Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – РАМЗИ СУЛҲ, ЯГОНАГӢ ВА ОЯНДАИ ДУРАХШОНИ МИЛЛАТИ ТОҶИК

Ваҳдати Миллӣ яке аз муҳимтарин рӯйдодҳои таърихӣ муосири тоҷикон ба ҳисоб рафта он бо анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарор шудани сулҳу субот дар кишвар алоқаманд аст.

         Раванди ташаккули ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон марҳилаҳои зеринро дар бар гирифта буд:

  • 1.Давраи буҳрони сиёси ва ҷанги шаҳрвандӣ (1992-1997);
  • 2.Музокироти байни ҳукуматдорон ва гуруҳои ҷудоихоҳ бо миёнаравии созмонҳои байналмилалӣ ва кишварҳои дуст ва бародар;
  • 3.Имзои Созишномаи сулҳ дар соли 1997;
  • 4.Баргардонидани гурезагон ва барқарорсозии зиндагии осоишта;
  • 5.Таҳкими давлатдорӣ ва рушди иҷтимоӣ.
  • 1.Аввлин руйдоди муҳиме, ки дар кишвари мо ба чашм мерасид ин хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ мебошад;
  • 2.Таҳкими ваҳдати миллӣ, ки барои оштии миллӣ ва муттаҳид шудани ҳамаи қишрҳои ҷомеа замина фароҳам овард;
  • 3.Нигоҳ доштани истиқлолият ва давлатдори- ин созишнома Тоҷикистонро аз бесуботӣ ва парокандагӣ ҳифз намуда, барои таҳкими миллӣ мусоидат намуд;
  • 4.Баргардонидани гурезагон ва муҳоҷирони иҷбори ба ватан - дар давраи ҷанги шаҳрванди дар Тоҷикистон беш аз 1 миллион нафар маҷбур шуданд макони зисти худро тарк кунанд.

Солҳои 1992 - 1997 Тоҷикистон ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронд, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гашт, алалхусус ятим мондани 60000 тифл ва ба мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ рубару гардид. Барои хотима бахшидан ба ин ҷанги хонумонсӯз, байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нерӯҳои мухолифин, бо ташаббус ва қаҳрамониҳои Пешвои миллат музокиротҳо барои барқарор кардани сулҳу-оштӣ баргузор гардид, ин музокироҳо аз соли 1994 оғоз шуда, бо миёнаравии Созмони Милали Муттаҳид дар чанд кишвар идома карданд.

Натиҷаи асосии ин музокирот ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон буд. Ин созишнома 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия дар ҳузури собиқ президенти ҳамонвақта Барис Елцин, бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбари иттиҳоди неруҳои мухолифин Саид Абдуллоҳи Нурӣ, ба имзо расид, ва ба ҷанги шаҳрвандӣ хотима бахшида шуд. Пас аз барқарор шудани сулҳ, таваҷуҳи асосӣ ба таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳёи иқтисодиёт, рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, илму маориф ва фарҳанг равона гардид. Ин сиёсат ба мустаҳкам шудани субот ва баланд гардидани сатҳи зиндагии мардум мусоидат намуд. Аз ҳамон вақт 27 июн ҳамчун Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҷашн гирифта мешавад. Инчунин рӯзи 27 июн дар қонунгузории кишвар ҳамчун рӯзи Иди давлатӣ дарҷ гардида аст.

Рӯзи Ваҳдати миллӣ яке аз муҳимтарин ҷашнҳои давлатии Тоҷикистон мебошад, ки ин рӯз ба ифтихори ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ ба ҳисоб меравад, ва аҳамияти асосии ин созишнома дар он аст, ки:

         Ногуфта намонад нафаре, ки миллати куҳанбунёди тоҷикро аз вартаи парокандагӣ ва бесару сомонӣ раҳонид, ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки бо ақлу заковати хеш ва кушишҳои шабонарӯзии худ тавонистанд, 1 миллион шаҳрвандони кишварро, ки ба давлатҳои хориҷ аз ҷумла Афғонистон гуреза ва муҳоҷир шуда буданд, ба Ватан баргардонида онҳоро сарҷаъм намуданд.

Ваҳдати миллӣ маънои сарҷаъмӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, ҳамбастагӣ, ягоногӣ ва ҳамкории тамоми шаҳрвандони кишварро дар бар мегирад. Он ҳолатест, ки мардум новобаста аз миллат, нажот, забон, дин, минтақа, ақидаҳои сиёсӣ ва вазъи иҷтимоӣ худро узви як давлат ва як ҷомеа ҳис намуда, барои ҳифзи манфиатҳои умумимиллӣ ва рушди Ватан якҷоя фаъолият мекунанд. Ваҳдати миллӣ танҳо дар як ҷо зиндагӣ кардани мардум набуда, балки пеш аз ҳама эҳтироми ҳамдигар, таҳаммулпазирӣ, ҳамкорӣ, дӯстӣ ва масъулиятшиносӣ нисбат ба сарнавишти кишвар мебошад. Дар ҷомеаи дорои ваҳдати миллӣ ихтилофҳо тавассути муколама ва ҳамдигарфаҳми ҳал мешаванд, ва шаҳрвандон манфиати давлату миллатро аз манфиатҳои шахсӣ болотар мегузоранд.

Моҳияти асосии ваҳдати миллӣ дар он ифода меёбад, ки ҳамаи қишрҳои ҷомеа барои ҳифзи сулҳ, субот, амният ва пешрафти кишвар муттаҳид бошанд. Ваҳдат мардумро ба ҳам наздик намуда, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро тақвият мебахшад, ва барои рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии давлат заминаи мусоид фароҳам меорад.

         Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан ба ҳисоб меравад. Сулҳу ваҳдат ва ояндаи дурахшони миллат ибораҳое мебошанд, ки бо лаҳни шево садо дода бе восита шунавандаро ба фикр кардан водор месозад.

         Сулҳ – ошти, фарзонагӣ, якдигарфаҳмӣ ва толиби осоиштагии мардумро мефаҳмонад.

         Ваҳдат – беҳтарин неъматӣ ҳаёти инсон буда, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди зиндагӣ, нумӯӣ даврон, дар замони осоишта мебошад.

         Ояндаи дурахшони миллат – ояндаи дурахшони ҳар як давлат аз сулҳу субот, ҳамбастагӣ, дастаҷаъмии мардум вобаста аст. Агар мардум муттаҳид бошанд, давлат пешрафт намуда, иқтисодёт рушд меёбад ва шароиту зиндагии шаҳрвандон рӯз то рӯз беҳтар мегардад.

         Дар ҳақиқатан ваҳдати миллӣ ин неъмати бузургест, ки ба шарофатӣ он ҷомеаи Тоҷикистони азизи мо тавонист аз мушкилотҳои солҳои вазнин раҳо ёфта, роҳи созандагӣ ва тараққиётро пеша гирифта маҳз ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтироми мутақобила байни шаҳрвандон боис гардид, ки Тоҷикистон имрӯз ҳамчун як давлати соҳибистиқлол, сулҳпарвар ва рӯ ба рушд дар ҳама соҳаҳои гуногуни кишвар инчунин дар арсаи байналмилалӣ шинохта шудааст.

Нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ басо назаррас арзёбӣ мегардад.  Бо талошҳои пайвастаи роҳбарияти давлат ва иродаи қавии мардуми кишвар сулҳу оромӣ барқарор гардида, барои зиндагии осоишта ва рушди иқтисодиву иҷтимоӣ шароити мусоид фароҳам омад.

Ҳамин тариқ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ пайваста таъкид менамоянд, ки ҷавонон ҳамчун нерӯи пешбарандаи ҷомеа, бояд арзишҳои ваҳдати миллиро эҳтиром намуда, онро ҳамчун гаҳвараки чашм нигоҳ доранд, вазифаҳои муҳими ҷавонон ин маҳфуз нигоҳ доштани сулҳу субот ва баланд бардоштани сатҳи дониш, ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва фарҳанги миллӣ мебошад.

         Имрӯз Тоҷикистон дар роҳи рушди устувор ва бунёди ҷомеаи пешрафта, қадамҳои устувор гузошта истодааст. Таъсири Ваҳдати миллӣ боз ҳам бештар эҳсос мегардад, Ваҳдат барои мардуми Тоҷикистон ин дастоварди таърихӣ маҳсуб ёфта, пояи давлатдорӣ, ва кафили зиндагии осоиштаи наслҳои имрӯзу фардо мебошад. Инчунин натанҳо вазифаи ҷавонони кишвар, балки вазифаи ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки ҳифз ва таҳкими ваҳдати миллӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва саҳмгузорӣ дар пешрафти Тоҷикистони азизамон мебошад.      Насли ҷавонро мебояд аз таърихи кишвари худ сабақ гирифта, барои нигоҳ доштанӣ сулҳ, дӯстӣ ва ҳамбастагӣ, кӯшиш намоянд, ки ваҳдату ҳамбастагӣ дар байни мардуми мо абадӣ пойдор бимонад, ва мардуми кишвари мо ҳамеша дӯст, бародар ва дар фазои Ваҳдатти миллӣ умр ба сар баранд. Бо ин амал мо метавонем, Ватани хешро бозҳам ободу зебо ва ба яке аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон табдил диҳем.

                                               Муаллими кафедраи фанҳои ҳуқуқи граждании

                                               факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии

                                                Тоҷикистон, лейтенанти милитсия  

                                                                                                Асомуддинзода С.А.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...