Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлими Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030

Яке аз мушкилоти ҷиддии байналмилалии асри XXl, ки диққати ҷаҳониёнро ба худ ҷалб намудааст,ин тағийрёбии иқлим аст.

Тибқи пешгӯиҳо ,олимон аз руйи илми ситорашиносӣ дар асри XXl ин равандро мушоҳида карда буданд.Олимон тағийрёбии иқлимро дар чунин омилҳо мебинанд: тағийротҳо дар ҳаҷми уқёнусҳо, равшании офтоб, хосиятҳои ҳаҷми ҷирмҳои осмонӣ ва замин , шаффофияти атмосфера ва таркиби он дар натиҷаи ҷараёни вулконҳо, афзоиши таъсири газҳои партов ба фазо ва ғайра.
Тағийрёбии иқлим ва тъсири он ба табиат. Дар замони ҳозира ҳастанд, ки илмҳои бо табиат муносибати зич доранд.Яке аз инҳо илми Экология мебошад. Экология фанни бунёдӣ буда, омӯзиши он аҳмияти калон дорад. Агар ҳар як фарди ҷомеа муҳим будани ин фанро ҳис кунад ва қонунҳо, ифодаҳо ва истилоҳҳои онро омӯзад, он гоҳ метавонад мавқеи худро дар муҳити зист муайян созад ва роҳҳои оянадаи истифодаи оқилонаи захираҳои табииро баро худ маълум намояд. Надонистану иҷро накардани қонунҳои экологӣ мушкилоти зиёдеро ба вуҷуд оварда, оқибат табиатро хароб мекунад.
Бо мурири замон дар мо як қатор масъалаҳои экологӣ ҷой дорад, ки дарёфти роҳҳои дурусти ҳалли онҳо барои ҳифзи муҳити зист аҳмияти калон дорад. Аз ҷумла, оқилона истифода бурдани сарватҳои табиӣ , нишондиҳандаҳои биологӣ, муоинаи давлати и экологию ҷамиятӣ , мониторинги муҳит, роҳҳои муборизаи биологӣ бар зиддӣ ҳашарот ва зараррарасонаҳо, тоза нигоҳ доштани муҳити зист, андешидани тадбирҳои экологӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ , саноат ва нақлиёт,шаҳрсозӣ ,шаҳрдорӣ - урбанизатсия ва демография ,сохтумони неругоҳҳои барқи обӣ , тартиб додани “Китоби сурх”, ташаккули маданият, фарҳанг ва дониши экологии ҳар як фарди ҷомеа.
Дар экология ва ҳифзи табиат масъалаҳои зиёде мавҷуданд,ки иҷрои
онҳо фақат ба як омил-фаъолияти инсон вобаста аст. Одам чун намуди биоиҷтимоӣ мушкилотеро ба вуҷуд меорад, ки худаш барои бартараф намудани он кӯшиш ба харҷ дода, мвозинаи экологии биосфераро таъмин созад. Барои ба миён омадани масъалаҳои экологии биосфера таъсири фаолияти одамон бештар аст, чунки таъсири одам эҳсосшаванда аст ва он дар биосфера дигаргуниҳои зиёдеро ба вуҷуд меорад.Инсоният тавонист, ки дар биосфера чандин равандҳоро, аз ҷумла гардиш ва мигратсияи баъзе унсурҳои биохимиявиро дигар кунад.Дар замони муосир дигаршавӣ ва сифати таркиби биосфера баъзе масъалаҳои мураккаби экологиро ба вуҷуд овардааст ва онҳо бояд ҳатман роҳи ҳалли худро ёбанд.
Гармшавии иқлими ҷаҳонӣ ба хушксолӣ оварда мерасонад ва сабаби камбизоатии аҳолӣ, аз байн рафтани як қабила ё минтақа ва хароб гаштани табиат шуда метавонад.
Дар Тоҷикистон зуд- зуд ба амал омадани офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти озуқаворӣ, захираҳои обӣ ва энергетикӣ, солимии аҳолӣ расонида истодааст,Дар давоми 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар кишвари мо то 1 дараҷа баланд шуда, шумораи рӯзҳои боришоти сел афзудааст ва офатҳои табиӣ марбут ба об,ки зиёни иқтисодии онҳо дар навбати худ имкониятҳои кишварро барои ноил шудан ба рушди устувор коҳиш медиҳанд, зиёд гардидаанд.
Тадқиқотҳои илмӣ тасдиқ мекунанд, ки дар солҳои 80-уми асри гузашта ҳарорати миёнаи ҳаво дар баъзе минтақаҳо сайёра (нимкура шимолӣ) назар ба солҳои 1960-уми асри XX то 0,5-0,6 , дао оғози асри нав бошад, он ба 1,2-2 баланд шудааст. Чунин баландшавии ҳарорат дар навбати аввал бо зиёдшавии гази карбон (дуоксиди карбон) C ва аэрозолҳои атмосфера вобастагӣ дорад, ки он ба баландшавии ҳарорати сайёраи Замин оварда мерасонад. Дар баландравии ҳарорат неругоҳҳои барқӣ (неругоҳҳои барқи гармидиҳӣ ва атомӣ ) мавқеи муайян доранд. Гармшавии иқлим метавонад пиряхҳоро об кунад, ки дар натиҷаи он сатҳи оби уқёнусҳо баланд гардида, барои муътадилии муҳити хушкӣ хатари зиёд эҷод мекунад. Ҳалли ин масъала ба кам кардани партови оксиди карбон ба ҳаво ва баробаршавии силсилаи гардиши карбон дар табиат вобаста мебошад.
Харобшавии қабати озонӣ. Аҳмияти қабати озонӣ дар он аст, ки организмҳои зиндаро аз нуриҳои кӯтоҳмавҷи сайёра ҳифз мекунад. Дар солҳои охир харобшавии қабати озонӣ, ки омили асосии ҳифзи табиат аз нурҳои ултрабунафши Офтоб мебошад, ба вуҷуд омадааст. Ин ҷараён, асосан дар қутбҳои сайёра ҷой дорад ва дар натиҷаи он “сурохиҳои озонӣ” пайдо мешаванд. Хатари чунин ҳодиса аз он иборат аст, ки сайёра нурҳои ултрабунафше, ки ба Замин омада мерасанд, барои организмҳои зинда марговар мебошанд.
Сабаби асосии тунукшавии қабати озонӣ ба истифодаи фреонҳо (пайвастагиҳои хлорфтордори карбогидридҳои ҳаднок) вобаста мебошад, ки дар истеҳсолоти механизмҳои яхдонҳо, маҳлулҳои кафккунанда барои зарфшӯйӣ ва аэрозолҳо фаровон истифода мешаванд. Фреонҳо ба суръати баланд қабати озонро хароб мекунанд, вале худашон хеле оҳиста, дар муддати 50-200 сол хароб мешаванд. Соли 1990 дар сайёра зиёда аз 1300 тонна моддаҳои вайронкунандаи қабати озонӣ ҳосил шуда буд. Дар зери таъсири нурҳои ултрабунафш молекулаи оксиген ( ) ба атомҳои он омехта шуда, озонро ( ) ҳосил мекунанд. Атомҳои озоди оксиген метавонанд бо дигар молекулаи озон якҷоя шуда, ду молекулаи оксигенро ҳосил кунанд. Ҳамин тариқ, баробарии байни оксигену озон мувозинаи муътадилро нигоҳ медорад. Вале бояд дар ёд дошт,ки ифлоскунандаҳои гурӯҳи фреонҳо ҷараёни харобшавии озонро метезонанд, дар натиҷа зичии озон кам мешавад, яъне ба ибораи одӣ пардаи озонӣ дар биосфера тунук мегардад.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ чунин хатари табиатро ба назар гирифта, барои ҳалли он роҳҳои гуногунро истифода мебарад. Вобаста ба ин бори аввал созишномаи байналмиллалӣ ба имзо расидааст, ки дар асоси он истеҳсоли фреонҳо дар оғози асри XXl бояд ҳаҷми 50 кам карда шавад. Инчунин технологияе, ки дар он чунин моддадаҳои зараровар истеҳсол мешаванд, ба куллӣ бояд ба усули бепартов табдил дода шавад. Камшавии майдони ҷангалҳо ба он оварда мерасонад. ки ҷараёни гардиши оксигену карбон дар биосфера тағйир меёбад. Дар айни замон масоҳати умумии ҷангалҳои ҷаҳон зиёда аз 42 млн. –ро ташкил мекунад ва ҳар сол 2 фоизи он кам мешвад. Бо суръати тез ҷангалҳои тропикии одамногузари Осиё, Африқо , Америкаи Ҷанубӣ , ва қитъаҳо дигар нест мешаванд. Аз ҷумла дар Африқо ҷангалҳо 60 фоизи масоҳати умумиро ташкил мекарданд, ҳоло бошад, он ба 17 рост меояд.
Партовҳои истеҳсолот. Яке аз масъалаҳои экологии замони муосир ин партовҳои соҳаҳои саноатӣ ва кишоварзӣ ба шумор мераванд,ки зарари онҳо ба муҳит бештар шуда истодааст. Дар ин ҷода корҳои зиёдеро анҷом додаанд. Барои он ки партовҳои истеҳсолот кам швад, аз филтрҳои мураккаб,иншоотҳои гуногуни тозакунӣ ва таҳшинкунӣ истифода мебаранд. Вале ин иншоотҳо қудрати ба пуррагӣ тоза кардани обҳоро надоранд. Обе, ки дар таркибаш то 10 ифлоскунандаҳои органикӣ дорад, то истеъмол бояд чанд маротиба тоза карда шавад.
Кишоварзӣ. Дар соҳаи кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти он иҷрои усулҳои агротехникии пешқадам ва истифодаи поруҳои гуногун хеле муҳим аст. Агар усули муборизаи химиявӣ ба алафҳои бегона сатҳи умумии мувозинати экологиро халалдор созад, бояд роҳҳои навро ҷустуҷӯ кард. Баро ин пеш аз ҳама навъҳоеро истеҳсол кардан зарур аст, ки ба таъсири касалиҳо ва зараррасонҳо тобовар бошанд. Муборизаи биологӣ, коркарди дорувориҳои ҳархела, бахусус қатори хормонҳо, анти хормонҳо ва моддаҳои дигарро, ки қобилияти ба системаҳои биохимиявии ҳашарот таъсир расонидан доранд, тақозо менамояд.
Истеҳсоли неруи (энергия)-и барқ. Таъминоти ҷомеа неруи (энергия)-и барқ яке аз талаботи муҳимми ҳаётии инсон ба шумор меравад. Аз ин рӯ яке аз ҳадафҳои асоси мамлакати мо дар замони соҳибистиқлолӣ расидан ба истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки он дар ҳоли амалишавӣ қарор дорад. Дар замон муосир энергияи барқро, асосан неругоҳҳои барқи обӣ, гармию атомӣ ҳосил мекунанд. Аз яктараф, неругоҳҳои обӣ безарар буда, ба табиат таъсири бад намерасонанд.
Аз тарафи дигар, иншотҳои обӣ ба одам ва табиат зарар меоваранд.
Пеш аз ҳама дар натиҷаи сохтмони бандарҳо ҷойҳои релефашон ҳамвори дарёҳо, заминҳои зиёд зери об мемонанд, сабаби асосии кӯчонидани аҳолии зиёд ва аз даст рафтани чарогоҳҳо ва заминҳои корам мешаванд.
Сохтмони неругоҳҳои бузурги обӣ дар баландкӯҳҳо , пеш аз ҳама дар ҷойҳое, ки ҷунбиши замин дар сатҳҳои гуногун мегузарад, хаф дорад.Набояд фаромӯщ кард, ки баъзе канда шудани бандари обанборҳо боиси ҳаробшавии табиат ва талафоти одамон мегардад.
Аз нигоҳи экологӣ неругоҳҳои атомӣ назар ба дигар неругоҳҳо тозатаранд. Агар тарзи нигоҳдории партовҳои радиоактивӣ аз нигоҳи инженерию техникӣ мукаммал карда шавад, он гоҳ бехатари он ба муҳити зист ба 99,99 баробар мегардад. На ҳама медонанд, чун ангишт чун ашёи гармдиҳанда дар таркибаш маводи на чандон зиёди радиоактивии табиӣ дорад. Азбаски ҳар сол миқдори зиёди ангишт чун маводи гармидиҳанда сӯхта мешаад, маҷмӯи партовҳои радиоактивии он назар ба неругоҳҳои атомӣ чанд маратиба зиёд аст. Вале ин омил назар ба фалокати асосӣ- паҳн шудани боқимондаҳои онҳо дар ҳаво дар шакли пайвастагиҳои химиявӣ барои одамон ва табиат дуюмдараҷа ба ҳисоб меравад. Неругоҳҳои барқи атомӣ аз нигоҳи экологӣ назар ба неругоҳҳои обӣ тоза бошанд ҳам, бештар хатарноканд. Мисоли равшан факолати реактори неругоҳи атоми Чернобил (соли 1986) аст. Ҳамин тариқ тараққиёти соҳаи энергитика мушкилоти экологиро пурра ҳал накардааст. Холо ин масъала дар чанд соҳаи муҳим, аз ҷумла коркарди нави реакторҳои безарар ва истифодаи манбаъҳои энергияи ғайриодӣ, пеш аз ҳама энергияи шамол ва Офтоб, гармии Замин, энергия мадду ҷазри баҳрҳо ва уқёнусҳо мавриди омӯзиш қарор гирфтааст. Чунин неругоҳҳо дар бисёр мамлактҳои дунё аллакай энергия истеҳсол мекунанд.Тахмин мешавад, ки онҳо дар оянда дар истеҳсоли энергия мавқеи муҳимро ишғол хоҳанд кард.
Нигоҳдории гуногунии биологӣ. «Китоб сурх».
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ дар Машварти сатҳи баланди Маҷмаи Умумии СММ ба сифати саҳм дар гузаронидани Соли байналмилалии гуногунии биологӣ соли (22.09.2010) чунин иброз дошта буданд. «Кӯҳистони Тоҷикистон соҳиби ганҷинаи бойи генофоди гуногуннавъии биологиест, ки барои эҷоди навъҳои серҳосил ва пойдор барои кишт, рустаниҳои оройишӣ, маводи табобатӣ, набототи озуқаворӣ ва зотҳои ҳайвонот захираи мусоиди потенсиалӣ мебошад. Дар асоси ин захираву имконот навъҳои нави селексионӣ ва зотҳои навро ба вуҷуд овардан мумкин аст. Дар бисёр марказҳои ҷаҳонии коллексионии захираҳои генетикӣ намунаҳои навъҳои генетикие мафҳузанд ,ки дар кишвари мо ёфт шудаанд.Қисми зиёди ин бойгарӣ барои навъҳои сершумори фоиданоки озуқаворию шифобахш асос гузоштааст. Сарфи назар аз масоҳати нисбатан хурди Тоҷикистон олами ҳайвонот ва набототи он тақрибан 2 фоизи захираҳои умумиҷаҳонии биологиро ташкил медиҳад. Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири кам кардани таъсири номатлуби инсону ҷомеа муҳити атроф тадбирҳои муассиру мухталиф меандешад, ки мақсад аз он нигоҳ доштани гуногуннавъии биологӣ ва дигар экосистемаҳо мебошад».
Аз миёнаи солҳои 40-50-уми асри XX шумораи зиёди намудҳои оламу набототу ҳайвонот аз таъсири фаъолияти инсон, дар натиҷаи истифодаи нодурусти захираҳои табиат, аз ҷумла захираҳои органикӣ рӯ ба таназзул овардаанд ва қисми зиёдашон аз байн рафта, қисми дигарашон камёфту нодир шуданд. Бо мақсади пешгирии ин ҷараён соли 1948 ташкилоти бонуфузи умумиҷаҳонии « Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он » таъсис ёфт. Ин ташкилот баъди таҳлили маълумоти гуногун оид ба намудҳои камшаванда ва нодир дар тамоми қитъаҳои олам хулоса омад, ки бо қабули ин ҳуҷҷати муҳимми давлатию илмӣ пеши роҳи ин раванд гирифта шавад. Чунин ҳуҷҷат «Китоб сурх» аст, ки дар он оид ба наботот ва ҳайвоноти муҳофизатшаванда маълумоти дақиқ гирд оварда мешавад.
Ба « Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он » олимони намоёни тамоми кишварҳои дунё дохил шудаанд ва вазифаи асосии онҳо ёфтани роҳҳои гуногуни ҳифзи набототу ҳайвоноти камшумор нодир аст. Ин буд, ки баъди панҷ сол «Китоби сурхи далелҳо» таҳия шуд. Дар ҳамин давра инчунин
« Рӯйхати сиёҳ » - и намудҳои набототу ҳайвоноте, ки аз соли 1990-уми инҷониб дар сайёра нест шудаанд, тартиб дода шуд. Ба ин руйхат 65 намуд бо 55 зернамуд ширхӯрҳо ва 2 намуди парандаҳо ворид шудаан. Ҳоло «Китоби сурхи сайёра », Аврупо ва дар ҳар як кишвар чунин китоб вуҷуд дорад. Дар собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ «Китоб сурх» нахустин маротиба соли 1972 нашр гардид. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин китоб соли 1988 ба забони русӣ ва соли 1997 ба забони давлатӣ аз чоп баромад,ки дар он 226 намуди растанӣ ва 162 намуди ҳайвон ҷой дода шудааст. Баъдан соли 2015 «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон » бо тағйиру иловаҳо ба нашр расид.
Ба Китоби сурх намудҳои растаниҳо ва ҳайванҳо аз рӯйи самтҳои муайян дохил карда мешаванд:
- намудҳое, ки аз нестӣ нигоҳ доштани онҳо бе чораҷӯйи ҳои махсус аз ҷониби одамон ғайриимкон аст;
- намудҳое, ки фардҳояшон камшуморанд ё дар маҳалаҳои маҳдуд ба нстӣ расиданашон мумкин аст;
- намудҳое, ки шумораи фардҳои онҳо ба суръати баланд нест шуда истодаанд;
- намудҳои номуайян ва камшуморе, ки аз сабаби набудани маълумоти кофӣ ҳолати фардии онҳоро аниқ кардан мушкил аст.
Дар нашри дуюми «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон » , ки соли 2015, 267 намуди растаниҳо ва 222 намуд ҳайвоноте, ки дар зери таҳдиди маҳшавӣ қарор доранд, дохил карда шудааст. Дар ин китоб оид ба 233 намуд растаниҳои пушидатухм , 3 лучтухмҳо , 8 намуд ушнашаклон , 6 намуд сархасшаклон , 9 намуд обсабзҳо , 5 намуд гулсангҳо ва 4 намуд занбӯруғҳо маълумот бо нишон додани мақоми ҳифз дар асоси талаботи « Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он » мавзеъҳои панҳшавӣ , муҳити инкишоф , ҳолати кунунӣ , хусусиятҳои биологӣ , омилҳои маҳдудкунанда тадбирҳои ҳифз оварда шудааст.Инчунин дар нашри дуюми ин китоб 9 намуди нармбаданҳо , 81 намуди ҳашарот,14 намуди моҳиҳо, 31 намуди хазандагон ,43 намуди парандагон ва 44 намуди ширхӯрон дохил карда шудааст. Аз растаниҳо ба ин китоб каён, мушол ,сарв , пиёзҳои кӯҳӣ , гули лола,
гули баҳман , савсан ,холмон , сиёҳалаф ,модел , сич , ёсуман ,анҷир , камоли тоҷикон , маҷах ,зира , касруф , сарви шарқӣ ва аз ҳайвонот бабр, оҳуи бухороӣ ( хонгул), морхӯр , ғизол , суғур , сусмор , мори айнакдор , мири мушон , ғурм , қозӣ кӯҳӣ , мурғи хумо , мурғи ҳилол, лаклаки сафед , қу, бургут , уқоби морхӯр , шоҳин , лочин, тазарви тоҷикӣ ва ғайраҳо шомиланд. Вазифаи асосии «Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон » дар асоси меъёру категорияҳои муқарраргардидаи « Иттиҳоди байналмилалии ҳифзи табиат ва сарватҳои он » арзёбӣ намудани ҳолати ҳифзи намуду зернамудҳои олами набототу ҳайвоноте мебошад , ки шумораашон маҳдуд гардида ё ба ҳаддӣ нестӣ расида , ба онҳо маҳвшавӣ таҳдид мекунад. Ранги сурх нишонаи бонги изтироб аст. Ҳар як фард бояд андеша куна, ки ҳар намуди наботот ҳайвоноте , ки ба «Китоб сурх» дохил карда мешавад , ба ҳифзи намудан аз ҷониби одам ниёз дорад. Агар мо онҳоро ҳифз накунем , метавонанд нест шаванд . Пас , биёед онҳоро муҳофизат кунем.

Холзода Б.М. – сардори кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, подполковники милитсия

Назришозода Д.Л. – муаллими кафедраи фанҳои муҳандисӣ-техникии факултети №3, майори милитсия

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...