Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Беҳтар гардидани сифати таълими алифбои ниёгон -ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 28-уми майи соли 2026 дар яке аз ҷаласаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, ки сифати таълими алифбои ниёгон дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ дар муассисаҳои соҳаи маориф беҳтар карда шавад. Зеро солҳои пеш дар макотиби кишварамон таълими хати ниёгон ва ё форсӣ аз синфҳои ибтидоӣ оғоз мешуд. Таърихи миллати соҳибтамаддуни мо гувоҳ аст, ки тамоми осори гаронарзиши классиконамон бо ин хат навишта шудааст.Таърих, роҳ, ҳадаф ва андешаи гузаштагонамон барои мо бояд як шиноснома, раҳнамо бошад. Бояд ба назар гирем, ки андеша ва нигоҳи донишмандони бузурги миллати тоҷик нисбат ба забони хеш чӣ буд? Забони форсӣ забонест, ки онро ва тамаддуни бузурги бо ин забон сухангӯяндаро муаллими башарият- Паёмбари гиромӣ Муҳаммад (с) башорат дода , ки тамаддуни тоҷику форс тамаддуни беназирест, ки зинатбахши олами маънавии башаранд ва агар “илм дар Сурайё (баландтарин ситора дар системаи Офтоб) бошад, қавме аз қавмони Салмони Форсӣ онро ба даст меорад ва башарро зиннати маънавӣ мебахшад”. Муҳаммад Иқбол шоир ва орифи бузурги Шарқ ба ин маънӣ мефармояд:

Гарчи ҳиндӣ дар узубат шаккар аст,
Тарзи гуфтори дарӣ ширинтар аст.

Забони форсӣ забони модарии хонадону паҳнои бузурги давлатдории Оли Каёни ориёӣ буд, ки бар забони поки Фаридуну Салму Туру Эраҷу Сиёвушу Золи Зару Наримону Рустаму Суҳробу Исфандиёру Орашу Баҳрому Бежану Гурдофариду ҳазорон асилзодагону порсоён буд ва забони аввалин ва қадимтарин давлати ғуломдории ориёии Моди қадим, яъне забони ниёи модарии Куруши Кабир буд. Забони форсӣ забонест, ки бар забони Ардашери Бобакону, Анушервони Одилу ҷумла аҳли Оли Сосонӣ бузургу беназир таниандоз буду дар тамоми паҳнои империяи абарқудрати Сосонӣ, ки ба гуфтаи файласуфи бузург Ф.Энгелс “Абарқудраттарин ва мутамаддинтарину бонизомтарин империяи зиёда аз чаҳорсадсолаи башарӣ буд, ки намунаи давлат ва давлатдорӣ мебошад”) интишор ёфта, ҳамчун забони байналмилал мустаъмал буд. Дар баробари Сосониёни каёнитабори ориёиасл бародарони шарқии онҳо кушониёни шуҷои каёниасли ориёинажоди тоҷик бо ин забон дар империяи бузурги худ- империяи Кушониён давлатдорӣ ва фарҳангдорӣ мекарданд. Форсӣ забонест, ки бо он хонадони Салмони Форсӣ, Имом Абуҳанифа- Имоми Аъзам, Исмоили Сомонӣ, Имом Тирмизӣ, Абӯалӣ ибни Сино, Ал-Форобӣ, Ал-Хоразмӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Низомӣ, Носири Хусрав, Бедил, Соиб, Аҳмади Дониш ва садҳои дигар ҳарф мезаданду иззаташ медоштанд.

Баъди Сосон Оли Сомон омаданд,
Хонадони аҳли имон омаданд.
Ном кардандӣ туро лаҳни дарӣ,
Пуштибони илму ирфон омаданд.

Яъне баъли Оли Сосон бо тақозои замон хонадони Оли Сомони каёниасл омаданд, ки забонашон дарӣ буд. Яъне ҷаҳон забону адабиёти моро бо номи порсӣ (форсӣ) мешиносад ва ҳар инсони соҳибхирад медонад, ки забони тоҷикон забони Фирдавсӣ, Рӯдакӣ, Мавлоно, Хаём буда ва забони ҳамаи ин бузургонам порсист. Ҳамон забони порсӣ ва хати порсӣ буда, ки тоҷик будану соҳиби мероси маънавӣ будани моро собит мекунад. Калиди китобхонаи бузурги ҷаҳони ниёгонамон хатти ниёгон - порсӣ мебошад. Тавассути ин забон андешаҳои башардӯстонаи рафтори нек, гуфтори нек ва пиндори нек таблиғ гардида садҳо асари панду ахлоқии сатҳи ҷаҳонӣ офарида шудааст, ки аз онҳо тавассути тарҷума ҷаҳониён баҳраманд гаштанд ва ин ҳолат то ба имрӯз идома дорад. Арҷгузори ба ин хат, ба ин забон арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанг ва маънавиёти миллати бузурги ориёист, ки давомдиҳанда ва пуштибони он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Пешвои муаззами миллат талош намуданд, ки насаби тоҷикиро аз “вич” ва дигар пайвандакҳои ғайритоҷикӣ иваз намояд, шаҳрҳо ва кӯчаҳоро аз номҳои барои миллати мо бегона ба номҳои куҳани ориёӣ баргардонд. Алифбои порсӣ ба номи “алифбои ниёгон” дар мактабҳои кишвар омӯзиш додан дастури Президенти маҳбубамон буд. Бузургдошти мутафаккирони порсизабон дар саросари ҷаҳон бо баргузор намудани ҷаласоту конфронсҳои ҷаҳонӣ дар дохилу хориҷи кишвар бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Бояд қайд намуд, ки як даҳсола пеш хат ва алифбои ниёгон аз синфи чор то синфи ҳафт омӯзонида мешуд ва китобҳояш низ интишор шуда буданд. Пасон, бо ризоияти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Вазорати маориф китобҳои дарсии “Адабиёт”-ро аз синфи 8 то синфи 11 ба хати ниёгон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон баргардон карда, ба мактабҳо тақсим намуда буд. Аз сабаби он ки солҳои баъдӣ соатҳои омӯзиши алифбои ниёгон маҳдуд гардида буд, китобҳои мазкур аз истифода дур монданд. Боиси ифтихор аст, ки дар маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки охири моҳи майи соли ҷорӣ бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосогузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардид, баробари бисёр муаммоҳои ҳаётан муҳими иқтисодиву иҷтимоӣ масъалаи таҳким бахшидани омӯзиши алифбои ниёгон дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва олии касбӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Иқдоми мазкур саривақтӣ буда, ба пиндошти мо, аз муҳтавои паёмҳояшон ба Маҷлиси Олӣ ва аз эҳтироми бениҳоят зиёдашон ба мероси пурғановати моддиву маънавии халқи тоҷик сарчашма мегирад. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба гузаштаи пурифтихори миллат доимо таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунанд ва масъалаи омӯзиши мероси маънавии халқи тоҷикро бо меҳр ёдовар шуда, аҳли ҷомеаву насли наврасро ба ҳифзу ҳимояи осори кӯҳан даъват менамоянд. Ҳамин нукта дар матни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли гузашта бо рӯҳбаландии хос садо дода буд. Даъвати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир ба расидан ба қадри таърихи пурифтихори халқи тоҷик, ҳифзу ҳимояи ёдгориҳои таърихӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ ва қувват бахшидан ба хотираи фарҳангӣ ғояи меҳварии Паёми мазкурро ташкил медод, ки дар миёни ҷомеа ҳамовозии гармро ба вуҷуд овард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи таҳкими омӯзиши алифбои ниёгонро ба миён гузошта, ба беҳтар кардани сифати таълими ин фанни зарурӣ дастури мушаххас манзур карданд. Зикр намудан ба маврид аст, ки дар тӯли таърих тоҷикон алифбои худро чанд маротиба иваз карда бошанд ҳам, аммо ирқи ориёии худро нигоҳ доштаанд ва ба ҷаҳониён осори гаронбаҳоро ба мерос гузоштаанд, ки ҳиссааш бо забону хати арабӣ ва қисми зиёдаш бо хати форсӣ – тоҷикӣ таҳия шуда, рӯйи олам паҳн гаштаанд. Ҳоло дар бузургтарин китобхонаҳои Аврупо, аз ҷумла Англия, Франсия, Германия, Шветсия, Белгия, ШМА, Чин, Ҳиндустон, Покистон, Бангладеш, Туркия, Малайзия, Сингапур ва соири кишварҳо осори хаттии тоҷикону форсизабон маҳфуз буда, қисми ками онҳо мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд. Дар китобхонаву бойгониҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Қазоқистон, Қирғизистон, Туркманистон, Ӯзбекистон бо хати ниёгон маводи зиёди дастхату асарҳои илмӣ, таърихӣ, фарҳангӣ нигаҳдорӣ мешаванд, ки аз онҳо то ба ҳол кам истифода шудаанд. Албатта, касоне, ки бо ин хат ошно ҳастанд, аз сарчашмаҳои нодир истифода мекунанд. Қисми зиёди осори гаронқадр дар рафҳои китоб ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Дар дасти ҳамватанон ва дар бисёр хонаводаҳои тоҷик китобҳои пурарзиш бо хати ниёгон ва забони арабӣ маҳфуз мебошанд, ки ҷамъоварӣ ва ҳифзи онҳо аз манфиат холӣ нест. Дар сарчашмаҳо зикр гардидааст, ки дар Арманистон китобхонаи бузурге бо номи “Матндорон” фаъолият мекунад. Дар китобхонаи мазкур теъдоди дастхатҳое, ки ба забони форсӣ-тоҷикӣ таълиф шудаанд, хело боарзиш нигаҳдорӣ мешаванд. Қисме аз ин дастхатҳо аз ҷониби муҳаққиқони тоҷик истифода шудаанд. Аммо ҳиссаи дигараш то ба ҳол мавриди омӯзиш қарор нагирифтааст. Аз номи китобхона маълум мешавад, ки мафҳуми мазкур тоҷикӣ – форсист. Бояд гуфт, ки дар забони арманӣ калимоти тоҷикӣ – форсӣ ниҳоят зиёд мебошанд, ки аз ҳампайвандии забонҳои форсиву арманӣ дарак медиҳанд. Дар достонҳои Низомии Ганҷавӣ бошад, ҷойномҳои форсӣ – тоҷикӣ зиёд ёд мешаванд, ки ин далели таърихӣ ишора бар роиҷ будани забони форсӣ – тоҷикӣ дар қаламрави мазкур мебошад. Дар ин сарзамин матнҳои зиёди осори қадимаи тоҷикону форсизабонон боқӣ мондаанд, ки интизори омӯзиши муҳаққиқон мебошанд. Аз гуфтаи олимон, муҳаққиқон маълум мегардад, ки дар Ҳиндустон низ маводи зиёди осори нодир бо хати арабиву форсӣ, ки мутааллиқ ба фарҳанги мост, боқӣ мондаанд. Ин ганҷи бемисл омӯзишу таҳқиқ мехоҳад. Аз рӯйи баъзе маълумоти оморӣ, то ба имрӯз дар кишвари Ҳинд зиёда аз 35 кафедраи форсӣ фаъолият мекунанд, ки ба омӯзиши забони форсӣ – тоҷикӣ ва таърихи мардуми ориётабор машғул мебошанд. Баъзе сарчашмаҳои паҳлавӣ, оромӣ, мехӣ, навиштаҷоти суғдиву бохтарӣ дар хазинаи китобхонаи ин донишгоҳҳо маҳфуз мебошанд. Дар кишварҳои дигар, аз ҷумла Ҷумҳурии Халқии Хитой низ чунин осор ҳифзу нигаҳдорӣ мешаванд. Ташаббуси беназири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон медиҳад, ки муҳаққиқони оянда, ки хати ниёгонро дуруст аз бар менамоянд ва навъҳои ин хатро меомӯзанд, барои ҷамъ овардани ин ганҷи бузург машғул шаванд. Ҳамзамон, барои ба Ватан баргардонидани нусхаҳои он тадбир андешидан ба манфиати кор хоҳад буд.
Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикисто Стратегияи миллии рушди маориф қабул гардида буд, ки бо мақсади самаранок ва босифат ба роҳ мондани ҷараёни таълим, татбиқи як қатор тадбирҳоро тақозо намуд. Яке аз тадбирҳои муҳим ва рӯзмарраи Стратегия гузариш ба низоми таълимест, ки ба ташаккули салоҳиятҳои хонанда нигаронида шудааст. Стратегия ин гузаришро дар таҷдиди мазмун ва мундариҷаи таҳсилот тавассути таҳия ва татбиқи стандартҳои фаннии нав ва ҷорӣ намудани муносибатҳои басалоҳият ба таълим муайян кардааст. Аз ин ҷост, ки фанни «Алифбо ва матни ниѐгон» дар асоси Стандарти таҳсилоти миѐнаи умумӣ ва бо мақсади қонеъ намудани талаботҳои махсуси таълимӣ ва тарбиявӣ таҳия шудааст ва риояи ин талаботҳо шарт ва зарур аст:
 матнҳои илмӣ ва илмию оммавиро хонда тавонанд, ба маънии маводи мутолиашуда сарфаҳм раванд ва онро нақл карда тавонанд, вобаста ба матн ба саволҳо ҷавобҳои мушаххас ва мукаммал дода, бехато нависанд, қоидаҳои имлоро риоя кунанд ва хатти зебо дошта бошанд;
 арзишҳои фарҳангиву таърихии халқи тоҷик ва суннату анъанаҳои халқҳои дигарро эҳтиром намоянд;
 меъѐрҳои ахлоқии рафторро аз худ намоянд, боадаб ва хушзеҳн бошанд;
 моҳияти мафҳуми башардӯстиро дарк намоянд.
- принсипҳои таълими фан, мақсад ва вазифаҳои он, талабот ба мазмун ва мундариҷаи фан, назарияҳои асосии таълими фан ва системаи арзѐбии онро бояд фаро гирад:
- зинаи аввали омӯзиши фанни «Алифбо ва матни ниѐгон» таълими алифбо ва қоидаҳои имлоро дар бар гирифта, дар зинаи дуюм кор бо матн ва луғат ба роҳ монда шавад:
- мазмун ва муҳтавои фанни «Алифбо ва матни ниѐгон» дар асоси назария ва амалияи муосири илмҳои забоншиносӣ, адабиѐтшиносӣ, педагогика ва равоншиносӣ ба роҳ монда шавад;
- бехато хонанд ва нависанд, дар гурӯҳҳои иҷтимоӣ бо намояндагони гуногун кор карда тавонанд;
- таъсиси курсҳои такмили ихтисос бо мақсади татбиқи самараноки Стандарти фанни “Алифбо ва хатти ниёгон”, баргузор намудани семинарҳо, мизи мудаввар, тренинг дар мавзуи “Омӯзиши хатти ниёгон-омӯзиши мероси гаронбаҳои ниёгон”;
- дар сатҳи касбӣ омода намудани омӯзгорони фанни «Алифбо ва матни ниѐгон»;
- омода намудани Стандарти фанни «Алифбо ва матни ниѐгон» дар заминаи талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон», Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дигар санадҳои меъѐрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар соҳаи маориф таҳия гардидаанд.
Ташаббуси Сарвари давлат бори дигар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва низоми ваколатдори он – Вазорати маориф ва илмро вазифадор менамояд, ки ба нақшаву барномаҳои таълимӣ тағйирот ворид намоянд ва таълими ин фан ва соатҳои онро боз аз сари нав дар зинаҳои таҳсилот вобаста ба ихтисосҳо баррасӣ намоянд.
Ин кори хайр барои омӯзиши мероси беш аз панҷҳазорсолаи халқи тоҷик имкони мусоид фароҳам меоварад ва қобилияти матнхонии насли навро беҳтар месозад.
Воқеан, ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ буда, барои ҷамъоварии мавод барои “Конуни тамаддуни ориёиҳо” мусоид менамояд ва муосиронро ба гузаштаи халқ зиёдтар ошно месозад. Ҳамзамон, ҷиҳати омӯзиши хати алифбои ниёгон дар муассисаҳои таълимӣ шароит фароҳам оварда, барои омӯзиши осори кӯҳан роҳи васеъ боз менамояд.

Азиза Давлатшозода
сардори кафедраи забонҳои
Академияи ВКД, н.и.пед., дотсент
полковники милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...