Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Сайёҳии кӯҳӣ, самти афзалиятноки иқтисодӣ

637Сайёҳии кӯҳӣ яке аз навъҳои ҷолиб, серталабот ва ояндадори соҳа маҳсуб ёфта, солҳои охир афзалияти бештар касб менамояд. Ҷумҳурии Тоҷикистон иқтидори кофии рушди сайёҳии кӯҳӣ дошта, метавонад дар ин самт ба дастовардҳои назаррас ноил гардад. Аз масоҳати умумии Ҷумҳурии Тоҷикистон 93 дарсадро кӯҳсор ташкил медиҳад. Дар ҳамин ҳол, нисфи ҳудуди кишвар дар баландии беш аз се ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, қуллаи Исмоили Сомонӣ (7495 метр) нуқтаи баландтарини он маҳсуб меёбад. Барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ ҳамасола бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Кумитаи рушди сайёҳӣ Экспедитсияи байналмилалии кӯҳнавардӣ доир шуда, дар он кӯҳнавардон аз 20 давлати дунё, аз ҷумла Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Лаҳистон, Испания, Англия, Канада, Эстония, Норвегия, Литва, Беларус, Украина, Германия, Италия, Туркия, Чин, Юнон, Мексика, Франсия, Шведсия, Дания ва Австрия ширкат меварзанд.

Кӯҳҳои баланд, пиряхҳои бузург, кӯлҳои зиёд, ҳайвоноту наботот, обҳои минералӣ, ёдгориҳои таърихӣ -фарҳангӣ, манзараҳои зебо, ҳудудҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ барои сайёҳии кӯҳӣ шароити мусоид фароҳам овардаанд. Ин аст, ки шумораи сайёҳони хориҷӣ ду соли охир бамаротиб афзуда, аз 430 922 сайёҳи соли 2017 ба 1 миллиону 155 ҳазор нафар дар соли 2018 ва 1 миллиону 257 ҳазору 300 нафар дар соли 2019 расид. Ба гуфтаи коршиносон «гавҳар»-и асосӣ ва «оҳанрабо»-и Тоҷикистон дар кӯҳҳо воқеъ аст. Маконҳои аҷиб ҳастанд, ки метавонанд боиси шодмонӣ ва тааҷҷуби сайёҳон гарданд. Ин ҳам шухпаймоӣ, кӯҳнавардӣ дар қаторкӯҳҳои Помиру Фон ва ҳам истироҳат дар осоишгоҳу гармчашмаҳо ба ҳисоб мераванд.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди он тадбирҳои муассир меандешад. Аз ҷумла, солҳои 2019 - 2021 Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шуданд. Дар пайи он сохтмони як қатор иншооти сайёҳӣ аз андоз аз арзиши иловашуда озод гардиданд. Инчунин, ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият ёфта, Бонки ҷаҳонӣ 15 миллион доллари ИМА барои татбиқи Лоиҳаи “Рушди иқтисодиёти деҳот” маблағи грантӣ ҷудо мекунад. Лоиҳа ба сатҳи меъёрҳои байналмилалӣ расондани мавзеъҳои таърихию табиии Чилучорчашма, мадрасаи Хоҷа Машҳад, мамнӯъгоҳҳои қалъаҳои Ҳулбук ва Ямчун, бунёди меҳмонхонаҳои хурд ва дигар инфрасохтори ҷалбкунандаи сайёҳон дар атрофи мавзеъҳои сайёҳии вилояти Хатлон ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон равона хоҳад гашт.

638 Кӯҳнавардӣ, шухпаймоӣ, рафтинг, пиёдагардӣ дар кӯҳҳо аз бахшҳои афзалиятноки сайёҳии кӯҳӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ мешаванд. Аксари сайёҳон маҳз ба хотири боздид аз кӯҳҳои сар ба фалак ва зебогиҳои табиат ба Тоҷикистон сафар мекунанд. Вале кормандони ширкатҳои сайёҳии ватанӣ аз назорати тозагии минтақаҳои сайёҳии кӯҳӣ нигаронанд. Зеро ба гуфтаи онҳо сайёҳони хориҷӣ аз партовҳо дар ҷангалу кӯҳсори Тоҷикистон нороҳат мешаванд. Ҳамчунин, намояндагони ширкатҳои сайёҳӣ аз гирифтани маблағ аз сайёҳон барои воридшавӣ ба мамнӯъгоҳҳои табиӣ шикоят доранд. Ба гуфтаи онҳо кормандони ҷангал бо такя ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 ноябри соли 2007, таҳти рақами 546 ҳангоми воридшавӣ аз сайёҳон маблағи муайян талаб менамоянд.
Ҳол он ки, дар зербанди 5-и замимаи 15 қарори мазкур ибораи “барои мақсадҳои солимию фарҳангӣ” омадааст, ки ба сайёҳии экологӣ ё кӯҳӣ мувофиқ нест. Бинобар ин, мутахассисони соҳа пешниҳод менамоянд, ки дар зербанди қарори мазкур барои муайян кардани мақсад тағйирот ворид шавад ё чораи дигари мувофиқ андешида шавад. Гузашта аз ин, камбудиҳо дар хизматрасонӣ ва меҳмоннавозӣ ба мушоҳида мерасанд, ки аз нарасидани мутахассисони ҳирфаӣ сар задаанд. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои фарогир ба мақсад мувофиқ хоҳад буд.
Гарчанд имрӯзҳо бинобар пандемияи COVID - 19 аз ҳама бештар соҳаи сайёҳӣ чун яке аз бахшҳои асосии иқтисодиёт зарар дид, дар кишварҳои аз ҷиҳати сайёҳӣ пешрафта роҳу усулҳои нави роҳандозии сайёҳӣ пайдо шуда истодаанд.
Аз ин лиҳоз, бо итминон метавон гуфт, ки сайёҳӣ дар Тоҷикистон бо талошҳои дастаҷамъонаи мутахассисону алоқамандон маҷрои наву устувор пайдо хоҳад кард.
Чанде пеш ассотсиатсияи нависандагони сафар ва саёҳати кишварҳои ҳавзаи Уқёнуси Ором Ҷумҳурии Тоҷикистонро кишвари устувор ва осебнопазир барои саёҳат эълон намуд. Дар ҳолати ба эътидол омадани вазъ ва иҷозати сафар ба саёҳат эътирофи мазкур метавонад ба рушди соҳаи сайёҳии кишвар замина гузорад.
Солҳои охир Тоҷикистон, бахусус Душанбе макони баргузории чорабиниҳои сатҳи минтақавӣ, байналмилалӣ ва ҷаҳонӣ гаштааст ва зери таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ қарор дорад. Аз ҷумла, соли 2019 дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе панҷумин Саммити Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) баргузор гашт, ки дар баробари тақвият додани обрӯ ва эътибори мамлакат ба рушди сайёҳӣ такони тоза бахшид. Ин аввалин нишасти МҲТБО дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд, симои Тоҷикистонро ба сифати кишвари биҳиштосо, босубот ва саршор аз ғановати сайёҳӣ ва мардуми онро меҳмондору меҳмонпазир муаррифӣ сохт. Аз ҷониби дигар саммит ба афзудани робитаҳои сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам овард. Меҳмонони зиёди хориҷӣ дар ҳошияи саммит аз табиат, зебогиҳои пойтахти мамлакат, расму оин, ҳунарҳои мардумӣ ва фарҳанги мардуми Тоҷикистон ошноӣ пайдо намуданд. Аз ҷумла, зимни тамошо аз Намоишгоҳи сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ дар боғи “Куруши Кабир” меҳмонон таассуроти рангин бардоштанд.

639Бозтоби саммит ва манзараҳои зебои мамлакати мо дар расонаҳои маъруфи дунё, монанди “Синхуа”, ССТВ, ИТАР ТАСС, “Ал- Ҷазира”, “Евронюс”, BBC (Би-би-си) бешубҳа дар афкори умумии байналмилалӣ тасаввуроти аҷибро аз Тоҷикистон эҷод кард. Чунин бозтоби васеъ барои ҷалби бештари сайёҳони хориҷӣ ба кишвар сабаб шуда, яке аз омилҳои рушди ҳамкориҳои дуҷонибаю чандҷониба гардид. Дигар чорабинии сатҳи баланд, ки дар он намояндагони мақомоти соҳавии кишварҳои ҳамшарик, аз ҷумла намояндаи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Корпоратсияи байналмилалии молиявӣ ва намояндагони дигар созмонҳои байналмилалӣ, ширкат варзиданд, Форум ва Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳии Тоҷикистон-2019 буд. Чорабинӣ барои пайдо намудани роҳҳои нави ҳамкорӣ дар самти сайёҳӣ дар сатҳу сифати нав ва рушди сайёҳӣ мусоидат кард.
Вақте меҳмон барои гузарондани чорабинӣ, ки қисми фаъолияти ӯ аст ба ин ё он минтақа меравад, барои ӯ саёҳатҳои кӯтоҳмуддат лозим аст. Дар баробари ин, онҳо мехоҳанд, ки каме истироҳат ва дар бораи ҷойе, ки мераванд маълумот пайдо кунанд. Мувофиқан ширкатҳои сайёҳӣ дар ин ҷода чунин талаботи меҳмонони хориҷиро ба инобат гирифта, саёҳати якрӯза пешниҳод мекунанд. Ин ҳамон саёҳатест, ки 80 дарсади меҳмонон имкони онро доранд. Душанбеи рӯзона, шоми Душанбе, Қалъаи Ҳисор, саёҳати саргузаштдор Сафед – Дара, Норак – кӯли кӯҳӣ, Аҷинатеппа – Бохтар, қалъаи Ҳулбук, Чилучорчашма, Искандаркӯл– қиссаи воқеӣ, «Чилдухтарон» - ин гурӯҳи хатсайрҳое, ки ширкати сайёҳӣ маҳз бо ҳамин мақсад тарҳрезӣ кардааст ва байни сайёҳони хориҷӣ машҳуру мақбуланд. Иловатан, хизматрасониҳои логистикӣ пешбинӣ шудаанд, ки ширкати сайёҳӣ пешниҳод медорад.
Ширкатҳои сайёҳии ватании дигар низ дар ин самт хизматрасониҳои худро пешниҳод медоранд ва дар ин самт ду тарафи масъаларо баррасӣ мекунанд.
Саъдуллозода К.С., дастурдеҳи кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонии факултети № 2 Академияи ВКД, лейтенанти калони милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...