Академия Министерства внутренних дел Республики Таджикистан

Конференсияи илмӣ-амалӣ дар факултети №4 Академияи ВКД

13183-юми октябри соли 2024 дар факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ конференсияи илмӣ-амалӣ доир ба таҷлили Рӯзи кормандони оперативӣ ва бахшида ба 30-солагии факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ҷамъомадро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори факултет, номзади илмҳои таърих, полковники милитсия Юсуфзода Азимҷон Юсуф ифтитоҳ намуда, иштирокдорони чорабинӣ ва дар симои онҳо кулли кормандони мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба ифтихори ин сана табрику таҳният гуфта, ба онҳо рӯзгори босаодат ва сарбаландӣ таманно намуд.
Юсуфзода А.Ю. дар идомаи суханрониашон қайд намуданд, ки яке аз аввалин сарчашмаҳои археологӣ аз он шаҳодат медиҳад, ки дар замонҳои қадим ходимони махфӣ (агентҳо, ҷосусҳо, разведкачиён) дар муносибатҳои байнидавлатӣ ба сифати гаравгон истифода бурда мешуданд. Шаҳодати ин гуфтаҳо пораи тахтачаи сӯзондашудае мебошад, ки дар он навиштаҷоти замони қадим дарҷ гардидааст ва он дар Сурия ёфта шуда, мансуби асри ХIII пеш аз милод мебошад. Дар он ҳокими як давлат ба ҳокими давлати дигар шикоят намудааст, ки тибқи маслиҳати пешакии байни онҳо ҷойдошта, ӯ ҷосусҳои он ҳокимро озод намудааст, вале то ҳол маблағи озод намудани онҳоро нагирифтааст.
1319Бояд қайд намуд, ки дар кори конференсия, олимон, омӯзгорон ва кормандони пуртаҷриба аз амалия, аз ҷумла Ибодуллозода Бахтиёр сардори шуъбачаи ШКҶ РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, подполковники милитсия дар мавзуи «Таърихи пайдоиши терроризм ва экстремизм ва хатарҳои муосири он», Абдураҳмонзода Ином Илҳом муаллими калони кафедраи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, подполковники милитсия бо маъруза дар мавзуи «Развитие и становление оперативно-розыскной деятельности в Республике Таджикистан», бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Аз тарафи курсантон низ баромадхои басо ҷолиб ва пурмуҳтаво шунида шуд. Ба монанди курсанти курси 3, гурӯҳи 301, милитсия қаторӣ Абдуллозода Алиҷон дар мавзуи «Заминаҳои ташаккулёбии фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда қайд намуд, ки таърихи тамаддуни халқи тоҷик гувоҳи медиҳад, ки истифодаи маълумотҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар давлатдории ниёгон хуб ба роҳ монда шуда буд. Қиссаву ривоятҳои адабиёти шифоҳии халқи тоҷик, асарҳои «Самаки айёр», адабиёти ҷавонмардӣ ва муттафаккироне, ки ба мавзуъҳои давлату давлатдорӣ даст задаанд дар ин бора маълумоти фаровон додаанд. Борҳо шунидаем, ки шоҳон баъзан дар либоси дарвешону қаландарон ва ҳатто гадоён дар байни мардум мегаштанд, ҳамзамон аз одамони худӣ (гумоштаҳояшон) маълумотҳои зарурии хуфиягиро гирд оварда, дар фаъолияти давлатдорӣ ҳаматарафа истифода менамуданд.
Баъдан курсанти курси 5, гуруҳи 503, милитсияи қаторӣ Абдуҷабборов Меъроҷ дар мавзуи «Инкишофи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо маърӯза баромад намуда қайд намуд, ки таърихи тамаддуни халқи тоҷик баръало нишон медиҳад, ки мутафаккирон ва шахсиятҳои барҷастаи он ба фаъолияти махфӣ (разведкавӣ, зиддиразведкавӣ, агентурӣ) аҳамияти хоса медоданд. Аз таърихи қадими Тоҷикистон, ҳамчунин дигар давлатҳои Осёи Марказӣ, маълум аст, ки дар кори мақомоти ҳокимияти давлатӣ усулҳои алоҳида ва шакли кори ҷустуҷӯӣ ҷиҳати ошкорсозӣ ва ҷазодиҳии вайронкунандагони тартибот васеъ истифода бурда мешуданд.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ соҳаеро ёфтан мушкил аст, ки оид ба вазъи ҳуқуқии он санади меъёрии ҳуқуқӣ қабул нашуда бошад. Ин гуфтаҳо, аз ҷумла, ба самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ низ дахл дорад. Аз ин ҷост, ки яке аз самтҳои асосии соҳаи ҳуқуқи муосири Ҷумҳурии Тоҷикистон ин фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ба шумор меравад.
Дар анҷоми конференсия илмӣ-амалӣ курсантон хеле фаъол буда, бо саволу ҷавоб иштирок намуданд.
Дар анҷоми кори конференсияи илмӣ-амалии факултавӣ, натиҷаи озмуни «Курсанти беҳтарин самти фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ» ҷамъбаст гардида, аз номи сардори факултети №4 Академияи ВКД ба 5 нафар курсантон, ки ҷойҳои намоёнро ишғол намуда буданд, бо «Ифтихорнома» сарфароз гардиданд.
Шарифӣ М.А., сардори кабинети кафедраи ФОҶ МКД факултети 4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, лейтенанти милитсия

        

Добавить комментарий


Защитный код
Обновить






Публикации Академии


Книги ученых Академии

676Послание Президента Республики Таджикистан уважаемого Эмомали Рахмона «Об основных направлениях внутренней и внешней политики республики»

Уважаемые члены Маджлиси милли и депутаты Маджлиси намояндагон!

Дорогие соотечественники!

2023 год для Таджикистана, несмотря на беспрецедентное осложнение ситуации современного мира...

Подробное