Таърих ва анъанаҳои бузурги Рӯзи Ғалаба бар фашизм
Таҷлили ҳамасолаи Рӯзи Ғалаба ҳамчун иди умумихалқӣ нишони арҷгузорӣ ба қаҳрамонӣ ва анъанаҳои пуршарафи ватандӯстии падарони шӯҳратмандон мебошад.
Анъанаҳо ва рамзҳо
Рӯзи аввали ғалаба дар моҳи майи соли 1945 бо гирдиҳамоиҳо, консертҳо, сайругашти васеи мардумӣ ҷашн гирифта шуд. Оҳиста-оҳиста Рӯзи Ғалаба як қатор анъанаҳо ва рамзҳои худро пайдо кард, ки то имрӯз атрибути ҳатмии ин ҷашн мебошанд. Сабаби асосии пирӯзию вагш- алаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ дӯстиву рафоқат, бародарии халқҳои мухталифу гуногунзабон, якдилу якҷони мардуми советӣ буд. Мардум ҷон дар каф ҳар ваҷаб хоки мақаддаси Ватан ва марзу буми меҳани хешро мардонавор ҳимоя карданд. Нерӯи тавонои мардуми ватандӯст рӯҳи «шикастнопазир»-и душманро шикаст 8-уми майи соли 1945 дар Рейхстаги шаҳри Берлин, Германия ба акти таслимшавӣ имзо гузошту 9-уми май дар тамоми дунё Рӯзи Ғалаба бар фашизм эълон шуд.
Дар қатори диловарони русу украин, белорусу қазоқ ва дигар миллатҳои Иттиҳоди Шӯравӣ фарзандони фарзонаи тоҷику тоҷикистонӣ низ буданд. Аз РСС Тоҷикистон 280 ҳазор нафар шуҷоатмандон ба майдони ҳарбу зарб ва мубориза алайҳи душмани ғаддор рафтанд. Бисёри онҳо барои шуҷоат, диловарию ҷасурӣ ва ҷангҳои рустамонаи хеш дар назди Ватан бо ордену медалҳо қадрдонӣ шудаанд. Аз онҳо зиёда аз 53 нафар ба гирифтани унвони олии «Қаҳрамони СССР», 15 нафар бо ордени «Шараф» ва 50000 нафари дигар бо ордену медалҳои гуногун мукофотонида шудаанд.
Дар он замон аз шаҳру ноҳияҳои Қӯрғонтеппа (ҳоло шаҳри Бохтару ноҳияҳои Вахш ва Кӯшониён) 6375 нафар мардони шуҷоъ ба майдони набард сафарбар мешаванд. Аз ин миқдор фарзонафарзандон 662 нафар қаҳрамонона дар майдони ҷанг шаҳид гашта, 536 нафари дигар беному нишон шуда, қисми дигар баъди ҷанг ба канори зану фарзанд ва модару Ватан баргаштаанд. Қаҳрамониҳои Ҳ. Кенҷаев, Д. Азизов, И. Ҳамзаалиев, М.Мирзоалиев, С.Амиршоев, О. Муҳаммадҷонова, С.Ниёзова ва даҳҳо нафари дигар дар саҳифаҳои сабзи таърихи Ватан абадӣ ба ҳарфҳои заррин сабт гаштааст, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии мост. Оре:
Ҳар кӣ бо меҳру вафо бар халқ хидмат мекунад,
Номи худро сархати девони миллат мекунад.
Ин ҷанги хонумонсӯз, ки дар таърихи башарият даҳшатноктарин ҷанг мебошад беш аз 1418 шабонарӯз идома ёфта, ҷони 26 миллион шаҳрванди собиқ мамлакати паҳновари Иттиҳоди Шӯравиро рабуд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1710 шаҳру шаҳрак, 70 ҳазор деҳаву русто, 6 миллион бино, 32 ҳазор корхонаҳои саноатӣ, 40 ҳазор шифохонаву муассисаҳои тиббӣ, 84 ҳазор мактабу техникум ва донишгоҳу пажӯҳишгоҳҳо дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ несту нобуд карда шуданд. Зиёда аз 5 миллион одамон бе сарпаноҳ монда, 4100 истгоҳи роҳи оҳан ва 65 ҳазор километр роҳи оҳан, 14 ҳазор пули қаторагузар вайрон гардида, 63 миллион сар ҳайвоноти калону хурди шохдор ба Германияи гитлерӣ фиристода шуд. Танҳо барои ба Германияи гитлерӣ фиристодани маҳсулоти хоҷагии халқи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ 1,4 миллион қатораро истифода бурданд. Дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар баробари родмардони тоҷик, ҳамчунин занону куҳансолон ва наврасони кишварамон дар ақибгоҳ шабонарӯзӣ заҳмат кашида, дар таъмини афсарону сарбозон бо маводи ғизоӣ, сару либос ва дигар лавозимоти зарурӣ кӯмак мерасониданд ва саҳми шоистаи худро барои наздик овардани ғалаба мегузоштанд. Он солҳо кор дар корхонаҳои саноатӣ, хусусан комбинати арбешими Ленинобод, фабрикаи бофандагии «Красный ткач» ва дигарҳо ҳама аз рӯи шиори «Ҳама чиз барои фронт, ҳама чиз барои ғалаба» фаъолият мебурданд.
Дақиқаи хомӯшӣ
Бори аввал 9 майи соли 1965 тасмим гирифта шуд, ки хотираи кушташудагонро дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо як дақиқа хомӯшӣ гиромӣ доранд. Ин аст он чизе, ки" Дақиқаи хомӯшӣ " дар телевизиони Марказӣ пахш карда шуд, ки бори аввал дар соли 1965 ҷашни 20 - солагии Ғалаба пахш карда шуд. Аз он вақт инҷониб, як дақиқаи хомӯшӣ на танҳо ҳар ҷашни Рӯзи Ғалаба, балки тамоми рӯйдодҳои фоҷиабори таърихи давлатро ҳамроҳӣ мекунад.
Оташи абадӣ
Хотираи онҳое, ки дар солҳои ҷанги Бузурги Ватанӣ замини худро ҷасурона ҳимоя мекарданд ва ҷони худро барои он фидо карданд, барои нигоҳ доштани оташи абадӣ даъват карда шудааст. Дар Иттиҳоди Шӯравӣ аввалин оташи абадӣ тирамоҳи соли 1957 фурӯзон карда шуд. Ин дар Ленинград, дар наздикии муҷассамаи «Муборизони инқилоб» рух дод.
Дар ин миён, маҳз ҳамин оташ пас аз он борҳо барои фурӯзон кардани чароғҳои абадӣ ба хотири Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар шаҳрҳои қаҳрамони Руссия истифода шудааст. Масалан, маҳз аз ӯ дар соли 1967 дар қабри сарбози «Номаълум», ки дар боғи Александровский дар пойтахт ҷойгир аст, оташи абадӣ фурӯзон карда шуд. Яке аз рамзҳои ҷавонтарини ҷашни Рӯзи Ғалаба лентаи Георгий мебошад. Номи он ба шарафи ордени Георги МУҚАДДАС, ки соли 1769 аз ҷониби малика Екатерина II таъсис дода шуда, гирифта шудааст ва намуди зоҳирии он бо рангҳои сиеҳ ва зардолу, тибқи як сарчашма, дуд (ё хока) ва оташро ифода мекунад.
Моҳият ва аҳамияти ҷашни ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ. Рӯзи Ғалаба на танҳо ҷашнест, ки яке аз ҷангҳои даҳшатноктарин дар таърихи ҷаҳонро ба анҷом мерасонад, балки Рӯзи Ғалаба пеш аз ҳама ҷашни мардонагӣ, шараф, ҷасорат ва ёдраскунандаи он аст, ки чӣ гуна як халқи ягона будан муҳим аст, зеро маҳз бо ҳам муттаҳид шуда, дар ҳимояи Ватан якҷоя истода, кишвари мо тавонист фашизмро мағлуб кунад.
Мо дар назди рӯҳи шаҳидони роҳи озодии Ватан, дар назди қаҳрамониҳои падарон сари таъзим фуруд меорем. Хотираи онҳоеро, ки бо гузашти солҳо бо зиндагӣ падруд гуфтаанд, пос медорем. Эҳтироми собиқадорони ҷанг ва оилаҳои шаҳидони ҷангро ҳамеша ба ҷо меорем.
Аз ин лиҳоз, тамоми мардуми шарифи Тоҷикистонро бо фарорасии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ – 9 май аз самими қалб табрик гуфта, ба онҳо саломатӣ, рӯзгори осуда ва дар корҳои ҳамарӯзаашон пешравиҳои назаррасро орзу дорем.
Шарифзода С.А., омӯзгори кафедраи ташкили тактикаи фаъолияти оперативӣ–ҷустуҷӯии факултети №6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
лейтенанти калони милитсия