Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Забон рукни ташаккули давлат ва худогоҳии миллӣ

629(Бардошт аз суханронии Пешвои муаззами миллат дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз 27.09.2022)

"Забони модарӣ хишти нахустини пойдевори кохи миллат ва яке аз рукнҳои асосии давлати миллӣ мебошад".                                                                                               Эмомалӣ Раҳмон

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳо оид ба мақоми давлатӣ гирифтани забони тоҷикӣ ҳанӯз охирҳои солҳои 80-уми асри ХХ ба вуҷуд омада буд. Маҳз қабули қонуни забон руҳияи миллиро дар байни аҳолӣ бедор намуд.
Воқеан ҳам забон яке аз рукнҳои асосии давлату давлатдорӣ ва ҳастии миллат ба ҳисоб меравад. Хусусан забони тоҷикӣ барои эъмори давлати тоҷикон нақши бузург ва калидиро бозидааст. Бузургии ин забон дар он зоҳир мегардад, ки тӯли асрҳои зиёд, тоҷикон зимоми давлатдориро аз даст дода буданд ва ҳатто забони коргузорӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфта буд, аммо ӯ тавонист мавқеи худро нигоҳ дорад. Яке аз омилҳои асосии ташкили давлати соҳибистиқлоли тоҷикон низ маҳз забони тоҷикӣ мебошад.
Бояд гуфт, ки забони ширину шевои тоҷикӣ муҳимтарин унсури ҳастӣ ва бақои умри миллати куҳанбунёди мо мебошад, ки дар даврони истиқлол ва дар марҳалаи бунёди давлатдории миллӣ рисолати милатсозиву давлатсозии худро бо ранггу ҷилои тоза идома бахшида истодааст.
Ногуфта намонад, ки Пешвои муаззами миллат дар ҳамаи баромадҳо ва суханрониҳои худ оид ба манзалату эътибори забони тоҷикӣ ва пос доштани он пайваста ҳарф мезананд. Чунончи, дар ибтидои суханронии худ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода, ки 27 сентябри соли равон баргузор гардида буд, иброз доштанд, ки : «Маҳз ҳамин забони ноби модарӣ халқи моро дар тӯли зиёда аз панҷуним ҳазор сол бар зидди тамоми бадбахтиҳову тохтутози аҷнабиён муттаҳиду сарҷамъ нигоҳ доштааст ва ба миллати тоҷик умри ҷовидонӣ бахшидааст.Забони мо, яъне забони шоиронаву зебои тоҷикӣ бузургтарин ва гаронбаҳотарин дороиву сарвати мо, ифтихори мо ва руйи сурху сари баланди мо – тоҷикон – яке аз миллатҳои қадимтарини дунё мебошад». /Суханронӣ дар Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода ш. Душанбе, 27.09.2022/
Кобили зикр аст, ки масъалаи забони давлатӣ ва тақвияту таҳкими мақоми он дар таърихи давлатдории навини мо ҳамеша яке аз масъалаҳои муҳимтарин ва аввалиндараҷа ба ҳисоб рафта, имрӯз низ дар маркази диққати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат хотиррасон намуданд, ки: «…забони тоҷикӣ дар раванди ташаккулу таҳаввули худ роҳи ниҳоят душвору пурпечутоберо тай намуда, аз санҷишу имтиҳонҳои сахти таърих гузаштааст ва имрӯз, ки мо дар масири бунёду таҳкими давлатдории миллӣ пеш меравем, рисолати худро ба сифати василаи ваҳдатсоз ва муттаҳидкунандаи мардуми Тоҷикистон муваффақона идома дошта истодааст».
Бояд донист, ки тавоноӣ ва имконоти забони мо ба ҳадде буд, ки дар тӯли ин ҳама садсолаҳои начандон мусоид ва гоҳо бисёр сахту шадид гузаштагони мо яке аз бузургтарин тамаддунҳо, ғанитарин адабиёт, зеботарин ашъор ва муассиртарин ҳамосаи миллии ҷаҳонро бо ҳамин забон офаридаанд.
Ин нуқтаро Пешвои муаззами милат дар суханронии худ ёдовар шуда, иброз доштанд, ки: «Боиси ифтихор ва фараҳмандии мо – ворисони ин забон ва мероси бузурги бо он навишташуда аст, ки ин забон то ба имрӯз ба шарофати хизматҳои бузург, заҳматҳои бедареғ ва корнамоиҳои беназири фарзандони фарзонаву барҷастаи миллати тоҷик – аз Куруши Кабиру Исмоили Сомонӣ ва устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ то Бобоҷон Ғафурову устод Садриддин Айнӣ ба ҳамон шакли асилу ноб бо ганҷинаи ғаниву рангини вожаву истилоҳот ва таъбиру таркиботи дилнишину зебо боқӣ мондааст».
Ҳамзамон, Пешвои муаззами миллат махсусан қайд карданд: «…маҳз ба ҳамин далел забон дар раванди барпо кардани давлати миллӣ ҳамчун унсури аввалия ва рукни бунёдии давлатдорӣ нақши ниҳоят муҳим ва сарнавиштсоз дорад».
Ба ақидаи муттахасисони соҳа: - «Агар ба хотири барпо кардани давлат чӣ қадар ҷоннисориҳо шуда бошад, барои ҳифз кардан, дар амну осудагӣ нигоҳ доштани давлат, сарфи на камтар аз он зарур аст. Фаъолияти ҳаррӯзаи Пешвои муаззами миллати тоҷик нишонгар ва намунаи олии ҳамин гуна муносибат ба тақдири имрӯзу ояндаи давлати миллии мо мебошад». / Ятимов С. Илм ва амният. Душанбе, 2019, с.10 /
Ифтихори ватандориву ватандӯстӣ, ифтихор аз таъриху фарҳанг, ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва гузаштагони сарбаланди миллати хеш аз поку бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ сар мешавад. Илми воқеан миллӣ дар асоси забони миллӣ таъсис ва ташаккул дода мешавад, ки инро таҷрибаи дигар кишварҳо кайҳо собит кардааст. Забони тоҷикӣ танҳо дар сурате ҳамчун забони илму фарҳангмавриди истифода қарор мегирад, ки бо ин забон истилоҳоти илмӣ ба вуҷуд оварда шавад. Агар ба абёти оламшумули миллати тоҷик назар афканем, мушоҳида мешавад, ки ин забону ин фарҳанг ҳанӯз аз ибтидо хусусияти илмӣ дошт.
Ҳамчунон, ки Пешвои миллат дар суханронии худ гуфтанд: «Донишмандони тоҷик гузоштани асосҳои забони илмии тоҷикиро ҳанӯз дар замони давлатдории Сомониён дар сатҳи баланд анҷом дода буданд, ки хизмати таърихии онҳо дар ин самт аз ҷониби олимони маъруфи сатҳи ҷаҳонӣ эътироф гардидааст. Бузургтарин донишмандони ҷаҳоншумули мо – Абуалӣ ибни Сино бо таълифи «Донишномаи Алоӣ» ва Абурайҳони Берунӣ бо таълифи «Китоб–ут–тафҳим» бунёдгузорони забони илми тоҷикӣ ба шумор мераванд, ки анъанаи оғозкардаи онҳо дар асрҳои минбаъда аз тарафи донишмандони маъруф, аз ҷумла Насируддини Тӯсӣ, Умари Хайём ва дигарон то ба Аҳмади Донишу устод Айнӣ идома пайдо кард. Бинобар ин, олимони моро зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони тоҷикӣ ва ба пояи баланди забони илм расонидани он кӯшиш намоянд».

630Аз ин гуфтаҳо бармеояд, ки олимону муҳаққиқон ва мутахассисони тамоми соҳаҳои илм ва аҳли зиёи кишварро лозим меояд, ки барои ифодаи мафҳумҳои навтарини илму техника ва илми муосир васеъ ва бамаврид истифода баранд.
Зинда гардонидани номҳои таърихию ҷуғрофӣ ва қадимаи сарзамини аҷдодии мо пеш аз ҳама бо ибтикори бештари худи Пешвои муаззами миллат сурат мегирад, ки ин нишонаи баланди арҷгузории ин сиёсатмадори меҳанпараст мебошад.
Зиёда аз ин бояд ёдовар шуд, ки дар тӯли садсолаҳо забони мо дар паҳнои бузурги тамаддуни дунё – аз марзҳои Осиёи шарқӣ ва Ҳимолой то соҳили баҳри Миёназамин нақши байналмиллалӣ дошта, ҳамчун забони мукотиба ва муҳовараи халқҳои гуногун гардидааст. Ин нуқтаро Пешвои миллат низ дар суханронии худ ёдовар шуданд: «... дар харитаи сиёсии олам дигарбора арзи ҳастӣ кардани номҳои қадиму асилу ҷуғрофии Бохтар, Суғд ва садҳо номи дигар, ки гузаштаи пурифтихори моро ба имрӯз ва имрӯзро ба фардо пайванд медиҳанд, барои эҳёи ҳофизаи таърихӣ ва баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии мардуми мо аз аҳамияти хосса бархурдоранд».
Ҳамзамон, дар раванди забономӯзӣ Пешвои миллат изҳор доштанд, ки наврасону ҷавонон бояд дар хотир дошта бошанд, ки донистани забони модарӣ ва дар ин раванд аз худ кардани донишҳои замонавӣ аз рӯҳияи баланди ватандорӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва ифтихори баланди миллии онҳо гувоҳӣ медиҳад.
Бойзода Ҷамшед Ҷумабой, полковники милитсия

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...