Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Эълон! Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалии «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё»

10 майи соли 2024 бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «Мушкилоти мубориза бо ҷинояткорӣ дар фазои Авруосиё» дар Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Дар конференсияи мазкур Раҳимзода Рамазон Ҳамро - Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, Ҳуқуқшиноси шоистаи Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия, Ализода Зариф - ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалҳои ҳуқуқӣ, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ, профессор, Бодров Николай Филиппович - Президенти ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии «Иттифоқи криминалистон ва криминологҳо», номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсенти кафедраи экспертизаҳои судии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқшиносӣ ба номи О.Е. Кутафини шаҳри Москва ва дигар олимону коршиносони дохилу хориҷи кишвар ба таври мустақим ва маҷозӣ иштирок менамоянд.
Дар ҷараёни конференсия роҳҳои муқовимат бар зидди ҷиноятҳои муосир ва таклифу пешниҳодҳо ҷиҳати тақвият бахшидани ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт мавриди баррасӣ қарор дода мешаванд.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...