Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷавонони Тоҷикистон – неруи созандаи Ватан

631(Дар Партави Паёми имсола аз 23.12.2022)
“Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”.
Эмомалӣ Раҳмон

Ҷавонон дар ҳар давру замон ва дар ҳар кишвари ҷаҳон ба унвони қудрати тавоно, сармояҳои бузурги инсонӣ ва омили рушду тараққиёт шинохта мешаванд. Дар Паёми Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз 23.12.2022, нақши Ҳукумати мамлакат дар таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон мавриди барасӣ қарор гирифта, ҷавонон ба ҳайси қувваи пешбарандаи ҷомеа, нерӯи тавонои ояндасоз, нигоҳдорандаи нангу номус ва ифтихори давлату миллат ёд шудаанд. Аз ҷумла, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд: “Мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд”. Бояд зикр намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари ба даст овардани Истиқлол зарурати ногузирии ташаккул ва амалӣ намудани сиёсати давлатии ҷавононро пазируфтааст, ки қабул гаштани қонуни асосии ҷавонон: “Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон”, аз 13-уми марти соли 1992 далели ин гуфтаҳо мебошад. Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз аввалинҳо шуда қонуни асосии ҷавононро қабул кардааст ва бори дигар собит месозад, ки кишвари азизамон Тоҷикистон дар таҳкими сиёсати давлатдорӣ ва сохтмони ҷомеаи демократии ҳуқуқбунёд ташаккули сиёсати ҷавононро яке аз самтҳои асосии стратегии фаъолият медонад. Воқеан ҷавонони кишвари мо ҷавонони саодатманданд, зеро шароити мусоид баҳри дуруст тарбия ёфтан ва солим ба камол расидани насли ҷавон фароҳам оварда шудааст ва набояд фаромӯш кард, ки ин ҳама неъматҳо дар натиҷаи талош ва заҳмату хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба даст омадааст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин қишри ҷомеа, яъне ҷавонон эътимоди хосса дошта, аз нахустин рӯзи ба даст овардани истиқлоли давлатӣ баҳри дуруст тарбия ёфтани насли наврасу ҷавон ҳама гуна чораҳои заруриро андешида истодааст.
Дар рушди давлатдорӣ ва таҳкими сиёсати давлатии ҷавонон қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон”, Консепсияву стратегияи давлатӣ дар самти татбиқи сиёсати давлатии ҷавонон дар ҷомеа, қабул ва амалигардонии як қатор барномаҳои соҳавии давлатӣ, мулоқотҳои пайваставу мунтазами Пешвои муаззами миллат бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ, роҳандозии як зумра ҳавасмандиҳо, аз қабили стипендияҳои президентӣ, Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон, грантҳои ҳукуматӣ бо мақсади дастгирии ташкилотҳои ҷамъиятии кор бо ҷавонон, таъсисёбӣ ва баргузории ҷаласаи нахустини Шурои миллии кор бо ҷавонон дар назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷлили ҳамасолаи Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон, ҷавоникунонии сиёсати кадрӣ ва дар зинаҳои роҳбарикунанда таъин гардидани шумораи зиёди ҷавонони лаёқатманд, ободу зебо гардонидани боғҳои фарҳангӣ, мавзеву гулгаштҳои фароғатӣ ва бунёди майдончаҳои варзишии муҷаҳҳаз бо талаботи замони муосир ва билохира эълон гардидани соли 2017 “Соли ҷавонон” дастовардҳои беназиртарину нотакрор дар ҳаёти ҳар як ҷавони саодатманди кишвар мебошад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола зикр намуданд: “Ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад”. Ин нуктаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, то мо ҷавонон ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлоли давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Воқеъан, имрӯз кишвари азизамон дар симои ҷавонони далеру шуҷои худ фарзандонеро мебинад, ки баҳри пешрафту саодати он омода буда, қодиранд, ки дар пастиву баландии зиндагӣ- сулҳи пойдор, амнияти кишвар, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ аз худ ҷасорату қаҳрамонӣ нишон дода метавонанд. Зеро имрӯз давлату Ҳукумати кишвар барои рушду пешрафти ҷавонон тамоми шароитҳоро фароҳам овардааст, ки ин ғамхориҳо ҷавононро рӯҳбаланд намуда, барои кӯшишу ғайрати онҳо, ҷиҳати хизмат ба Ватан-Модар мусоидат мекунад. Ҷавобан ба ғамхориҳои Ҳукумат мо ҷавонони кишвар низ мактаби бузурги ватандӯстии Пешвои муаззами миллатро сабақи бузурги зиндагӣ интихоб намуда, масъулияти бузурги таърихӣ ва қарзи пурифтихори фарзандии худро сарбаландона адо менамоем ва барои рушду нумӯи рӯзафзуни кишвар ҳамчун созандагони фардои Ватан ва пайравони асилу содиқи Пешвои миллат тадбирҳои судманд андешида, ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеаи навини Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳадафҳои созандаю бунёдкорона фаъолияти хешро равона месозем. Лозим ба ёдоварист, ки бо амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ифтихори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2019 озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» , бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти ҳофизаи фарҳангӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, бой гардонидани захираи луғавӣ, тақвияти ҷаҳони маънавӣ ва фаъолигардонии доираи забондонии ҷавонон тасдиқ гардид. Зимнан бояд арз кард, ки бо дастгирии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саҳифаи тозае дар таърихи навин боз шудааст, ки он эълон гардидани 23-юми май Рӯзи ҷавонон мебошад. Таҷлили Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон на танҳо шодию хурсандӣ ва тарабу фараҳмандист, балки натиҷагирии фаъолияти ҷавонони кишвар дар ҷодаи бунёдкориҳо, ободонии Ватан аст. Мо бояд ба тамоми ҳастӣ дарк намоем, ки барои устувор намудани пояҳои истиқлолияти миллӣ ва бунёди давлати пуриқтидори демократӣ, тақдири ояндаи миллат, амнияту оромии кишвар ва эҳёи дурахшонтарин арзишҳои тамаддуни бузурги ниёгонамон масъулияти бузурге бар дӯш дорем. Зеро ҷавонон идомадиҳандаи суннатҳои таърихиву фарҳангии қадимии миллати худ, сарчашмаи ташаббусҳои бузург, манбаи ғояҳои нав, эҷодкори тақдири имрӯзу ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошанд. Имрӯз ҳар як ҷавони бонангу ори Ватан дастуру ҳидоятҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавононро сармашқи асосии кору фаъолияти ҳамарӯзаи худ дар давраи ҷаҳонишавии муносибатҳо қарор дода, афкору андешаҳои тозаи мо ҷавонони хушбахту хуштолеъ нахоҳад гузошт, ки гурӯҳҳои тундраву ифротгаро фазои софи Ватани азизро ғуборолуд созанд. Мо ҷавонон баҳри ҳифзи Ватани азизамон –Тоҷикистони соҳибистиқлол кӯшиш намуда, бар зидди ҳар гуна зуҳуроти бегонапарастӣ мубориза хоҳем бурд ва аз таърихи давлати соҳибистиқлолу ниёгони худ, забону фарҳанги миллиамон ифтихор намуда, баҳри дифои онҳо аз ҳар гуна омилҳои зараровар пайваста талош меварзем. Мавқеи фаъоли ҷавонони болаёқату боистеъдодро дар рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол ба инобат гирифта, Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи хеш (аз 23.12.2022) иброз намуданд: “Мо имсол «Барномаи миллии рушди иҷтимоии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 – 2026» ва «Барномаи давлатии тарбияи ватандӯстӣ ва таҳкими ҳувияти миллии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2023 – 2027»-ро қабул намудем”. Ҷавонон аз ин ғамхориҳои беназиру таваҷҷуҳи Пешвои муаззами миллат руҳу илҳоми тоза гирифта, ба Модар — Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя кардан ва дар ҳимояи манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд. Мо ҷавонони саодатманди кишвар бо шукргузорӣ аз чунин фазои ободу озод, аз ин хоки сарзамини биҳиштосо, аз неъматҳои гаронбаҳои ваҳдату Истиқлолияти миллӣ, бо пуштибонӣ аз сиёсати хирадмандонаю дурандешонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ҳисси ифтихори миллӣ ва хештаншиносӣ дар роҳи ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмили талошу ташаббусҳои беназирро сармашқи фаъолияти хеш қарор хоҳем дод. Исбот хоҳем кард, ки мо ҷавонони саодатманди ин кишвар ба андешаи оқилонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи созандаи Ватан буда, дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа нақши арзишманд ва назаррас дорем.
Бобозода Нилуфар,
сардори Котиботи Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...