Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон, ки бо мукофотҳои давлатӣ мушарраф гардиданд (Бахшида ба 80 солагии Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ)
22 июни соли 1941 Олмони фашистӣ аҳдшиканона ба сарзамини Иттиҳоди Шуравӣ ҳуҷум намуд.
Дар ин солҳо Тоҷикистон ҳамчун Ҷумҳурии Сотсиалистии Шуравӣ дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шуравии Сотсиалистӣ (ИҶШС-СССР) фаъолият менамуд.
Баъди ҳуҷуми Олмони фашистӣ дар саросари ИҶШС ҳолати ҷангӣ эълон гардида, Кумитаи давлатии мудофиа таъсис ёфт, ки ба он сарвари давлати Шуравӣ Иосиф Виссарионович Сталин роҳбарӣ менамуд.
Соати 1200 ба воситаи радио эълон карда шуд, ки дар тамоми ҷумҳуриҳои Шуравӣ Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар зидди Олмони фашистӣ оғоз ёфт. Тамоми миллатҳои давлати Шуравӣ аз ҷумла, тоҷикон барои мубориза бар зидди фашизм сафарбар гарданд. Тоҷикон бо ихтиёри худ ба комиссариатҳои ҳарбӣ ҳозир шуда, ба фронт ба ҷанг равона гардиданд. Аз рӯйи маълумотҳои таърихӣ зиёда аз 300 ҳазор намояндагони Тоҷикистон ба фронт рафта, қаҳрамонию шуҷоат нишон доданд, 90 ҳазори онҳо дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонона ҳалок гардиданд. 64 нафари онҳо бо унвони олии Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ ва ордени Ситораи сурхи тиллоӣ мушарраф гардиданд.
Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунин ба фронтҳо хурока, либоси гарм ва маблағи пулӣ равон мекард. Барои таъмини ғалаба занони Тоҷикистон ороишоти қимматбаҳои худро аз қабили тилло ва нуқра барои таъмини ғалаба равон менамуданд. Аз Тоҷикистон чандин вагонҳо аз роҳи оҳан ба фронтҳо равона мегашт. Шаҳри Сталинобод (ҳоло шаҳри Душанбе) ба ақибгоҳ ва госпитали ҳарбӣ табдил дода шуд Халқи тоҷик дар таъмини ғалаба нақши бузург бозид.
Ҳанӯз 16 сентябри соли 1918 Ҳукумати Шуравӣ қарор дар бораи таъсиси ордени «Байрақи Сурх»-ро ба тавсиб расонид. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ фиристодагони Тоҷикистон барои корнамои бо ордени «Байрақи Сурх» - мушарраф гардиданд. Инҳо:
1.Тошмуҳамедов Мастибек Давлатович соли 1908 дар қишлоқи Пошнев ноҳияи Шуғнони Бадахшон таваллуд шудааст. Вай дастпарвари мактаб–интернати шаҳри Хоруғ буда, барои таҳсил ба шаҳри Тошканд фиристода мешавад. Дар Тошканд Донишкадаи маорифро хатм намуда, ба ватан баргашта дар вазифаи Котиби Кумитаи ҳизбӣ (райком)-и Кангурт, Котиби комсомоли Кӯлоб, котиби якуми Кумитаи марказии ЛКСМ Тоҷикистон кор мекунад. Соли 1934 вайро Котиби якуми ноҳияи Шаҳринав таъин мекунанд. Соли 1935 вай барои кори сиёсӣ ба сафи артиш даъват мешавад. Соли 1939 аз артиш баргашта, ҳамчун директори Институти илмии тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси муаллимон кору фаъолият мекунад. Аз рӯзҳои аввали ҷанг ба фронт рафта, дар озодкунии Кавказ ва шаҳри Прага иштирок мекунад. Барои қаҳрамонӣ бо ордени «Байрақи Сурх», ордени «Ҷанги ватанӣ», ордени «Ситораи Сурх», ордени «Нишони фахрӣ» мушарраф гардидааст. Вай дорои рутбаи генерал-майор буд. Баъди ҷанг генерал-майор Тошмуҳамедов дар вилояти Кӯлоб ва комиссариати ҳарбӣ кору фаъолият кард. Солҳои 50-ум вай комиссари ҳарбии Тоҷикистон буд. Соли 1971 генерал-майор Тошмуҳамедов ба нафақа баромад.
2.Аҳмадҷонов Шарифҷон Каримович соли 1919 дар қишлоқи Ғулакандози вилояти Суғд таваллуд ёфта, соли 1937 Омӯзишгоҳи артиллерии шаҳри Ленинградро хатм намуда, ба фронт сафарбар гардид. Барои мудофиаи шаҳри Москва ва Сталинград бо ордену медалҳо аз ҷумла, ордени «Байрақи Сурх» мушарраф гардид. Вай баъди ғалаба ба ватан баргашта софдилона ба нафъи давлату ҷамъият хизмат намуд.
3.Авдеев Аталамас Мамадалиевич соли 1919 дар қишлоқи Гулободи ноҳияи Ёвон таваллуд ёфтааст. Соли 1937 Техникуми молиявии Ленинободро хатм карда, дар сафи милитсияи ноҳияи Ёвон кор карда, аз соли 1940 дар сафи Артиши Шуравӣ то соли 1945 дар фронтҳои гуногун ширкат намуда, дар ҷанг ярадор гаштааст. Вай дар озодкунии Венгрия, Чехословакия, Германия, Австрия ва ҷанг бар зидди Япония ширкат намудааст. Бо ордени «Байрақи Сурх», медалҳои озодкунии Будапеш ва озодкунии Вена мушарраф гардидааст. Баъди ғалаба дар ноҳияи Ёвон дар корҳои ҳизбӣ ширкат намудааст.
4.Бобоҷонов Мирзо соли 1925 дар шаҳри Уротеппа (ҳозира Истаравшан) таваллуд ёфтааст. Дар оғози ҷанг Омӯзишгоҳи педагогиро хатм карда, ба кӯдакон дарс меомӯхт. Феврали соли 1943 вай барои иштирок дар ҷанг сафарбар гардид. Дар ҷанг вай ярадор шуда, баъди табобат то охир дар озодкунии Полша ширкат намуд. Бобоҷонов Мирзо бо ордени «Байрақи Сурх», ордени «Шараф» мушарраф гардида, баъди ғалаба дар корҳои ҳизбӣ ва мудири хонаи маорифи сиёсӣ кору фаъолият намуд.
5.Бобиев Мирзоалӣ соли 1917 дар қишлоқи Афқади ноҳияи Орҷоникизеобод (ҳозира Ваҳдат) таваллуд ёфтааст. Аз соли 1940 то соли 1944 дар сафи Артиши Шуравӣ хизмат намуд. Дар озодкунии шаҳри Одесса иштирок намуда бо ордени «Байрақи Сурх» мушарраф гардид. Вай дар ҷанг ярадор шуда, то охир дар таъмини ғалаба саҳм гузошт.
6.Воҳидов Ғанӣ соли 1910 дар қишлоқи Қаратоғи ноҳияи Регар (ҳоло Турсунзода) таваллуд шуд. Дар ҷангҳо дар фронтҳои Ленинград, Калинин, назди Балтика, Белорусия ширкат намуда, бо ордени «Байрақи Сурх», ордени «Шараф», медали барои «Ҷасорат» мушарраф гардид. Баъди ғалаба ба ноҳияи Шаҳринав омада кору фаъолият намуд.
7.Гадоев Мукум дар қишлоқи Вогати ноҳияи Уротеппа соли 1923 таваллуд ёфт. Баъди хатми Омӯзишгоҳи педагогӣ ба ҳайси муаллим фаъолият намуд. Ба фронт ба ҷанг сафарбар шуда, дар фронти Белорусия дар амалиётҳои ҷангӣ ширкат намуд. Барои корнамоӣ бо ордени «Байрақи Сурх», «Ситораи Сурх», ордени «Ҷанги ватанӣ» мушарраф гардид. То соли 1982 дар вазифаҳои гуногун кору фаъолият намуд. Вай мутахассиси соҳаи савдо буд. Дар Вазорати молия кору фаъолият мекард.
8.Қодиров Кабир Расулович соли 1918 дар қишлоқи Насимазори Оби Гарм таваллуд шудааст. Аз соли 1938 то соли 1945 дар сафи Артиши Шуравӣ фаъолият намуда, се бор ярадор гаштааст. Барои дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордени «Байрақи Сурх» ва «Ҷанги ватанӣ дараҷаи дуюм» мушарраф гардидааст. Аз ҷанг баргашта дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.
9.Каримов Маст соли 1912 дар ноҳияи Муминобод вилояти Кӯлоб таваллуд шудааст. Вай шахси ҳарбӣ буд. Соли 1942 Омӯзишгоҳи ҳарбии шаҳри Тошкандро хатм намуд. Ба Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба фронти Воронеж сафарбар гардида, дар озодкунии Курск ва Харков ширкат намуд. Барои қаҳрамонӣ бо «Байрақи Сурх», «Ситораи Сурх» ва «Ҷанги ватанӣ дараҷаи дуюм» мушарраф гардид. Баъди ғалаба ба шаҳри Кӯлоб баргашта, дар Душанбе мактаби дусолаи ҳизбиро хатм намуда, соли 1948 муовини Кумитаи иҷроияи Ҳукумати ноҳияи Фархор шуда кор мекунад. Баъдан ӯро раиси Кумитаи иҷроияи Дашти Ҷум таъин менамоянд. Аз соли 1953 то соли 1970 муаллими мактаби миёнаи ба номи Фрунзеи ноҳияи Кӯлоб шуда, кору фаъолият менамояд.
10.Норов Ҷуманазар соли 1917 дар қишлоқи Сурқати ноҳияи Уротеппа таваллуд мешавад то даъват ба артиш ба ҳайси муаллим кор мекард. Дар фронт дар озодкунии Сталинград иштирок карда, бо ордени «Байрақи Сурх» мушарраф мегардад.
11.Раҳмонов Парда соли 1922 дар қишлоқи Қизили ноҳияи Ғончӣ (Деваштич) таваллуд шудааст. То даъват ба артиш ҳамчун колхозчӣ фаъолият мекард. Барои иштирок дар ҷанг дар вилояти Куйбишев бо ордени «Байраки Сурх», «Ситораи Сурх» ва «Ҷанги ватании дараҷаи як» мушарраф гардид. Ҳоло дар шаҳри Жигулёвск дар мактаби миёнаи №7 дар бораи вай лавҳаи хотира мавҷуд аст. Аз ҷанг баргашта дар автобазаи № 36 ноҳияи Уротеппа кору фаъолият намудааст.
12.Собиров Ҳасан соли 1924 дар қишлоқи Кушаки ноҳияи Ҳисор таваллуд шудааст. Соли 1942 аз комиссариати Дашти Ҷум ба фронт сафарбар гардид. Дар Омӯзишгоҳи хушкигарди шаҳри Орлов таҳсил намуд. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иштирок карда дар озодкунии Белорусия, назди Балтика иштирок карда, бо ордени «Байрақи Сурх», ордени «Ленин» медали «Ҷасорат» мушарраф гардид. Баъди ҷанг ба ноҳияи Ҳисор баргашта, дар мактаби миёна кору фаъолият намуд;
13.Саидаҳмадов Аброр соли 1901 дар қишлоқи Туратолои ноҳияи Ғарм таваллуд шудааст. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ иширок карда дар озодкунии Сталинград ва Курск иштирок намудааст. То Берлин рафта дар ғалаба саҳми бузург гузоштааст. Бо ордени «Байраки Сурх», «Ситораи Сурх», ордени «Шараф», медали барои «Хизматҳои ҷангӣ» мушарраф гардида, баъди ҷанг ба ҳайси раиси колхоз дар Ғарм ва баъдан ҳамчун мудири ферма ва бригадир дар ноҳияи Колхозобод кору фаърлият намудааст;
14.Ҳасанов Ҷумъа Ниёзович соли 1917 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд шудааст. Аз 17 солагӣ дар Комбинати шоҳибофӣ ва баъдан дар Вазорати фарҳанги Тоҷикистон кору фаъолият кардааст. Аз соли 1939 то соли 1944 дар сафи артиши шуравӣ хизмат карда, дар вазифаи командири взвод, муовини командири рота ва баталион хизмат намудааст. Дар озодкунии шаҳри Белгород иштирок намудааст. Бо ордени «Байрақи Сурх» мушарраф гардидааст. Баъд аз ҷанг ба ватан баргашта, дар соҳаи намоиши кино ва сардори Раёсати намоиши кинои Тоҷикистон дар Вазорати фарҳанг кору фаъолият кардааст;
15.Ҳаитов Қаландар соли 1921 дар ноҳияи Шаҳритус таваллуд шудааст. Дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар муҳорибаи Курск ширкат карда, бо ордени «Ленин», ордени «Байрақи Сурх», ордени «Александр Невский», ордени «Ҷанги ватании дараҷаи дуюм» мушарраф гардида, дар озодкунии Украина, озодкунии Венгрия ширкат намуда то шаҳри Берлин рафтааст. Баъди ҷанг ба ватан баргашта, дар заводи пахтаи ноҳияи Шаҳритус кору фаъолият намудааст;
16.Холматов Саттор соли 1925 дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) таваллуд шудааст. Вай дар озодкунии Чехословакия ширкат намудааст. Баъди ҷанг ба ватан баргашта дар шаҳри Ленинобод (ҳоло Хуҷанд) 25 сол дар сафи милитсия кору фаъолият кардааст. Бо ордени «Байрақи Сурх», ордени «Инқилоби Октябр», медали барои «Хизмати шоён» мушарраф гардидааст;
17.Юсупов Юнус соли 1924 дар қишлоқи Обиддараи ноҳияи Орҷоникизеобод (ҳоло Ваҳдат) таваллуд шудааст. Вай рутбаи сержантиро дошт. Соли 1943 дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ ширкат намуда, қаҳрамонӣ нишон додааст. Дар озодкунии Днестр ширкат намудааст. Бо ордени «Байрақи Сурх», медали барои «Шуҷоат», ордени барои «Хизмати ҳарбӣ» мушарраф гардидааст. Баъди ҷанг ба ватан баргашта дар колхози XXII Партсъезди КПСС ноҳияи Орҷоникизеобод (ҳоло Ваҳдат) кору фаъолият намудааст.
Хулоса, ҳамин тариқ аз 17 нафар фарзандони тоҷик, ки дар фронтҳои Ҷанги Бузургӣ Ватанӣ қаҳрамонию шуҷоат нишон дода, бо мукофотҳои давлатии ордени «Байрақи Сурх», ордени «Ситораи Сурх», ордени «Ленин», медалҳои «Ҷанги ватанӣ», барои «Хизматҳои ҳарбӣ» ва ғайра мушарраф гардида, дар таъмини Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ, саҳми бузург бозданд. Имсол 9-май тамоми башарият 80 солагии Ғалабаро дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ботантана ҷашн мегирад. Аз иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ холо 17 нафар боқӣ мондаанд, ки таҳти сарпарастии Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд.
Асламов Б.С., Дадазода Д.О. – кормандони шуъбаи адъюнктураи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.