Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нақши ҷавонон дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон

640“Хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ барои ҷавонон мактаби ҷавонмардӣ маҳсуб ёфта, дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намудани хизматчиёни ҳарбӣ ва барои онҳо муҳайё намудани шароити хуби хизмат, инчунин, риояи талаботи ойинномаҳои ҳарбӣ муҳимтарин самти сиёсати мудофиавии кишвар маҳсуб меёбад”. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Ҷавонон неруи созандаи ҷомеа маҳсуб меёбанд, 70фоизи аҳолии кишварро ҷавонони то синни 35-сола ташкил медиҳанд. Ҷавонони Тоҷикистонро Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои миллии ҷавонони назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чандин созмонхои ҷамъиятию эҷодӣ муттаҳид менамоянд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи ҷавонон диққати махсус медиҳад. Дар Паёми навбатии Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 декабри соли 2023 нисбати ҷавонон зикр гардид, ки ҷавонони Тоҷикистони соҳибистиқлол неруи созандаи Ватан буда, нақши онҳо дар тараққиёти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти давлат ва ҷомеа бисёр арзишманд ва назаррас мебошад. Таъкид гардид, ки мо бо ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона саҳм мегузоранд, марзу буми сарзамини аҷдодиро ҳимоя мекунанд, ватандӯсту ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд. Воқеан, имрӯз ҷавонони мо ҳамчун нерӯи бузурги бунёдгару созандаи кишвар ва умеди фардои дурахшони давлату миллат эътироф шудаанд, ки албатта чунин таваҷҷӯҳ пеш аз ҳама аз ҷавонон масъулиятшиносиро талаб менамояд.
Имрӯз Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ карор дорад ва аз нисф зиёди аҳолии мамлакатамонро наврасону ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон, хосатан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштироки хамаҷонибаи ҷавонони кишварро дар раванди ободкориву созандагии Ватани мукаддасамон ҳамеша дастгирӣ намуда, барои беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти босамари онҳо тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст. ”Мо бо наврасону ҷавонони бонангу номуси худ боварӣ дошта, бо онҳо ифтихор мекунем, зеро онҳо воқеан ояндаи Ватан ва идомадиҳандаи кору фаъолияти созандаи мо ҳастанд.
Аз ин ру, масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва худшиносиву худогоҳии наврасону ҷавонони кишвар бояд ба яке аз самтҳои асосии касбу кори мо табдил ёбанд. Бояд қайд намуд, ки дар замони бархурди манфиатҳои миллӣ ва байнидавлатӣ ҳифзи манфиат ва арзишҳои миллӣ, барои ҳама қишрҳои ҷомеа, алалхусус ҷавонон, ки ояндаи миллат ва ҷамъият мебошанд, аз ҳама муҳим арзёбӣ мегардад. Албатта суханҳои зикргардида пеш аз ҳама ба хотири боз ҳам дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани раванди тарбияи ҷавонон, дар рӯҳияи садоқат ба касбу савганд мебошад. Чунки, Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву Ваҳдат ва Истиқлол расидан, шукронаи соҳибдавлатиро ба ҷо овардан аз ҷумлаи арзишхое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро дастури зиндагии ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва бовар дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафта ва тавоно бунёд намоем. Зеро ҳифзи давлату миллат ва марзу буми кишвар, пеш аз ҳама ба ҷавонони бо нангу номус ва далеру шуҷои Ватан вогузор шудааст. Шумо ҷавонон бояд Ватанро ҳамчун модари худ, ҷони худ дӯст доред, ба кадраш расед ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз намоед”.
Рӯзи 23-юми феврал дар Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон чун анъана мо яке аз санаҳои муҳими таърихи давлатдории навини Тоҷикистон - таъсиси Артиши миллӣ, ҳамчун рукни муҳимтарини давлат ва сипари боэтимоди Ватани азизамонро ҷашн мегирем. Сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан аз ҳисоби ҷавонон пурра гардонида мешавад. Дар моддаи 43-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи манфиатҳои давлат, таҳкими истиқлолият, амният ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси шаҳрванд аст. Тартиби хизмати ҳарбиро қонун муайян мекунад». Ҳар сол ҳудуди 30 ҳазор ҷавони аз 18 то 27-сола дар Тоҷикистон барои хизмат дар сафи Артиш ҷалб мешаванд. Бо таваҷҷӯҳ ба ин ки Точикистон низ чун дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ дар маърази осебҳои зиёди амниятӣ қарор дорад, бояд Артише бархурдор аз тавонмандиҳои лозим дар ихтиёр дошта бошад. Вуҷуди манбаи ноамниҳои минтақавӣ дар Афғонистон, ки марзи 1400 километрӣ бо Тоҷикистон дорад, аҳамияти ин мавзӯъро бештар кардааст. Аз ин рӯ, давлат дар ростои тақвияти Артиши худ рӯ ба ҳамкориҳои низомӣ бо кишварҳои мухталиф, аз ҷумла, Россия, Чин, Амрико ва Ҳиндустон овардааст. Дар натиҷаи ин ҳамкориҳо Артиши Тоҷикистон то ҳадде бо кадрҳои мутахассис ва таҷҳизоти зарурӣ таъмин шудааст. Ба ақидаи Сайфулло Сафаров таҳлилгар ва шореҳи масоили сиёсии кишвар хизмати ҳарбӣ новобаста аз сулҳу оромӣ зарур ва ҳатмист: «Хизмати ҳарбӣ дар ҳама замон зарур аст. Новобаста аз он, ки абарқудратҳо ҳастанд ва ё нестанд, ҳамсояҳо хубанд ва ё баданд, дар давлатҳои ҳамсоя ҷанг ҳаст ва ё не. Зеро мегӯянд, ки «Агар хоҳони сулҳ бошӣ, доимо ба ҷанг омода бош». Яъне, хизмати ҳарбӣ мактаби мардонагии ҳар як шаҳрванд аст. Аз ин сабаб, новобаста аз вазъияти сиёсию иҷтимоӣ хизмат дар сафи Артиши миллӣ ҳама вақт чизи зарурӣ ба ҳисоб меравад». Лозим ба ёдоварист, ки Артиши миллӣ ва бунёди Қувваҳои Муссалаҳ дар ҳақиқат зодаи даврони истиқлол мебошад, ки ҳамагӣ баъди якуним соли ба баст овардани истиқлоли давлатӣ, дар марҳилаи ниҳоят вазнин ва ҳассоси таърихӣ, дар шароите таъсис дода шуд, ки мавҷудияти давлати тоҷикон ва бақои истиқлолияти он таҳти хатари нобудӣ қарор дошт. Зикр намудан бо маврид аст, ки баъд аз соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон ҳарчанд роҳбарияти онвақтаи ҷумҳурӣ дар бобати созмон додани Артиши миллӣ кӯшишҳое аз худ нишон дода бошанд, ҳам вале он бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ амалӣ нагардид. Зеро вазъияти сиёсии он замон имконият намедод, ки мутобиқ ба шароити истиқлоли давлатӣ Артиши миллӣ созмон дода шавад.
Нахустин кӯшиш дар ин замина Фармони Президенти Тоҷикистон аз 24-уми декабри соли 1991 «Дар бораи ташкил намудани Горди миллӣ» буд.
Баъдтар 4-уми январи соли 1992 Фармон «Дар бораи ташкил намудани Кумитаи мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон», 10-уми июни соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Горди халқӣ ва 17-уми сентябри соли 1992 Фармон дар бораи таъсиси Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба табъ расида бошанд, ҳам вале вобаста ба авзои носолими сиёсӣ ва мураккаби оғози истиқлоли давлатӣ имконият ва шароити таъсиси яке аз рукнҳои асосии давлати соҳибистиқлол, яъне Артиши миллӣ ба Тоҷикистон муяссар нагардид. Танҳо баъд аз баргузории Иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Артиши миллӣ ба таври ҳаққонӣ амалан сурат гирифт.
18-уми декабри соли 1992 Қарори Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Муссалаҳи Тоҷикистон» ва қарор дар бораи роҳбарии фаврӣ, идоракунии мутамарказ ва сафарбаркунии неруҳои мусаллаҳи сохторҳои низомӣ бо мақсади ҳарчӣ зудтар ба эътидол овардани вазъияти сиёсӣ ва таъмини амнияти миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон қабул гардид, ки роҳбарии он ба души Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шуд, аз дигар ҷониб ба тавсиб расидани ин қарорҳо заминаи ҳуқуқиро барои ташкили Артиши миллӣ фароҳам овард.
Президени мамлакат Артиши миллиро ҳамчун кафили асосии бақои истиқлолият тавсиф намуда қайд намуд, ки Артиши миллии мо баръакси дигар ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ, ки дар он давра аллакай ба меросии худ аслиҳаву техникаи ҳарбӣ ва дигар заминаҳои моддиву техникиро соҳиб шуда буданд, бе ягон таҳкурсӣ ва пойгоҳи аввалия ташкил карда шуд, ба мо лозим омад, ки корро дар ҷойи холӣ оғоз намоем. Аммо сарфи назар аз ҳама мушкилот мо имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Артиши миллии тоҷик ба вуҷуд омад. Он ба дараҷаи кофӣ қудрат дорад, ки мамлакатро аз таҳдидҳои дохиливу хориҷӣ ҳифз намояд. Заминаи аввалияи ташкили Артиши миллӣ бо таъсиси Бригадаи таъйиноти махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маҷмӯи вазифаҳояш ҳамчун нахуст сохтори он 5-уми декабри соли 1992 ташкил карда шуд.
Имрӯз бо ифтихор гуфта метавонем, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали таъсисёбиааш дар роҳи ҳифзи дастовардҳои истиқлол, барқарор кардани сохти конститутсионӣ, дар мубориза ба муқобили дастаҳои муссалаҳи ҷинояткор, ошӯбҳои хиёнаткорона, кӯшишҳои табаддулоти ҳарбӣ ва ҳифзи сарҳади давлатӣ хизмати фидокоронаро анҷом дода, имрӯз ба як нерӯи тавонои ҳарбӣ дар дохили кишвар ва дар фазои СААД табдил ёфтааст.
Бояд зикр намуд, ки ҷараёни такмил ва ташаккули Қувваҳои Мусаллаҳ, ба вуҷуд овардани сохторҳои таркибии он ҳам аз лиҳози моддӣ-техникӣ ва ҳам пурра кардан бо мутахассисони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ то ба имрӯз давом дорад. Зеро Ҳукумати мамлакат аз ибтидо бо мақсади ҳарчи зудтар ба эътидол овардани вазъияти кишвар ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддӣ-техникӣ, ташкили воҳидҳои зарурии низомӣ ва таъмини онҳо бо иншоот, техника ва лавозимоти ҳарбӣ, тарбияи кадрҳои соҳибихтисос, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, сарфи назар аз душворию мушкилоти зиёд ҳамеша кӯшиши ба вуҷуд овардани заминаҳои ҳуқуқӣ ва моддиву техникии ин сохторро таъмин намуда истодааст. Дар ин замина ҳанӯз то охири соли 1993 муҳимтарин қонунҳои танзимкунандаи фаъолияти системаи амнияти миллӣ ба монанди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Қӯшунҳои дохилии ВКД ҶТ”( 28.12.1993) Қонунҳо “ Дар бораи амният”, “Дар бораи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ” ва “ Дар бораи таъсиси Қӯшунҳои сарҳадӣ” ба тавсиб расиданд, ки дар роҳи таъмини нерӯи мудофиавии Тоҷикистон қадами ҷиддие буд.
Барои боз ҳам вусъат бахшидан ба ҷараёни такмил ва таҳкими Қувваҳои Мусаллаҳ ва пурзӯр намудани масъулияти сохторҳои низомӣ дар таъмини амнияти миллӣ фармонҳо “Дар бораи тадбирҳои боз ҳам беҳтар кардани тарбияи мутахасиссон барои Қувваҳои Мусаллаҳ, Гвардияи президентӣ, Қушунҳои сарҳадӣ ва дохилӣ, “ “Дар бораи тадбирҳои таъхирнопазири таҳкими қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, баланд бардоштани интизоми ҳарбӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳ” ба тавсиб расиданд, ки раванди ин дигаргунсозиҳоро боз ҳам вусъати тоза бахшид.
Дар ин замина Вазорати мудофиа, Вазорати корҳои дохилӣ, Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ имконият пайдо намуданд, ки маҳорату малака ва омодагии ҷангии ҷузъу томҳои ҳарбиро ба сатҳи баландтар бардорад, идораи ягонаи ҳарбиро ба роҳ монад, вазифаҳои ҷангии қӯшунҳоро муайян намуда ҳамоҳангии онҳоро бо дигар ҷузъу томҳои низомӣ ба роҳ монад.
Дар ибтидои соли 1999 дар сохтори Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон се навъи қувваҳои мусаллаҳ қушунҳои хушкигард, қӯшунҳои зидди ҳавоӣ ва қувваҳои ҳарбии зидди ҳавоӣ таъсис дода шуданд, баъдан онҳо муттаҳид карда шуда, ҳамчунин Қӯшунҳои зудамал таъсис дода шуд. Илова бар ин дар Қувваҳои Мусаллаҳ ислоҳоти ҳарбӣ гузаронида Сарситоди Қувваҳои Мусаллаҳ ба Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи ҶТ табдил дода шуд, ки ба зиммаи он вазифаҳои муҳимтарин, пеш аз ҳама роҳбарии мутамарказ ба ҳамаи ситодҳои сохторҳои қудратии малакат, омӯзиши вазъи ҳарбиву сиёсӣ, муайян кардани дараҷаи хатари ҳарбӣ ва омодагии ҳарбиву тактикии ситодҳо ва қӯшунҳо вогузор шудаанд.
Дар баробари ин таҳия ва қабули “Консепсияи амнияти миллии ҶТ”, “Доктринаи ҳарбии ҶТ” ва “Консепсияи корҳои тарбиявӣ дар Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон” тадбирҳои мушахас дар таҳкими Артиши миллӣ ва таъмини амнияти миллӣ буданд. Таҳким ва такмили Қувваҳои Мусаллаҳ ҳамчун сохтори ҳарбӣ ҳамеша идома дорад.
Дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ аз 23 декабри соли 2023 чунин омадааст: ”Вазъи мураккаби ҷаҳони муосир моро водор менамояд, ки ҷиҳати суръат бахшидан ба навсозӣ ва муҷаҳҳазгардонии Қувваҳои Мусаллаҳ, баланд бардоштани омодабошии ҳарбӣ ва тақвияти иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои зарурии иловагиро амалӣ намоем. Бинобар ин, Ҳукумати мамлакат, Вазорати мудофиа ва дигар сохторҳои низомӣ вазифадор карда мешаванд, ки ҷиҳати баланд бардоштани иқтидори мудофиавии кишвар Консепсияи мудофиаи миллиро таҳия ва пешниҳод намоянд”.
Хушбахтона имрӯз бо ибтикори Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, генерали артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон он мушкилоти солҳои пешин аз қабили нарасидани афсарони ҷавон, мутахассисони ҷавони соҳаҳои гуногуни ҳарбӣ ва техникаю лавозимоти ҳарбӣ дигар ба назар намерасад. Бо шарофати иқдомҳои пайвастаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон амалан сурат ва моҳияти ташкилоти пурқудрати ҳарбиро соҳиб гашта имрӯз бо интизоми қавӣ, донишу малакаи комил, дар рӯҳияи баланди ватандӯстӣ садоқат ба касбу савганд вазифаи бошарафи худ ҳимояи Ватан ва ҳифзи зиндагии осоиштаю меҳнати созандагии халқи худро анҷом дода, дар ҳайати неруҳои вобасташудаи зудамали СААД яке аз пешқадамтарин махсуб меёбанд. Дастаҳои таъиноти махсуси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи зиддитеррористии СҲШ баҳои баланди ҳарбӣ гирифтанд, ки ядрои ҳайати онро асосан ҷавонон ташкил медиҳанд.
Итминони комил дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон Савганди ботантанаи дар назди Президенти кишвар ёдкардаи худро ҳамеша азизу муқаддас мешуморанд, ба халқу Ватан ва давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон содиқона хизмат мекунанд ва шарафу номуси ҳомии миллати кӯҳанбунёду фарҳангсози тоҷикро мардона пос медоранд.
Асламов Б.С, Убайдуллоев Ш.Э.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...