ТАРБИЯИ ҶИСМОНӢ ОМИЛИ АСОСИИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ




Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ борҳо таъкид намудаанд, ки «Саломатии миллат сарвати давлат аст». Тарзи ҳаёти солим ин ғизои солим, рушди ҷисмонӣ, хоби ором, дарки мусбати ҷаҳони атроф, нигоҳ доштани тавозуни кор ва истироҳат, инчунин ҳолати эмотсионалӣ мебошад.
Саломатӣ сарвати бебаҳои ҳар як инсон ва тамоми ҷамъият мебошад. Саломатии миллат нерӯи давлат аст. Ҷавонони солим сарвати бебаҳои ҷомеаи муосир мебошанд. Охир, ҳамаи мо дарк мекунем, ки ҷавонони муосир захираи асосии мутахассисони баландихтисос барои соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи мамлакатамон мебошанд.
Риояи қоидаҳои тарзи ҳаёти солим метавонад давомнокии умрро ба таври назаррас афзоиш диҳад ва сифати онро беҳтар созад. Бояд гуфт, ки ягон дору ҷои тарзи ҳаёти солимро гирифта наметавонад. Ғамхорӣ дар бораи саломатии худ ва иҷрои ҳама коре, ки барои фаъолияти ҷисми шумо зарур аст, чизи муҳимтарин дар ҳаёти инсон аст. Ин яке аз усулҳои камхарҷ ва самарабахши солим нигоҳ доштани аҳолӣ мебошад.
Зоҳиран мушоҳида мешавад, ки дар мамлакати мо бисьёр одамон қоидаҳои одии тарзи ҳаёти солимро риоя намекунанд ва фикр мекунанд, ки саломатии онҳо танҳо ба духтурон вобаста аст, на ба худи онҳо.
Олимони физиолог ва духтурон таъкид мекунанад, ки инсон метавонад аз лаҳзаҳои тавлид шуданаш 100 сол бидуни беморӣ зиндагӣ намояд. Албата дар ҳоле, ки ҳануз аз даврони ба дунё омаданаш дар худ тарзи ҳаёти солимро ҷой дода, ба қонунҳои табиат ва инсоният риоя намояд. Ва инчунин волидонаш низ пеш аз ӯ чунин тарзи ҳаётро пеш гирифта бошанд.
Рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ҷузъи асосии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ мебошад ва боиси сарфарозист, ки ҷавонон дар мусобиқаҳои сатҳӣ ҷаҳонӣ, аз ҷумла бозиҳои олимпӣ ба натиҷаҳои баланди варзишӣ ноил гардида истодаанд.
Воситаи асосии тарғиби варзиши оммавӣ воситаҳои ахбори омма мебошанд, ки ҷавононро ба варзиши оммавӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим ҳавасманд менамояд.
Барои ҷалби шаҳрвандон ба тарзи ҳаёти солим, инчунин ҷалби кӯдакону ҷавонон ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш зарур аст, ки дар ҷумҳурӣ мактабҳои варзишӣ самаранок фаъолият намоянд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон як чанд консепсия ва барномаҳои миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим, аз ҷумла «Консепсияи миллии рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 31 декабри соли 2004 № 512», «Барномаи ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2010», «Барномаи миллии ташаккули тарзи ҳаёти солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2011-2020», «Стратегияи миллии солимии аҳолӣ барои солҳои 2012-2020», «Барномаи миллии рушди тарзи ҳаёти солим барои солҳои 2022-2026» қабул гардиданд, ки дар онҳо оид ба такмили механизми пешгирии бемориҳо ва тарғиби тарзи ҳаёти солим дар байни аҳолӣ дар асоси ҳамкорӣ бо ҷамъият ва баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои саломатии худ ва атрофиён тадбирҳои зарурӣ андешида шуданд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба тарзи ҳаёти солим даъват намуда, инчунин қайд мекунанд, ки «Дар оянда мо бояд ба оммавӣ гардонидани варзиш аҳамияти аввалиндараҷа ва таваҷҷӯҳ ҷиддӣ зоҳир намоем, зеро варзиш, тарзи ҳаёти солим ва тарбияи ҷисмонӣ ба беҳтар намудани саломатии аъзоёни ҷамъият шароити боз ҳам беҳтар фароиҳам меоварад».
Бо мақсади пешгирии камфаъолиятии ҷисмонӣ, ҳамчун яке аз омилҳои хавфи бемориҳои дил ва тарғиби тарзи ҳаёти солим, Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 апрели соли 2006 № 1740 «Дар бораи рӯзи дави миллӣ» кабул карда шуд, ки он характери оммавӣ пайдо кардааст.
Аз ин рӯ, шахс бояд тарзи рафтори бехатарро қабул кунад, яъне даст кашидан аз истеъмоли тамоку, машрубот, маводи мухаддир ва психотропӣ, риояи ғизои мутавозин ва бехатар, мунтазам машғул шудан ба фаъолияти ҷисмонӣ, нигоҳ доштани мувозинати байни кор ва истироҳат, ҳамаи ин ба беҳтар шудани саломатӣ ва пешгирии бемориҳо мусоидат мекунад ва имкон медиҳад, ки шахс ҷавон бошад ва умри дароз бинад. Барои ин ба ҳар кас лозим аст, ки нисбат ба саломатии худ ва саломатии дигарон хеле масъулиятнок муносибат кунад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ, ки ба нигоҳубини гигиении бадан, пойафзол, либос, хона ва сахтшавии бадан нигаронида шудааст, қисми таркибии тарзи ҳаёти солим мебошад.
Дар муқобил, беғайратии иҷтимоӣ, даст кашидан аз қуллаҳои мақсад, мурдадилӣ, набудани машғулияти дӯстдошта, ба олами ғуссаҳо рафтан, руҳафтодагӣ, афсурдаҳолӣ шахсро ба таназзул оварда мерасонад. Дар ин бора биологи машҳури Канадагӣ, профессор Ганс Селья яке аз асосгузорони назарияи стресс, гуфтааст: «Барои он ки ба зиндагиамон маънӣ бахшем, мо бояд дар назди худ як масъалаи душвор ва дарозмуддат гузорем. Мо бояд чунин ба мақсад расем, ки аз мо кори душворро талаб кунад. Набудани чунин мақсад – яке аз стрессҳои калонест, ки инсонро ба захми меъда, сактаи дил, гипертония ва ё ба ягон хел ҳолати бенишот меоварад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 октябри соли 2019 таҳти №463 «Барномаи пешгирии фарбеҳӣ ва тарғиби ғизои солим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2024»-ро қабул намуд, ки ба беҳдошти саломатии аҳолӣ тавассути тарғиби ғизои солим, пешгирии фарбеҳӣ ва ташаккули тарзи ҳаёти солим равона шудааст.
Ба ақидаи коршиносон, фарбеҳӣ боиси бемориҳое чун диабети қанд, бемориҳои дил, баъзе навъҳои саратон ва сактаи мағзӣ мегардад.
Ҳамаи одамони фарбеҳ бояд аз муоинаи табибон гузаранд, то сабаб ва мушкилиҳои фарбеҳшавиро муайян кунанд. Рӯйхати машқҳои зарурӣ ба таври инфиродӣ муайян карда мешавад. Тағйир додани тарзи зиндагӣ тавассути ислоҳи ғизо ва афзоиши фаъолияти ҷисмонӣ дар табобати фарбеҳӣ асос буда, дар марҳилаи аввал ва доимии табобат тавсия дода мешавад. Пеш аз ҳама, одам бояд муносибати нави психологиро ба тағйир додани тарзи ҳаёти худ ва дарк кардани масъулияти шахсии худ барои саломатии худ ташаккул диҳад. Муҳим он аст, ки барои назорат кардани вазни бадан, зарур аст, ки миқдори калорияи парҳез бо сарфи инфиродии энергияи бадан мувофиқат кунад. Фаъолияти ҷисмонӣ ҳамчун қисми ҷудонашавандаи табобати фарбеҳӣ ва нигоҳ доштани вазни бадан дар давоми табобат тавсия дода мешавад.
Фаъолияти ҷисмонии солимбахш ҳадди аққал шиддатнокии мӯътадилро дар бар мегирад. Фаъолияти мӯътадили шадиди ҷисмонӣ пас аз анҷоми машқ боиси афзоиши суръати дил 10-25% нисбат ба аслӣ, эҳсоси гармӣ ва кӯтоҳии нафас мегардад. Он суръати мубодилаи моддаҳоро нисбат ба ҳолати оромӣ 3-6 маротиба зиёд мекунад. Барои аксари одамоне, ки тарзи ҳаёти нишастаро доранд, ин ба роҳ рафтан бо суръати миёна мувофиқат мекунад. Барои одамони фаъол ва солимтар, фаъолияти ҷисмонӣ бо шиддати мӯътадил баробар ба қадам задани тез ё давиши суст аст. Фаъолияти ҷисмонӣ инчунин барои фаъолияти ҷисмонӣ ҳадди аққал шиддатнокии миёна тавсия дода мешавад, ки ин имкон медиҳад, ки намудҳои гуногуни фаъолиятҳо дохил карда шаванд. Фаъолияти ҷисмонии шадид боиси зиёд шудани арақ ва якбора зиёд шудани нафаскашӣ мегардад. Ин одатан тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё машқҳои мақсадноки ҷисмонӣ, ба монанди давидан ё велосипедронии зудро дар бар мегирад. Фаъолияти баландшиддати ҷисмонӣ суръати мубодилаи моддаҳоро нисбат ба ҳолати оромӣ на камтар аз 6 маротиба зиёд мекунад. Тавсия дода мешавад, ки дар тӯли ҳаёти худ сатҳи мувофиқи фаъолияти ҷисмониро нигоҳ доред. Ба ғайр аз машқҳои ҷисмонӣ, дигар намуди машғулиятҳои ҷисмонӣ дар вақти истироҳат, саёҳат ва ё ҳангоми кор низ барои саломати фоиданок аст.
Мувофиқи тавсияҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, сатҳи зарурии фаъолияти ҷисмонӣ инҳоянд:
Аввалан, кӯдакон ва наврасони аз 5 то 17 сола - машқҳои ҷисмонӣ дар давоми на камтар аз 60 дақиқа дар як рӯз; на камтар аз 2-3 маротиба дар як ҳафта, ин фаъолият бояд ҳаракатҳоеро дар бар гирад, ки ба беҳтар кардани ҳолати системаи устухон, рушди қувва ва чандирии мушакҳо нигаронида шаванд.
Дуюм, калонсолони аз 18 то 64 сола: фаъолияти ҷисмонии мӯътадил дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа ё машқҳои ҷисмонии шадиди ҷисмонӣ на камтар аз 75 дақиқа дар як ҳафта, ё вақтро ба маҷмӯи шабеҳи машқҳои ҷисмонии мӯътадил ва шадид ҷудо мекунанд. Машқҳои қувват, ки гурӯҳҳои асосии мушакҳоро дар бар мегиранд, бояд 2 маротиба дар як ҳафта ё бештар аз он анҷом дода шаванд. Барои он ки машқҳо фоидаи иловагии саломатӣ расонанд, калонсолон дар ин синну сол бояд давомнокии машқҳои ҷисмонии мӯътадилро то 300 дақиқа дар як ҳафта зиёд кунанд.
Сеюм, калонсолони синнашон аз 65 сола ва калонтар - фаъолияти ҷисмонии мӯътадил дар як ҳафта на камтар аз 150 дақиқа бояд дошта бошанд. Одамони ин гурӯҳи синну соли дорои ҳаракати маҳдуд бояд бо фаъолияти ҷисмонӣ машғул шаванд, то мувозинатро беҳтар созанд ва хатари афтиданро дар як ҳафта се маротиба ё бештар аз он пешгирӣ кунанд. Барои он ки дарсҳо ба таҳкими системаҳои дилу раг ва нафаскашӣ мусоидат кунанд, онҳо бояд ба давраҳои на камтар аз 10 дақиқа тақсим карда шаванд. Фаъолияти ҷисмонӣ барои аксари бемориҳои музмин фоида дорад, ки берун аз пешгирӣ ё маҳдуд кардани пешравии беморӣ барои беҳтар кардани омодагии ҷисмонӣ, қувваи мушакҳо ва сифати зиндагӣ фаротар аст. Ин махсусан барои одамони солхӯрда муҳим аст, зеро машғулияти мунтазами ҷисмонӣ сатҳи мустақилияти онҳоро дар ҳаёти ҳаррӯза баланд мекунад.
Санаи 18-уми июли соли 2026, бо мақсади ҳавасманд намудани курсантон ба варзиши оммавӣ ва риояи тарзи ҳаёти солим, бо ибтикори сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Насуриён Пулод Асадулло, дар боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе, аз ҷумла, дар боғи фарҳангию фароғатии назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, боғи ба номи С.Айнӣ ва боғи Ғалаба курсантони курсҳои 2-5 факултетҳои №№2, 5 ва 6 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон машқҳои варзишӣ-оммавӣ ҷалб карда шудаанд.
Машқҳои мазкуррро дастурдеҳон-мутахассисони баландихтисоси кафедраи «Тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ»-и факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, устоди варзиши дараҷаи байналмилалӣ, корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, подполковники милитсия Назарзода М.Г., муаллимони кафедраи мазкур майори милитсия Каримзода И.И. ва капитани милитсия Абдураҳмонзода Н.А., роҳандозӣ намуданд (аксҳо замима мегарданд).
Муаллим-методисти калони қисми таълимии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия
Раҳмонӣ Илҳоми Искандарбекзод







































































































































































