Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Викторинаи академиявӣ дар мавзӯи «20 соли амали қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

78

Рӯзи 30-юми марти соли 2018, байни курсантони курси 3 ва 4, ки аъзоёни Ҷамъияти илмии курсантони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2-и Академияи ВКД мебошанд, викторинаи академиявӣ баргузор гардид. 

Курсантони курсҳои зикршуда аз он ҷиҳат интихоб гардиданд, ки онҳо бо ҳуқуқи ҷиноятӣ ва мазмуни он, тавсифи ҳуқуқии ҷиноятии таркиби ҷиноятҳо шинос буда, метавонанд масъалаҳои дар наздашон гузошташударо ба таври лозимӣ матраҳ созанд.
Чи тавре, ки аз номгузории викторинаи «20 соли амали қонунгузории ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бар меояд, викторинаи мазкур бахшида ба 20-солагии қабули Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Мавриди қайд аст, ки ҳанӯз 20 сол қабл, 21-уми майи соли 1998 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид, ки аз 1-уми сентябри ҳамон сол мавриди амал қарор гирифта, то имрӯз ба он 48 моддаи нав ворид гардидааст.
Мақсади баргузории викторинаи мазкур таҳким бахшидани дониши курсантон дар соҳаи ҳуқуқи ҷиноятӣ ва малакаи дар амал татбиқ кардани донишҳои омӯхташуда дар самти ҳуқуқи ҷиноятӣ, ба ҳисоб меравад.
Вазифаҳои гузаронидани викторина:
 мусоидат намудан ба рушди фарҳанги ҳуқуқии ҷиноятӣ дар байни курсантон;
 такмили ихтисоси омӯзгорон оид ба ташкили фаъолияти аз ҷиҳати иҷтимоӣ назаррас ва ташаккули фаъолияти малакаи тадқиқотии курсантон.
Дастаҳо аз 8 нафар курсантон иборат буда, як нафар курсанти фаъол ҳамчун капитани даста интихоб гардид.
Дастаи курсантони курси 3 «Адолатпарвар» ва дастаи курсантони курси 4 «Ҷасорат» номгузорӣ шуданд.
Ҳангоми танаффус дар рафти викторина, ки дар он дастаҳо барои омода намудани ҷавобҳо саъй мекарданд, бозӣ бо номи «Ҳозирҷавоб» дар шакли саволу ҷавоб бо курсантони тамошобин гузаронида шуд.
Викторина аз чор давра иборат буд ва он чунин баргузор гардид:
ДАВРАИ АВВАЛ – «Баромад». Ба ин давраи викторина якчанд масъалаҳо – шиносоӣ бо ҳайати даста, номи даста, барои чи даста чунин номгузорӣ карда шудааст. Дар ин давра, инчунин оид ба 10 мавзӯи ҳуқуқи ҷиноятӣ баргаҳо монда шуданд. Аз рӯйи мавзӯи дар барга гузошташуда яке аз намояндагони даста баромад кард. Дар ин давра барои баромад кардани намояндагони дастаҳо то 10 дақиқа вақт дода шуд, то ки онҳо оид ба мавзӯъҳои интихобнамудаашон баромад намоянд. Дастаи курсантони курси 4 аз барга мавзӯи тавсифи ҳуқуқи ҷиноятии терроризмро интихоб намуданд. Курсантони курсҳои 3 бошанд, мавзӯи «Тавсифи умумии ҷиноятҳои хусусияти коррупсионидошта»-ро интихоб намуданд, ки ҳарду даста бомуваффақият баромад карданд.
Аъзоёни ҳакамон дар давраи аввал ба дастаи курсантони курси 3 – 24 хол ва ба дастаи курсантони курси 4 – 20 хол доданд.
ДАВРАИ ДУЮМ – «Бодиққатӣ». Ба тимҳо дарёфт ва бартараф кардани хатогиҳо аз матни моддаҳои Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Оид ба 15 моддаи Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргаҳо гузошта шуда буданд. Роҳбарони дастаҳо баромада яке аз баргаҳоро интихоб намуда, оид ба дуруст муқаррар намудани матни моддаи дахлдор хулосаҳои худро пешниҳод намуданд.

79

Аъзоёни ҳакамон дар давраи дуюм ба дастаи курсантони курси 3 – 17 хол ва ба дастаи курсантони курси 4 – 25 хол доданд.
ДАВРАИ СЕЮМ – «Квалификатсияи ҷиноят». Ба тимҳо баргаҳо оид ба квалификатсияи ин ё он таркиби ҷиноят пешниҳод карда шуд. Яке аз намояндагони тим баромада оид ба масъалае, ки дар барга ҷой дода шудааст, баҳои ҳуқуқии ҷиноятӣ дод.
Аъзоёни ҳакамон дар давраи дуюм ба дастаи курсантони курси 3 – 20 хол ва ба дастаи курсантони курси 4 – 20 хол доданд.
ДАВРАИ ЧОРУМ – «Муҳорибаи хирадҳо» – ба майдон дастаҳо даъват карда шуданд. Ба онҳо савол пешниҳод гардид. Ҷавобҳо бояд пурра мебуданд. Дар сурати нопурра ё хато будани ҷавобҳо, яке аз аъзоёни даста бо пешниҳоди капитани даста, дастаро тарк мегӯяд. Баъди 10 саволи пешниҳодгардида, аъзои кадом даста бештар боқӣ монад, он ғолибшуда эътироф шуд.
Аъзоёни ҳакамон дар давраи дуюм ба дастаи курсантони курси 3 – 24 хол ва ба дастаи курсантони курси 4 – 25 хол доданд.
Баъди ҷамъбасти чор давра, муовини сардори Академия оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитси Саидзода З.А. холҳои умумиро эълон намуд.
Курсантони курси 3 соҳиби 85 хол ва дастаи курсантони курси 4 соҳиби 90 хол гардиданд. Бо ҳамин, дастаи курсантони курси 4 ғолибиятро ба даст оварданд. Дастаи ғолиб бо китоби тозанашри кафедра – «Сиёсати зиддикоррупсионӣ» сарфароз гардонида шуд. Ҳамин тавр, курсантони зерини курси 4 дар викторина ғолибиятро ба даст оварданд:
1. курсанти гурӯҳи 404, милитсияи қаторӣ Амонуллои Ҳимматшо;
2. курсанти гурӯҳи 404, сержанти хурди милитсия Искандаров Мансур Абдусаломович;
3. курсанти гурӯҳи 404, милитсияи қаторӣ Раҳимов Мумин Ҳакимович;
4. курсанти гурӯҳи 405, сержанти хурди милитсия Ҷамшедзода Ҷаҳонгир Ҷамшед;
5. курсанти гурӯҳи 406, сержанти хурди милитсия Шарипов Шарифҷон Алишерович;
6. курсанти гурӯҳи 406, милитсияи қаторӣ Усмонов Ҳадятуллоҳ Нарзуллоевич;
7. курсанти гурӯҳи 408, милитсияи қаторӣ Ҷӯраев Олимҷон Облоқулович;
8. курсанти гурӯҳи 408, сержанти хурди милитсия Холов Бобоҷон Азимҷонович;
Ҳакамон аз ҳайати илмӣ-омӯзгорӣ таъсис дода шуданд, ки инҳо:
1. Раиси ҳакамон - муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода З.А.;
2. Аъзо – сардори ШИ ва ТН, н.и.ҳ., майори милитсия Тошев А.М.;
3. Аъзо – муовини сардори факултети №2, полковники милитсия Асламов Б.С.;
4. Аъзо – сардори кафедраи давлатӣ – ҳуқуқӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Сафаров Ҳ,;
5. Аъзо – муаллими кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ ва таъмини бехатарӣ, н.и.ҳ., подполковники милитсия Хайров Ф.М.
Дар омода намудани курсантон ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психология, аз ҷумла Аҳёзода Ш.Т., Назаров У.С., Нарзуллоев С.С. ва Мардонов С. саҳми арзандаи худро гузоштаанд.
Ҳусейнзода С.Ҳ., и.в. сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ,
криминология ва психология, н.и.ҳ., подполковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...