Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Хабарҳо

Истиқлолият ва рушди маорифи кишвар 06.09.2024 20:15
9 сентябри соли 2024 ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 33 сол пур мегардад ва дар ин муддати на онқадар тӯлонии таърих дастовард ва муваффақиятҳои ба дастомада ҷумҳурии моро ба сӯи музаффариятҳо ва дастовардҳои беназир мушарраф гардонид. Баъд аз ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми маориф ва илм ....
Истиқлол калиди соҳибдавлатӣ ва ватандории миллии мост 04.09.2024 18:15
Истиқлол волотарин ва пурарзиштарин дастоварди давлату миллати тоҷдори тоҷик аст. Ин неъмати бузург баробари ба даст овардан нуру зиё, меҳру вафо, ободиву озодӣ, ҳамфикриву ҳамзистӣ ва осоиштагиро ба мардуми тоҷик ва Тоҷикистони азиз овард. Даврони истиқлол роҳи имрӯзу ояндаи миллат ва пешрафти минбаъдаи кишвари азизамонро ба сӯи ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ....
Тамошои суханронии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба «Рӯзи Дониш» 04.09.2024 18:08
Ҳайати профессорону омӯзгорони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли 2024 суханронии Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бахшида ба «Рӯзи дониш» дар толори калони маҷлисгоҳ тариқи телевизион сарҷамъона тамошо намуданд. Ҳайати доимӣ ва тағйирёбандаи факултет махсусан таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи кунунии ....
Нақши Пешвои миллат дар ҳифз ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ 03.09.2024 18:25
Солҳои 90-уми асри гузашта собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (минбаъд ИҶШС) ба буҳрони шадиди сиёсӣ ва иқтисодӣ дучор гашт. Барҳам хурдани ИҶШС заминаҳои объективӣ ва субъективии худро дошт. Охири солҳои 80-уми асри 20-ум сатҳи истеҳсолоти моддӣ дар ин кишвари сермиллат поён рафт. Сохти тоталитарии якаҳизбӣ монеъи инкишофи равандҳои демократӣ ва ....
Роҳнамои дониш барои омодасозии кадрҳо 03.09.2024 18:19
Чун анъана ҳамасола дар саросари ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон 1-уми сентябр ҳамчун Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ ҷашн гирифта мешавад. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи маорифро ҳамчун соҳаи калидӣ ҳисобида, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди соҳаи маориф мунтазам таваҷҷуҳи хос ....
Омӯзгори Академияи ВКД бо Ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ сарфароз гардид 31.08.2024 16:14
29 августи соли ҷорӣ дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни 33-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кормандони касбу кори гуногун, ки дар фаъолияташон натиҷаҳои шоистаи таҳсин доранд, мукофотҳои олии давлатӣ ва ҷоизаву унвонҳои фахрӣ супориданд. Дар маросими супоридани мукофотҳои давлатӣ 12 нафар ....
Ватани ман - ифтихори ман! 28.08.2024 15:58
Муаллими ҷавони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, омӯзгори кафедраи Фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ, лейтенанти калони милитсия Фарҳод Муродзода ғолиби озмуни байналмилалии “Ватани ман - ифтихори ман” гардид.Имрӯзҳо сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми қишри ҷомеа, бахусус ҷавононро ба ....
Истиқлолият - омили рушди ҷомеаи демократӣ 28.08.2024 15:56
Дар таърихи навини давлатдории миллии мо тоҷикон Истиқлолияти сиёсӣ, бузургтарин дастовард мебошад, ки дар охири саддаи асри ХХ ба он шарафёб гардидем. Ҳоло бошад, бахти баланди миллати тоҷик ва тоҷикистониён аст, ки дар фазои ороми сиёсӣ, сарфи назар аз мураккабиҳои ҷаҳони муосир 33-юмин солгарди Рӯзи Истиқлолияти давлатиро бо тантана истиқбол ....
Ҷамъомади таълимӣ-саҳрои курсантони курси якум 16.08.2024 20:11
Навшомилшудагон ба Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 аллакай дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади таълимӣ-саҳроиро ҳанӯз аз 5 августи соли равон оғоз намуда то аввали моҳи сентябр дар ин шароити хоса ба ин маслак ин маъракаи муҳимро пушти сар карда истодаанд.Албатта, ин давраи басо муҳим, ҳассос барои ин ....
Мақоми Зан-Модар дар адабиёти тоҷик 19.07.2024 09:59
Тасвири зан ва алалхусус Зан-Модар дар адабиёти ҷаҳон нақши густарда дорад ва дар адабиёти форсу тоҷик, ки аз қадимтарин адабиёти башарист, ин мавзуъ бештар матраҳ шудааст. Ҳақиқати ҳастии Зан-Модар ва ҳуқуқу манзалати он дар китобҳои муқаддаси «Авесто», ки аз куҳантарин осори хаттии мардуми ориёинажод аст, таҷассум ёфтааст. Бино ба таъкиди ....
Маросими ботантанаи супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Академияи идоракунии ВКД Россия 29.07.2024 17:57
27 июли соли 2024 маросими ботантанаи супоридани дипломҳо ба хатмкунандагони Академияи идоракунии Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар шаҳри Москва баргузор шуд. Дар чорабинӣ роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия, воҳидҳои дастгоҳи марказӣ ва ташкилотҳои таълимии Вазорати корҳои дохилии Россия, намояндагони кишварҳои хориҷӣ, кормандон ва собиқадорони Академияи мазкур иштирок намуданд. ....
Донишҷӯи беҳтарини соли 2024 08.06.2024 11:53
29-уми майи соли 2024 тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи моҳвораи ҷавонон дар толори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни "Донишҷӯи беҳтарини соли 2024" миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ баргузор гардид. Дар оғози озмуни мазкур ....
Семинари илмӣ-назариявӣ бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ 25.06.2024 16:36
25-уми июни соли 2024 бо ибтикори кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари илмӣ-назариявӣ дар мавзуи «Мусолиҳаи миллӣ дар Тоҷикистон ва аҳамияти он» бахшида ба 27-умин солгарди Ваҳдати миллӣ ва гиромидошти хотираи неки собиқ сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майори милитсия, номзади илмҳои сиёсӣ, Саймуддинов Шамсулло Саймуддинович ....
Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба самти рушди ҷавонон дар фаъолияти хизмати давлатӣ 03.07.2024 16:40
“Ҷавонон давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа, хулоса ояндаи миллат ва давлат мебошанд”. Эмомалӣ Раҳмон Раванди сиёсии кишвар собит месозад, ки татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дошт. Дар ин давра мулоқоти аввалини роҳбари давлат, ....
Тақвияти маърифати ҳуқуқии ноболиғону ҷавонон дар шароити муосири Тоҷикистон: таҳлил ва дурнамо 03.07.2024 16:53
Таҷрибаи рӯзгори инсонӣ собит сохтааст, ки риояи қонун ва таъмини адолати иҷтимоӣ дар ҳама давру замон асоси пешрафти ҷомеаи мутамаддин гардидааст. Барои расидан ба ин ҳадафи олӣ тақвияти маърифати ҳуқуқӣ ва шуури ҳуқуқии ҷомеа, бахусус ноболиғону ҷавонон зарурати амиқ дошта, бе назардошти таъмини ҳолати мазкур, риояи қонуният, тартиботи ҷамъиятӣ ва ....


Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...