Вазъи экологӣ дар оянда: роҳҳои ҳалли мушкилот
Дар инкишофи муносибатҳои иҷтимоию экологии инсоният дар ояндаи наздик ва дур эҳтимолу тақсимоти иҷтимоию экологии замин барои одам чун яке аз проблемаҳои глобалӣ саволеро ба миён оварад, ки оё инсон дар рӯи замин зиндагӣ карда метавонад ё не? Дар садаи XX инкишофи муносибатҳои экологию иҷтимоии инсоният нисбат ба табиат хусусияти низоӣ дошт ва бояд қайд кард, ки он дар айни ҳол ба нуқтаи олии худ расидааст.
Одамон гӯшаҳои табиии нав ба навро азхуд мекунанд ва дар рӯи замин қариб ҳеҷ ҷойе намондааст, ки пойи инсон ба онҷо нарасида бошад. Дар таносуби мустақим шумораи аҳолии инсоният зиёд шуда, таъсири антропогенӣ ба муҳити зист мутаносибан меафзояд. Ҷавоби ягонаи иҷтимоии инсоният ба буҳрони глобалии экологӣ ҳифзи якҷояи табиат аст. Аз инҷост, ки проблемаҳои мураккаби экологӣ, инкишофи устувори инсоният ва табиат дар ҳамаи зинаҳо – байналмилалӣ, минтақавӣ, давлатӣ ва маҳаллӣ мавриди баррасиву гуфтугӯҳост.
Расондани таъсири калонтарини харобовар вақте ба вуҷуд омад, ки дар асрҳои 19-20 инқилоби илмию техникӣ ва комёбиҳои он бар инсоният дар тараққиёти худ қадами дуру дароз гузошта буд.
Таъсири бузург ба оби нӯшокӣ ва ҳолати ҳаво истеҳсолоти саноатӣ, нақлиётҳо ва шумораи рӯзафзуни аҳолии сайёраи мо мерасонанд.
Боз кадом мушкилоти дигари экологӣ барои ҷаҳони муосир хосанд? Нобуд шудани чангал ва намудҳои биологӣ, торафт бештар наботот ва ҳайвонот ба Китоби Сурх дохил карда шудаанд.
Бо партовҳои заҳролуд ифлосшавии об ва атмосфера, зиёд шудани ҳиссаи гази карбон.
Бинобар ин, таназзули замин барои одам проблемаи гуруснагӣ тезу тундтар мешавад.
Мувозинати ҷомеа ва табиат ба таври бебозгашт вайрон шудааст ва муҳити зист дигар кодир нест, ки ҳолати аслии худро баргардонад.
Дар тамоми сайёраи Замин ба муносибати иҷтимоию экологӣ асосан (аз солҳои 80-уми садаи XX то имрӯз) ташкилоту муассисаҳои давлатӣ машғуланд, қонунҳо қабул мешаванд ва ин муносибатҳо дар мадди назари ҳазорҳо созмону ҷамъиятҳои маҳаллӣ, миллӣ, байналмилалӣ ва дигар ташкилотҳо мебошанд. Олимони муосир мефаҳманд, ки агар зарари одамон ва фаъолияти ҳаётии онҳо кам карда нашавад, табиат ва тамоми инсоният хавфи маргро дорад.
Самтҳои асосии инкишофи муносибати иҷтимоии экологии инсоният дар ояндаи наздик аз хавфи воқеии буҳрони умумӣ раҳоӣ ёфтан ва роҳҳои пешгирии онро ҷустуҷӯ кардан аст, ки он ба маърифати умумиэкологӣ вобастагӣ дорад.
Таърихи муносибати иҷтимоию экологиро ду ҷараёни муҳим муайян мекунад:
- озодии одам аз муҳити зист;
- фишору таъсири одам ба муҳити зист бо роҳҳои гуногуни истеҳсолӣ ва истифодаи энергия.
Одами боақл аз рӯзи пайдоиш то имрӯз (50 ҳазор сол пеш) ҳаракатҳои зиёде кардааст, ки он марбут ба инкишофи олами органикӣ ва қонуниятҳои он аст. Вазифаи глобалии одам дар садаи XXI пешгирии буҳрони умумиҷаҳонии экологӣ мебошад, ки он ба инкишофи техникаву технологияи нави истеҳсолӣ ва иҷрои қонуниятҳои табиат аз тарафи ҷомеа вобастагӣ дорад. Мутахассисон бо дарки таъсир ба сайёра ва экосистемаҳои он стратегияҳои ҳифзи табиатро таҳия мекунанд. Барои ин пешгӯии экологӣ истифода мешавад.
Имрӯз, бо истифода аз системаҳои автоматикунонидашуда тавассути маълумоти воридшуда метавонанд барои оқибатҳои тахминӣ ҳисоб баранд ва афсус онҳо ноумедкунандаанд.
Азбаски мушкилоти муҳити зист хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардаанд, пас онҳоро ба назар гирифта, дар сатҳи ҷаҳонӣ роҳҳои ҳалли онро ҷустуҷӯ кардан лозим аст. Барои ин ҳукуматдорони қудратии аксарияти давлатҳои ҷаҳон муттаҳид шуда, ба мухофизати табиат меоянд.
Ташкилотҳои байналмилалӣ таъсис дода мешаванд, ки ба таълиму тарбияи экологӣ ва ҳифзи табиат ва саломатии инсон машғуланд. Ғамхорӣ дар бораи муҳити зист бояд аз курсии мактаб оғоз шавад, ин мушкилотест, ки бояд дар ҳама ҷо муҳокима карда шавад. Аз ҳама муҳимаш он аст, ки системаи таҳсилоти экологӣ рӯ ба инкишоф овардааст. Ҳамаи проблемаҳои экологии садаи XX ҷамбаст шудаанд, вале то ҳолл ҳалли худро наёфтаанд.
Муайян карда шуд, ки шаҳрҳо манбаи асосии ифлоскунанда мебошанд: бо ишғол намудани 1% масоҳати хушкии замин, зиёда аз 50% тамоми аҳолии сайёра дар онҳо ҷамъ шудааст (дар Тоҷикистон ҳиссаи аҳолии шаҳр 27,7 фоизро ташкил медиҳад). Ва ин фоиз рӯз то рӯз меафзояд. Илова ба қаламрави ишғолкардаи онҳо, шаҳрҳо захираҳои атрофи худро истеъмол мекунанд. Чунин мушкилоти мутамарказро ҳамаҷониба ҳал кардан мумкин аст. Масалан, имрӯз назарияи шаҳрҳои сабз таҳия шудааст. Дар Амороти Муттаҳидаи Араб ҳоло сохтмони Масдар-Сити идома дорад - он як шаҳри комилан мустақил ва тоза хоҳад буд, ки партовҳои худро коркард мекунад, худро бо энергия бо истифода аз энергияи офтоб таъмин хоҳад кард (ҷустуҷӯи манбаъҳои барқароршавандаи энергия роҳи мувозинати экологӣ мебошад) ва паст кардани сатҳи гази карбон дар ҳаво барои истифодаи нақлиёти ҷамъиятӣ. Дар чунин шаҳрҳо оянда ҳаст. Умед аст, ки ғояҳои дар бунёди шаҳри Масдар таҷассумшуда дар оянда васеъ татбиқ хоҳанд шуд. Дар ниҳоят, чунин шаҳрҳо дар мувозинати ҳамоҳанг бо табиат вуҷуд хоҳанд дошт.
Далели дигари муҳим пас аз дарки зарурати тағйирот ва дарёфти роҳҳои ҳалли мушкилоти экологӣ ин даст кашидан аз соҳаҳои зараровар ва манбаъҳои ғанисозӣ мебошад. Аксар вақт, афзалиятҳо ин на ғамхорӣ барои табиат, балки чашмгуруснагӣ ва тамаъкории одамон мебошанд.
Ҳамоҳангӣ ва муҳофизати табиат, инчунин муносибати масъулиятноки инсон ба Замин бояд қоидаҳои асосии ҳаёти одамон гардад, то ки хонаи муштараки мо — сайёраи моро аз ҳалокат наҷот дихад.
Ҳабибов М.Д., омӯзгори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, Академияи ВКД, лейтенанти милитсия