35 соли Истиқлоли давлатӣ: дастовард ва дурнамо
Истиқлолият шаҳодати мавҷудияти давлати баробарҳуқуқу мустақили тоҷикон дар ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад, ки мустақилона низоми шахсии сохти давлатӣ, сиёсати хориҷиву дохилӣ ва иҷтимоиву фарҳангии худро амалӣ мегардонад. Тоҷикистон ва мардуми он натиҷаҳои марҳилаи 10 – солагии рушди ҷумҳуриро ҳамчун як давлати мустақилу соҳибистиқлол ҷамъбаст намуданд. Даҳсолаи аввал дар таърихи кишвар - ин воқеан як рӯйдоди аҳамиятнок аст ва давраест, ки комёбиҳову иштибоҳоти корҳои дар ин муддат анҷомдода муайян мешаванд.
Бояд ба назар гирифт, ки бистсолаи аввал барои Тоҷикистон марҳалаи содаву беғубор набуд. Муқобилияти мусаллаҳонаи солҳои 90-ум ба иқтисодиёти давлат зарари ниҳоят бузург расонид ва ба талафоти калони инсонӣ боис шуд. Ҳаёти даҳҳо ҳазор одамон, ки дар ин солҳои фоҷиавӣ аз байн рафтанд, бебаҳост. Аз рӯи ҳисобу китоби пешакӣ ҷумҳурӣ ба миқдори зиёда аз 10 млрд. доллари ИМА зарар дидааст. Вале, баъд аз истиқрори сулҳу субот, дар натиҷаи фаъолияти пурҷӯшу хурӯши роҳбарияти ҷумҳурӣ бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳаҷми зиёди корҳо ба анҷом расонида шуд. Ин корҳо ба сохтмону ба кор андохтани иншоотҳои дорои аҳамияти хоҷагии халқ тааллуқ доранд, ки ба ҳама маълуманд.
Ташаккули институтҳои давлатӣ ва таҳкими низоми ҳуқуқӣ аз ҷумлаи қадамҳои муҳим буданд, ки дар ин раванд нақши Президенти Тоҷикистон ба ҳайси як меъмори давлатдории муосири тоҷикон барҷаста мебошад. Бо роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист сохтори идоракунии худро мукаммал намуда, заминаи устувори сиёсиро фароҳам оварад.
Соли 1993 дувоздаҳ созмони байналмилалӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор, Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд, соли 1994 ҳашт созмони байналмилалӣ, 1995 ду созмон ва соли 1996 ду созмони дигар намояндагиҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода, ба фаъолият шурӯъ намуданд.
Соли 1994 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул гаштани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоб шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси боло рафтани эътибори байналмилалии давлат гардид. Истиқлолияти давлатӣ, Тоҷикистонро узви баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ муаррифӣ кард, ки имрӯз беш аз 125 кишварҳо муносибатҳои дипломатӣ дорад ва узви зиёда аз 40 созмони байналмилалӣ мебошад ва сиёсати “Дарҳои кушод” боиси боло рафтани обрӯю эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ гардид. Соли 1999 дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол соли пуршукуҳ, солест, ки мо 1100 солагии давлати Сомониёнро таҷлил кардем.
Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди фарҳанг низ диққати ҷиддӣ зоҳир карда шуд. Бузургдошти 1150-солагии сардафтари адабиёти тоҷику форс маликушшуаро Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, 2500-солагии шаҳри Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри Кӯлоб, 700-солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, 3000-солагии шаҳри Ҳисор, бузургдошти Пешвои мазҳаби ҳанафӣ - Имоми Аъзам, Ҷомиву Туғрал, Садриддини Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва дигар бузургону азизони миллат мутантан ҷашн гирифта шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ Тоҷикистон ба муваффақиятҳои беназир расид. Инфрасохторҳои кулан азнавсози гардида, шоҳроҳҳои бузург шаҳру ҳама минтақаҳоро бо ноҳияҳои дурдасти мамлакат ба ҳам пайваст, ки ин барои раҳои ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ мебошад. Бунёд ва барқароршавии роҳи мошингарди Душанбе – Кӯлоб – Хоруғ – Кулма - Қароқум, роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд – Чаноқ, роҳи мошингарди Душанбе – сарҳади Қирғизистон, нақбҳои автомобилгарди Истиқлол, Шаҳристон, Шаршар, Дӯстӣ, Чормағзор аз зумраи дастовардҳои замони истиқлолият мебошад. Маҳз бо шарофати бунёди роҳҳо ва нақбу пулҳо дар даврони соҳибистиқолӣ Тоҷикистон ба кишвари воҳид табдил ёфт, робитаи заминии байни ҳамаи минтақаҳои он дар давоми чаҳор мавсими сол таъмин гардид. Ин бахту иқболи бузурги мардуми соҳибватани тоҷик аст, ки аз як гӯшаи сарзаминашон ба канори дигараш бемамониат рафта метавонанд ва чун роҳҳои транзитии байналмиллалӣ истифода бурда мешаванд.
Баҳри бунёд ва рушди сектори энергетикӣ, нерӯгоҳҳои барқии обии «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Помир-1»ба анҷом расида, дар бузургтарин иншооти аср НБО «Роғун» бошад, корҳои зиёд ба сомон расида, дорои шаш агрегат мебошад, ки иқтидори ҳар яктоаш 600 мегаватро ташкил медиҳад. Таҳти роҳнамоии бевоситаи Пешвои хирадманду дурандеш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон комёбиҳои бузурги Тоҷикистон дар роҳи расидан ба истиқлоли комили энергетикӣ сол аз сол зиёд гардида, чунин иншоотҳо, ба монанди: Маркази барқу гармидиҳии Душанбе-2, зеристгоҳҳои барқии 500 киловолтаи «Душанбе» ва «Суғд», хати интиқоли барқи 500 киловолтаи «Ҷануб-Шимол», Дастгоҳҳои тақсимкунандаи пӯшидаи элегазии 220 ва 500 киловолта дар неругоҳи барқи обии Норак, зеристгоҳҳои барқии 220 киловолтаи «Лолазор», «Хатлон», «Айнӣ», «Шаҳристон», «Шаҳринав», хатҳои интиқоли барқи 220 киловолтаи «Лолазор-Хатлон», «Тоҷикистон-Афғонистон», «Хуҷанд-Айнӣ», «Қайроққум-Суғд», «Айнӣ-Рӯдакӣ» ва оғози татбиқи воқеии лоиҳаи КАСА – 1000 амалӣ гардонида шудаанд.
Маҳз бо шарофати истиқлолият мо ба решаҳои дури таърихии миллати хеш рӯ оварда, соли 2006-умро Соли бузургдошти тамаддуни ориёӣ эълон доштем. Ҳадаф аз ин тадбир на талқини ғояҳои нажодпарастию миллатгароӣ, балки рӯ овардан ба сарчашмаи поку зулоли афкори фарҳангии гузаштагон аст, ки қадру қимати истиқлолият ва озодиро барои наслҳои минбаъда афзун намуда, онҳоро ба бунёди давлати соҳибистиқлоли пешрафта, сулҳдӯст ва мутамаддин ҳидоят мекунад.
Ташабусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об, ки аз ҷониби Маҷмаи умумии СММ пазируфта шуданд, ки кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои башарӣ саҳми арзанда дорад. Бо пешниҳоди Президенти кишвар дар Иҷлосияи 54-умини Маҷмаи Умумии СММ соли 2003 ҳамчун “Соли байналмилалии оби тоза”, солҳои 2005-2015 даҳсолаи “Об барои ҳаёт” ва солҳои 2018-2028 даҳсолаи “Об барои рушди устувор” эълон гардидаанд, ки ин ҳама шаҳодати он аст, ки Тоҷикистон имрӯз на танҳо дар минтақа, балки дар сатҳи ҷаҳонӣ садои худро баланд мекунад. Ба ақидаи Дабири кулли Созмони Милали Мутаҳҳид Антониу Гутерриш “Тоҷикистон оид ба масоили об дар арсаи байналмиллалӣ пешниҳодҳои муфид намуда, пешсафии худро дар ин ҷода собит кард, ки онро ҷомеаи ҷаҳонӣ мавриди дастгирӣ қарор дода, шоистаи таҳсину қадр медонад”.
Ҳамзамон барои рушди сайёҳӣ ва баланд бардоштани нуфузи байналмиллалии Тоҷикистон аз тарафи роҳбарияти олии кишвар диққати махсус дода шудааст.
Дар давоми 35 соли ҳастии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр дар мамлакат иншоотҳои бузурги миллӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, Парчам ва Нишони миллӣ, Осорхонаи миллӣ, Театри миллӣ, Варзишгоҳи миллӣ, ки сохтмони он дар арафаи анҷомёбист, мисол шуда метавонанд.
Дар зарфи 35 соли истиқлолият Тоҷикистон баҳри бунёд намудани ҷомеаи демократӣ қадамҳои устувор гузошт ва аз як давлати бе сару сомону ҷангзада ба мамлакати устувору рушдёбанда табдил ёфт. Дигар рӯйдоди таърихӣ – ҳалли пурраи масъалаҳои сарҳадии тайи беш аз сад соли охир ҳалношудаи байни ду давлат – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон бо имзои шартнома дар бораи муайян кардани хатти сарҳади давлатӣ мебошад.
Тайи даҳ соли охир, яъне дар давраи татбиқи ду барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар, ки марҳалаҳои фосилавии иҷрои Стратегияи миллии рушд то соли 2030-ро дар бар мегиранд, ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ бисёр иқдомоти муҳимму самарабахш амалӣ карда шуданд.
Муҳимтарин комёбиву дастовардҳои кишвар дар давраи 35 соли охир ин натиҷаи меҳнати фидокоронаи халқи Тоҷикистон ва иқдомҳои қаҳрамононаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Бузургтарин дастоварди Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа, барқарор кардани сулҳи комил ва ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон аст. 35 соли истиқлолият - ин роҳи пур аз мубориза, созандагӣ ва пирӯзиҳост. Тоҷикистон имрӯз ба як давлати рӯ ба созандагиву бунёдкориҳои бисёрсамта табдил ёфтааст, ки дар он сулҳ, ваҳдат, худшиносии миллӣ ва рушди устувор ҳамчун арзишҳои бебозгашт пазируфта шудаанд.
Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025 – 2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд. Соли 2026 бо ташаббус ва пешниҳоди навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон солҳои 2027–2036-ро «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда» ва аз ҷониби давлатҳои аъзои СММ дастгирӣ ёфта, бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид эълон карда шуд. Ҳадафи асосии ин даҳсола таҳкими сулҳу субот, рушди фарҳанги сулҳ, пешгирии низоъҳо, густариши муколама ва ҳамдигарфаҳмию рушди ҳамкории байни халқҳо, инчунин ҷалби ҷавонон ва наслҳои оянда ба ҳифзи арзишҳои сулҳ мебошад.
Соҳаҳои маорифу тандурустӣ, маънавиёту фарҳанг дар солҳоисоҳибистиқлолӣ чун самтҳои калидиву афзалиятнок ва ҳаётан муҳими сиёсати иҷтимоӣ эълон гардида, Ҳукумати мамлакат бо мақсади таъмини рушди босуботи ин соҳаҳо тамоми тадбирҳои зарурӣ меандешад.
Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зарфи 35 сол ба омили асосии таҳкими давлатдорӣ, рушди иқтисоди миллӣ, пешрафти илму маориф, густариши фарҳанг ва баланд гардидани мақоми байналмилалии кишвар табдил ёфтааст. Ҳифзи ин неъмати бузург, таҳкими сулҳу ваҳдат ва саҳмгузорӣ дар ободии Ватан вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад.
Истиқлолият ин ҷидду ҷаҳд ва талоши ҳар фарди баору номус барои ободии Ватан ва осудагии мардум аст. Истиқлолият ин эҳсоси қарзи ватандорӣ ва масъулияти ҳар фарди соҳибхирад дар назди ҷомеа, халқ ва миллати хеш аст.
Корманди факултети №4 Академияи
ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон,
полковники милитсия Х. Ғ. Муҳиддинзода







































































































































































