотиррасон намуд.
Инчунин, сардори Академия ба курсантон таъкид кард, ки ҳангоми таҷрибаомӯзӣ таваҷҷуҳ танҳо ба азхуд намудани донишҳои нав ва шинос гардидан ба амалияи мақомоти корҳои дохилӣ равона карда шуда, оқибатҳои ҳар як амалро омӯхта, дастуру супоришҳои роҳбалад ва дигар кормандони масъули сохторҳои мақомоти корҳои дохилиро ба пуррагӣ дарк намоянд, оқибати ҳуқуқии онро пешбинӣ карда, аз ҳаргуна кирдори зиддиҳуқуқӣ худдорӣ намоянд. Солҳои сипаригашта буданд ҳодисаҳое, ки курсантон ҳангоми гузаштани таҷрибаомӯзӣ ба амалҳои зиддиҳуқуқӣ даст заданд, ки дар натиҷа онҳо аз сафи курсантон ва мақомоти корҳои дохилӣ хориҷ гардида, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ аз ҷониби сардори Академия, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Файзалӣ Раҳмоналӣ ба курсантони курси 5-уми факултетҳои №№2, 5 ва 6 ҷиҳати бомуваффақият анҷом додани машқҳои оперативӣ-тактикӣ ва содиқ будан ба халқу Ватан дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.