Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муовини якуми сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

180Муовини якуми Сардори Академияи ВКД Ҷумҳуриии Тоҷикистон.
Ализода Алиҷон Шариф – муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ (2019)
Номзади илмҳои ҳуқуқ (2010)
Аълочии маорифи Тоҷикистон (2013)
Аълочии милитсия (2011)
Полковники милитсия (2012)
Суроға: 734024, Ҷумҳурии Тоҷикистон, ш.Душанбе, к.М.Мастонгулов 3, блоки «Б», ошёнаи 1.
Ализода Алиҷон Шариф, таваллудаш 4-уми майи соли 1976. Хатмкунандаи Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон (1998), маълумоташ ҳуқуқшинос, баъди хатми мактаби мазкур ба вазифаи муаллими кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи Мактаби олии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид. Соли 2005 сардори кафераи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Соли 2006 ба факултети тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии Академияи идоракунии ВКД Федератсияи Россия дохил шуд. Соли 2010 рисолаи номзадии худро дар мавзӯи: «Ҷавобгарии ҷиноятии одамрабоӣ ва ғасби гаравгон дар мисоли Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз рӯи ихтисоси 12.00.08 – «Ҳуқуқи ҷиноятӣ ва криминология; ҳуқуқи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ» бомуваффақият ҳимоя намудааст. Солҳои 2011 - 2012 дотсенти кафедраи ташкили идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2012 - 2013 сардори кафедраи ташкили идоракунии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи факултети №1 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Солҳои 2013 - 2014 сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. Аз соли 2014-2019 сардори факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Аз моҳи апрели соли 2019 то 24 апрели соли 2023 муовини сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қисми низомӣ. Аз 24 апрели соли равон то инониб муовини якуми сардори Академияи ВКД.  Муаллифи 3 монография, 4 маводи таълимӣ-методӣ, 3 дастури таълимӣ, 3 дастури илмӣ-амалӣ ва зиёда аз 30 мақолаҳои илмие, ки дар Тоҷикистон ва берун аз он ба чоп расидааст.






Нашрияи академия


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...