Наврӯз - ҷашни бузурги миллӣ ва Соли нави аҷдодӣ
Наврӯз яке аз қадимтарин идҳои тоҷикон ба шумор меравад. Тавре ки дар китобҳои таърих омадааст, аввалин касе, ки ин идро ҷашн гирифт подшоҳи форс бо номи Ҷамшед буд.
Наврӯз - яке аз қадимтарин ҷашнҳои ориёинажод ба ҳисоб рафта, он таърихи беш аз 6 ҳазор сола дорад. Ҷашни Наврӯз ҳамчун соли нав барои мардумони ориёинажод аст, ки ҳангоми баробар шудани шабу рӯз дар нахустин рӯзи баҳор ва солшумории хуршедӣ (1-уми фарвардин ё ҳамал, яъне ба 21-уми марти солшумории мелодӣ) рост меояд. Аз ин рӯ, Наврӯзро “Ҷашни сари сол” низ меноманд. Тақрибан зиёда аз 6 ҳазор сол қабл Наврӯз марбути кори деҳқонӣ пайдо шуда, минбаъд такмил ёфтааст.
Мутобиқи тақвими аҷдодиамон ва низоми ҳаракати сайёраҳо 21-уми март шабурӯз баробар шуда, рӯзи аввали баҳор, рӯзи кишту кори деҳқон ба шумор меравад. Наврӯз бо қарори Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ба як иди ҷаҳонӣ табдил ёфтааст. Тоҷикистон шояд тамоми ҳақро дорад, ки соли Нави худро аз Наврӯз сар кунад.
Наврӯз ба унвони иди баҳор ва эҳёи табиат дар кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷашн гирифта мешавад. Ҳар иде аз ҷумла иди Наврӯз дар Тоҷикистон бо рӯҳи сиёсӣ доир карда мешавад. Наврӯз дар Тоҷикистон ба таври расмӣ ҳар сол 21 март ҷашн гирифта мешавад. Аммо, бархе аз муҳaқиқони ойинҳои Наврӯзӣ бар ин назаранд, ки мақомоти кишварҳои туркзабони Осиёи Марказӣ Наврӯзро танҳо ба хотири таъмини бақои таърихии мардуми худ ҷашн мегиранд. Бо таваҷҷуҳ ба ин ки мардумони Осиёи Марказӣ равобити хуби таърихӣ доштанд, ҷашни Наврӯз дар миёни кишварҳои туркзабони минтақаи Осиёи Миёна, ба вижа узбекҳо, қирғизҳо, қазоқҳo ва туркменҳо низ дар натиҷаи равобити фарҳангӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва мавқеъи ҷуғрофӣ густариш ёфтаааст. Ҳоло, ки дар шаҳрҳои марказӣ: Самарқанд, Бухоро, Насаф, Термиз, Деҳнав, ки мардуми тоҷик аз қадимулайём сукунат доранд ва мардуми таҳҷоии ин манотиқ тоҷик ҳастанд, суннат ва анъаноти Наврӯз ҳифз шуда ва мардуми ӯзбек низ бочунин расм аз Наврӯз таҷлил ба амал меоранд. Дар манотиқи мухталифи Ӯзбекистон ғазои наврӯзӣ, суманак омода карда мешавад, ки мардуми ин кишвар сумалак мегӯянд.
Наврӯз ҷашни бостонии қавмҳои ориёинажод буда, сарчашмаҳои таърихӣ ин иди суннатии мо аз давраҳои хеле қадим ҷашн гирифта мешавад. Ҷашни Наврӯз то ба давраи дини Зардуштӣ ҳам таҷлил гардида, иди баҳору шукуфоӣ ва зиндашавии табиат мебошад. Фалсафаи Наврӯз нафақат зиндашавии табиат, балки як воқеияти зиндагӣ аст, ки дар ҳамин рӯз таҳаввулоти бузурге ба вуҷуд меояду табиат эҳё мешавад. Ба гуфти бузургони гузаштаамон, Наврӯз ҷавоншавии табиат аст.
Фарҳанги асили ҳар як халқу миллат, пеш аз ҳама, бо ривояту устура. андешаҳои мардумӣ анънаҳои миллӣ, маорифи динию фазилатҳои ахлоқии дар тӯли асрҳо шакл ёфта аз назари таърихию фарҳангӣ шомили мазмунҳои рамзию тамсилҳои дорои хусусияти табиию иҷтимоӣ ва ҷаҳонбинию кайҳоншиносӣ таҷассум меёбад, ки онҳоро тавассути таҷлили ҷашну маросимҳои милливу мардумӣ таъбиру таъвил ва арзёбӣ намудан мумкин аст. Ба ин маънӣ, ягон миллат хеҷгоҳ ба як наслу ду насл ташаккул нахоҳад ёфт. он аз силсилаи пайвастаи наслҳое иборат мебошад, ки дар таьрих баробари созмонҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, ниҳодҳои фарҳангию маърифатӣ таҷассуми ҳувияти миллӣ ва мардумии ҳар як халку миллат арзёбӣ мешавад.
Наврӯз аз зумраи ҷашнҳои қадима маҳсуб гардида,ба қавле пайдоиши он ба замони ҳазрати Одам ва Кайумарс, ба пиндори дигар, ба даврони Ҷамшед, ба фикри сеюм ва чаҳорум ба асри зардуштиён рост меояд ва боз андешаҳое ҳам роиҷанд, ки асрҳо мардумон онро гиромӣ медоранд ва чун бо баҳор тавъам меояду сари сол аст, ҷашни баҳору ҷашни Соли нав низ қаламдод мешавад.
Лаълчҳубаи Мирзоҳасан, садри шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон. доир ба Наврӯз ва баъзе вижагихои таҷлили он дар Бадахшон чунин ибрози назар менамояд:
- Аллома Димишқӣ дар китоби «Наҳбат-уд-даҳр» изҳор кардааст: Наврӯз, ки иди бостонист ва ҳавзаи фарогирии он борҳо тағир хӯрда, хеле фарох аст. Наврӯз аз айёме, ки чархи гардун ба гардиш омадааст, яъне аз он даврае, ки чамияти инсонӣ пайдо шудааст,тачлил мешавад.
Бо гузашти замон маросимҳои наврӯзӣ шомили орзую омоли бани башар гардидаанд.Масалан, маълум аст, ки адади “ҳафтсин” дар миёни мардум бо хосияти хеш муътабар дониста мешавад. Дар иди Наврӯз низ ин адад мақом пайдо кард ва дар рӯйи дастархони наврӯзӣ хӯрданиҳое мегузоштанд, ки бо ҳарфи «син» шуруъ мегарданд; сир, сипанд, сирко, санҷид, себ, суманак. Аммо бештар аз ин « ҳаштшин» маъмул буд: шаҳд, шакар,шир, шароб, шамшод.
Қабл аэ Наврӯз ду масъалаи муҳим дар рӯзҳои арафаи наврӯзи анчом мешуд, ки онҳо вобаста ба чашни Наврӯз мебошанд. Масъалаи аввал, омадагӣ ба чашни Наврӯзи хучастапай, зеро ин омодагӣ на танҳо аз харидории масолеҳи пухтупази наврӯзӣ, сабзонидани сабза ва ҳубоботи гуногун, балки анҷоми як силсила корҳое ба мисли хонатакониӣ, рангомезию поксозии дару девори хона, тоза намудани ҷуйборҳо ва дигар амалиёти наззофатию ташрифотӣ низ бояд дар ҳамин рӯзҳои арафаи наврӯзӣ анҷом гарданд.
Ниёгони мо бар ин ақида буданд, ки фарорасии соли нав (Наврӯз) ҳама бояд поку тамиз бошанд ва дар ҳар хонавода ғубори куҳнагӣ дар ҳеҷ xона набояд боқӣ бимонад .
Масъалаи дуюме, ки дар боло ба он ишора рафт, гузаронидани иддае аз чашну мараосимхои пеш аз наврӯзист, ки онҳо ба таркиби ташрифоти ҷашни Наврӯз дохил шудаанд. Онҳо шомили як силсилаи маросимҳои суннатӣ аз қабили Чаҳоршанбеи сурӣ, Мири наврӯзӣ ва дигар маросимҳои хурди хошиявӣ мебошанд, ки дар тӯли ҳазорсолаҳо ниёгони мо онҳоро баргузор менамуданд.
Аз чигунагии баргузории ин чашн дар ахди қадим иттилооти зиёде то ба рӯзгори мо бокӣ намондааст. Ин чашн дар аҳди Сосониён панч рӯз кабл аз Наврӯз шуруъ мешудаст. Моҳияти ин ҷашн аз он иборат буда, ки фраваҳар (руҳ)-хое,ки баъди фавти инсон аз колбади ӯ чудо шуд, дар олами улвӣ хамчун накӯкор карор мегирифтанд, дар ин рӯзҳо ба афрохтани оташ дар болои бомхо барои аёдат ба хонаю кошонаи худ фуруд меомаданд. Ба ҳамин иллат дар адабиёти гоҳшумори муҳакқиқон чашни Наврӯзро ҷашни фравахрҳо ё арвоҳи инсон низ номидаанд, ки ин ниёпарастии ахди қадимро ифода мекунад. Баробари чароғ афрӯхтан дар хонаву оташ афрӯхтан дар болои бом дар ҳудуди Осиёи Миёна, Эрони бостон ёди мурдагонро гиромӣ медоштанд.
Натиҷаи чунин муколамаи фарҳангӣ буда, ки дар роҷеъ ба ташрифот ва баргузории ҷашни Наврӯз байни шоҳ Султон Ҳусайн, Муҳаммадшоҳи ҳиндӣ ва Султони Иброҳими Усмонӣ аз ҳайси шукӯҳу ҷалол ва ба як дигар рақобат доштанд. Ин ид дар сарзамини Осиёи Сағир, дар қисмати шимолии он аз ҷумла дар Лидия Фригия ва баъзе шаҳрҳои Юнон, ки як вақто зери тасарруфи бе воситаи Ҳахоманишиён Сосониён буда ҷашн гирифта мешуд. Ҷашни Наврӯз дар замони Ғазнавиён дар Ҳиндустон ба ҳукми анъана даромада дар аҳди Темуриён ба авҷи худ расид. Ҷашни Наврӯз ин қадар хотирмон буда, ки дигар салотини темурӣ низ ба он тақлид намуда баргузории ҷашни Наврӯзро тавассути Акбаршоҳро хеле аз муҳаққиқон низ бо истисно ба маъхазҳо ва пеш аз ҳама, ба “Акбарнома” зикр намудаанд.
Абдулҳамиди Лоҳурӣ дар асари худ «Подшоҳнома» дар мавриди ҳаштумин соли ҷулуси Шоҳиҷаҳон ва ҷашнгирии Наврӯзро тасвир карда, аз ҷумла қайд намудааст, ки нахустин ҷашни наврӯзӣ дар аҳди ин шоҳ таҳти унвони «Ҷашни масирратафзои наврӯзи Оламоро» баргузор шуда буд. Ӯ махсусан, ба ороиши наврӯзӣ аҳамият дода, бо фаршҳои рангорангу махмалҳои зарбофту пардаҳои фарангӣ, дебои румию чинӣ, зарбофти гуҷаротию чинӣ зинат додани наврӯзгоҳро қайд намудааст.
Наврӯз оинаест, ки забону замонҳои ҷаҳони офаринишро бозтоб медиҳад, ҳалқаҳои пайванди қавму миллатҳои ҳамфарҳангу ҳам таърих ва ҳам тақдирро таҳким мебахшад, ҷашни бузурги Наврӯз дар воқеъ, ваҳдатгарои халқу миллатҳои гуногун мебошад ва ин маънӣ, ин иди миллӣ дар тӯли таърих на фақат халқу миллатҳо, балки андешаву гуфтору кирдори онҳоро низ бо ҳам сахт пайвастааст, мо инро пеш аз ҳама, дар мисоли ҳамоҳангиюу ҳамчунин маросими ҷашнгирии иди Наврӯз дар Осиёи Миёна мушоҳида карда метавонем.
Асосгузори назми классики форс-тоҷик Абуабдуллои Рӯдакӣ аввалин вассофи баҳор ва ҷашни Наврӯз ба шумор меравад. Ҳамасрони ӯ низ дар васфи сабзаву баҳор, манзараҳои ҷолиби табиат баҳория ва шеъру достонҳои зиёд иншо намудаанд.
Барои ҷаҳонишавии Наврӯз саҳми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бениҳоят бузург мебошад. Бо талошҳои ҳамаҷонибаи Пешвои миллат аз 30-юми сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳанги башарият дохил карда шуд ва 19-уми феврали соли 2010 дар Иҷлосияи 64-ум аз ҷониби Маҷмааи Умумии СММ Рӯзи байналмиллалии Наврӯз эълон карда шуда, дар саросари ҷаҳон бо як шаҳомат таҷлил мегардад.
Ҳамин тариқ, Наврӯз ҳамчун Соли нав дар қаъри давру замонҳои дури ниёгонамон по ба арсаи вуҷуд ниҳода, дар масири ташаккулу инкишофаш давраи боззоии мудовими табиат ва аз ин тариқ, ҷараёни таквини оламро дар худ таҷассум намуда, дар тӯли асрҳо гоҳ давраҳои номусоиду тундбодҳои решабарандози замона ва гоҳо фазои неку авзои мувофиқу мусоидро аз сар гузаронида, то бар рӯзгори мо омада расидааст. Ин ҷашни мардумӣ, ки аҷдоди орёии мо бароямон мерос гузоштааст, ифодаи ҳувийяти миллию фарҳангие мебошад, ки шахсияти афроди ҷомеаи ҳамаи наслҳои таърихии мо бо ширкату васлат ба он ҳиссагузор мебошанд. Аз ин рӯ, омӯзиши ҷашни Наврӯз ва дигар идҳои солонаи аҷдодӣ, ҳамчунин таҷлили онҳо яке аз масъалаҳои муҳими худшиносиюу хештаншиносӣ ва комёб шудан ба умқи ниҳодҳои фарҳангу тамаддуни саршор аз ғановату муқаддаси мо хоҳад буд.
Ин ҳама хусусиятҳову суннатҳои наврузӣ барои ба эътидол овардани ин оламу офариниши олам дар ҷаҳони инсонҳо ба монанде, ки Наврӯз шабу рӯзро баробар менамояд, ва бе мубоҳиса ҳар як амалеро, ки мо дар иди Шогуни баҳор анҷом медиҳем, ин фоли нек барои зиндагии инсоният аз аввали фасли соли солшумории шамсӣ дарак медиҳад.
Иди Наврӯз муборак!!!
Кафедраи пешгирии ҷиноятҳои террористӣ
ва таъмини бехатарии ҷамъиятии факултети №6
Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 марти соли 2026







































































































































































