Озмуни «Беҳтарин донандагони меъёрҳои Конститутсия» дар байни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Озмуни «Беҳтарин донандагони меъёрҳои Конститутсия» дар байни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо мақсади роҳандозӣ гардонидани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 28 декабри соли 2023 бар меоянд ва ҳамзамон ҷиҳати дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва эълон гардидани соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ», тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвариву сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираҳои луғавӣ, такмили тарбияи ватандустӣ, ҷасорату шуҷоат, тақвияти ҷаҳони маънавии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 21-майи соли 2024 даври ниҳоии озмуни «Беҳтарин донандагони меъёрҳои Конститутсия» дар байни курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар даври аввали озмун, ки санаи 25-апрели соли 2024 баргузор гардида буд, зиёда аз 100-нафар курсантон аз курси якум то курси чоруми факултетҳои №2, №5 ва №6-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, тариқи пешниҳоди саволномаҳои тестӣ фаъолона иштирок намуданд. Натиҷаи даври аввал нишон дод, ки аз миёни шумораи зиёди иштироккунандагон ҳамагӣ 12-нафар курсантон аз қабили Наимов Шоҳрухҷон Мирзоевич, Зоиров Шоҳруз Маҳмадуллоевич, Амонзода Аслиддин Алиҷон, Амроҷонзода Муҳаммад Додихудо, Негматзода Сорбонҷон Нурулло, Расулов Давлатҷон Амонбоевич, Абдулҳайзода Самариддин Маҳмадулло, Муродов Сино, Бердиёров Бердиёр Ҳакимбоевич, Юсупов Саидшоҳ Маҳмадризоевич, Акбарзода Сайидо Раҳматшо ва Муродзода Аминҷон Рустам ба даври ниҳоии озмун роҳхат гирифтанд.
Дар даври ниҳоӣ аз миёни курсантони болозикр, ки шарти аввалаш ҷавоб гардонидани саволҳои билетҳои манзургардидаро ташкил медод, чаҳор нафари онҳо Зоиров Шоҳруз Маҳмадуллоевич курсанти курси 1, гурӯҳи таълимии 107, Расулов Давлатҷон Амонбоевич курсанти курси 3, гурӯҳи таълимии 301, Наимов Шоҳрухҷон Мирзоевич курсанти курси 1, гурӯҳи таълимии 106 ва ниҳоят Юсупов Саидшоҳ Маҳмадризоевич курсанти курси 4, гурӯҳи таълимии 405 ба шарти ниҳоии даври дуюми озмун роҳ ёфтанд.
Дар шарти ниҳоӣ аз ҷониби ҳайати ҳакамон инфиродан ба ҳар як курсанти ба ин давр роҳёфта дар шакли шифоҳӣ саволҳо пешниҳод намуданд. Дар интиҳо ва таҳлилу баҳогузории ҳайати ҳакамон ҷойи аввал насиби Наимов Шоҳрухҷон Мирзоевич курсанти курси 1, гурӯҳи таълимии 106, ҷойи дуюм насиби Юсупов Саидшоҳ Маҳмадризоевич курсанти курси 4, гурӯҳи таълимии 405, ва ҷойҳои сеюм насиби Расулов Давлатҷон Амонбоевич курсанти курси 3, гурӯҳи таълимии 301 ва Зоиров Шоҳруз Маҳмадуллоевич курсанти курси 1, гурӯҳи таълимии 107 гардид.
Ба ғолибони озмуни мазкур аз ҷониби роҳбарияти Академия ва ташаббуси бевоситаи кафедраи фанҳои давлатӣ-ҳуқуқӣ ҳавасмандгардониву қадрдонӣ дар шакли мукофотҳои молӣ тақдим карда мешаванд.
Муаллими калони кафедраи фанҳои
давлатӣ-ҳуқуқии Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон,
капитани милитсия Ҷалолзода С.И.