Нақши Пешвои миллат дар тарбияи ҷавонон
Тоҷикистон дар замони Истиқлоли давлатӣ таҳти сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист, комёбиҳои назаррасеро соҳиб гардад. Бояд дар назар дошт, ки ҳар давлату миллат ҳамон вақт ба пешрафти намоён ноил мегардад, ки соҳиби ҳофизаи таърихӣ ва эҳсоси баланди худшиносиву худогоҳӣ бошад. Таҳкими ҳисси худшиносӣ ва дарки ватанпарастиву худогоҳии миллӣ дар ин марҳила боз ҳам дар он зарур аст, ки мо дар ҳамин замина метавонем ватанамонро аз ҳар гуна хатарҳои идеологӣ эмин нигаҳ дорем.
Ҳар як кишвар дар ҷаҳон барои рушд, гулгулшукуфоӣ ва таҳкими давлатдорӣ, обрӯ ва нуфузи олии худ, дар навбати аввал ба зеҳну хирад, нерӯи созандаи ҷавонон такя намуда, ояндаи дурахшони худро ба он алоқаманд менамояд. Зеро мавқеи иҷтимоӣ ва сиёсии он дар баробари нерӯи демократӣ ва давлатӣ, стратегияи рушд ва ояндаи мамлакатро муайян менамояд. Ҷамъият ва кишваре, ки ба тарбия ва маърифат, инкишофи зеҳнӣ, серҳаракатии ҷавонони худ аҳамияти аввалиндараҷа намедиҳад, ба гумон аст, ки дараҷаи баланди тараққиётро соҳиб шавад.
Дар суханрониҳои худ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд, ки «Ман аз қадамҳои аввали худ ҳамчун Роҳбари давлат-худшиносии миллӣ, ҳисси ватанпарастиро ба сифати омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ арзёбӣ менамоям. Аслан тамоми суханрониҳоям ҷанбаи худшиносии миллӣ доранд».
Ояндаи давлату миллат ба насли ҷавон мансуб буда, маҳз ҷавонон – дар байни дигар табақаҳои аҳолӣ бештар фаъоланд, инчунин умеду такягоҳи давлат мебошанд. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 январи соли 2015 қайд гардидааст, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ғамхориро нисбат ба наврасону ҷавонон минбаъд низ идома бахшида, ба ин нерӯи тавонои кишвар, ки марзу буми Тоҷикистонро ҳимоя мекунад, кишварро ободу зебо мегардонад ва номи ватани аҷдодиро боз ҳам баланд мебардорад, ҳамеша такя менамояд.
Воқеан, сатҳи рушд ва нуфузи ҳар як кишвар дар арсаи байналмилалӣ пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки ҷавонон то чи андоза дорои маърифати сиёсиву фарҳангӣ ва касбу дониши муосир буда, ҳадафу вазифаҳои худро вобаста ба бунёди давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ дарк менамоянд. Дар замони муосир ҳуҷуми идеологияҳои мухталиф ҷомеаи ҷаҳониро ноором сохта, таъсири манфии худро дар қишрҳои гуногуни башарият гузошта истодааст.
Ин гуна ҷараёнҳо моро водор месозад, ки ба дарку маънии аслии мафҳумҳои худшиносии миллӣ, худогоҳӣ, ватанпарастӣ, дӯст доштани марзу буми худ, эҳтиром ва бузургдошти арзишҳои маънавию миллӣ бирасем ва чунин арзишҳои хешро донем. Бояд дар назар дошт, ки шинохти худшиносии миллӣ ва дарки арзишҳои маънавӣ кори саҳлу осон нест. Қабл аз он, ки нақши Пешвои миллатро дар таҳким ва густариши худшиносии миллии тоҷикон бидонем, зарур аст, ки ба перомуни мафҳуми “худшиносӣ” изҳори назар намоем. Ҳақ ба ҷониби Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки пайваста ва доиман оид ба баланд бардоштани рӯҳияи худшиносии миллати тоҷикон дар ин давраи ҷаҳонишавии тамаддунҳо ва вазъи на он қадар хуби сиёсии ҷаҳон ҳарф мезананд. Худшиносӣ аз ҷониби олимону файласуфони ҷаҳони қадим ва муосир ба мактаби пуриқтидоре монанд шудааст, ки дар роҳи парвариши завқи маънавиятпарастӣ ва тарбияи шахси хирадманду оқил нақши барҷастае дорад. Ҳангоме, ки сухан аз ахлоқи поки инсонӣ меравад, дар мадди аввал яке аз покии ин ахлоқ – худшиносӣ ба миён меояд. Дар воқеъ, агар фард, ки як узви ҷомеа аст, худро нашиносад, мавқеи худро муайян карда натавонад, чӣ гуна ӯ метавонад, аз ахлоқи ҳамида бархӯрдор бошад. Худшиносӣ як амали шахсӣ ва натиҷаи он аст, ки аз қарнҳову асрҳо инҷониб фикру андешаҳои файласуфон, уламои дин ва шоиру нависандагони бузургро ба худ ҷалб сохтааст.
Дар луғати С.И.Ожегов «худшиносӣ» бо таъбири «самосознание» омадааст, чунин шарҳ ёфтааст: «Худшиносӣ–дар фаъолияти иҷтимоӣ худро ҳамчун шахс пурра шинохтани инсон, дарки муҳимияти хеш ва нақши худ дар ҳаёт ва ҷамъият аст».
Дар натиҷаи худшиносӣ инсон қобилияти худназораткуниро ба даст меорад, имконияте пайдо мекунад, ки рафтори худро мустақилона идора ва назорат кунад, худашро худ тарбия намояд.
Дар шарҳу тафсили ин истилоҳ боз бисёр далелу бурҳон овардан мумкин аст. Лекин ҳаминашро мегӯем, ки худшиносӣ як маҳдудияти синфӣ ё таърихӣ надорад. Худшиносӣ ҳам дар давраи феодалӣ, ҳам дар замони буржуазӣ, ҳам дар сохтори тоталитарӣ ва ҳам дар муҳити демократӣ як маънӣ дорад. Инсон бояд худро бишносад. Барои чунин шинохт ҳам аз муҳити иҷтимоӣ ва ҳам аз омилҳои шахсии худаш бояд истифода намояд.
Чунин ба назар мерасад, ки инсон барои дарки моҳияти вуҷуди худ офарида шудааст, аз ин хотир барои ӯ фарогирии моҳияти вуҷуди худ ва гирду атроф, ҷомеа ва олам арзиши созанда дорад. Огаҳӣ пайдо кардан аз рӯзгори пурихтилофи инсонӣ заминаи устуворе барои шинохти шахсияти ӯ маҳсуб мешавад.
Вақте дар бораи худшиносии миллии тоҷикон, бунёди маънавии халқҳои ориёнажод ва сайри таърихии ин қавм дар паҳнои таърих андеша менамоем, беихтиёр навиштаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба решаҳои таърихии ин халқи куҳанбунёд пеши назар меояд. Ин шахсияти таърихии замони имрӯз дар асари пурарзиши «Тоҷикон дар оинаи таърих» муаммои пайдоиши халқҳои аҷамбунёдро дар чунин матлаб ифода кардааст, ки рӯҳи иҷтимоии худшиносона дошта, андешаву равонии хонандаи имрӯзро ба таърихи азалии он наздик мебарад: «Мо кистем, аз куҷоем ва дар кадом дудмон сабзидаем? Нахустаждодамон киҳо буданд, аз куҷо омадаанд ва дар кадом бум ошён доштанд? Ташаккули фарҳангу тамаддун ва давлату давлатдории тоҷикон кай оғоз ёфта ва аз кадом сарчашма ибтидо мегирад? Мақому ҳиссаи таърихии миллати мо дар пайдоишу пешрафти тамаддуни муштараки ориёнажодҳо то куҷост? Забони модарӣ, расму оини аждодӣ, мероси таърихию фарҳангӣ ва усули давлатдории мо бунёди миллӣ дорад ё аз дигар халқиятҳои соҳибтамаддун ба мо гузашта?» Ин суоли арзишманду мондагори Пешвои миллат ба ҳар як тоҷики ватандӯсту худшинос аст, ки бояд ҳаррӯз аз худ бипурсад ва ба посух додани ин пурсишҳо бикӯшад. Зеро маҳз худшиносӣ роҳи асосии расидан ба маърифати инсон ва ҷомеа мебошад.
Шинохти аслу насаб аз шартҳои нахустин ва асосии худшиносӣ аст, ки барои дарки моҳияти маънавии инсон ва мақоми ӯ дар ҷомеаи мутамаддин заминаи мусоид ва муассир фароҳам меоварад. Арҷ гузоштан ба маънавиёт ва фарҳанги дурахшони гузаштаву имрӯзаи миллат, эҳтироми хос ба таърихи пурғановати тоҷикон ва садоқати ҳамешагӣ ба ормонҳои ватангароӣ муҳимтарин унсурҳои хештаншиносӣ ба шумор мераванд.
Дар моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» зикр шудааст, ки «Сиёсати давлатии ҷавонон – бахши ҷудонопазири сиёсати иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз системаи тадбирҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ, ташкилӣ ва ҳуқуқие иборат мебошад, ки онҳоро мақомоти давлатӣ бо мақсади фароҳам овардани шароиту кафолатҳо барои ташаккули иҷтимоию инкишофи ҷавонон ва ҳар чи бештар амалӣ гардидани нерӯи эҷодии онҳо барои манфиатҳои тамоми ҷамъият татбиқ менамояд.
Имрӯз низ масъалаи худшиносии миллӣ бештар таваҷҷуҳи насли миллатро ба худ мекашад. Худшиносии шахсият ва худшиносии миллат барои мустақилияти фард ва истиқлолияти давлат чун пояи мустаҳкам хидмат карда, аз вобастагӣ ба дигарон ва фармонравоӣ бар бегонагон эмин нигаҳ медорад. Дар ҷомеаи имрӯза техникаю илм пеш рафта истодааст ва бо баробари афзудани аҳолии кураи Замин дар сатҳи зиндагии мардум низ мушкилиҳои гуногуне вуҷуд дорад. Баъзе афроде ёфт мешаванд, ки гурӯҳҳои гуногун ташкил намуда, бо сӯиистифода аз аркони дини мубини ислом ҷавононро ба худ ҷалб мекунанд ва дар натиҷа даст ба ҷиноят зада, ҳаракату амалиёти террористӣ анҷом медиҳанд. Агар ҷавононро аз хурдӣ бо мафҳуми «худшиносӣ» ошно намуда, дар рӯҳияи ватандӯстӣ тарбия намоем, мақсади аслии худшиносиро, ки камоли маънавию ахлоқист, амиқ дарк менамоянд. Дар ин маврид Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд, ки: «Бидуни худшиносӣ ба арсаи таърих пой гузорем, бо чашми пӯшида ва гӯши ношунаво қадам хоҳем зад».
Бояд таъкид кард, ки имрӯз яке аз масъалаҳои муҳим рӯй овардан ва дарку маърифати худшиносии миллӣ аз ҷониби занон мебошад. Гоҳҳо тангии рӯзгор, мушкилии зиндагии иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва ҷамъиятӣ-сиёсӣ, мутаассифона, зарарҳои худро мерасонад. Таҳлилҳо дар ҷомеа собит намуданд, ки ҷинояткорӣ байни занон сол то сол меафзояд ва эҳтимолияти шароити душвори иқтисодии хонадон ва маҷбуран сафарбар шудани мардон ба муҳоҷирати меҳнатӣ мебошад.
Дар ин маврид низ Пешвои муаззами миллат яке аз аввалин чораандешон ҳастанд, ки бо Фармони худ аз 3 декабри соли 1999 «Дар бораи баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа" намояндагони Ҳукуматро водор карданд, ки ба иштироки зан дар корҳои ҷамъиятӣ, давлатӣ ва солимии оила таваҷҷуҳ намоянд.
Барои ҷомеаи муосири мо занони бомаърифату худогоҳ бештар лозиманд. Зеро маҳз аз зани солиму соҳибтафаккур фарзанди солиму хештаншинос ба дунё меояд. Бо ибтикори тамоми бахшҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, кор бо занон ва оилаи ҳама мақомоти иҷроияи Ҳокимияти давлатии ноҳияҳои қаламрави ҷумҳуриамон таҳти унвони “Ҷавонон, манфиатҳои миллӣ, истиқлолият ва ягонагӣ” мизҳои мудаввар баргузор намуданд. Дар он беш аз 100-ҳо нафар ҷавононе, ки дар самтҳои гуногуни масъалаҳои марбут ба ҷомеашиносӣ кори илмӣ доранд ва ҷавонони фаъол иштирок доштанд.
Ҳадаф аз доир намудани мизи мудаввар ҳимояи арзишҳову манфиатҳои миллӣ, ташаккули ҳисси худшиносиву худогоҳии ҷавонон, баланд бардоштани маърифати зеҳнии онҳо ва бо ин васила ба ҳам овардани ҷавононе мебошанд, ки ба илм машғуланд.
Мо ҳамеша мушоҳида мекунем, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо ба масъалаи худшиносиву худогоҳӣ ва ҳуввияти миллӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд ва мардуми кишварро ба дарки истилоҳи «бедориву ҳуввияти миллӣ ва зиракии сиёсиву таҳаммулпазирӣ» ҷалб мекунанд. Аз ин ҷост, ки имрӯзҳо ин масъала ҳар фарди ҷомеаро водор менамояд, то дар ин мавзӯъ амиқан андешаҳояшро баён намояд. Пешвои миллат ба тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи худшиносии миллӣ ва худогоҳӣ диққати ҷиддӣ дода, ин масъаларо ба сатҳи сиёсати давлатӣ қарор додаанд: “Раванди худогоҳиву худшиносии мардуми кишвар густариши тоза пайдо карда, ҳисси ифтихори миллӣ, эҳсоси ватандӯстӣ ва ватанпарастӣ ба пояи сиёсати давлатӣ бардошта шуд”.
Ҳар як фарзанди босадоқати мамлакатро мебояд, ин гуфтаҳоро шиори рӯзмарраи худ намуда, нагузорад, то нохалафе ба мақсадҳои ғаразноки худ расад. Шукронаи даврони истиқлол намуда, кӯшиш ба харҷ бояд дод, то барои рушди иқтисоди кишвар ва устувории пояи ваҳдат саҳми арзанда гузорем. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандона сайқал бахшидани андешаи миллиро тақозо дорад, ки худогоҳӣ, худшиносӣ ва маҳорату маърифати беназирро таҳким мебахшад.
Хидматҳои бузурги Президенти кишварамон Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ бояд ҳар тоҷику тоҷикистонӣ бидонад. Зеро ин шахсияти таърихӣ барои муаррифии халқу миллати худ ҳамчун насли ориёӣ нақши бузурге гузоштаанд. Бузургдошти шахсиятҳои таърихӣ ба монанди Имом Абӯҳанифа, Исмоили Сомонӣ, Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, Ибни Сино, Ҷалолиддини Румӣ, Абдураҳмони Ҷомӣ, Мирсаид Алии Ҳамадонӣ, Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, аз хидматҳои Сарвари давлат аст, ки дар бедории ҳисси худогоҳии миллиамон нақши босазо гузоштаанд. Ин ибтикори беҳамтои Пешвои муаззами миллат ба ҳукми анъана даромад, ки барои таҳкими худшиносии миллӣ заминаи мусоид фароҳам овард.
Хулоса, табиист, ки масири давлатсозӣ роҳи ҳамвор нест, балки барои ноил шудан ба мақсади наҷибу муқаддас иродаи азиму имони комил, фарҳангиву маданӣ ва маърифати мукаммал зарур аст. Зиндагии навини мардумони мо аз ҳар нафари тоҷику тоҷикистонӣ садоқатмандонаву аҳлона ва зиракона сайқал бахшидани андешаи миллӣ, ки таҳкимбахши ҳувияту худшиносӣ аст, маҳорати беназирро талаб менамояд.
Самиъзода Бахтиёр Салим, дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия.
Комилов Далер Рустамович, сармутахассиси Раёсати таълим, номзади илмҳои фалсафа, дотсенти Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи С.Улуғзода