НИЗОМНОМАИ озмуни «Муаллими беҳтарини сол» дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛӢ
АКАДЕМИЯ
ТАСДИҚ МЕКУНАМ
Раиси Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон. номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия
____________Шарифзода Ф.Р.
«______»______________2015с.
НИЗОМНОМАИ
озмуни «Муаллими беҳтарини сол» дар Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҷаласаи Шӯрои олимони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳокима ва барои тасдиқ пешниҳод карда шудааст.
Протоколи №3 аз 29.10.2015
Душанбе - 2015
1. Муқаррароти умумӣ
1.1. Низомномаи мазкур мақсад, тартиб, шартҳои гузаронидан, иштирок ва ҷамъбасти натиҷаҳои озмуни «Муаллими беҳтарини сол»-ро (минбаъд - озмун) дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
- Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, бо мақсади баланд бардоштани сатҳи корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ ва тарбиявии муаллимон, муайян ва қадрдонӣ намудани онҳо гузаронида мешавад.
1.3. Роҳбарӣ, ташкил ва гузаронидани озмунро комиссияи озмунӣ, ки аз ҷониби роҳбарияти Академия таъсис дода мешавад, амалӣ менамояд. Комиссияи озмун бо фармони сардори Академия ҳамасола тасдиқ карда мешавад.
- ҳсил як маротиба гузаронида мешавад.
- ҳои дохилӣ ва Академия ҷойгир ва дар рӯзномаҳои соҳавӣ ба табъ расонида мешавад.
- қидаи ҳайати прфессорону омӯзгорон дар бораи инкишофи таълимоти муосир, тағйири усул ва технологияи таълим вобаста ба пешрафт ва инкишофи ҷамъият.
- ҳорати педагогӣ, инкишофи қобилияти эҷодкории омӯзгорон, мақсаднок истифодабарии технологияҳои муосир ва фазои фарҳангию илмӣ, инкишофи усулҳои интерактивии таълим.
2. Мақсади озмун
2.3. Ворид намудани дастовардҳои навтарини илму техника ва тарғиби таҷрибаи пешқадам, истифодаи босамари навгониҳои соҳаи маориф ва илм дар раванди таълим.
- ҳиб шудан ба унвони «Муаллими беҳтарини сол» дар озмун омӯзгороне иштирок менамоянд, ки дар вазифаҳои ҳайати профессорию омӯзгории Академия фаъолият менамоянд.
- қаи корӣ, вазифа ва дараҷаи илмӣ тамоми ҳайати профессорону омӯзгорон иштирок карда метавонанд.
- ҳои озмун
- ҷоиза ва мукофот ба ғолиб
3.3. Барои иштирок дар озмун омӯзгорон ба номи сардори Академия дархост-анкета пешниҳод менамоянд (Шакли 1).
3.4. Иштирокчиёни озмун дар шуъбаи таълим номнавис шуда, руйхати онҳо ба тариқи васоити ахбори умум (сомонаи ВКД ва Академия, рӯзномаҳои «Қонун ва ҷомеа» ва «Набзи милитсия») эълон карда мешавад.
3.5. Пешниҳоди дархостҳо то даҳаи аввали моҳи октябри соли таҳсил қабул карда мешавад.
3.6. Барои гузаронидани озмун фармони сардори Академия (оид ба муҳлат ва шумораи иштирокчиён ва ҳайати комиссия) ба тавсиб мерасад.
3.7. Омӯзгороне, ки ҷазои интизомии амалкунанда доранд, дар озмун ҳуқуқи иштирок карданро надоранд.
4.1. Ғолиби озмун омӯзгоре интихоб мегардад, ки бо маҳорати баланди педагогӣ, усулҳои пешқадами таълим, истифодаи технологияҳои муосир, айёният ва фарҳанги баланди муоширати педагогӣ дарсро гузаронида, дар зеҳни курсантон ва шунавандагон мазмуни онро ҷой менамояд.
4.2. Баҳогузорӣ ба фаъолияти омӯзгор дар шакли холгузорӣ ва рейтингӣ сурат мегирад.
4.3. Холгузорӣ аз рӯи ҷадвали 10 балла ва рейтинг аз рӯи ҷамъи холҳо муайян карда мешавад.
4.4. Дар ҳолати баробар будани рейтинги омӯзгорон барои онҳо марҳилаи иловагии озмун эълон гардида, дар назди онҳо шартҳои нав гузошта мешавад.
4.5. Барои фаъолияти зерин ба омӯзгорон баҳогузорӣ карда мешавад:
- аз рӯи иҷроиши сарбории таълимӣ;
- аз натиҷаи рейтинги саводнокии гурӯҳи таълимие, ки омӯзгор бо онҳо машғулият мегузаронад.
- аз рӯи таҳлили дарси омӯзгор аз ҷониби ҳайати комиссияи озмун;
- аз рӯи натиҷаҳои корҳои таълимӣ-методӣ;
- аз рӯи натиҷаҳои пурсишҳои сотсиологӣ;
- истифодаи самараноки воситаҳои техникии таълимии муосир, дигар таҷҳизот ва айёният дар раванди таълим;
- аз рӯи симои зоҳирӣ, маданияти либоспушӣ, дигар хусусиятҳои хоси педагогӣ;
- аз рӯи иштирок дар чорабиниҳои таълимӣ, тарбиявӣ ва ғайра;
- аз рӯи ҷалби курсантон барои навиштани мақолаҳои илмӣ ва публисистӣ;
4.6. Баҳогузорӣ бо тариқи шаффоф, ба таври ошкоро, объективона ва беғаразона гузаронида мешавад;
4.7. Омӯзгороне, ки аз натиҷаҳои озмун норозӣ мебошанд, ҳуқуқ доранд аз болои комиссияи озмун ба номи сардори Академия шикояти апеллиатсионӣ пешниҳод намоянд.
4.8. Шикояти аппелтсионӣ дар муҳлати то 10 рӯзи баъди ҷамъбасти озмун баррасӣ мегардад.
ва иштирокчиёни озмун
5.1. Ғолиби озмуни «Муаллими беҳтарини сол» аз тарафи Комиссияи озмун муайян карда шуда, бо фармони сардори Академия эълон карда мешавад.
5.2. Ба ғолиб ҷоизаи «Муаллими беҳтарини сол», сертификат, мукофоти пулию молӣ ва ба иштирокчиёни фаъоли озмун сипоснома ва ифтихорномаҳои Академияи ВКД ва мукофотҳо тақдим карда мешавад. Акси ғолиби озмун дар лавҳаи фахрии «Муаллимони беҳтарини Академия» ҷойгир карда мешавад.
5.3 Супоридани ҷоиза ва мукофотба ғолиб ва иштирокчёни фаъоли озмун дар ҷамъомади тантанавии умумиакадемиявӣ бахшида ба Рӯзи дониш бо иштироки намояндагони Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илм сурат мегирад.
5.4. Ба ғолиби озмун барои ишғоли вазифаи як зина болои ҳайати профессорию омӯзгорӣ имконият дода мешавад.
6. Маблағгузории озмун.
6.1. Маблағгузории озмун аз ҳисоби суратҳисоби махсуси Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
6.2. Маблағи мукофтоти пулӣ барои ғолиби озмун ҳамасола бо Қарори Шӯрои олимони Академия ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
ШУЪБАИ ТАЪЛИМ