Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Модар – Сарчашмаи ҳаёт ва нури хонадон 04.03.2026 11:13
Дар тақвими ҷашнҳои миллӣ ва давлатии мо камтарин санае пайдо мешавад, ки мисли 8-уми март – Рӯзи Модар пур аз латофат, меҳрубонӣ ва шукӯҳ бошад. Ин иди баҳору зебоӣ танҳо як санаи одӣ нест, балки арҷгузорӣ ба бузургтарин шахсияти олам — Модар аст. Модар: Нахустин мураббии башарият Модар рамзи вафо, ....
ВИКТОРИНА БАХШИДА БА РӮЗИ ҚАБУЛИ ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН «ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ ОПЕРАТИВӢ-ҶУСТУҶӮӢ» 03.03.2026 15:51
Бахшида ба рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» дар толори факултети № 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки ҳайати омӯзгорони факултет ва курсантони курсҳои сеюм ва чорум санаи 2 марти соли 2026 викторина ташкил ва гузаронида шуд. Чорабинии мазкурро муовини сардори факултети № 4 Академияи ВКД ....
ФАРҲАНГШИНОСӢ”- ВОСИТАИ ТАЪЛИМӢ 26.02.2026 16:06
Китоби номзади илмҳои таърих, дотсенти кафедраи “Фанҳои ҷамъиятӣ”-и факултети №2-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, шунавандаи факултети №1-и Академияи ВКД Раҳмонзода Азимҷон Шералӣ таҳти унвони “Фарҳангшиносӣ. Воситаи таълимӣ.- Душанбе: “Бебок”, 2026.-176 с. аз чоп баромад. Китоби мазкур бо Қарори Шурои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-тадқиқотии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 ....
ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТ ТОҶИКИСТОН ОМИЛИ ДУРАХШОНИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 26.02.2026 15:56
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» ҳамасола дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа мегардад. Паём санади муҳими расмӣ ва барномавӣ ба шумор рафта, самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоӣ, иқтисодӣ, ....
Фарҳанги оиладории занону бонувони тоҷик 25.02.2026 11:39
( бахшида ба 8-уми март - Иди модарон) « Дар рушди ҳаёти иҷтимоӣ нақши занон ва ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа ниҳоят арзишманд мебошад. Ташаббусҳои онҳо аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамеша дастгирӣ ёфта, занону ҷавонон ба корҳои роҳбарӣ дар ҳамаи шохаҳои ҳокимият ба сохтору мақомоти давлатӣ ҷалб карда мешаванд». Пешвои ....
ШАРАФ ВА НОМУС ДАР ФАРҲАНГИ ҲАРБӢ 21.02.2026 11:58
Мафҳумҳои «шараф» ва «номус» дар фарҳанги ҳарбӣ аз зумраи қисми бунёдӣ ва низомофари ахлоқшиносӣ, ҳастишиносӣ ва инсоншиносӣ маҳсуб меёбанд. Истилоҳоти сохторҳои маънавии ташаккулдиҳандаи худогоҳии ҳарбӣ мебошанд, ки тариқи он шуури сарбоз, низоми худшиносӣ ва меъёрҳои рафтори ӯ маънидод ва танзим мегарданд. Артиши миллӣ, агарчи ба зоҳир ниҳоди низомист, дар асл ....
Нақши зеҳни сунъӣ ва технологияҳои рақамӣ дар рушди ояндаи Тоҷикистон дар партави Паёмҳои Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ 21.02.2026 11:27
Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 28-уми декабри соли 2024 чунин иброз намуданд: «Тоҷикистон дар ҷодаи гузариш ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин намудани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ қадамҳои устувор гузошта истодааст. Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ ....
Илму маориф дар замони истиқлол 19.02.2026 17:07
Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16- уми декабри соли 2025, ба Маҷлиси Олии мамлакат, «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ироа гардид яке аз сарчашмаи санадҳои муҳим ба шумор рафта масъалаҳои муҳими рушди мамлакат дар он ....
ҶАВОНОН БА АРТИШИ МИЛЛӢ КАМАРИ ҲИММАТ БОЯД БАСТ! 19.02.2026 17:05
Ҳар кишвар дорои Артиши миллии худ аст. Тоҷикистон низ ҳамчун давлат дорои артиш аст. Қайд кардан ба маврид аст, ки артиши миллии мо замоне таъсис ёфт, ки раванди тезутундшавии вазъи сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ кишварро фаро гирифт ва дар баробари ин норасоии мутахассиони касбӣ ҳам ҷой дошт. Асосан, баъди пош ....
НАҚШИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ШАРОИТИ ТАҒЙИРЁБИИ ҶАҲОНИ МУОСИР 19.02.2026 11:14
Марҳалаи муосири рушди ҷаҳонӣ бо низоъҳои шадиди иҷтимоӣ ва иқтисодӣ, инчунин зиддиятҳои сиёсӣ тавсиф мегардад. Дар ин замина, поёни низоми тартиботи дуқутба боиси тағйироти назаррас дар принсипҳои суботи стратегӣ дар сатҳи байналмилалӣ гардид.Ҳоло амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дигар ҳамчун масъалаи рӯ ба рӯи ҷанг ва сулҳи анъанавӣ набуда, балки ба ....
Муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар дар бораи самтҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ 14.02.2026 18:49
Дар Паём ба Маҷлиси Олии кишвар аз 16-уми декабри соли 2025 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷумла иброз намуданд:«Таъмин будани амнияти ҷомеа, суботи сиёсӣ, сулҳу ваҳдат ва волоияти қонун кафолати рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ ва баланд гардидани сатҳу сифати зиндагии мардуми ....
ПАЁМ ҲАМЧУН РОҲНАМОИ РУШДИ СОҲАИ САЙЁҲӢ ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ 14.02.2026 10:07
Дар давоми 34-соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи сайёҳӣ ва ҷаҳонгардӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола ҳузури сайёҳони хориҷиро дар қаламрави Тоҷикистон бештар мегардонад. Имрӯз, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Сайёҳӣ мебошад ин имкон фароҳам намудааст, ки Тоҷикистон ва минтақаҳои таърихиву фарҳангӣ ва сайёҳии он дар китоби харитаи сайёҳии ҷаҳон ....
БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ ПАДАРУ МОДАРОН ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД 11.02.2026 11:40
Санаи 10 феврали соли равон дар асоси Нақша-чорабиниҳои Академияи ВКД ва дастуру супоришҳои роҳбарияти Академия ҷаласаи васеи падару модарони курсантони курси 1 факултети № 2 баргузор гардид. Дар ҷаласаи мазкур роҳбарият, кураторони гуруҳҳои таълимӣ ва инчунин сардори курси таълимии ин муассисаи олии касбӣ, иштирок намуданд.Ҷаласаро муовини сардор оид ба ҳайати ....
Паёми президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон-Технология ва рақамисозӣ омили муҳими рушди ҷомеаи муосир 10.02.2026 15:37
Дар шароити ҷаҳони муосир технология ва рақамисозӣ ба яке аз самтҳои асосии пешрафти давлатҳо табдил ёфтаанд. Имрӯз бе истифодаи технологияи иттилоотӣ рӯшди иқтисод, маориф, тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷамъияти ғайриимкон аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо дарки аҳамияти бузурги ин раванд ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти рақамисозӣ таваҷҷуҳи хоса ....
Ватандӯстӣ аз нигоҳи психология: эҳсосе, ки шахсиятро месозад. 10.02.2026 15:25
Ватандӯстӣ танҳо шиор ё ифтихор аз гузашта нест. Аз нигоҳи психология, он як ҳолати мураккаби равонӣ мебошад, ки дар худ эҳсос, андеша ва рафтори инсонро муттаҳид мекунад. Ватандӯстӣ эҳсосест, ки шахсро бо сарзамин, фарҳанг, таърих ва мардумаш мепайвандад ва дар ташаккули шахсият нақши муҳим мебозад.Аз нуқтаи назари равоншиносон, эҳсоси ватандӯстӣ ....


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...