Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Низомномаи рисолаи хатм

gerb

Ф А Р М О И Ш И

   ВАЗИРИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

аз «09» «феврали» соли 2018                   №588     ш. Душанбе

Дар бораи амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2018, №02/47 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

                                    

Бо мақсади амалӣ намудани қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2018, №02/47 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мутобиқи банди 13 Низомномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2014, №145) ФАРМОИШ МЕДИҲАМ:      

1. Қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 январи соли 2018, №02/47 «Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон»мавриди амал қарор дода шавад (Замима мегардад).  

2. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ф.Ҳайдаров) иҷрои фармоиши мазкурро таъмин намояд.

3. Назорати иҷрои фармоиши мазкур ба зиммаи муовини вазир Б.Одиназода гузошта шавад.

     Вазир                                                     Нуриддин Саид

Муовини вазир

           Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ

           Раёсати кадрҳо ва корҳои махсус

           Шуъбаи таъминоти ҳуқуқӣ ва котибот

                                                                                    

                            

                                              

ҚАРОРИ МУШОВАРАИ

ВАЗОРАТИ МАОРИФ ВА ИЛМИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

               аз «26» «январи» соли 2018                   №02/47     ш. Душанбе

Оид ба тасдиқи Низомнома дар бораи рисолаи хатми

донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи

таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда,

                                             қ а р о р   м е к у н а д:

1. Низомнома дар бораи рисолаи хатми донишҷӯёни дараҷаи бакалавр ва мутахассиси муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонтасдиқ карда шавад (замима мегардад).      

2. Ба ректорон (директорон)-и муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шавад, ки навиштани рисолаи хатми дараҷаи бакалавр ва мутахассисро тибқи талаботи Низомномаи мазкур ба роҳ монанд.

3. Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ (Ф.Ҳайдаров) рафти татбиқи Низомномаи мазкурро зери назорати ҷиддӣқарор диҳад.

       4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини вазир Б.Одиназода гузошта шавад.

           Раиси ҷаласаи мушовара,                                      

          муовини якуми вазир                                           Р. Мирбобоев

Бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз «26» январи соли 2018, №02/47                      

тасдиқ карда шудааст

НИЗОМНОМА

ДАР БОРАИ РИСОЛАИ ХАТМИ ДОНИШҶӮЁНИ ДАРАҶАИ БАКАЛАВР ВА МУТАХАССИСИ МУАССИСАИ ТАҲСИЛОТИ ОЛИИ КАСБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Муқаррароти умумӣ

1.Низомномаи мазкур мақсад, вазифа ва тартиби таҳияи рисолаи хатмро дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

2. Низомномаи мазкур дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Низомномаи аттестатсияи хатм» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.

3. Рисолаи хатм дар зинаҳои бакалавриат ва мутахассис натиҷаи фаъолияти илмӣ ва таълимию методии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Рисолаи хатм - дастоварде мебошад, ки дар он тамоми натиҷаҳои дониши назариявию амалӣ, малакаҳои омӯзиши манбаъҳо, таҳлилу тасниф, қиёсу муқобилгузорӣ, тасдиқу инкор ва хулосаву натиҷагириҳои муаллиф нисбат ба мавзӯи пажӯҳиш инъикос меёбад. Ин шакли фаъолияти илмии донишҷӯ сифатҳои ҳатмии ҷамъбасти натиҷаҳо, таҳлили далелҳо ва мушоҳидаҳои махсусро дар худ таҷассум менамояд.

4. Рисолаи тахассусии хатм дар шаклҳои зерин мувофиқ ба дараҷаи дахлдори таҳсилоти олии касбӣ анҷом дода мешавад:

- барои дараҷаи бакалавр дар шакли рисолаи хатми бакалавр;

- барои дараҷаи мутахассис дар шакли рисолаи хатми мутахассис.

5. Барои хатмкунандагони зинаҳои бакалавриат ва мутахассиси муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба дараҷаи таҳсилот навиштани рисолаи хатм ҳатмӣ мебошад.

2.Талаботи методологӣ ва аснодию меъёрӣ доир

ба таҳияи рисолаи хатм

6. Дифои муваффақонаи рисола ва сифати иҷрои он тақдири минбаъдаи таҳсили хатмкунандаро дар зинаҳои минбаъдаи магистратура - докторантура (PhD) муайян мегардонад.           

7. Донишҷӯи хатмкунанда то расидан ба марҳалаи навиштани рисолаи хатм як қатор корҳои илмии нисбатан соддатарро, амсоли таҳия ва муаррифии эссе, реферат, маърӯзаи илмӣ, корҳои курсӣ аз фанҳои тахассусӣ ба анҷом мерасонад, ки онҳо барои навиштани рисолаи хатм ҳамчун воситаи таҳкими малака ва қобилият барои рисоланавис хизмат менамояд.

8. Дар таҳияи рисолаи хатм ҷамъоварии мавод, гурӯҳбандии мавод вобаста ба мавзӯъ, хусусиятҳои умумӣ ва ё фарқкунанда, муқоисаи мавод, таҳлили он ва тасдиқи мулоҳизаҳои ҷолиби муҳаққиқони дигар ва ё рад намудани нуқтаи назари беасос ва ё ғалат низ аз ҷумлаи меъёрҳои муҳим маҳсуб меёбанд.

9. Хусусиятҳои асосии рисолаи хатм аз инҳо иборат мебошад:

- бошуурона интихоб намудани мавзӯъ ва дарки моҳияти он;

- мустақилона навиштани рисолаи хатм аз тарафи донишҷӯ;

- мавқеи муаллиф ва нуқтаи назари ӯ зимни таҳлилу муқоисаи мавод нисбат ба андешаҳои муҳаққиқони дигар;

- рисолаи хатми иҷрошуда барои муайян намудани қобилияти муаллиф асос буда метавонад;

- рисолаи хатм бояд дар асоси фанҳои асосии тахассусӣ навишта шавад;

- баҳодиҳӣ ба мундариҷа, сифат ва моҳияти рисолаи хатм бояд холисона сурат гирад;

- рисолаи хатм танҳо дар соли охирини таҳсил аз рӯйи ихтисос навишта мешавад;

         10. Дар низоми кредитӣ мутобиқи талаботи санадҳои меъёрӣҳамаи хатмкунандагон бояд рисолаи хатм нависанд.

3. Мавзӯъҳои рисолаи хатм

ва талабот ба пешниҳоди онҳо

11. Рисолаи хатм кори илмии мустақилона буда, аз лиҳози мантиқӣ анҷомёфтаи назариявию таҷрибавӣ маҳсуб меёбад. Он як самти корҳои илмии кафедраро ташкил медиҳад. Ҳангоми таҳияи кори илмӣ кафедра бояд ба ҳамин ҷиҳати масъала бештар диққат диҳад ва ин принсипро ҷиддӣ талаб кунад. Таҳияи рисолаи хатм дар кафедра аз пешниҳоди мавзӯъ оғоз меёбад. Ҳар як мудири кафедра қабл аз оғози соли таҳсил барои омӯзгорони соҳибунвон, аз ҷумлаи докторон, номзадони илм ва муаллимони калоне, ки таҷрибаю собиқаи зиёди меҳнатӣ доранд, ҷиҳати пешниҳоди мавзӯъҳо дастур медиҳад. Дар мӯҳлати таъиншуда номгӯи мавзӯъҳоро аз омӯзгорон ҷамъ намуда, дар ҷаласаи кафедра муҳокима менамояд.

12. Мавзӯъҳои пешниҳоднамудаи омӯзгорон бояд аз шумораи донишҷӯёни хатмкунандаи зинаи бакалавр ва зинаи мутахассис бояд зиёд бошад. Дар ин сурат ҳар як омӯзгор бояд на камтар аз 10 номгӯи мавзӯи рисолаи хатм пешниҳод намояд.

13. Мавзӯъҳо дар ҷаласаи кафедра тасдиқ шуда, ҷанбаҳои муҳимият ва мубрамият, такрор набудан, барои ҳалли проблемаи ягон соҳа нигаронида шуданашон ба инобат гирифта шавад. Баъдан якҷоя бо протоколи кафедра ба муҳокимаи Шӯрои олимони факултет пешниҳод шуда, баъди тасдиқҷиҳати иҷро ба кафедра баргардонида, барои интихоби донишҷӯён вогузор карда мешавад.

14. Мавзӯи рисолаҳои хатмро бе тасдиқи Шӯрои олимони факултет ва бе қарори қабулшуда барои истифода тавсия додан мумкин нест.

15. Мавзӯъҳои рисолаҳои хатм аз рӯи тавсиф, мазмуннокӣ, методология ва методҳои истифодашуда шартан ба се гурӯҳҷудо мешаванд:

- мавзӯъҳои назариявӣ;

- мавзӯъҳои амалӣ;

- мавзӯъҳои омехта;

16. Мавзӯъҳои назариявӣ дар асоси истифодаи адабиёти илмӣ иҷро карда мешаванд. Ҳамзамон коркард ва пажӯҳиши мавзӯъ, истифодаи маводҳои сотсиологӣ ва амалиро талаб менамояд.

17. Мавзӯъҳои хусусияти амалидошта дар асоси омӯзиш, ҷамъбаст, таҳлили корҳои илмӣ-методӣ ва амалӣ-эҷодӣ иҷро мешаванд.

18. Мавзӯъҳои омехта дар худ ҳам ҷанбаҳои назариявӣ ва ҳам амалии омӯзишро ифода намуда, муносибати байнифаннӣ ва комплексиро дар ҳалли предмети кори илмӣ талаб менамоянд.

19. Қабл аз тасдиқ намудани мавзӯъҳо дар ҷаласаи кафедра ва ҷаласаи Шӯрои олимони факултет талаботи меъёрии зерин бояд риоя шаванд:

- мавзӯи пешниҳодшуда бояд такрор набошад;

- дар ҳалли ягон паҳлӯи мушкилоти соҳа мусоидат намоянд;

- донишҷӯёнро ба пажӯҳиш ва ҷустуҷӯ водор созанд;

- барои сайқал ёфтани малакаю маҳорати илмию эҷодии донишҷӯён мусоидат намоянд;

- хусусияти инноватсионӣ дошта, ифодагари талаботи замон бошанд;

- номи мавзӯъҳо бояд кӯтоҳ ва фаҳмо бошанд;

- ба як донишҷӯ интихоби ду мавзӯъ манъ аст.

20. Мудири кафедра мавзӯъҳои тасдиқшударо барои шиносоии донишҷӯён дар лавҳаи кафедра насб менамояд. Ба донишҷӯҳуқуқи озодона интихоб намудани роҳбари рисолаи хатм ва мавзӯъ дода мешавад.

4. Вазифаҳои роҳбари рисолаи хатм

21. Ҳамаи омӯзгорони кафедра, ки соҳиби унвон ва дараҷаи илмӣ мебошанд, таҷриба ва собиқаи кофии меҳнатӣ доранд, ҳуқуқи ба рисолаи хатм роҳбарӣ карданро доранд.

Роҳбарӣ ба рисолаи хатми бакалавр ва мутахассис - дар ҳаҷми 0,75 кредит (18 соат) барои як соли таҳсил муайян карда мешавад.

22. Теъдоди донишҷӯён барои роҳбарӣ ба рисолаи хатми бакалавр ва мутахассис дар як соли таҳсил барои як омӯзгор вобаста ба вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ ба тариқи зайл муқаррар карда мешавад:

- доктори илм – то 8 нафар;

- номзади илм – то 6 нафар;

- муаллими калон – то 4 нафар;

23. Дар сурати набудани миқдори кофии омӯзгорони соҳибунвон ба таври истисно ба ассистентоне, ки зиёда аз 3 сол собиқаи корӣ доранд, роҳбарии 2 рисолаи хатм иҷозат дода мешавад. Агар теъдоди донишҷӯёни хатмкунанда аз меъёри нишондодашуда зиёд бошад, мудири кафедра дар ин вазъият ба унвони ректори муассисаи таълимӣ муроҷиат намуда, барои ҷалби омӯзгорони ҳамкор иҷозат мегирад.

24. Роҳбари рисолаи хатм пас аз амалӣ гардидани фармоиши ректор бо донишҷӯёни рисоланавис сӯҳбати корӣ доир менамояд. Бо аризаи донишҷӯён шинос шуда, моҳияти мавзӯъҳои интихобнамудаи онҳоро мефаҳмонад.

25. Роҳбари рисолаи хатм вазифадор аст:

- моҳияти мавзӯи рисолаи хатмро ба донишҷӯён фаҳмонад;

- дар таҳияи нақшаи кор ба донишҷӯ кӯмак расонад;

- адабиёти илмиро ба донишҷӯ тавсия кунад:

- ба амали рӯбардоркунии шогирд роҳ надиҳад;

- бо донишҷӯ роҷеъ ба ҳаҷми кор, мазмуну мундариҷа, ороиш, талаботҳои меъёрӣ ва техникӣ, мӯҳлати таҳияи кор машварат гузаронад;

- корро бо ҳимоя тавсия диҳад, ё ин ки барои ислоҳи нуқсонҳо баргардонад;

- хулосаҳои худро дар шакли тақриз доир ба пурра иҷро шудани рисола пешниҳод намояд;

- дар масъалаи омода намудани матни маърӯзаи донишҷӯ зимни дифои рисола маслиҳатҳо диҳад;

- дар раванди дифои рисолаи хатм иштирок намояд.

26. Талаботҳои дар боло зикрёфта самти фаъолияти роҳбарро дар рафти таҳияи рисолаҳои хатми донишҷӯ муайян менамояд.

5. Вазифа ва уҳдадориҳои донишҷӯ зимни навиштани

рисолаи хатм

27. Мутобиқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақшаҳои таълимии ихтисосҳо дар зинаи бакалавриат ва мутахассис бояд рисолаи хатм таҳия ва дифоъ карда шавад. Донишҷӯи хатмкунандаи муассисаи таълимӣ вазифадор аст, то охири моҳи сентябр мавзӯъ ва роҳбари рисолаи хатми худро интихоб намояд. Аризаҳои донишҷӯён дар маҷлиси кафедраи тахассусӣ баррасӣ шуда, дар ин бора қарор ва протоколи кафедра дар бораи вобаста намудани мавзӯи рисола ва таъин намудани роҳбар дар доираи он протокол тасдиқ карда мешавад. Дар асоси қарори Шӯрои олимони факултет фармоиши ректори муассисаи таълимӣ дар бораи тасдиқи мавзӯъҳо ва таъини роҳбарони рисолаи хатм ба тасвиб расонида мешавад.

28. Агар донишҷӯ хоҳиши иваз намудани мавзӯъ ё роҳбарро дошта бошад, вазифадор аст, ки танҳо дар асоси санадҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳа масъалаи баамаломадаро бартараф созад.

29. Мӯҳлати ворид намудани чунин тағйирот дар доираи 10 – рӯзи баъд аз тасдиқшавии мавзӯъ ва таъини роҳбари рисолаи хатм ва 10 – рӯз аз вақти пешниҳод шудани ариза ба ҳисоб гирифта мешавад. Ба донишҷӯ танҳо як маротиба ҳуқуқи такроран иваз намудани мавзӯъ ва роҳбар дода мешавад. Дар ҳолатҳои фавқуллода мудири кафедра метавонад ба ҷои роҳбари рисолаи хатми донишҷӯ муваққатан ё то анҷоми рисола роҳбари дигарро таъин намояд. Доир ба ин масъала санад ва қарори кафедра ҳамчун асос хизмат мекунад.

30. Бо тасдиқ гардидани мавзӯъ ва таъин шудани роҳбари рисолаи хатм донишҷӯ вазифадор аст, ки:

- реҷаи кори худро бо роҳбар мувофиқа намояд;

- нақшаи кории таҳияи рисоларо якҷоя бо роҳбар тартиб дода, иҷрои онро дар мӯҳлатҳои таъиншуда таъмин созад;

- зимни навиштани рисолаи хатм талаботи бобҳо, фаслу параграфҳои онро риоя намояд;

- оид ба корҳои ба анҷомрасонида ва саҳеҳияти маълумот ба роҳбар мунтазам ҳисобот манзур намояд;

- матни рисоларо мустақилона ва эҷодкорона дар заминаи риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ таҳия намояд;

- талаботи техникии нигориши матни рисола, талабот ба ҳаҷми кор, ороишу ҷобаҷогузории бобу фаслҳо ва дигар рукнҳои кори дипломиро ҷиддӣ риоя кунад;

- адабиёти илмӣ, таълимӣ ва методии марбут ба корро мутолиа намуда, фикрҳои асосии муаллифонро барои тақвияти нуқтаи назари худ иқтибос оварда, бо ақидаи дигар муаллифон оқилона муқоиса намояд;

- мустақилона мавод ҷамъоварӣ карда, онро таснифу таҳлил кунад;

- этикаи таҳия ва ҷобаҷогузории адабиётро тибқи алифбо ва меъёрҳои пунктуатсионӣ риоя кунад;

- аз назария ва амалияи қоидаҳои иқтибосоварӣ ва иқтибосгирӣ бохабар бошад;

- методҳои асосии илмии фанро хуб аз бар карда, дар рафти таҳияи рисолаи хатм истифода барад;

- дар ҷараёни навиштани рисолаи хатм ба зуҳуроти рӯбардоркунӣ роҳ надиҳад;

- сомонаи маводҳои илмию методии интернетиро дар кор ва рӯйхати адабиёт нишон диҳад;

- корро дар мӯҳлати муқарраргардида ба роҳбари рисолаи хатм пешниҳод намояд;

- тавсияҳои роҳбарро барои беҳтар гардидани сифати рисола, риояи талаботи техникӣ, ороиш, ҳаҷм, мазмун ва мундариҷа, истифодаи методҳои омӯзиш, усули навишти муқаддима, хулоса ва феҳристи адабиёт ба инобат гирад;

- нусхаҳои рисолаи тахассусии хатмро пас аз таҳрири роҳбари рисолаи хатм дар мӯҳлати муқарраргардида ба мудири кафедра барои пешдифоъ ва ё роҳ додан ба ҳимоя пешниҳод намояд;

- барои манзури кор ба дифоъ матни мухтасари маърӯзаро дар бобати аҳамияти илмӣ ва амалии мавзӯъ, сохтори рисола, моҳияти бобу фаслҳои он таҳия созад;

- ба саволҳои аъзои Комиссияи аттестатсияи хатм пурраву саҳеҳ бо назардошти риояи меъёрҳои забони адабӣҷавоб диҳад;

- этикаи муоширатро дар ҷараёни ҳамкориҳо бо роҳбари рисолаи хатм, мудири кафедра ва зимни супоридани имтиҳони давлатӣ риоя намояд.

- шакли электронии рисоларо ба китобхона супорид;

6.Вазифаи мудири кафедра дар раванди корҳои ташкилӣ, таҳия, дифоъ ва ҳимояи рисолаи хатм

31. Роҳбарӣ ба корҳои илмии донишҷӯён яке аз вазифаҳои мудири кафедра маҳсуб меёбад. Назорат аз болои рафти таҳияи рисолаи хатмро низ мудири кафедра бар дӯш дорад.

32. Мудири кафедра то иҷрои рисолаи хатм вазифадор аст:

- номгӯи мавзӯъҳои рисолаи хатмро то 20-уми сентябр дар ҷаласаи кафедра муҳокима ва тасдиқ намояд ;

- мавзӯъҳоро ба муҳокимаи Шӯрои олимони факултет то 25 сентябр пешниҳод намояд;

- тибқи аризаи донишҷӯён ба онҳо роҳбарони рисолаи хатмро аз ҷумлаи устодони соҳибунвон ва ботаҷриба таъин намояд;

- номгӯи мавзӯъҳои рисолаи хатмро бо мақсади пешгирӣ аз зуҳуроти такрорёбӣ дар сомонаи қисми илмии муассисаи таълимӣҷойгир кунад;

- нақшаи кории якҷояи роҳбарони рисолаи хатм ва рисоланависонро дар маҷлиси кафедра тасдиқ намуда, рафти иҷрои онро назорат кунад;

- нусхаи аввали рисолаи хатмро як моҳқабл аз мӯҳлати дифоъ дар ҷаласаи кафедра баррасӣ намуда, сифати кор, хулосаҳои роҳбари рисолаи хатм ва тақризҳоро дида баромада, онро барои ҳимоя иҷозат диҳад ва ё барои ислоҳи нуқсонҳо ба мӯҳлати то як ҳафта баргардонад;

- рӯзи дифои рисола дар муҳокимаи он ширкат намуда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои рисолаи хатм нақшаи чорабиниҳо таҳия намояд;

- оид ба таҳияи санад ҷиҳати ба бойгонии муассисаи таълимӣ супоридани рисолаҳои хатм тадбирҳо андешад;

- бо роҳбарони рисолаи хатм ва рисоланависон мунтазам сӯҳбат доир намуда, моҳияти ҳуҷҷатҳои меъёрӣ- ҳуқуқии соҳаро ба онҳо шарҳ диҳад.

33. Рисолаи хатм сифатан, ҳаҷман ва аз лиҳози техникиву ороишӣ бояд ба талабот ҷавобгӯ бошад.

7. Марҳалаҳои асосии таҳияи рисолаи хатм

34. Хатмкунанда бо супориши роҳбари рисолаи хатм бояд нақшаи тақвимии таҳияи рисолаи худро оид ба мавзӯи интихобшуда омода карда, вобаста ба марҳалаҳо мӯҳлати иҷрои корҳои заруриро дар таҳияи рисола дар он дарҷ намояд.

35. Намунаи нақшаи тақвимии таҳияи рисолаи хатм (Ҷадвали 1):

Ҷадвали 1

Номи бахш, боб ва фасл

Мӯҳлати пешниҳоди варианти аввал

Мӯҳлати пешниҳоди варианти хотимавӣ

Хулосаи роҳбари рисолаи хатм оид ба вазъи кор

 

Муқаддима

     

1

Боби якум

     

2

Боби дуюм

     

3

Боби сеюм

     
 

Хулоса

     
 

Феҳристи адабиёт

     

36. Дар нақшаи тақвимӣ бояд тамоми давраҳои иҷрои корҳои вобаста ба таҳияи рисолаи хатм аз оғоз то ба анҷом нишон дода шавад.

37. Нақшаи мазкур аввали моҳи октябр пас аз тасдиқ шудани мавзӯъ ва роҳбари рисолаи хатм тартиб дода шуда, аз тарафи мудири кафедра тасдиқ мешавад ва мавриди иҷро қарор мегирад.

38. Мутобиқи талаботи нақша донишҷӯ вазифадор аст, ки охири ҳар моҳ доир ба ҳаҷми корҳои басомонрасида ба роҳбари рисолаи хатм маълумот манзур намояд.

39. Рисолаи хатм бояд дар марҳалаҳои зерин таҳия карда шавад:

 

Марҳалаҳо

Мундариҷаи корҳо

Мӯҳлати иҷро

1

Марҳали якум

1.Интихоби мавзӯъ

2.Муайян кардани методҳои омӯзиши кори илмӣ

3.Таҳияи нақшаи кор ва сохтори он

Сентябр

Октябр

2.

Марҳали дуюм

1.Ҷустуҷӯи маводи кор

2.Таснифи мавод аз рӯи мавзӯъ ва маъно

3.Интихоби методҳо ва усулҳои омӯзиши кори илмӣ

Ноябр

3

Марҳалаи сеюм

1.Мутолиаи адабиёти назариявӣ ва конспекти онҳо.

2.Иқтибос гирифтан аз асарҳои мутолиашуда

3.Навиштани муқаддима

4.Таҳияи ҳисобот доир ба корҳои иҷрошуда

Декабр

4

Марҳалаи чорум

1.Навиштани ҳисобот оид ба сохтори рисола ва ҳаҷми иҷрои корҳо

2.Навиштани ҳисобот оид ба натиҷаи корҳои иҷрошуда

1. Навиштани матни боби 1

2.Навиштани матни боби 2

3.Аз ҷиҳати техникӣ дуруст таҳия намудани матни хулоса ва феҳристи адабиёт. 4.Ҳисобот доир ба рафти таҳияи рисолаи хатм

Январ - Феврал

5

Марҳалаи панҷум

1.Ба роҳбари рисолаи хатм пешниҳод намудани намунаи аввали рисолаи хатм ва гирифтани тақризи роҳбар

2.Ба мудири кафедра пешниҳод намудани намунаи хотимавии кор

3.Ба инобат гирифтан ва даровардани таҳриру ислоҳот ба кор

4.Ҳисобот оид ба корҳои иҷрошуда

То 10 март

то 25 март

То 01.04

6.

Марҳалаи шашум

1.Барои гирифтани тақризи беруна пешниҳод намудани кор.

2. Аз тарафи мудири кафедра тибқи қарори ҷаласаи кафедра ба дифоъ роҳ дода шудани муаллифи рисола

3.Омода намудани матни маърӯза ҷиҳати дифои кор

Апрел

7

Марҳалаи ҳафтум

Ҳимояи рисолаи хатм дар ҳузури КАХ

Аз рӯи нақшаи таълимӣ

40. Байни ҳар як марҳалаи кори илмӣ робитаи зич мавҷуд буда, фатҳи марҳалаҳо аз донишҷӯҳисси баланди масъулиятшиносиро тақозо менамояд.

41. Ҳар як зина идомаи мантиқии зинаи пешина мебошад. Аз мундариҷаи корҳо бармеояд, ки ҳиссаи асосӣ ва аксари иҷрои супоришот бевосита ба зиммаи муаллиф қарор дошта, роҳбари рисолаи хатм ба ҳайси маслиҳатчӣ дар таҳияи кор саҳм мегирад. Мудири кафедра бошад, вазифаи нозириро ба ӯҳда дошта, аз болои рафти иҷрои нақша ва иҷроиши марҳалаҳои зикрёфта назорат мебарад.

8. Усулҳои кор бо адабиёти илмӣ, иқтибосгирию

иқтибосоварӣ ва ҷамъоварии мавод

42. Интихоби адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ барои донишҷӯи рисоланавис бо тавсияи роҳбари рисолаи хатм баъд аз тасдиқи мавзӯъ ва устоди роҳнамо оғоз меёбад. Адабиёти илмӣ бояд ба мавзӯъ мутобиқат намуда, дар он аз рӯи хронология афкори муҳаққиқон мавриди баррасӣ ва таҳлилу муқоиса қарор гирад. Дар ин самт роҳбари рисолаи хатм вазифадор аст, ки ба рӯйхати адабиёт ҳамчунин номгӯи осори илмӣ, таълимию методии ба тозагӣ нашргардида ва маводҳои илмию методии интернетиро тавсия намояд.

43. Донишҷӯ вазифадор аст, ки дар ин марҳалаи фаъолияти худ усули кор бо феҳрастро истифода бурда, бештарини вақти холии худро дар сари мизи қироатхонаву китобхонаҳои шаҳр ва муассисаи таълимӣ гузаронад.

44. Зимни мутолиа рисоланавис бояд афкори барҷастаи муаллифону муҳаққиқони соҳаро дар варақчаҳои андозаи 15см х 7,5 см бо гузоштани рақами тартибӣ, овардани матни начандон калонҳаҷми иборат аз 1 ё 2-3 ҷумлаи хурд бо нишон додани манбаи истифодашуда, дарҷ намудани ному насаби муаллиф, номи асар, макони нашр, номи матбаа, соли нашр ва саҳифаи китоб бо мақсади тақвияти андешаҳои худ ва ё тасдиқу инкори мулоҳизаи муҳаққиқон сабт намояд. Ҳамин амалро донишҷӯ метавонад тариқи компютер низ ба анҷом расонад.

45. Рисолаи хатми хатмкунанда аз барномаи антиплагиат ҳатман гузаронида шавад.

9. Талабот ба ҳаҷми рисолаи хатм

46. Масъалаи муайян кардани ҳаҷми рисолаи хатми донишҷӯён аз он ҷиҳат яке аз рукнҳои муҳими фаъолияти ӯ дар таҳияи рисолаи хатм маҳсуб меёбад, ки ҳаҷми васеи кор ифодагари ҷаҳонбинӣ, сатҳи баланди тахайюлот, фикри амиқу саҳеҳ доштан, дар хат дуруст ифода карда тавонистани матлаб мебошад.

47. Вобаста ба хусусиятҳои равиявии ихтисосҳои муассисаи таълимӣ ду навъи ҳаҷми рисолаи хатм муқаррар шудааст:

- ҳаҷми кори рисолаи хатм барои ихтисосҳои равияи гуманитарӣ- ҷамъиятӣ;

- ҳаҷми рисолаи хатм барои ихтисосҳои равияи табиӣ-риёзӣ.

48. Барои ихтисосҳои равияи гуманитарӣ-ҷамъиятӣ рисолаи хатм на камтар аз 50 саҳифаи чопии электрониро бидуни шумораи саҳифаҳои замимаҳои ба кор иловашуда бояд ташкил диҳад.

49. Барои ихтисосҳои равияи табиӣ-риёзӣ бошад, рисолаи хатм на камтар аз 40 саҳифаи чопии электрониро бидуни замимаҳо ташкил диҳад.

50. Аз рӯи ихтисосҳои равияи гуманитарӣ - ҷамъиятӣ рисолаи хатм дар доираи аз 50 то 70 саҳифаи чопии электронӣ ва барои ихтисосҳои равияи табиӣ-риёзӣ дар ҳудуди аз 40 то 60 саҳифаи чопии электронӣ муқаррар шудааст.

51. Риоя накардани муқаррароти мазкур боиси паст гардидани баҳои хатмкунандагон ва аз нав баргардонидани кор мешавад. Аз ин хотир, риояи ин талабот ҳатмӣ мебошад.

52. Ҳаҷми кори илмии донишҷӯ вобаста ба таркиби сохтории он аз муқаддима, се боб (ҳадди ақал аз ду боб), хулоса, феҳристи адабиёт иборат мебошад. Мавҷудияти замимаҳо ба ҳаҷми кор таъсир намерасонанд.

10. Талабот ба ороиш ва нигориши техникии рисолаи хатм

53. Рисолаи хатме, ки ба талаботи меъёрҳои техникӣҷавобгӯ нест, мудири кафедра ва устоди роҳнамо вазифадоранд, ки онро барои ба тартиб даровардан ба донишҷӯ баргардонанд.

54. Зимни таҳияи рисола донишҷӯ бояд ба ҷиҳатҳои зерин эътибор диҳад:

- рисолаи хатм дар шакли чопӣ бо назардошти риояи қоидаҳои техникии таҳиясозии корҳои илмӣ, ки стандартҳои давлатӣ муайян намудаанд, дар варақи сафеди андоза ва шакли А- 4 бояд навишта шавад;

- кор бо шрифти 14 TimesnewRomanTJ ва фосилаи 1,5якунимкаратаи байни сатрҳо бояд иншо шавад;

- андозаи майдони ҷойгиркунии матнҳо ба тариқи зайл зарур аст:

  • майдони холӣ аз тарафи чап -30мм (3см);
  • майдони холӣ аз тарафи рост -10мм (1см);
  • майдони холӣ аз боло -20мм (2см);
  • майдони холӣ аз поён-20мм (2см).
  • номи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон - бо шрифти 16, ранги нимсиёҳ;
  • номи муассисаи таълимӣ бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ;
  • номи мавзӯи рисолаи хатм - бо шрифти 20, ранги нимсиёҳ;
  • номи факултет- бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ;
  • номи ихтисос ва кафедра бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ;
  • ному насаби муаллифи рисолаи хатм пурра дарҷ меёбад (шрифти 14);
  • ному насаби роҳбари рисолаи хатм пурра зикр карда мешавад (шрифти 14);

- рисолаи хатм камаш 10 рӯз қабл аз дифоъ дар шакли китоб муқовабандӣ шуда, бояд ба мудири кафедра супорида шавад;

- рисолаи хатм бо варақи унвон (титул) сар мешавад, ки дар он:

55. Навиштаҷоти зерин бояд дар саҳифаи пас аз варақаи унвон (титул) сабт ёбад:

-рисолаи хатм оғоз шуд: аз «___»___ с 20_____

- ба ҳимоя роҳ дода шуд: аз «___»___ с 20____

Имзои мудири кафедра _____________

Имзои роҳбари рисолаи хатм ________________

Имзои донишҷӯ_____________________

Ҳамаи он бо шрифти 14 навишта мешавад.

- макон ва замони иҷрои кор дар шакли зерин дарҷ карда мешавад:

Душанбе – 20___- бо шрифти 14, ранги нимсиёҳ

56. Дар саҳифаи минбаъдаи рисола мундариҷа ҷойгир карда мешавад, ки дар он номгӯи номи бахшу бобҳо, фаслу мавзӯъҳо ва замимаҳо бо нишон додани саҳифаҳо дарҷ меёбанд. Номи бахшу бобҳо ва фаслу мазӯъҳо (сарлавҳаҳо) дар дохили матн бо ранги нимсиёҳ ва шрифти 16 навишта мешавад. Сарлавҳаҳо бояд дақиқан бо мундариҷаи кор мувофиқат кунанд, мухтасару аниқ, пайдарҳаму дақиқ масоили мантиқии рисоларо инъикос намоянд. Ҳамаи варақу саҳифаҳои кор аз муқаддима сар карда, то охири рисола рақамгузорӣ карда мешаванд. Рақамгузорӣ ба саҳифаҳои феҳристи адабиёт ва замимаҳо низ тааллуқ дорад.

57. Донишҷӯ дар ҷараёни таҳияи кор бобҳои онро бо рақамҳои римӣ ё кириллӣ метавонад рақамгузорӣ намояд, фаслҳо ва мавзӯъҳоро дар шакли зерин рақамгузорӣ кардан лозим аст:

-пеш аз номи бобҳо бо рақамҳои римӣ ва ё кириллӣ : l.II. III. ё 1.2.3.

-пеш аз номи фаслҳо бо рақамҳои римӣ ва ё кириллӣ: I.1; II 1. ё 1.1.; 2.1.

- пеш аз номи мавзӯъ ё параграфҳо: I.1.1; II . 1.2; III. 2.1. ё 1.1.1. 2.1.2. 3.2.1.

58. Бо тағйир ёфтани мавзӯи матн тибқи талаботи меъёрҳои муқаррар- намудаи «Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ » сархат гузошта мешавад.

59. Истифодаи ҷадвалҳо, расму диаграммаҳо дар матни кор иҷозат дода мешавад. Миқдори чунин воситаҳо дар матн вобаста ба мазмуни он ҷойгир карда шуда, ба ҳадде иҷозат дода мешавад, ки барои баёни возеҳу мухтасари мазмуни матн ҳидоят кунад. Ҷадвалу расмҳо низ бояд рақамгузорӣ карда шаванд. Чунон ки «Расми 1», «Расми 2» «Ҷадвали 1» «Ҷадвали 2» ва ғайра.

60.Ҷадвалу расмҳо метавонанд ранга ва ё муқаррарӣ бошанд.

61. Матнҳои иқтибосшудаи дар кор айнан истифодашударо дар дохили нохунак гирифтан шарт мебошад. Матнҳои иқтибосиро дар варақ тариқи рақамгузорӣҷой додан мумкин аст.

62. Феҳристи адабиётро тибқи тартиби алифбо таҳия намуда, пай дар пай рақамгузории адабиёт шарт мебошад.

63. Замимаҳо дар охири кор берун аз қисмҳои асосӣҷойгир карда мешаванд. Рақамгузории замимаҳо дар шакли «Замимаи №1» ё «Замимаи №2» сурат мегирад.

64. Саҳифабандии варақҳо бо гузоштани рақамҳо: 1, 2,3,4….. анҷом меёбад. Рақами саҳифа дар поён ва мобайни варақ гузошта мешавад.

65. Назорати иҷрои риояи талаботҳои техникию ороиши рисолаи хатми донишҷӯ ба зиммаи роҳбари рисолаи хатм ва мудири кафедра вогузор мегардад.

11. Сохтори рисолаи хатм

66. Рисолаи хатм аз муқаддима, қисми асосӣ, хулоса ва феҳристи адабиёт иборат мебошад.

67.Бо масъалаи мазкур роҳбари рисолаи хатми донишҷӯро зимни таҳияи нақшаи рисолаи хатм ошно месозад.

68. Ҳар як қисми сохтор аз донишҷӯ мустақилона иҷро намудани масъаларо талаб менамояд. Ин бахшҳои сохтории кори илмии донишҷӯ дар навбати худ ҳадаф ва мақсадҳои муайян доранд.

69. Қисми асосии рисола метавонад аз якчанд боб иборат бошад. Дар навбати худ бобҳо метавонанд аз фаслҳо ва зерфаслҳо иборат бошанд.

70. Ҳар як боб муқаддима ва хулосаи мухтасари худро бояд дошта бошад.

71. Феҳристи адабиёти истифодашуда ба чор бахш ҷудо мешавад:

  • Қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
  • Адабиёти илмӣ
  • Адабиёти бадеӣ
  • Адабиёти иловагӣ

72. Рисоланависон вазифадоранд, ки ҳангоми омӯзиши адабиёт аз рӯи як қатор сарчашмаҳо бояд конспекти муфассал таҳия намоянд.

73. Дар рисолаи хатм истифодаи маводҳои ҳисоботи хизматӣ, маълумотҳои оморӣ агар интишор шуда бошад, ё санади тасдиқшуда дошта бошанд, истифодаи онҳо иҷозат дода мешавад.

12. Талабот ба навиштани муқаддима

74. Муқаддима. Ин бахши рисолаи хатм дар заминаи мазмун ва мундариҷаи бобу фаслҳои асосии кор навишта мешавад ва он бештар хусусияти назариявӣ дорад.

75.Ҷузъҳои таркибии муқаддима иборат аст аз:

а) Гузориши масъала. Муаллиф дар ин бахш таъкид мекунад, ки мавзӯи мавриди назар пурра ё қисман аз ягон ҷиҳат омӯхта нашудааст, бинобар ин, ба омӯзиши он зарурат ҷой дорад.

б) Муҳимияти мавзӯи кори илмӣ. Дар ин ҷузъ рисоланавис аҳамияти илмӣ-амалии натиҷаи кори илмиро қайд мекунад. Ба рисоланавис имконият дода мешавад: агар рисола хусусияти техникӣ, технологӣ ва иқтисодиро молик бошад, аз ҳисоби ҷорӣ намудани он корхона ё муассиса метавонад фоида ба даст оварад, ки ин ҷиҳатро низ зикр кардан шарт мебошад. Баръакс, агар кор хусусияти гуманитарӣ-иҷтимоӣ дошта бошад, натиҷаҳои он бояд аз ягон ҷиҳат ба беҳдошти ҳаёти маънавии одамон мусоидат кунад.

в) Мақсад ва ҳадафҳои пажӯҳиш. Муаллиф дар ин қисмати муқаддима исбот мекунад, ки ҳалли мавзӯъ аз ягон ҷиҳат ба кушодани гиреҳҳои сарбастаи мушкилоти ҷомеа (дар бахши иқтисодӣ, техникӣ, технологӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва маънавӣ) мусоидат менамояд. Агар домани мавзӯъ фаррох бошад, муаллиф ҳалли ягон паҳлӯи онро ҳамчун ҳадафи омӯзиш қарор медиҳад.

г) Навгониҳо. Дар ин ҷузъ доир ба умумияти мавзӯи омӯзиш бо мавзӯъҳои илмии ба он монанд (аналогӣ) сухан ронда, ҳамзамон афзалияти мавзӯи пажӯҳишро дар натиҷаи ҷорӣ намудани навгониҳои назариявӣ, амалӣ ва таҷрибавӣ зикр мекунад. Навгониҳо аҳамияти илмӣ ва арзиши амалии корро боз ҳам баландтар менамоянд.

ғ) Дараҷаи омӯхта шудани мавзӯъ. Яке аз қисматҳои муҳим ва ҳаҷман калони муқаддима дараҷаи омӯхта шудани мавзӯъ маҳсуб меёбад. Дар он рисоланавис пиромуни масъалаи мавзӯъ, ки аз тарафи муҳаққиқони дигар аз ин ё он ҷиҳат омӯхта шудааст, маълумот медиҳад. Гузориши муаллиф дар ин бахш ба хусусияти хронологӣ, таҳлилӣ ва муқоисавӣ бояд молик бошад.

д) Методҳои омӯзиши кори илмӣ. Дар ин қисми муқаддима донишҷӯ аз методҳои объективӣ ва субъективии омӯзиши кори илмӣ вобаста ба фанне, ки аз он пажӯҳиш бурда мешавад, зимни баррасии масъала ба таври мухтасар ёдовар мешавад. Масалан, аз методҳои тасвирӣ, муқоисавӣ, таърихӣ, таҷрибавӣ ва амсоли инҳо истифода бурда метавонад.

е) Сохтори рисолаи хатм. Муаллиф оид ба ҳар як бахши рисола фишурдаи маълумот ва масъалаҳои дар кор баррасишударо ба таври мухтасар баён мекунад.

76. Ҳаҷми умумии муқаддима бо ҷузъҳои таркибии он

барои ихтисосҳои равияи гуманитарӣ-ҷамъиятӣ:

- дар ҳаҷми то 6 саҳифа;

барои ихтисосҳои равияи табиӣ-риёзӣ:

- дар ҳаҷми то 4 саҳифа.

13. Талабот ба мундариҷаи бобҳо ва фаслҳои рисолаи хатм

77. Рисолаи хатм бояд аз ду боб кам набошад.

78. Бобҳои рисола таърихи омӯзиши масъала ва вазъи кунунии он, таҳлили адабиёти илмии алоқаманд ба проблемаи мавриди омӯзиш, нишон додани андешаҳои мухталиф ва асоснокии мавқеи муаллифи рисола, таҳлил ва таснифоти маводи ҷолибро дар заминаи методҳои омӯзиш фаро гирад.

79.Дар рисолаи хатм, ки хусусияти таҷрибавию амалӣ ва ё тамоили методӣ доранд, овардани бобе, ки дар он ҷараён ва натиҷаҳои таҷрибаи гузаронидашуда инъикос ёфтааст, бояд дарҷ ёбад.

14. Усули таҳияи хулосаи рисолаи хатм

80. Хулосаи рисолаи хатм хусусияти ҷамъбасткунӣ дошта, муаллиф бевосита масъалаҳоеро, ки аз ҷониби худи ӯ матраҳ шудаанд ва дар сатҳи зарурӣ ба ҳалли онҳо муваффақ шудааст, то кадом андоза иҷро шудани онҳоро баён мекунад.

81. Сабабҳои пурра ба сомон нарасидани баъзе проблемаҳои корро маҳз дар хулоса арзёбӣ менамояд.

82. Дурнамои омӯзиши пурраи мавзӯъ ва татбиқи он дар амалия дар ин бахши рисола баррасӣ мегардад.

15. Тарзи таҳияи феҳристи адабиёт

83. Феҳристи адабиёт пас аз анҷоми бахшҳои асосии кор ҷойгир карда мешавад. Теъдоди саҳифаҳои ин бахш ба ҳаҷми умумии кор дохил намешаванд.

84. Рисоланавис адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва дигар сарчашмаҳоро аз рӯи тартиби алифбо ба низом медарорад.

85. Дар таҳияи феҳристи адабиёт ба инобат гирифтани талабот ва шароити зерин ҳатмӣ мебошад:

- рақами тартибии адабиёти истифодашуда риоя гардад;

- насаби муаллиф пурра, вале аз номи ӯ танҳо ҳарфи аввал бо гузоштани нуқта қабл аз ҳама дар феҳрист ҷой дода мешавад;

- номи асар пурра ва бе тағйирот нишон дода мешавад;

- пас аз он ҷои нашр, номи нашриёт ва соли ба табъ расидани асар оварда мешавад;

- дар охир теъдоди саҳифаҳои китобро ҷой додан лозим аст;

- агар мақолаи илмӣ ё методӣ дар таркиби маҷмӯаи мақолаҳо қарор дошта бошад, аввал аломати // гузошта шуда, номи маҷмӯа ва номи мақола пурра бо назардошти риояи тартиби дар боло зикрёфта дарҷ мегардад;

- пас аз насаб ва номи муаллиф, номи асар аломати нуқта (.), пеш аз ҷои нашр аломати тире (-), вале пас аз он аломати дунуқта (:) мегузоранд ва баъд аз он номи нашриёт ҷой дода мешавад. Баъд аз номи нашриёт аломати вергул (,) соли нашри асар нишон дода мешавад. Минбаъд нуқта (.) ва бо гузоштани тире (-) миқдори саҳифаҳои китоб дарҷ гардида амали феҳристнигорӣ ба анҷом мерасад.

16. Тақриз ба рисолаи хатм

86. Қабл аз таъин намудани муқарризи дохилӣ ва берунӣ мудири кафедра бо хулоса ва мулоҳизаҳои роҳбари рисолаи хатм ошно мешавад. Агар назари роҳбари рисолаи хатм ба сифати иҷрои рисола мусбат бошад, он гоҳ корро барои тақриз додан ба мутахассисони дохилӣ ва берунӣ тавсия медиҳад. Баръакс, агар андешаҳои роҳбар ҷиҳати таҳияи рисолаи хатм аз лиҳози сифат, риояи талаботи техникӣ, ҳаҷм, қолаби илмӣ ва амалии омӯзиши мавзӯъ манфӣ арзёбӣ шуда бошад, ё худ кор таҳрирталаб бошад, он барои таҳияи тақриз пешниҳод намешавад. Дар ин гуна ҳолатҳо рисола ҷиҳати бозбинӣ ва ислоҳи нуқсонҳо ба муаллиф баргардонида мешавад.

87. Муаллиф вазифадор аст, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи мудири кафедра (на дертар аз 5 рӯз) ба мазмуни рисола тағйироту иловаҳо ворид намояд, талаботи техникиро пурра риоя намояд, дар акси ҳол рисола ба ҳимоя тавсия дода намешавад.

88. Агар рисола ба тақриз зарурат дошта бошад, онгоҳ дар маҷлиси кафедраи тахассусӣҳайати муқарризон тасдиқ карда мешавад. Тақризро ба рисола омӯзгороне, ки дар таҳияи он ширкат надоштанд ва мутахассисони беруна менависанд. Агар рисола дар доираи фанҳои мухталиф таълиф шуда бошад, дар он сурат таъин намудани ду нафар муқарриз дар ҳаҷми соатҳои барои тақризи рисола пешбинишуда тавсия мешавад.

89. Вазифаҳои муқарриз аз шиносоии ҳамаҷониба бо муҳтавои рисола ва навиштани тақризи объективонаи асоснок иборат аст, ки дар он бояд матолиби зерин дарҷ гардад:

- мувофиқати рисола ба мавзӯи интихобшуда;

- муҳимияти мавзӯъ ва омӯзиш;

- дараҷаи асоснокии хулосаҳои илмӣ, тавсияҳо, саҳеҳии далелҳо, навоварӣ ва аҳамияти илмию амалии онҳо;

- саводи умумӣ, сифати навиштани матнҳо ва тартиб додани ҷадвалҳо, мутобиқати онҳо бо стандартҳои амалкунанда;

- муваффақият ва камбудиҳои рисола.

90. Дар тақриз бояд насаб, ном ва номи падари муқарриз, унвони илмӣ ва дараҷаи илмӣ, вазифа ва имзои ӯ пурра ва саҳеҳ дарҷ ёбад.

91. Тақриз ба кафедраи тахассусӣ на дертар аз як ҳафта то рӯзи ҳимоя бояд пешниҳод карда шавад.

92. Пас аз навиштани тақриз ба рисолаи хатм ворид намудани тағйирот қатъиян манъ мебошад.

93 Дар баробари манфӣ арзёбӣ гардидани рисолаи хатм аз ҷониби муқарриз хатмкунанда ҳуқуқи ҳимоя намудани онро аз даст намедиҳад.

17. Дифои рисолаи хатм

94. Дифоъи рисолаи хатм дар ҳузури Комиссияи аттестатсияи хатм сурат мегирад.

95. Ҳимояи рисолаҳои хатм дар ҷаласаи кушодаи Комиссияи аттестатсияи хатм бо иштироки на камтар аз 2/3 ҳиссаи ҳайати комиссияи мазкур сурат мегирад, ки дар он маърӯзаи мухтасари муаллиф, тақризи роҳбари рисолаи хатм ва муқарриз шунида мешавад.

96. Ба маърӯзаи донишҷӯ чунин талабот гузошта мешавад:

- ҳаҷми маърӯза фарогири 12-15 дақиқа зиёд набошад;

- дар маърӯза оид ба муҳимияти мавзӯъ, фишурдаи мундариҷаи бахшу бобҳои он, натиҷаҳои кори илмӣ маълумот дода шавад;

- донишҷӯ дар маърӯза бояд аҳамияти назариявию амалии корро нишон дода тавонад.

- матни маърӯза дар заминаи қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва услуби илмӣ навишта шуда бошад.

97. Барои ҳимояи рисолаи тахассусии хатми бакалавр ва мутахассис то 30 дақиқа барои 1 нафар хатмкунанда вақт муқаррар карда шудааст.

98. Рафти баргузории дифои рисолаҳо дар протоколи комиссия дарҷ мегардад, ки нусхаҳои он дар қисми таълим ва садорати факултет худи ҳамон рӯз бо сабти имзоҳои аъзои комиссия супорида мешавад.

18. Баҳодиҳӣ ба рисолаи хатм

99. Натиҷаи ҳимояи рисола дар ҷаласаи пӯшидаи Комиссияи аттестатсияи хатм пас аз анҷоми ҳимоя мавриди муҳокима қарор гирифта, бо райъдиҳии оддӣ, бо бештари овозҳои аъзои комиссия, ки бевосита дар ҷаласа ширкат доштанд, арзёбӣ мешавад.

100. Дар баҳодиҳӣ ба рисолаи донишҷӯ нақши хулосаҳои роҳбари рисолаи хатм ва муқарризи беруна муҳим ва ҳалкунанда мебошад. Баромади муаллиф, сифати маърӯзаи ӯ низ ба баҳодиҳӣ таъсири мусбат ё манфӣ расонида метавонад.

101. Комиссия зимни гузоштани баҳои ҷамъбастӣ мақолаҳои нашршудаи муаллиф, гувоҳномаи муаллифӣ (патент), тақризи кормандони соҳибтаҷрибаи соҳаи илм ва таҳсилот, ки ба мавзӯи кори илмӣ алоқамандӣ доранд, низ ба инобат мегирад.

102. Рисолаи хатм дар асоси меъёрҳои зерин баррасӣ мегардад, ки онҳо бо пешниҳоди кафедраи тахассусӣ дар Шӯрои олимони факултет тасдиқ шудааст. Пешниҳодҳо ба таври мушаххас чунин зикр ёфтаанд:

- асоснокии муҳимияти мавзӯъ;

- мувофиқати мундариҷа бо мавзӯъ;

- таҳлили пурраи масъалаҳои мавзӯъ;

- дақиқ будани сохтор ва мантиқи баёни матлаб;

- асоснокии методологии кори илмӣ;

- риояи талабот ба ҳаҷми рисолаи хатм

- таҳлили адабиёти илмии ба мавзӯъ алоқаманд;

- риояи услуби илмӣ дар матни рисола;

- риояи қоидаҳои имлои забони тоҷиқӣ дар таҳияи матни рисола;

- мувофиқати шакли рисола ба меъёрҳои мавҷудаи техникӣ ва ороиши корҳои илмӣ;

- таҳлил ва муқоисаи масъалаҳои назариявӣ;

- таҳлил ва ҷамъбасти маводи ҷамъоваришуда;

- асоснокӣ ва аниқии тавсияи хулосаю ҷамъбасткуниҳо,

- мундариҷаи хулосаҳои роҳбари рисолаи хатм;

- мундариҷаи тақризи беруна;

- сифати маърӯзаи шифоҳӣ дар ҷаласаи дифоъ;

- аниқӣ, дақиқӣ, саҳеҳӣ ва мушаххасии ҷавобҳои рисоланавис ба саволҳои гузошташуда, эродҳо ва тавсияҳое, ки нисбат ба сифати рисола аз тарафи аъзои комиссия ва муқарриз баён гардидааст.

103. Ҳимояи рисола дар низоми анъанавӣ бо гузоштани баҳоҳои «аъло», «хуб», «қаноатбахш», «ғайриқаноатбахш» ва дар низоми кредитии таҳсилот аз рӯи Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи аттестатсияи хатм баҳогузорӣ карда шуда, ҷамъбаст мегардад, ки он пас аз анҷоми ҷаласаи пӯшидаи комиссияи аттестатсияи хатм худи ҳамон рӯз бетаъхир мутобиқи тартиботи муқарраршуда аз ҷониби раиси комиссияи аттестатсияи хатм эълон карда мешавад. Натиҷаи дифои рисола дар суратҷаласаи кории комиссия дарҷ меёбад. Баҳои рисолаи хатм дар ҷамъбасти ҳимоя ба дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ гузаронида мешавад.

104. Дар асоси натиҷаи ҳимояи рисола ба донишҷӯ оид ба додани тахассус аз рӯи равия ва ихтисос ва додани ҳуҷҷати намунаи давлатӣқарор қабул карда мешавад.

105. Ба донишҷӯёне, ки рисолаи хатмро бо баҳои хубу аъло дифоъ намуда, қобилияти пешбурди фаъолияти илмиро доранд, аз ӯҳдаи навиштани рисолаҳои нисбатан мураккабтар низ баромада метавонанд, ҷиҳати идомаи таҳсил дар зинаи магистратураи муассисаи таълимӣ тавсияҳои зурурӣ дода мешавад, ки он дар суратҷаласаи фаъолияти комиссияи аттестатсияи хатм ва дар дафтарчаи имтиҳонии донишҷӯ дарҷ меёбад.

106. Ба донишҷӯёне, ки дар ҳимояи рисола баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтаанд, маълумотномаи академии дар муассисаи таълимӣ муқарраргардида дода мешавад.

107. Комиссияи аттестатсияи хатм шикоятҳои аппелятсиониро доир ба натиҷаҳои ҳимояи рисолаи хатм мавриди баррасӣқарор намедиҳад.

19. Нигоҳдорӣ ва ҳифзи рисолаҳои хатм

108. Рисолаи хатми ҳимояшуда дар бойгонии муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба муддати то 5 сол маҳфуз мемонад.

109. Мудири бойгонӣ мутобиқи санад рисолаҳои хатмро аз мудирони кафедра қабул менамояд.

110. Бо дархости омӯзгорон ва донишҷӯён рисолаи хатм барои мутолиа ба мӯҳлати муайян дода мешавад.

20. Муқаррароти хотимавӣ

111. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба меъёрҳои таҳияи рисолаи хатм бо пешниҳоди раёсати муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда мешавад.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...