Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Артиши миллӣ - зодаи даврони Истиқлол

635«Артиш такягоҳи давлат ва сипари миллат аст». Эмомалӣ Раҳмон

Хизмат дар сафи Артиши миллӣ ва ҳифзи марзу буми Ватан вазифаи муқаддаси шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Роҷеъ ба ин гуфтаҳо дар Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон моддаи 43 чунин оварда шудааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояти манфиати давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст».
Эй Ватан, эй кишвари озодаам,
Ман зи модар баҳри ҳифзат зодаам.
То ки бошам ҳамдаму ҳамрози ту,
Гаштаам Модар – Ватан сарбози ту.
Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлол тавсиф намуда қайд намудаанд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба мероси худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуда, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷойи холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд.
Имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳ муҳофизи худро дида, онро сипари боэътимод медонанд. Мушоҳидаҳо собит менамоянд, ки дараҷаи касбияти аскарону афсарон ва вазъи моддию техникии имрӯзаи Артиши миллӣ аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии он ба куллӣ фарқ менамояд.
Гузаштагони бузурги мо тавонистаанд бо қалами худ ватандӯстию ватанхоҳиро иброз намоянд. Шоири ватандӯст Ҳабиб Юсуфӣ умри худро то дами марг барои Ватан дареғ надошт, чуноне ки гуфтааст:
Қалам ба даст бигирам, ки шеър бинвисам,
Забони ман зи ҳама пештар Ватан гӯяд.
Ҳадаф аз ифшои чунин мисраъҳо дар дили ҷавонон бедор намудани ҳисси ватандӯстӣ мебошад. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки фарзандон ва насли ояндаро дар рӯҳияи ватандӯстию ватанхоҳӣ, ҷавонмардию далерӣ, одобу ахлоқ ва маърифатнокӣ тарбия намуда, онҳоро аз фиребу найранги душманони хунхор муҳофизат намоем.
Ҳамасола дар сар то сари Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсисёбии Артиши миллиро 23 - юми феврал ҷашн мегиранд. Имсол бошад 30-солагии Артиши миллӣ дар ҳудуди кишвар ҷашн гирифта мешавад. Дар остонаи ин ҷашни бошукӯҳи таърихӣ ва санаи муқаддас ҳар як фарди ватандӯст беихтиёр роҳи тай намудаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишварро пеши назар меорад. Ҳаминро бояд қайд намуд, ки Артиши миллии мо дар вазъияти бисёр вазнини сиёсиву иқтисодии кишвар таъсис дода шудааст. Баъди пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ сарфи назар аз он, ки кишварро вазъи печидаи ҳарбӣ-сиёсӣ фарогир буд, Тоҷикистони тозаистиқлол ба таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи худ шурӯъ намуд. Вале барои бунёди он ягон заминаи моддиву техникӣ вуҷуд надошт. Яъне ташкили Артиши миллии мо дар заминаи холӣ, аз сифр шурӯъ шуд. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои таъсисёбӣ се марҳилаи аввалияи хешро паси сар намуд. Аз ҷумла давраҳои ибтидоии Артиш, бунёди навъҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ва таҳкиму тақвият додани он.
Бояд зикр намуд, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз давом дорад.
Ҳукумати мамлакат аз лаҳзаи аввал бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷӯҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст.
Ватан ноёбтарин сарват ва беҳтарин неъматест, ки Худованд барои мо ато кардааст. Ватан модар аст. Ин ду мафҳум барои шахси бонангу номус азиз ва муқаддас аст. Вақте, ки кӯдак чашм ба дунёи ҳастӣ мекушояд, дар машомаш бӯи шири модару дар рӯйи хоки зодгоҳаш ба воя мерасад. Бузургон ватандӯстию ватандориро яке аз нишонаҳои имондорӣ номидаанд: “Алоқа ва муҳаббат ба Ватан аз нишонаҳои имон аст”.
Дар охир ҳаминро бояд дарҷ намуд, ки мо, шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳама дар назди халқу Ватан вазифадор ҳастем, сулҳи пойдор ва якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм ҳифзу нигаҳбонӣ кунем, халқи мамлакат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бовар мекунонем, ки бо хизмати намунавӣ ва бо меҳнати созанда қудрати иқтисодӣ ва нерӯи мудофиавии давлатамонро афзун менамоем.
Хизмат кардан ба Ватан вазифаи муқаддас ва шарафи бузург аст!
Сулаймонзода Рустам Неъматулло, муаллими калони кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...