Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«ВИКТОРИНА» бахшида ба рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ»

56

Баҳри иҷро намудани дастуру супоришҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаи алоҳидаи чорабинии Академияи ВКД барои соли 2018, бахшида ба эълон намудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», бо ҷалби ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети №4, аз тарафи кафедраи Фанҳои ҳарбӣ-хизматии факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикисон, воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, санаи 19-уми марти соли равон, дар мавзӯи «Соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ», «Викторина» ташкил ва баргузор гардид.

54
Бо сухани ифтитоҳӣ муовини сардори факултет оид ба таълиму илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия Ғафуров Меҳриддин Садриддинович баромад намуда, ҳозиринро бо фарорасии Наврӯзи аҷам ва эълон шудани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» шодбош гуфта, ба ҳамаи ҳозирин хушиҳои зиндагӣ ва ба дастаҳои «Викторина» бурдбориҳоро таманно намуд.
Мавсуф дар баромадаш мухтасар дар бораи ҷаҳонӣ шудани «Наврӯзи аҷам» ва моҳияти эълон гардидани соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» маълумот дод.
Сипас мутобиқ ба барномаи баргузории чорабинӣ, полковники милитсия Ҳақбердӣ Нуриддин - сардори кафедраи Фанҳои ҳарбӣ - хизматии факултети №4, ровигии чорабиниро ба ӯҳда дошта, бо қироати якчанд шоҳбайтҳои шоирони классики тоҷику форс, баҳри Ватан ва меҳанпарастӣ, оид ба баргузории Викторина ҳусни оғоз бахшид.
Забони назму пурҳикмат,
Забони давлату миллат.
Зи аҷдодон барои мо,
Бувад он, беҳтарин сарват.

Пароканда лашкар наояд ба кор,
Дусад марди ҷангӣ, беҳ аз сад ҳазор.
Дар ҷараёни баргузории «Викторина» аз аёниятҳо, лавҳаҳо, ВТТ, истифода бурда шуд. То омода шудани ҳайати дастаҳо доир ба либосҳои миллӣ, асбобҳои мусиқии қадимӣ, зарфҳои мисӣ, кулолгарӣ ва кандакориҳои қадимӣ якчанд экспонатҳои қарнҳои 13-19 ва ҷойҳои таърихӣ тавассути наворҳо намоиш дода шуда, аз тарафи ровии чорабинӣ, ба ҳунарҳои мардумӣ ва ҷойҳои сайёҳии Тоҷикистони азизи офтобрӯя, ба ҳозирин маълумоти дақиқ дода шуд.
Баъдан Ҳақбердӣ Н., боз риштаи суханро ба ихтиёри худ гирифта, бевосита барои гузаронидани «Викторина» ҳайати дастаҳои ширкатварзанда: дастаи курсантони курси якум аз гурӯҳи таълимии 105 (ҳайати фармондеҳӣ) бо номгӯи шартии «НИШОНГИР» ва дастаи курсантони курси дуюм аз гурӯҳи таълимии 204 бо номгӯи шартии «СИПАР»-ро рӯи саҳна даъват намуд. Ба ҳайати дастаҳо шартҳои Викторина ба пуррагӣ фаҳмонида шуд. Ҳамзамон ҳайати ҳакамонро муаррифӣ намуд, аз ҷумла: подполковники милитсия Ғафуров М.С. - раиси ҳакамон, майори милитсия Қудратов М.О. - аъзои ҳакамон ва лейтенанти калони милитсия Султонзода Б. - аъзои ҳакамон.

55

ВИКТОРИНА дар ду давра, баргузор гардид.
Давраи аввал аз саволу ҷавоби дастаҳо дар доираи барномаҳои таълимӣ дар Академияи ВКД ва баёни ҷойҳои таърихии Тоҷикистон барои сайёҳӣ.
Давраи дуюм аз нишон додани ҳунарҳои мардумӣ тавассути хондани суруд ва рақси халқӣ бо либосҳои миллӣ, инчунин намоиш додани саҳначаҳои ҳаҷвӣ.
Дар ҳарду давра, ба ҳар як саволу ҷавоб ва нишон додани ҳунарҳои дастаҳо, аз тарафи ҳакамон ба тариқи шафоф, беғаразона ва аз рӯи адолат баҳогузорӣ намуданд, ҳамчунин ба ҳар як ҷавоб, иҷрои рақсу суруд ва ба намоиши саҳначаҳо оид ба холгузории ҳакамон шарҳ дода мешуд.

57

Дар чорабинии мазкур саҳми ҳайати шахсӣ: майори милитсия Исмоилов О., лейтенантони калони милитсия Ғоибназарзода П., Сайфиддинзода С. ва Ҳайдарзода Ф., курсантони кури якум: қаториҳо Зиёев Ф., Ашуров С., Партоев Х., Саидов Ҷ., Бурҳонов П., Ҷобиров А., Мирюсупов Ғ., Атоев И., Аъзамшоҳӣ М., Исфандиёри С., курсантони курси дуюми ҳайати фармондеҳӣ: қаториҳо Валиев Ҷ., Шарипов А., Фирдавсӣ Р., Маҳмадшоев Ё. ва дигарон хело калон буда, фаъолона ширкат варзиданд.

Чорабинӣ дар як фазои идона ва хотирмон гузаронида шуд. Дар фарҷоми чорабинӣ аз тарафи раиси ҳакамон - Ғафуров М.С. «Викторина» ҷамъбаст карда шуд. Ба дастаи «НИШОНГИР» ҳамагӣ 103 хол дода шуд. Дастаи «»СИПАР» бо гирифтани 108 хол ғолибиятро ба даст овард.
Дар хотима иштирокчиёни дастаҳо бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ карда шуданд.
Ҳакбердӣ Нуридин, полковники милитсия.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...