ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – САРЧАШМАИ ХУШБАХТИИ МИЛЛӢ
Сулҳу ваҳдат ибораҳоеанд, ки ҳамеша дилчаспу дилнишин ва бо лаҳни шево садо дода. бевосита шунавандаро ба фикр кардан водор месозанд. Сулҳ — оштиву фарзонагӣ, якдигарфахмӣ ва толиби осоиштагӣ будани мардумро таҷассумгар аст. Вахдат бошад ба ҳам омадан, сар аз як гиребон бурун овардан, ҳамдигарфаҳму покзинату миллатдуст будан.Ваҳдат — бехтарин неъмат, ҳаёти инсон, орзуву армон, таҳкими давлат, наҷоти миллат, рушди тоҷикон, нумуи даврон, ҳастии инсон дар хар замину замон аст. Ваҳдат ва сулҳи умуми башарии Тоҷикистон ҷонибдории мамлакатҳои ҳамзамони берунмарзӣ мавқеу мақоми онро дар миқёси ҷахон овозадор менамояд. Имруз иттифоқ ва ҳамдилии халқи тоҷик мавриди омӯзиши Созмони Миллали Муттаҳид ва бисёр ташкилотҳои олам гардидаасг. Худшиносӣ ва худогохии миллӣ гуё пандест аз гузаштаи дуру пешрафти маънавиёти кишвар. Танҳо бо роҳи ваҳдат, якдигарфаҳмӣ истиқлоли кишварро муҳофизату пойдор ва ягонагии мардумро устувор карда метавонем.Танҳо дар сурати ваҳдат душвориҳо ва монеаҳо паси сар мешаванд, рузгори мардум ру ба бехбудӣ меорад, кишвари азизамон ба шоҳрохи пешрафту тараққиёт ру меорад. Ба ақидаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Ҳар касе, ки ниҳоле сабзонда бошад, медонад. дарахт соле як маротиба ҳосил медихад. Аммо ниҳоле низ ҳаст, ки ҳамеша меваи ширин ба бор меорад. Мо меваи ширину сабзонидаамонро чашидем, ҷомеаи мо аз он баҳравар гардид, мо ҳаргиз рох, намедихем, ки дигар теша ба решаӣ он расад».Он дарахте, ки Президентамон ба сулҳу ваҳдат ташбеҳ додаанд, имрузҳо меваҳои ширину бисёре ба самар оварда истодааст, ки бо онҳо мо, тоҷикон фахр месозем. Муносибати нави давлатӣ, сиёсати соҳибистиклол гардидани Тоҷикистон, сохтмони роҳҳои нави дохилию берунӣ ва ба хориҷи кишвар баромадани тоҷиконро ба миён гузошт. Роҳи охани Курғонтеппа — Кулоб сохтмони шоҳроҳи Ваҳдат ба мамлакатҳои Осиё, ба суӣ уқёнуси ҷаҳон, роҳҳои калонтарини хушкигард расонид. Ин аҳвол боиси эҳёи арзишҳои миллии роҳи бузурги Абрешим «гардид, ки Бохтару Суғдро бо калонтарин давлатҳои ҷаҳон мепайвандад. Хақиқатан Ваҳдати миллӣ шукуфоии Ватан аст, зеро дар давлате. ки сулҳу амонй ва дустй ҳукмфармосг, он давлат руз то руз гул-гул мешукуфад, иқтисодиёташ тадриҷан меафзояд, ҳам аз чиҳати сиёсӣ ва ҳам аз ҷиҳати фархангӣ пеш меравад.Маҳз бо кушишҳои пайгиронаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ омад, мамлакат обод шуд, пеш рафт, гул-гул шукуфт ва имруз дар чеҳраи хар фарзанди тоҷик нишоту хурсандист, вахдату сулх падидор аст.
Андешаи ваҳдат на танҳо дар заминаи сиёсат ва ҳукумат, балки дар заминаи фарҳанг, адабиёт, ирфон ва ахлоқи иҷтимоӣ низ густариши амиқ доштааст. Шоирони классикии мо, ба мисли Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Хайём, Саъдӣ, Ҷомӣ ва дигарон, ваҳдатро на танҳо ҳамчун як иттиҳоди зоҳирӣ, балки ҳамчун ваҳдати маънавӣ ва рӯҳонӣ мебинанд. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома»-и худ ҳамеша аз ваҳдати миллат, забон, кишвар ва ҳувият дифоъ мекунад. Саъдӣ дар "Гулистон" ва "Бӯстон" аз ваҳдати инсонӣ ва иҷтимоӣ мегӯяду Ҷомӣ аз ваҳдати вуҷудӣ ва ирфонӣ сухан мегӯяд. Дар таълимоти ирфонӣ, ваҳдат зинаи олии худшиносӣ ва расидан ба маърифати илоҳӣ дониста мешавад.Мутаассифона, миллати тоҷик дар охири асри XX, дар пайи пошхӯрии давлати Шуравӣ ва бенизомии идеологию сиёсӣ ба гирдоби як ҷанги фоҷиабор афтод. Ин ҷанги солҳои 1992–1997, ки бештар характери таҳмилӣ дошт ва решаҳои он берун аз кишвар парварда мешуданд, мардуми тоҷикро ба порчаҳо ҷудо сохт ва кишварро дар остонаи фурӯпошии куллӣ қарор дод. Ин ҷанг, ки натиҷаи омилҳои мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва геополитикӣ буд, боиси талафоти ҷонӣ ва маънавии зиёд гардид – зиёда аз 150 ҳазор нафар ҷони худро аз даст доданд, беш аз як миллион нафар гуреза шуданд ва тамоми низоми иқтисодию иҷтимоии кишвар фалаҷ гардид.Бо вуҷуди ин ҳама, миллати тоҷик нишон дод, ки дорои хиради таърихист. Дар лаҳзаҳои сарнавиштсоз, фарзонае аз миёни халқ – Эмомалӣ Раҳмон ба арсаи сиёсат баромад ва бо иродаи қавӣ, хислати сулҳдӯстӣ ва маърифати баланди сиёсӣ иқдоми бузурги таърихӣ пеш гирифт. Бо шиори “Ман ба шумо сулҳ меорам!”, ӯ на танҳо ҷони худро дар гарав гузошт, балки тамоми нерӯи сиёсиву дипломатӣ ва маънавии худро равона сохт, то миллатро аз фоҷиаи ниҳоӣ наҷот диҳад.
27 июн ҳамчун рӯзи муқаддаси имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ таҷлил мегардад. Ин ҷашн барои миллати тоҷик рамзи эҳёи дубораи давлатдорӣ, пояи истиқлоли миллӣ ва нишони хирадмандии як халқи таърихсоз мебошад. Ваҳдат дар ин маъно на танҳо як рукни сиёсӣ, балки зеҳнӣ ва маънавӣ аст, ки миллати моро ба сӯйи субот, рушд ва худогоҳии навин раҳнамун сохт.Аз дидгоҳи илми иҷтимоӣ, ваҳдати миллӣ танҳо тавассути ду омил устувор мемонад: худшиносии таърихӣ ва таҳаммулгароии иҷтимоӣ. Тоҷикистон дар ин замина намунаи нодири ҷаҳонӣ дониста мешавад. Бисёре аз пажӯҳишгарон ва марказҳои таҳқиқотии байналмилалӣ таҷрибаи сулҳи тоҷиконро модели омӯзишӣ барои кишварҳои дорои низоъҳои дохилӣ меҳисобанд. Маҳз ҳамин ваҳдат буд, ки кишвари мо тавонист дар зарфи бисту панҷ соли охир аз як давлати осебпазир ба кишвари дорои амният ва истиқлолияти мустаҳкам табдил ёбад.
Дар замони кунунӣ, ки ҷаҳон рӯ ба ҷудоӣ ва ҷангу низоъ дорад, таҷрибаи ваҳдати тоҷикон на танҳо барои худи миллат, балки барои тамоми башарият паёми умед ва намунаи хираду таҳаммул аст.Миллати тоҷик аз зумраи қавму миллатҳое мебошад, ки он бо таърихи пурифтихор ва фарҳанги созандаю пойдор маъруф тардидааст. Ончунон ки аз манбаъҳои бостонӣ ва пажӯҳишҳои илмии муосир бармеояд, решаҳои ҳувияти миллӣ ва пояҳои давлатдории тоҷикон ба тамаддуни бостонии ориёӣ, ки дар сарзаминҳои паҳновари Ориёно (Эрони Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ) густариш дошт, бармегардад. Қабл аз ташкили давлати шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён (550–330 п.м.), сокинони ин минтақа – ки аҷдоди миллати тоҷикро ташкил медоданд – дорои шаклҳои ибтидоии идоракунӣ, низоми иҷтимоӣ, забони муштарак ва фарҳанги мазҳабии воҳид буданд. Яке аз муҳимтарин хусусиятҳои иҷтимоии ин ҷомеаҳо, ки дар таҳқиқоти антропологию иҷтимоӣ зикр шудааст, нерӯи ваҳдати дохилӣ ва якпорчагии ахлоқиву маънавии онҳо буд.Дар замони Шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён ва баъдтар Сосониён, ки яке аз давраҳои шукӯҳмандтарини давлатдории тоҷику форсизабонон ва ориётаборон ба ҳисоб меравад, мафҳуми ваҳдат ба шакли низомӣ ва институтсионалӣ таҷассум ёфт. Ин давраҳоро на танҳо шукӯҳи сиёсию низомӣ, балки густариши адабиёт, меъморӣ ва муносибатҳои ахлоқӣ-фарҳангӣ фаро гирифта буд. Сарчашмаҳои таърихии юнонӣ, румӣ ва ҳиндӣ низ ба ваҳдату суботи дохилӣ ва густариши фарҳанги ягона дар ҳудуди ин давлатҳо таъкид мекунанд.Бо зуҳури давлати миллии Сомониён (819–999), пояҳои ваҳдати миллӣ ва ҳувияти забонӣ, мазҳабӣ ва фарҳангии тоҷикон боз ҳам равшантар гаштанд. Давлати Сомонӣ ба сифати нахустин давлати форсизабони исломӣ на танҳо ба эҳёи забони тоҷикӣ (форсии дарӣ), балки ба ҳамгироии табақаҳои гуногуни ҷомеа, аз ҷумла деҳқонон, рӯҳониён, табибон ва адибон мусоидат кард. Сомониён бо ибтикори худ як дастгоҳи низомӣ ва маъмурии воҳид ташкил дода, ваҳдати сиёсӣ ва фарҳангиро дар саросари Хуросон ва Мовароуннаҳр таъмин намуданд.Дар осори устодони адабиёти форсии классик, аз ҷумла Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Аттори Нишопурӣ, Саъдӣ, Ҳофиз, Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигарон, мафҳуми ваҳдат ҳамчун як арзиши маънавии ҷаҳонӣ ва инсонӣ дар маркази ахлоқу фалсафа қарор дорад.Бо чунин таърихи пурбарор ва заминаҳои амиқи ваҳдатгароёна, шигифтовар набуд, ки миллати тоҷик дар асри XX – асре, ки пур аз парокандагиҳои сиёсӣ ва таҳдидҳои геополитикӣ буд – тавонист таҷрибаи нотакрори ваҳдатсозиро амалӣ намояд. Мутаассифона, ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992–1997 Тоҷикистонро ба як гирдоби фоҷиабор ва хатари нобудии миллӣ бурд. Мувофиқи таҳқиқоти коршиносони байналмилалӣ (аз ҷумла пажӯҳишҳои Маркази сулҳ ва низоъҳои ШМА ва Пажӯҳишгоҳи Гамбург), ин низоъ бештар хусусияти таҳмилшудаи геополитикӣ дошта, бо дахолати ғайримустақими кишварҳои манфиатдор шиддат гирифт.Пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ, ки дар заминаи беқурбшавии идеологияи умумиташаккул ва фурӯпошии сохторҳои давлатӣ сурат гирифт, боиси пайдоиши бенизомии сиёсӣ ва иҷтимоӣ гашт. Дар ин фазо гурӯҳҳои гуногуни манфиатдор, бо афкори мутазод ва бидуни низоми ягона, барои соҳиб шудан ба қудрат вориди бархӯрд шуданд. Комёб набудани муколамаи миллӣ, набудани таҳаммулгароии сиёсӣ ва истифодаи вазъият аз ҷониби унсурҳои беруна ба сар задани ҷанги таҳмилӣ мусоидат кард.
Ҷанг ба системаи омӯзиш, иқтисод, фарҳанг ва худшиносии миллӣ зарбаи сахт зад. Насли пурқуввату фаъоли кишвар – ки бояд заминаи созандагии давлати нав мешуд – аз таҳсилу рушд маҳрум гашт ва аксаран ба муҳоҷират, ҷудоӣ ва парешониҳо рӯ овард.Дар ин замина, ваҳдати миллӣ ҳамчун як зарурати таърихӣ зуҳур кард ва ба як шиори сарнавиштсоз табдил ёфт. Дидгоҳи таҷрибавии таърих ва таҳлилҳои иҷтимоӣ нишон медиҳанд, ки ҷомеаҳои баъдиҷангӣ танҳо тавассути вахдат, музокира, гузашт ва тафоҳум метавонанд ба сӯи барқарории субот ҳаракат намоянд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ин самт на танҳо барои кишварҳои минтақа, балки барои низоъҳои ҷаҳонӣ низ намунаи омӯзишӣ ва илмӣ гардид.Таҳлили таҷрибаҳои таърихии давлатсозии тамаддунҳои ориёинажод ва тоҷикию форси-забонҳо нишон медиҳад, ки ҳар вақте ҷомеаҳои онҳо дар муқобили хатарҳои бузург қарор мегирифтанд, роҳбарони дорои ҳиммати таърихӣ ва хиради фарҳангӣ зуҳур мекарданд.Мисли шоҳ Куруши Кабир, ки тамаддуни форсро дар замони парешонӣ муттаҳид сохт, ё Исмоили Сомонӣ, ки миллати тоҷикро дар асоси забон ва фарҳанги муштарак ба давлатдории мустақил овард, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон низ дар пайравии ҳамин анъанаи таърихӣ, бо шиддати масъулияти таърихӣ ва рисолати миллӣ, роҳе пеш гирифт, ки дар радифи бузургтарин таҷрибаҳои муосири сулҳ ва ваҳдати миллӣ ҷойгоҳ пайдо кард.Таҳқиқоти зиёди байналмилалӣ, аз ҷумла пажӯҳишҳои Маркази таҳлилии Стокҳолм (SIPRI), Институти таҳқиқоти сулҳи Осло (PRIO), Институти сулҳшиносии Массачусетс ва муассисаҳои муҳаққиқи Созмони Милали Муттаҳид, таҷрибаи сулҳи тоҷиконро ҳамчун "намунаи нодири сулҳи дохилии мусолиматомез дар асри XX" арзёбӣ кардаанд.
Имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки рӯзи 27 июни соли 1997 дар шаҳри Маскав бо миёнаравии ҷонибҳои хориҷӣ ва бо иродаи самимии тоҷикон ба амал омад, на танҳо ҷанг ба хотима бахшид, балки оғози як марҳилаи нави таърихии давлатсозӣ ва ҳифзи ҳувияти миллӣ гардид. Ин созишнома на фақат ҳуҷҷати ҳуқуқӣ, балки санади ахлоқӣ ва сиёсие буд, ки бар асоси фалсафаи ваҳдат, эҳтироми тарафайн ва гузашти миллӣ таҳия шуд.
Шахсияти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – ҳамчун Пешвои миллат – имрӯз дар радифи шахсиятҳои калидии таърихи давлатдории тоҷикон қарор гирифтааст. Вай на танҳо сулҳ овард, балки пояҳои нави давлатдории миллӣ, суботи сиёсӣ ва худшиносии фарҳангиро гузошт.Маҳз бо шарофати роҳбари оқилу хирадманд ва сиёсати ваҳдатгароёна, Тоҷикистон тавонист дар миёни кишварҳои пасошӯравӣ ҳамчун давлати мустақил, ором ва устувор муаррифӣ шавад. Имрӯз вазифаи насли наврас, муҳаққиқон ва ҷомеаи илмӣ он аст, ки ин мероси гаронбаҳои сулҳ ва ваҳдатро ҳамчун намунаи омӯзиш ва рушди устувор нигоҳ доранд, таҳқиқ намоянд ва дар таҷрибаи ҷаҳонӣ муаррифӣ созанд.Миллати тоҷик, ки дорои таърихи нотакрор ва решаҳои амиқи фарҳангӣ, илмӣ ва ахлоқӣ аст, дар тӯли мавҷудияти худ борҳо нишон додааст, ки бо иродаи қавӣ ва хиради миллӣ метавонад аз ҳар буҳрону санҷиш сарбаландона гузарад. Ҳамон тавр ки дар охири асри ХХ дар шароити вазнини ҷанги шаҳрвандӣ миллат бо роҳбарии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сулҳи пойдор ва ваҳдати миллӣ расид, имрӯз ин миллат бо такя ба сулҳу суботи пойдор ва шохаҳои мустақили давлатдорӣ рӯ ба сӯйи ояндаи дурахшон дорад.
Хулоса. чун як корманди бонангу номус ва баори миллат бо сулҳу ваҳдати кишвари азизам имруз меболам ва бо ифтихор метавонам гуям: «Пояи сулҳу осоиштагӣ дар ин сарзамини ҳамешабаҳор ба ҳадди бузург мустаҳкам гашта. зеро онро фарзанди бузурги ин сарзамин устуворӣ бахшида, такягоҳ аст».
Муҳабатшозода Гулзора Муҳабатшо - омӯзгори кафедраи ҳуқуқи маъмурӣ ва фаъолияти маъмурии факултети №2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, майори милитсия







































































































































































