Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

НАВРӮЗ НИШОНАИ БАҲОР АСТ

навруз

Куртаи сабз ба бар карда зи нав кӯҳу камар,

Чун арӯсон шуда ҳар шохаи гул тозаву тар.

Марди деҳқон ба замин донаи армон пошад,

Сар кашад донаи афтода ба уммеди самар.

         Мардуми мо дар баробари тантанаҳои наврӯзӣ ба кишту кори баҳорӣ машғул мешаванд, ва бо нияти нек ба замин донаи ризқу рӯзӣ мекоранд, ниҳол мешинонанд ва дигар корҳои баҳориро оғоз мекунанд. Фазилати Наврӯз ҳамчун ҷашни пайванди инсон бо табиат дар вусъати амалҳои созандагиву ободкорӣ ифода меёбад. Аз ин рӯ, мардуми мо чун анъана ба пешвози Наврӯз дар фасли баҳор манзилу кошона ва кӯчаву маҳалли зисти худро тозаву обод мекунанд, зеро файзу баракат дар ҷоест, ки покизагиву ободӣ бошад. Фазилати дигари Наврӯз ин аст, ки одамон ба истиқболи он бо хушҳолии зиёд омодагӣ мебинанд, кинаву адоватро фаромӯш мекунанд, рӯзи нав ва ҷашни сари солро бо умеди он, ки сол пурфайзу бобаракат ояд, бо дилу нияти пок ва сару либоси тозаву озода пешвоз мегиранд. Чи тавре,ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд кардаанд ҷашни Наврӯз як бахши ниҳоят қадимаи фарҳангии тоҷикон мебошад. Ин ҷашн бузургтарин анъанаи миллӣ буда, аз гузашта то имрӯз бо як силсила маросимҳои суннатӣ бо шукӯҳу ҳашамат ва зебогиҳову дилрабоиҳои баҳорона баргузор мегардад. Чи тавре ба ҳамагон маълум аст, Наврӯз ҷашни соли нав ба ҳисоб меравад. Аз ин рӯ, Наврӯзро «Ҷашни сари сол» низ меноманд. Наврӯз «рӯзи нав» маънӣ дошта дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад.

        Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Ҷашни Наврӯзро мардумони ориёӣ дар масири таърихи зиёда аз шашҳазорсола бо як ҷаҳон орзу ва таманниёт барои беҳбудии рӯзгор ва сафои бахти сафеду осоиштагӣ таҷлил менамуданд. Воқеан, Наврӯз ҷашни эҳтиром аз ҷойгоҳи табиат ва бузургдошти сайёраи Замин аст, ки баъди карахтии сармои зимистон ба мисли инсон аз хоб бедор мешавад ва андешаи ӯро ба таҳрик меорад. Наврӯз ин набзи сайёраи Замин буда, дар гирди Офтоб як даври пурраи соли астрономиро паси сар мекунад ва дар моҳи фарвардин ба ҷойгоҳи аслии худ бармегардад.

       Агар ба таъриху оину русуму ҷашну сурҳои ҷаҳониён бингарем, мушоҳида менамоем, ки аз давраҳои бостонӣ то кунун ҳеҷҷашне ба дараҷаи Наврӯз дар байни қавмҳои ориёӣ дар равнақу шукӯҳ набудааст. Дар ҳар давру замон тоҷикон расму оинҳои худро аз насл ба насл интиқол медоданд ва кӯшиш мекарданд, ки бо боварҳои асотирии худ ба неруи бадӣ, яъне аҳриманӣ таъсир расонанд, то дар соли нави оянда дар рӯзгори пур аз шодмонӣ зиндагӣ кунанд. Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон Ҷашни Наврӯз ҳамчун мероси фарҳанги миллӣ ва оини муқаддаси ниёгон мазмуну шукӯҳи тоза пайдо кард. Ин аст, ки ҷашни Наврӯз ҳамасола дар сарзамини биҳиштосои мо Тоҷикистон дар фазои мубораки истиқлолу ваҳдати миллӣ бо самимияти хосса ва шукргузории том таҷлил мегардад.

       Аз ин рӯ, миллати куҳанбунёду тамаддунофари тоҷикро зарур аст, ки бо такя ба дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги ниёгонамон дар меҳвари сиёсати дурандешона, хирадмандона ва фарҳангпарваронаашон мақоми махсус дорад, дар самти эҳёи арзишҳо ва суннату анъанаҳои неки ниёгон саъю талош варзанд ва дар партави сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти олии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар заминаи таҷлили бошукуҳи Наврӯзи оламафрӯз ободкорию созандагиро, ки ҳадафи стратегии сиёсати давлатӣ ба ҳисоб меравад, идома диҳанд. Бо мақсади дар сатҳи баланд гузаронидани он майдону тахтҳо месохтанд, дастархонҳои идона меоростанд, ки ин дастархонҳои Наврӯзӣ бо номҳои ба худ хос, ба мисли «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» буд.

       Ҳар яке аз ин амалҳо қоидаҳои худро доштанд ва аз тарафи мардум бо пуррагӣ ба ҷо оварда мешуданд, зеро онҳо суннатҳои бостонии Наврӯз ба шумор мераванд. «Ҳафтсин» ин номгӯи ҳафт маҳсулоти ғизоие аст, ки онҳо бо ҳарфи–С (син) сар мешаванд. Ба ин номгӯй дохил мешаванд: 1.Сирпиёз; 2.Себ; 3.Сабзӣ; 4.Санҷид; 5.Сирко; 6.Суманак; 7.Сипанд. Ба номгӯи маҳсулоти «Ҳафтшин» бошад, чун анъана онҳое дохил мешаванд, ки бо ҳарфи–Ш (шин) оғоз меёбанд. Аз ҷумла: 1.Шир; 2.Шона; 3.Шамъ; 4.Ширинӣ; 5.Шарбат; 6.Ширбиринҷ; 7.Шакар.

      Дар маҷмуъ инҳо аз урфу одати ҳар миллат вобаста мебошанд. Ҳар як халқият урфу одати худро дорад. Бинобар ин баҷои «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» номбаршуда дигар хӯрокҳоро низ дар дастархон ҷой медиҳанд.

       Боиси ифтихор аст, ки бо кӯшишҳои пайвасти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 30 сентябри соли 2009 инҷониб Наврӯз мавқеи байналмиллалӣ гирифт ва ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият (ЮНЕСКО) дохил карда шуд. Ин барқароршавии ҳақиқати таърихӣ аст.

        Хулоса, дар ҷашни Наврӯз дар тамоми гӯшаю канори Тоҷикистон дастархони идона ороста, таъомҳои гуногуни миллӣ мепазанд ва хурду бузург хурсандона ин идро ҷашн мегиранд. Ҳамасола рузи 21-уми март ҷашни Наврӯз дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон бо як шукуҳи хоса дар сатҳи баланди худшиносӣ ва худогоҳии миллӣҷашн гирифта мешавад. Дар ин иди бошукӯҳ марди деҳқон нахустин донаҳои зироатро ба замин мепошад ва пирони кор дуо менамоянд, ки ҳосил зиёду фаровон гардад. Бигузор имсол чун ҳамасола дар Тоҷикистони азизамон ҳосили ҳама намуди зироат дучанд афзояд.

         Дар интиҳо таманои онро дорам, ки мардуми Тоҷикистон доимо иди Наврӯз, Иди баҳор ва дигар ҷашну идҳоро дар кишварамон дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдату ягонагӣ таҷлил намоянд.

Сардори кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ

ва мурофиавии факултети№4,

Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон

н.и.ҳ., майори милитсия                                   Азимзода Шуҳрат Ҷӯрамурод

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...