Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди кор бо ҳайати шахсӣ

20 30Шарифзода Мирзо Сангимурод – полковники милитсия 21 апрели соли 1967-ум дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Забони модариаш тоҷикӣ, бо забони руссӣ озод ҳарф мезанад.  Соли 1993 ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дохил шуда, соли 1998 онро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Аз 05.05.1997 то 02.09.1999 ба ҳайси ваколатдори оперативии калони РМЗҶМ, аз соли 1999 то соли 2000 сардори шуъбачаи РМЗҶМ, аз соли 2000 то соли 2001 сардори ШММЗҶМ дар ВМКБ, аз соли 2001 нозири калон оид ба супоришҳои махсуси шуъбаи амнияти дохилӣ дар ш.Душанбе РАД ВКД ҶТ, аз 02.07.2004 то 26.07.2005 муовини сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар ш.Душанбе ва НТЧ РАД ВКД ҶТ, аз 26.07.2005 то 14.02.2007 сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар ш.Душанбе НТЧ РАД ВКД ҶТ, аз 14.02.2007 муовини сардори шуъбаи санҷишҳои хизматии РАД ВКД ҶТ, аз 19.09.2007 то 15.05.2009 муовини сардори ШВКД дар ш.Турсунзода, аз 12.06.2009 то 05.10.2011 муовини сардори шуъбаи санҷишҳои хизматии РАД ВКД ҶТ, аз 05.10.2011 то 07.11.2012 сардори шуъбаи амнияти дохилӣ дар ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ РАД ВКД ҶТ.

Аз 07.11.2012 то 12.08.2014 сардори нозироти ҳайати шахсии РК ва КҲШ ВКД ҶТ, аз 12.08.2014 то 06.04.2015 муовини сардори РК ва КҲШ ВКД ҶТ, аз 06.04.2015 то соли 2018 муовини сардори Академияи ВКД ҶТ оиди кор бо ҳайати шахсӣ. Аз соли 2018 то соли 2021 дар адъюнктураи Академияи идоракунии Россия, ҳамчун адъюнкт таҳсил намуда, рисолаи номзадии худро дар мавзуи “Правовые и организационные основы обеспечения законности и служебной дисциплины в органах внутренних дел Республики Таджикистан» бо ихтисоси 12.00.11 – фаъолияти судӣ, фаъолияти прокурорӣ, фаъолияти хифзи ҳуқуқ ва химояи ҳуқуқ, омода намуда, дар раванди ҳимоя қарор дорад.

Аз 10.07.2022 инҷониб муовини сардори Академияи ВКД ҶТ оиди кор бо ҳайати шахсӣ мебошад.

         Муаллифи зиёда аз 14 маколаҳои илмию публисистӣ аст.

Мукофоти давлатӣ: бо медали “Ҷасорат” бахшида ба рузи Истиқлолият бо фармон таҳти № 1378 аз 25.05.2004 сарфароз гардонида шудааст.

Аълочии милитсия (1999).

Оиладор соҳиби 3 фарзанд.






Нашрияи академия


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...