Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

gerb

ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Ф А Р М О И Ш

«25» апрели соли 2019       ш.Душанбе                        №271 б/з

«Дар бораи тасдиқ намудани Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Бо мақсади ба тартиб овардани санадҳои меъёрию ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» аз 30 майи соли 2017, №1414, «Дар бораи маориф» аз 22 июли соли 2013, №1004, «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ» аз 8 декабри соли 2003, №48, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 01 августи соли 2005, №264 оид ба «Низомномаи намунавӣ дар бораи муассисаҳои таълимии муассисаҳои олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи банди 12 Низомнома «Дар бораи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №592 тасдиқ гардидааст,

Ф А Р М О И Ш   М Е Д И Ҳ А М

1. Оинномаи Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Чумҳурии Ҷумҳурии Тоҷикистон риояи қатъии талаботи Оинномаро ба роҳ монад.

3. Фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2007 таҳти №745 бо замима «Дар бораи эълон намудани Оинномаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикстон» аз эътибор соқит дониста шавад.

4. Фармоиши мазкур ба ҳайати шахсии воҳидҳои дахлдори ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шавад.

                       imzo                                                                                                                


                 Замима

бо Фармоиши Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №271 бо замима аз 25 апрели соли 2019 тасдиқ карда шудааст.

ОИННОМАИ

АКАДЕМИЯИ ВАЗОРАТИ КОРҲОИ ДОХИЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

1. Муқаррароти умумӣ

  • Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии    касбии «Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (минбаъд – Академия) соли 1991 таъсис ёфта, тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-юми декабри соли 2000, № 519 аз Мактаби олии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Академия табдил дода шудааст.
  • Академия ҳамчун воҳиди сохтории Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, таҳсилоти иловагӣ, тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогиро амалӣ намуда, тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзиро ба роҳ мемонад. Дар соҳаи ҳифзи ҳуқуқ ва дигар намудҳои фаъолият тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалиро иҷро намуда, дар самти фаъолияти худ маркази таълимӣ ва илмию методӣ ба ҳисоб меравад.
  • Академия дорои муҳри мудаввар мебошад, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва номи пурраи Академия бо забонҳои давлатӣ ва русӣ тасвир ёфтааст. Инчунин, Академия дорои бланкҳо, рамзи шахсӣ ва дигар реквизитҳо мебошад.
  • Академия фаъолияти худро дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи милитсия», Оинномаи мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мемонад.
  • Муассиси Академия – Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон) мебошад.
  • Номи расмии Академия бо забонҳои давлатӣ, русӣ ва англисӣ чунин мебошад:
  • СуроғаиҳуқуқииАкадемия: 734012, ш. Душанбе, кӯчаиМ.Мастонгулов, 3. Тел.: (+992E-mail:
  • Академия шахси ҳуқуқӣ буда, дорои тавозуни мустақил аст. Академия ҳуқуқ дорад дар муассисаҳои бонкӣ ва дигари кредитӣ барои нигоҳ доштани маблағҳои пулӣ ва баҳисобгирии воситаҳое, ки аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти даромаднок ба даст меоянд, инчунин барои амалӣ сохтани ҳама гуна амалиёти ҳисобӣ, кредитӣ ва хазинавӣ суратҳисоби шахсӣ, ҷорӣ ва асъорӣ кушояд.
  • Академия барномаҳои таълимиро дар соҳаҳои зерин амалӣ месозад:
  • Академия фаъолияти таълимиро дар асоси иҷозатнома оид ба ҳуқуқи пеш бурдани фаъолияти таълимӣ бо додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи сатҳи таҳсилот ва (ё) ихтисос ба шахсони аз аттестатсияи хатм гузашта, амалӣ мегардонад.
  • Ҳадафи асосии Академия аз ташкил намудани раванди таълиму тарбияи курсантон, шунавандагон, адъюнктон, докторантон ва унвонҷуён, таъмини омодагии касбии онҳо, таъмини методии омӯзиши фанҳо, рушди илму техника ва фарҳангу маориф иборат мебошад.
  • Воҳидҳои сохтории Академияро роҳбарият, Шӯрои олимон, шуъбаҳо, факултетҳо, кафедраҳо, марказҳо, шуъбачаҳо, қисмҳо ва гурӯҳҳо ташкил менамоянд.
  • Воҳидҳои сохтории Академия шахси ҳуқуқӣ ба ҳисоб намераванд. Тибқи қарори Шӯрои олимони Академия, воҳидҳои сохтории Академия метавонанд дар асоси ваколатномаи сардори Академия қисман дорои салоҳияти шахси ҳуқуқӣ гарданд. Воҳидҳои сохтории Академия фаъолияти худро дар асоси низомномаҳое, ки аз тарафи Шӯрои олимони Академия қабул ва тасдиқ шудаанд, амалӣ месозанд.
  • Ба сохтори Академия намояндагиҳо ва дигар воҳидҳои сохторие, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудаанд, метавонанд дохил шаванд.
  • Академия ҳуқуқ дорад ба иттиҳодияҳо, ассотсиатсияҳо ва иттифоқҳо аъзо шавад. Дар назди он мумкин аст, шӯрои парасторӣ ва дигар шӯроҳо, ассотсиатсияҳо вобаста ба самтҳои гуногуни фаъолият, аз ҷумла, бо иштироки муассисаҳои беруна, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд, созмон дода шаванд.
  • Ҳайати шахсии Академия аз ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошад.
  • Ҳайати шахсии Академия захираи эҳтиётии вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, танҳо бо фармони ӯ дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва дигар чорабиниҳо ҷалб карда мешавад.
  • Академия соҳиби Парчам, Китоби фахрӣ, Лавҳаи ифтихорӣ, Лавҳаи аълочиён, рамзи шахсӣ ва нишони табъу нашр мебошад.
  • Академия муассиси маҷаллаи илмии «Осори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», рӯзномаи «Набзи милитсия» ва нашриёти Академия мебошад.
  • Оинномаи мазкур нисбат ба дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии дохилии Академия афзалият дорад.
  • Бо мақсади муқаррар кардани мувофиқати мазмун, сатҳ ва сифати омодагии хатмкардагони муассисаи олии таълимӣ ба талаботи стандартҳои давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи соҳаҳои таълим ва муайян намудани мақоми муассисаи таълимӣ дар пешбурди фаъолияти таълимӣ мутобиқи стандартҳои таҳсилоти олии касбӣ бо тартиби муқарраршуда Академия аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ мегузарад. Академия пас аз гузаштан аз аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣҳуқуқи додани ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимиро пайдо мекунад.
  • Қабул ба Академия дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ ба роҳ монда мешавад.
  • Дастурамал оид ба тартиби интихоб ва қоидаҳои қабули довталабон ба Академия аз ҷониби муассис таҳия ва тасдиқ мегардад.
  • Академия метавонад дар асоси шартномақабули шаҳрвандонро барои таҳсил барзиёд аз фармоишоти давлатӣ амалӣ гардонад.
  • Қабул намудани шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ дар асоси шартнома барои таҳсил дар Академия тибқи шартномаҳои байналмилалӣ ва тартиби муқаррарнамудаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешавад.
  • Ба курси якуми шакли таҳсили рӯзонаи Академия, аз рӯи натиҷаҳои озмоишҳои дохилшавӣ, шаҳрвандоне қабул карда мешаванд, ки дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва ё олии касбӣ бошанд.
  • Шахсони дорои таҳсилоти миёнаи махсуси касбӣ ва олӣ тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба курсҳои мувофиққабул карда мешаванд.
  • Дар давраи гузаронидани озмоишҳои дохилшавӣ бо фармони сардори Академия комиссияи қабул таъсис дода мешавад. Дар фармон ҳайат ва салоҳияти комиссия муайян карда мешавад.
  • Ҳангоми қабул ба Академия риояи ҳуқуқи шаҳрвандон ба таҳсил ва шаффофияти кори комиссияи қабул таъмин карда мешавад.
  • Дар интихоби довталабон хусусияти хосси кор дар мақомоти корҳои дохилӣ ба эътибор гирифта мешавад, ки ҳаргиз маҳдудсозии ҳуқуқи шаҳрвандон намебошад.
  • Дар Академия омодагии касбӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ ба таври шартномавӣ амалӣ карда мешавад.
  • Дар Академия барои курсантон, шунавандагон ва адъюнктони шакли таҳсили рӯзона парвандаҳои шахсӣ ва барои шакли таҳсили ғойибона парвандаҳои таълимӣ бо тартиби муқарраршуда нигоҳ дошта мешаванд.
  • Мазмуни таҳсилот дар Академия баҳри худогоҳӣ ва ташаккули шахсият дар соҳаи фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шуда, ҷиҳати инкишоф додани сатҳи дониш ва ҷаҳонбинии муосири таълимгирандагон, инчунин баланд бардоштани фарҳанги умумӣ ва касбӣ, соҳиб шудан ба ихтисос ва касби мувофиқ, таҷдиди иқтидори кадрии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ равона карда шудааст.
  • Таҳсил дар Академия аз рӯи барномаҳои давлатии таълимии таҳсилоти касбӣ дар шакли таҳсили рӯзона ва ғойибона вобаста ба ихтисосҳои пешбинигардида ба роҳ монда мешавад.
  • Барои гирифтани таҳсилоти олӣ Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунад. Вобаста ба ихтисосҳо бо дарназардошти хусусияти хосси фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар сохторҳои қудратӣ, Стандарти давлатии таълимии ихтисосҳо (самтҳо) аз ҷониби Академия дар мувофиқа бо муассис таҳия ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
  • Соли таҳсил дар Академия аз якуми сентябр оғоз гардида, ба ду семестр тақсим мешавад. Тибқи нақшаҳои таълимӣ ба курсантону шунавандагон баъди анҷоми ҳар семестр рухсатии таътилӣ дода мешавад. Дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илм ва бо фармони Вазорати корҳои дохилӣоғози соли таҳсилро ба дигар вақт, ба муҳлати на зиёда аз 2 моҳ гузаронидан мумкин аст.
  • Дар Академия ба курсантону шунавандагони шакли таҳсили рӯзона бо давомнокии на кам аз 6 ҳафта дар як сол рухсатии таътилӣ муқаррар карда мешавад.
  • Давраҳои гузаронидани сессияҳои таълимӣ-санҷишии шунавандагони шакли таҳсили ғойибона бо нақшаи кории таълимии Академия муқаррар карда мешавад.
  • Ташкили раванди таълим дар Академия аз рӯи барномаҳои давлатии таълими таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ амалӣ гардида, бо нақшаи таълимии корӣ ва ҷадвали машғулиятҳои таълимӣ барои ҳар як шакли таҳсил ба танзим дароварда мешавад. Раванди таълим бо тартиби муқарраршуда дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот, нақшаҳои намунавии таълимӣ ва барномаҳои таълимии фаннӣ ба роҳ монда мешавад.
  • Академия нақшаҳои таълимӣ, барномаҳои корӣ ва технологияи татбиқи онҳоро дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот ва талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати корҳои дохилӣ ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон мустақилона таҳия намуда, барои тасдиқ пешниҳод менамояд.
  • Барои тамоми намудҳои машғулиятҳои аудиторӣ, ғайр аз таҷрибаомӯзӣ, давомнокӣ то 50 дақиқа, танаффуси байни машғулиятҳо бошад, на кам аз 10 дақиқа муқаррар карда мешавад. Машғулиятҳои ҷуфтӣ бо давомнокии 80 дақиқа гузаронида мешаванд.
  • Корҳои таълимӣ дар Академия дар намуди лексия, семинар, машғулиятҳои амалӣ ва лабораторӣ, машғулиятҳои назоратӣ-санҷишӣ, бозиҳои гуногун, суҳбатҳои инфиродӣ, тренинг, рейтинг, машқ, конференсия, мубоҳиса, мизи мудаввар, презентатсия, машварат, гузаронидани тест, корҳои курсӣ ва санҷишӣ, таҷрибаомӯзӣ, корҳои мустақилона ва иҷрои корҳои (лоиҳаҳои) тахассусӣ ва ғайра гузаронида мешаванд. Академия шаклҳои дигари корҳои таълимиро муқаррар намуда, ба шаклҳои фаъоли таълимӣ ва технологияҳои навовари раванди инноватсионӣ афзалият медиҳад.
  • Истифодаи усулҳои таълимии зиддиинсонӣ ё барои ҳаёту саломатӣ зарарнок ва хатарнок манъ аст.
  • Таҷрибаомӯзии таълимӣ дар асоси «Дастурамал оид ба ташкил ва гузаронидани таҷрибаомӯзии курсантони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки аз тарафи муассис қабул карда шудааст, ба роҳ монда мешавад.
  • Таҷрибаомӯзии курсантон дар воҳидҳои таркибии мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар сохторҳои қудратӣ гузаронида мешавад.
  • Таҷрибаомӯзии пешаздипломӣ баҳри амиқ ва мустаҳкам намудани донишҳои назариявӣ, ҷамъоварӣ намудани маводи зарурӣ доир ба мавзӯи кори (лоиҳаи) дипломӣ ва озмудани қисми назариявии лоиҳа, дар амалия гузаронида мешавад.
  • Забони асосии таҳсилдар Академия забони давлатӣ мебошад. Таҳсил бо дигар забонҳо дар сурати ташкили гурӯҳҳои дорои теъдоди зарурии таҳсилгирандагон ва фароҳам овардани шароит оид ба фаъолияти онҳо таъмин карда мешавад.
  • Ҳаҷми сарбории таълимии ҳайати профессорону омӯзгорон барои соли таҳсил аз ҷониби кафедраҳо тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  • Барои гузаронидани машғулиятҳои таълимӣ дар Академия олимон, кормандони соҳибтаҷрибаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, намояндагони мақомоти қонунгузор ва ҳокимияти иҷроия тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб карда мешаванд.
  • Дараҷаи азхудкунии барномаҳои таҳсилоти касбӣ дар Академия бо роҳи назорати ҷорӣ, санҷишу имтиҳони фосилавӣ ва аттестатсияи хатм баҳогузорӣ карда мешавад.
  • Натиҷаи азхудкунии барномаи таълимии ҳар як фан аз ҷониби курсантону шунавандагон тибқи талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дар шакли баҳогузории ҳуруфӣ бо истифода аз ҳарфҳои А (А, А-), В (В+, В, В-), С (С+, С, С-), D (D, D-), F (Fx, F) ва анъанавӣ бо баҳои 5 (аъло), 4 (хуб), 3 (қаноатбахш) ё 2 (ғайриқаноатбахш) ифода мегардад. Супоридани санҷиш бо натиҷаи «комёб» ё «ноком» ифода карда мешавад.
  • Курсантону шунавандагоне, ки мутобиқ ба шакли баҳогузории анъанавӣ баҳои 2 (ғайриқаноатбахш) ё ноком гирифтаанд, барои такроран супоридани имтиҳон ва санҷиш ҳуқуқ доранд. Такроран супоридани имтиҳон ва санҷиш тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ҳолати аз ҷониби курсант (шунаванда) бори дуюм гирифтани баҳои 2 (ғайриқаноатбахш) ё ноком, қарори ниҳоӣ оид ба сатҳи дониши ӯ аз ҷониби комиссияе, ки онро сардори Академия ва ё муовини якуми ӯ муайян намудааст, қабул карда мешавад. Курсанте (шунавандае), ки сатҳи дониши ӯ аз тарафи комиссия бо баҳои 2 (ғайриқаноатбахш) ё ноком баҳогузорӣ шудааст, аз Академия хориҷ карда мешавад.
  • Бе сабаби узрнок ҳозир нашудани курсант ё шунаванда барои супоридани имтиҳон ва санҷиш ба баҳогузории 2 (ғайриқаноатбахш) ё ноком баробар карда мешавад.
  • Мавқуф гузоштан ва ё пеш аз муҳлат супоридани имтиҳон (санҷиш), инчунин ба курсантону шунавандагон пешниҳод намудани имконияти супоридани имтиҳон (санҷиш) аз рӯйи нақшаи инфиродӣ танҳо бо иҷозати сардори Академия бо пешниҳоди сардори факултет дар сурати мавҷуд будани сабабҳои узрнок иҷозат дода мешавад.
  • Такроран супоридани имтиҳон барои иваз намудани баҳо (на зиёда аз се фанни таълимӣ) дар сурате иҷозат дода мешавад, ки 75% баҳои гирифтаи курсант (шунаванда) аъло бошад. Ин амал дар курси охир пеш аз оғози аттестатсияи хатм бо иҷозати сардори Академия ба роҳ монда мешавад.
  • Шакл ва тартиби гузаронидани назорати ҷорӣ ва фосилавии курсантону шунавандагон, инчунин, низоми баҳогузорӣаз тарафи Шӯрои олимони Академия муқаррар карда мешавад.
  • Аттестатсияи хатми Академия баъди аз тарафи курсантону шунавандагон дар ҳаҷми пурра аз худ намудани барномаҳои давлатии таълимӣ амалӣ карда мешавад.
  • Курсант ва шунавандае, ки талаботи нақшаи таълимиро иҷро намудаааст, ба аттестатсияи хатм роҳ дода мешавад. Ба курсант ва шунавандае, ки аз аттестатсияи хатм бо тартиби муқарраргардида гузаштааст, дар асоси қарори Комиссияи аттестатсионии хатм тибқи фармони сардори Академия дипломи намунаи давлатӣ дар бораи сатҳи таҳсилот ва (ё) ихтисос, замима ба диплом ва нишони сарисинагӣ дода мешавад.
  • Ба хатмкунандае, ки аз аттестатсияи хатм нагузаштааст, ба ҷойи диплом маълумотнома дар бораи таҳсил ва маълумотномаи академӣ дода мешавад.
  • Ба хатмкардагони шакли таҳсили рӯзона тибқи фармони мақомоти дахлдор рутбаҳои аввалини махсуси ҳайати миёнаи роҳбарикунанда дода мешавад.
  • Тартиби пешниҳоди рутбаи аввалини махсуси ҳайати миёнаи роҳбарикунанда ба хатмкардаи шакли таҳсили рӯзона аз рӯи ҷамъбасти холи миёнаи умуми (GPA)-иӯ барои тамоми давраи таҳсил мутобиқ ба ифодаи анъанавии баҳо амалӣ карда мешавад. Холи миёнаи умумии (GPA) хатмкунанда ҳамчун нисбати суммаи ҳосили ҷамъи ифодаи анъанавии баҳоҳои аз фанҳои алоҳида бадастовардаи ӯ ва миқдори умумии имтиҳонҳо тибқи талаботи нақшаҳои таълимӣ бо дарназардошти натиҷаҳои ҳимояи корҳои курсӣ ва таҷрибаомӯзии пешаздипломӣҳисоб карда мешавад. Холи миёнаи умумии хатмкунандагон аз тарафи шуъбаи таълим баъди пурра азхудкунии барномаҳои таълимӣ пеш аз оғози аттестатсияи хатм муайян карда мешавад.
  • Ба хатмкардае, ки холи миёнаи умумии ӯ дар шакли 4,75≤GPA≤5,0 ифода гардида, рисолаи дипломӣ ва имтиҳонҳои давлатиро бо баҳои «аъло» ҷамъбаст намудааст, дипломи олии аъло дода мешавад.
  • Ба хатмкардае, ки соҳиби дипломи олии аъло гардидааст, бо дарназардошти интизоми намунавӣ, иштироки фаъолона дар чорабиниҳои таълимӣ, илмӣ ва ҷамъиятӣ рутбаи аввалини махсуси «лейтенанти калон» дода мешавад.
  • Ба хатмкардае, ки холи миёнаи умумии ӯ дар шакли 3,25≤GPA<4,75 ифода гардидааст, рутбаи аввалини махсуси «лейтенант» дода мешавад.
  • Ба хатмкардае, ки холи миёнаи умумии ӯ дар шакли 3,0≤GPA<3,25 ифода гардидааст, рутбаи аввалини махсуси «лейтенанти хурд» дода мешавад.
  • Хатмкунандае, ки дар яке аз имтиҳонҳои давлатӣ баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтааст, ҳуқуқи аз фанҳои дигар супоридани имтиҳони давлатӣ ё ҳимояи рисолаҳои дипломиро аз даст намедиҳад.
  • Дар ҳолати гирифтани баҳои «ғайриқаноатбахш» аз имтиҳони давлатӣ ва (ё) ҳимояи рисолаи дипломӣ, ба хатмкунанда барои супоридани аттестатсияи хатм дар соли дигар иҷозат дода мешавад.
  • Дар ҳолати ҳозир нашудан ба имтиҳони давлатӣ ва (ё) ҳимояи рисолаи дипломӣ, ба хатмкунанда барои супоридани аттестатсияи хатм дар соли дигар иҷозат дода мешавад.
  • Дар ҳолати «ғайриқаноатбахш» баҳогузорӣ гардидани рисолаи дипломӣ ё ҳозир нашудан ба ҳимояи рисолаи дипломӣ, хатмкунада метавонад номи мавзӯъ ва роҳбари рисолаи дипломиашро нигоҳ дорад.
  • Ба хатмкунандае, ки аз аттестатсияи хатм баҳои «ғайриқаноатбахш» гирифтааст, рутбаи аввалини махсуси ҳайати миёнаи роҳбарикунанда дода намешавад.
  • Бо сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба имтиҳони давлатӣ дар сурати пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда, ҳуқуқи хатмкунадаро аз супоридани ҳамин имтиҳони давлатӣ бо дигар гурӯҳҳои таълимӣ маҳрум намесозад, агар комиссияи фаннии дахлдор кори худро анҷом надода бошад. Агар комиссияи фаннии дахлдор кори худро анҷом дода бошад, ба хатмкунанда барои супоридани имтиҳони давлатии фанни дахлдор баъди як сол иҷозат дода мешавад. Бе сабабҳои узрнок ҳозир нашудан ба имтиҳони давлатӣҳуқуқи хатмкунандаро аз супоридани имтиҳони давлатии мазкур дар ҳамин мавсим маҳрум месозад.
  • Хатмкунандае, ки рисолаи дипломиашро дифоъ накардааст ва ё аз имтиҳони давлатӣ нагузаштааст, дар муддати то панҷ соли баъди хатм ба аттестатсияи хатм роҳ дода мешавад. Баъди гузаштани муҳлати панҷ сол хатмкунанда бо иҷозати мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ба курси мувофиқ барқарор карда мешавад.
  • Ба хатмкардагони курсҳои тайёрӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, ки талаботи барномаи таълимиро иҷро намудаанд, ҳуҷҷати зерини дахлдор дода мешавад:
  • Ҳаҷми ниҳоии сарбории курсант бо дарназардошти тамоми намудҳои кори таълимии аудиторӣ ва ғайриаудиторӣ дар як ҳафта набояд аз 54 соат зиёд бошад. Машғулиятҳои аудиторӣ дар як ҳафта на кам аз 32 соатро ташкил медиҳад.
  • Шакли таҳсили ғойибона дар як соли таҳсил на кам аз 160 соати аудиториро ташкил медиҳад.
  • Тартиби хориҷ, барқароркунӣ ва гузаронидани курсант ва шунаванда аз як курс ба курси дигар, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф, мақомоти корҳои дохилӣ ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад.
  • Тартиби пешниҳод намудани рухсатии академӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи маориф ва Оинномаи мазкур амалӣ карда мешавад. Ба курсант ва шунавандаи шакли таҳсили рӯзона, ки бо сабаби беморӣ зиёда аз 180 соат дар машғулиятҳои нимсолаи соли таҳсил иштирок накардааст, рухсатии академӣ дода мешавад.
  • Кори тарбиявӣ дар Академия фаъолияти муташаккил ва мақсадноки ҳайати доимӣ мебошад, ки бо мақсади дар таълимгиранда ташаккул додани сифатҳои хуби шаҳрвандӣ, ахлоқӣ, иродавӣ ва ҳарбӣ-ватандӯстӣ, ки барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ дар давраи таҳсил ва фаъолияти минбаъдаи касбӣ зарур аст, равона гардидааст.
  • Барои ташкил ва гузаронидани корҳои тарбиявӣ муовини сардори Академия оиди кор бо ҳайати шахсӣ, сардори шуъбаи кадрҳо, сардори факултет ва сардори воҳиди таълимӣ-низомӣ масъул мебошанд. Дар ин раванд ҳайати профессорону омӯзгорони Академия, кураторони гурӯҳҳои таълимӣ ва дигар созмонҳои ҷамъиятӣ иштирок менамоянд.
  • Академия бо падару модар ва ё шахсони ивазкунандаи курсантон ва шунавандагон, инчунин бо мақомоти равонкунанда робитаҳои тарафайнро бо мақсади такмили ҷараёни таълиму тарбия ба роҳ мемонад.
  • Тарбияи курсантон ва шунавандагон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Академия тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия барои мукаммалгардонии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ равона гардида, аз ҷониби ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда амалӣ карда мешавад.
  • Академия метавонад дар ҳамкорӣ бо Академияи илмҳои Тоҷикистон, пажӯҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар ташкилоти илмии ватанию хориҷӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, барномаҳои муштараки илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-методиро тибқи қонунгузорӣ амалӣ менамояд.
  • Академия фаъолияти илмии худро мутобиқи нақшаҳои дурнамо, солона ва иловагии фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ташкил менамояд. Нақшаҳо тибқи талаботи соҳаи маориф ва илм, мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ таҳия карда мешаванд.
  • Нақшаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии солона дар Шӯрои олимон мавриди муҳокима ва баррасӣқарор дода шуда, бо қарори Шӯрои олимони Академия тасдиқ карда мешавад.
  • Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия барои ташаккули фаъолияти илмӣ, таълимӣ ва амалияи касбии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои қудратӣ ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ равона гардида, ҷиҳати қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти онҳо кӯмаки зарурии илмӣ-методӣ мерасонад.
  • Дархостҳоро оид ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва коркардҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартнома иҷро карда, дастовардҳои навтарини илмиро паҳн намуда, адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва иттилоотиро нашр менамояд. Нашрияҳои даврии илмие, ки натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияро ифода менамоянд, ба табъ мерасонад.
  • Коркарди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва омода намудани маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия мебошад.
  • Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар шаклҳои зерин амалӣ мегарданд:
  • Мавзӯъҳои фармоишии илмии Академия, ки аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, дар мувофиқа бо Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
  • Тадқиқоти илмие, ки дар Академия гузаронида мешавад аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳо маблағгузорӣ карда мешавад.
  • Академия ҳуқуқ дорад, ки нашрияҳои даврӣ, маҷалла, рӯзномаҳо ва адабиёти таълимию методиро, ки барои таъмини раванди таълим ва эҳтиёҷоти фаъолияти касбӣ заруранд, ба табъ расонад.
  • Барои баррасии масъалаҳои фаъолияти табъу нашр дар Академия Шӯрои илмӣ-таҳрирӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайати онро сардори Академия тасдиқ менамояд. Низомномаи Шӯрои илмӣ-таҳрирӣ дар Шӯрои олимони Академия мавриди баррасӣқарор дода шуда, аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда мешавад.
  • Натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия моликияти он ба ҳисоб рафта, бо ҳимояи ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад. Соҳибӣ намудан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
  • Ба ҳар як иштирокчии корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи фаъолияти илмиаш ҳуқуқи интихоби мавзӯи илмӣ ва имконияти истифодаи иттилооти зарурӣ тибқи тартиби муқарраршуда, кафолат дода мешавад.
  • Бо мақсади ҷалб намудани курсантону шунавандагон ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар назди кафедраҳо ҷамъияти илмии курсантон ташкил карда мешавад. Ташкили кор оид ба фаъолияти ҷамъияти илмии курсантон ба сардори кафедра ва назорати он ба масъулини шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академия тибқи низомномаи дахлдори он, вогузор мешавад.
  • Фаъолияти илмӣ-иттилоотӣ дар Академия бо мақсади таъмини курсантон ва шунавандагон, адъюнктон (аспирантон), докторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ, кормандони илмӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон бо маълумоти навтарин дар самти тайёрии кадрҳо, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фароҳам овардани заминаи иттилоотии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ амалӣ карда шуда, аз унсурҳои зерин иборат аст:
  • Санадҳои дохилие, ки фаъолияти Академияро ба танзим медароранд, фармонҳо, низомномаҳо ва уҳдадориҳои вазифавӣ мебошанд, ки бо тартиби муқарраргардида аз ҷониби Академия ба тасвиб расонида шудаанд.
  • Идоракунии Академия тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур дар асоси принсипҳои ҳамҷоякунии яккасардорӣ ва дастаҷамъӣ сурат мегирад.
  • Барои баррасии масъалаҳои муҳимми фаъолияти Академия Шӯрои олимон таҳти роҳбарии сардори Академия таъсис дода мешавад.
  • Вазифаҳои асосии Шӯрои олимон, тибқи муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур, коркарди самтҳои стратегии ҷараёни таълим, тарбия ва илм, ҳамоҳангсозии саъю кӯшиши кадрҳои педагогӣ ва илмӣ оид ба рушд ва такмили он, муҳокима ва қабули қарорҳо роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми фаъолияти Академия ба ҳисоб меравад.
  • Шӯрои олимони Академия мақомоти намояндагии интихобӣ буда, муҳлати салоҳияташ 3 сол мебошад.
  • Ҳайати Шӯрои олимони Академия метавонад аз 17 то 23 нафарро дар бар гирад. Ба ҳайати Шӯрои олимон аз рӯи мансаб шахсони зерин шомил мебошанд: сардори Академия, муовини якум ва муовинони сардори Академия. Аъзоёни дигари Шӯро дар маҷлиси умумии ҳайати шахсии Академия интихоб карда мешаванд. Дар Шӯрои олимон мумкин аст намояндагони ҳайати илмӣ-педагогии Академия, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, дигар муассисаҳои таҳсилотӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, инчунин намояндагони ҳайати тағйирёбандаи Академия, интихоб карда шаванд.
  • Интихоботи аъзоёни Шӯрои олимони Академия дар ҳолатҳои зерин гузаронида мешавад:
  • Дар ҳолати аз Академия бо сабабҳои манфӣ озод гардидани аъзои Шӯрои олимон, ӯ аз ҳайати Шӯрои олимон бароварда мешавад. Маҷлиси Шӯрои олимони Академия дар сурате салоҳиятнок ҳисобида мешавад, ки агар на кам аз се ду ҳиссаи аъзои Шӯрои олимон иштирок дошта бошанд.
  • Қарори Шӯрои олимон аз рӯзи ба имзо расиданаш эътибори қонунӣ пайдо менамояд.
  • Фаъолияти Шӯрои олимон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва Низомномаи Шӯрои олимон ба роҳ монда мешавад.
  • Нақшаи кории Шӯрои олимон бо пешниҳоди сохторҳои таркибии Академия таҳия гардида, дар ҷаласаи Шӯрои олимон мавриди баррасӣқарор дода шуда, аз тарафи сардори Академия тасдиқ мегардад.
  • Салоҳияти Шӯрои олимон:

- бо забони давлатӣ: Муассисаи давлатии таълимии таҳсилоти олии касбии «Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон», мухтасар «Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

- ба забони русӣ: Государственное образовательное учреждение высшего профессионального образования «Академия Министерства внутренних дел Республики Таджикистан», мухтасар «Академия МВД Республики Таджикистан»;

- бозабонианглисӣ: State institution of higher professional education «Academy of Ministry of Internal Affairs of Republic of Tajikistan», мухтасар«Academy of MIA of Republic of Tajikistan».

Суроғаи факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон: 735718, вилояти Суғд, ш.Хуҷанд, маҳаллаи 17, Тел.: (+9923422) 2-18-80, Факс: 2-48-78.

Академия дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ соҳиби молу мулки мустақил мебошад. Вай аз номи худ ҳуқуқи молумулкӣ ва ғайримолумулкиро соҳибӣ намуда, уҳдадориҳоро иҷро мекунад. Ба сифати даъвогар ва ҷавобгар дар суд баромад мекунад.

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-26 01 72 - «Идоракунии давлатӣ ва маҳаллӣ», касби «Мутахассис дар соҳаи идоракунии давлатӣ» бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар заминаи таҳсилоти олӣ;

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-24 01 02 - «Ҳуқуқшиносӣ», касби «Ҳуқуқшинос» бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-93 01 01 - «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», касби «Ҳуқуқшинос» бо шакли таҳсили рӯзона дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-94 03 01 - «Бехатарӣ аз сӯхтор», касби «Муҳандиси бехатарӣ аз сӯхтор» бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;

- таҳсилоти олии касбӣ бо ихтисоси 1-94 01 01 - «Огоҳонӣ ва бартараф кардани оқибати ҳолатҳои фавқулодда», касби «Муҳандиси огоҳонӣ ва бартараф кардани ҳолатҳои фавқулодда» бо шаклҳои таҳсили рӯзона ва ғойибона дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олӣ;

- таҳсилоти миёнаи касбӣ бо ихтисоси 2-02 12 00 - «Ҳайати фармондеҳӣ», касби «Командири взвод» бо шакли таҳсили рӯзона дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва миёнаи касбӣ;

- тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ;

- тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии мутахассисон.

Барномаҳои мазкур барои мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли ройгон ва ғайриройгон, барои дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин давлатҳои хориҷӣ дар шакли ғайриройгон амалӣ карда мешавад.

Академия метавонад дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои дигари таҳсилотиро амалӣ намояд.

Академия барои амалӣ гардонидани барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ, рушди илм, техника ва фарҳанг аз қобилияти ҳуқуқии худ истифода мекунад. Фаъолияти соҳибкориро бо мақсадҳои оинномавӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.

Академия, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиби мухторият буда, дар қабули қарорҳо ва амалӣ сохтани чорабиниҳое, ки бо татбиқ намудани ҳамин Оиннома алоқаманд аст, мустақил мебошад.

Вазифаҳои асосии Академия:

- қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти Вазорати корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мутахассисони касбӣ;

- таъмини тайёрии касбии шаҳрвандон вобаста ба майлу хоҳиш, қобилият ва талаботи шахсият дар инкишофи зеҳнӣ, фарҳангӣ, ахлоқӣ ва ҷисмонӣ тавассути гирифтани таҳсилоти олӣ ва иловагӣ дар асоси ягонагии мустаҳкамии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ;

- таъсис додани системаи таъмини сифатнокии тайёр намудани мутахассисони дорои таҳсилоти олии касбӣ;

- ташкил ва гузаронидани тадқиқоти илмии бунёдӣ ва амалӣ вобаста ба самти фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ, инчунин оид ба масъалаҳои маориф ва ҷорӣ кардани натиҷаҳои тадқиқоти илмӣ дар амалия ва раванди таълим;

- нигоҳ доштан ва афзун намудани арзишҳои ахлоқӣ, фарҳангӣ ва илмии ҷомеа, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқӣ, донишҳои илмӣ, сатҳи маълумотнокӣ ва маданиятнокии аҳолӣ;

- тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, миёнаи касбӣ ва олии касбӣ;

- дар ниҳоди курсантону шунавандагон, адъюнктон, докторантон ва унвонҷӯён ташаккул додани ҳисси ватандӯстӣ, садоқат ба Савганд ва дастгирии сиёсати давлатӣ;

- амалигардонии ҳамкории байналмилалӣ дар доираи салоҳияти худ, ширкат дар лоиҳаҳои байналмилалӣ, таълимӣ, илмӣ ва дар дигар лоиҳаҳо;

- иштирок намудан дар таҳия ва коркарди санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- ташаккул додани ҳамкорӣ бо ниҳоди ҷомеаи шаҳрвандӣ;

- ҳимояи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии курсантону шунавандагон, адъюнктон, доторантон ва унвонҷӯён, ҳайати профессорону омӯзгорон, кормандон ва коргарон;

- дигар вазифаҳое, ки аз муқаррароти Оинномаи мазкур бармеоянд.

Дар Академия ба сифати воҳидҳои сохторӣ мумкин аст коллеҷҳои соҳавӣ, марказҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва филиалҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.

Академия дар доираи шумораи воҳиди муқарраршуда ва ҳаҷми маблағгузорӣ дар сохтори худ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тағйирот ворид намояд.

Ба ҳайати доимӣ кормандони ҳайати олӣ, калон, миёна, ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда (минбаъд – кормандон), коргарон ва хизматчиён дохил мешаванд.

Ба ҳайати тағйирёбанда докторантҳо, адъюнктон, унвонҷӯён, шунавандагон, курсантон, таҷрибаомӯзон ва кормандоне, ки курсҳои тайёркунӣ, такмили ихтисос ва бозомӯзиро мегузаранд, дохил мешаванд.

Академия метавонад мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муассиси дигар воситаҳои ахбор бошад.

2. ТАРТИБИ Қабул Ба Академия

3. Фаъолияти таълимӢ ва тарбиявӢ

ДАР АКАДЕМИЯ

- шаҳодатнома дар бораи такмили ихтисос - ба шахсоне, ки аз 72 то 100 соат дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок намудаанд;

- сертификат дар бораи такмили ихтисос - ба шахсоне, ки аз 100 то 500 соат дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок намудаанд;

- диплом дар бораи бозомӯзии касбӣ - ба шахсоне, ки зиёда аз 500 соат дар машғулиятҳои таълимӣ иштирок намудаанд.

4. фаъолияти илмӢ-ТАДҚИҚОТӢ

дар академия

- ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ бо тартиби муқарраргардидаи расмӣ ба қайд гирифта;

- дастурҳо ва тавсияҳои методӣ;

- маърӯзаҳо (ахбор) ба роҳбарияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия;

- рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), монографияҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ.

- ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва коркарди маълумот оид ба таҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ;

- ташаккул додани фонди маълумотӣ-иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмӣ ва таълимӣ, ҳуҷҷатҳои (маводи) иттилоотӣ ва ғайра;

- татбиқи натиҷаи мавзӯъҳо ва масъалаҳои илмӣ-тадқиқотӣ;

- барқарорсозӣ ва нигоҳдории робитаи иттилоотӣ бо марказҳо, мақомоти соҳавии иттилоотии илмӣ-техникӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои хориҷӣ.

5. САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ АКАДЕМИЯ

Санадҳои дохилӣ набояд ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намоянд.

6. ИДОРАКУНӢ дар академия

а) пас аз ба охир расидани муҳлати салоҳияти Шӯрои олимон;

б) агар на кам аз 50 фоизи ҳайати Шӯрои олимон онро талаб намоянд;

в) ҳангоми тағйирёбии мақоми Академия;

г) агар аъзои Шӯрои олимон ваколаташро супорад.

Дар ҳолатҳои дар зербандҳои «а», «б» ва «в»-и банди мазкур пешбинишуда, ҳамаи аъзоёни Шӯро аз нав интихоб карда мешаванд.

-      баррасӣ ва муҳокимаи лоиҳаи Оинномаи Академия ва пешниҳоди ворид намудани тағйиру иловаҳо ба он;

-      баррасӣ ва қабули низомномаи Шӯрои олимон, сохторҳои таркибӣ ва созмонҳои ҷамъиятии Академия;

-      тасдиқи нақшаи кории Шӯрои олимон;

-      муайян намудани самтҳои асосии фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва тарбиявии Академия;

-      баррасии масъалаҳо оид ба мазмун ва ташкили раванди таълим, таъминоти методӣ ва рушди иқтидори илмии Академия;

-      муҳокимаи масоили илмии назария ва амалия дар самти омодасозии мутахассисони касбӣ;

-      баррасии лоиҳаи нақшаҳои таълимӣ, корҳои тарбиявӣ, корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии Академия;

-      коркарди чорабиниҳо оид ба омодасозӣ, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва тарбияи кадрҳо;

-      муайян намудани меъёри сарбории таълимӣ барои ҳайати профессорону омӯзгорон;

-      тасдиқи нақшаҳои рушди молиявӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии Академия;

-      баррасӣ ва қабули қарор оид ба масъалаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ, молиявӣ-ҳоҷагидорӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии Академия;

-      шунидани ҳисоботи ҳарсолаи сардори Академия;

-      қабули қарор оид ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии сохторҳои Академия;

-      шунидани ҳисоботи комиссияи қабул оид ба натиҷаи озмоишҳои дохилшавӣ;

-      шунидани ҳисобот оид ба натиҷаҳои аттестатсияи хатм;

-      шунидани ҳисоботи роҳбарони сохторҳои Академия;

-      қабули қарор оид ба интихоби сардори шуъба, факултет ва кафедра;

-      ҷонибдорӣ барои ишғоли вазифаҳои ходимони калони илмӣ ба омӯзгорон – номзадони илм, ки ба омода намудани тадқиқоти докторӣ машғуланд, инчунин ба унвонҳои илмии «дотсент», «профессор»;

-      додани унвони «Профессори фахрӣ» бо тартиби муқарраршуда;

-      тибқи муқаррарот, тасдиқи мавзӯъҳои тадқиқоти номзадӣ ва докторӣ;

-      тавсияи номзадҳо барои таҳсил дар адъюнктура (аспирантура) ва докторантура аз ҳисоби кормандон ва хатмкунандагони Академия дар дохил ва хориҷи кишвар;

-      тасдиқи номзадҳо барои гирифтани стипендияҳои номӣ;

-      шунидани ҳисобот оид ба иҷрои сметаи даромад ва хароҷоти Академия;

-      баррасии тақсимоти маблағҳое, ки аз ҳисоби хизматрасониҳои ғайриройгон ворид мешаванд;

-      муқаррар намудани андозаи иловапулӣ ва мукофотпулӣ дар доираи маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ;

-      пешниҳоди кормандони Академия ба мукофоти соҳавӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-      пешниҳод намудани корҳои илмии муаллифон ва ҳайати муаллифони Академия барои иштирок дар озмунҳо;

-      муқаррар намудани арзиши таълим ва дигар хизматрасониҳои иловагии ғайриройгон;

-      қабули қарор оид ба гузаронидани курсант, шунаванда ва адъюнктон аз шакли таҳсили ғайриройгон ба шакли таҳсили ройгон;

-      муҳокимаи нақшаи дурнамо марбут ба инкишоф ва такмили махзани моддӣ-техникии Академия;

-      баррасии дохилшавии Академия ба ассотсиатсияҳо (иттиҳодияҳо);

-      таъсиси комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ оид ба масъалаҳои алоҳидаи фаъолияти Академия;

-      дигар ваколате, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, иҷро менамояд.

  • Аъзоёни ҳайати Шӯрои олимон аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда мешавад. Қарорҳои Шӯрои олимон бо протокол ба расмият дароварда шуда, бо фармоиши сардори Академия амалӣ карда мешавад.
  • Масъалаҳои ҷории фаъолияти Академия ва сохтори он дар ҷаласаи оперативӣ-хизматии назди сардори Академия баррасӣ мегарданд. Ба ҳайати он аз рӯи вазифа сардори Академия, муовини якум ва муовинони ӯ, сардорони шуъба, факултет, кафедра ва дигар шахсони даъватшуда дохил мешаванд.
  • Идоракунии бевоситаи Академияро сардори Академия ба амал мебарорад, ки ӯ тибқи пешниҳоди Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод карда мешавад. Сардори Академия ҳайати шахсии Академияро мустақиман роҳбарӣ менамояд.
  • Сардори Академия тамоми масъалаҳои фаъолияти онро баррасӣ намуда, дар доираи салоҳияти худ фармон мебарорад, ки барои ҳамаи ҳайати шахсии Академия ҳатмист.
  • Сардори Академия аз номи Академия бе ваколатнома амал карда, дар тамоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ, дигар мақомот ва муассисаҳо баромад менамояд, низоми истифодаи молу мулкро, аз ҷумла, воситаҳои пулии Академияро аз рӯйи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян менамояд, шартномаҳо мебандад, ваколатномаҳо медиҳад, бо тартиби муқарраршуда суратҳисобро дар мақомоти хазинадорӣ ва суратҳисоби асъориро дар бонк мекушояд. Сардори Академия метавонад қисми салоҳияти худро ба муовинони худ вогузор намояд.
  • Бо мақсади ҳалли самараноки маҷмӯи масъалаҳо дар факултетҳо, сардори Академия метавонад дар мувофиқа бо муассис ба онҳо ваколати шахси ҳуқуқиро дар тамоми давраи фаъолияташон дар сохтори Академия, супорад. Факултетҳо фаъолияти худро дар асоси Оинномаи мазкур ва низомномаи факултет ба амал мебароранд.
  • Сардори Академия идоракунии Академияро дар асоси принсипи яккасардорӣ амалӣ намуда, барои сифатнок тайёр намудани кадрҳо, интизоми молиявӣ, амалӣ намудани ҳисоб ва ҳисобот, нигоҳдории молу мулк ва дигар арзишҳои моддӣ, ки дар идоракунии оперативии Академия воқеъанд, барои риоя намудани ҳуқуқи меҳнатии ҳайати шахсӣ, риоя ва иҷро намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан масъул аст.
  • Якҷоя намудани вазифаи сардори Академия бо дигар вазифаи роҳбарикунандаи пардохтшаванда (ба ғайр аз фаъолияти педагогӣ, роҳбарии илмӣ ва илмӣ-методӣ) манъ аст.
  • Ваколати сардори Академия:

-      ба фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ, хизматӣ, маъмурӣ-хоҷагидорӣ, молиявӣ ва дигар намудҳои фаъолияти Академия роҳбарӣ менамояд;

-      ҳар сол нақшаи чорабиниҳои асосии Академияро барои соли навбатӣ ба Шӯрои олимон пешниҳод менамояд;

-      уҳдадориҳои вазифавии муовини якум ва муовинони сардори Академия, роҳбарони сохторҳои Академияро муайян намуда, дастуруламалҳои мансабии онҳоро тасдиқ менамояд;

-      уҳдадориҳои вазифавии ҳайати доимии Академияро тасдиқ менамояд;

-      бо тартиби муқарраршуда ҳайати доимии Академияро ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд, ба истиснои кормандоне, ки вазифаашон ба салоҳияти ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил мешаванд;

-      низомномаҳои сохторҳои Академияро тасдиқ менамояд;

-      қоидаи тартиботи дохилиро тасдиқ менамояд;

-      ба ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии сохторҳои Академия ва тағйир додани шумораи воҳиди корӣ таклифу пешниҳод манзур менамояд;

-      дар доираи муқарраршудаи шумораи воҳиди корӣ, вобаста ба ҳаҷми сарбории таълимӣ, миқдори ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони таълимии ёрирасони кафедраҳоро муайян менамояд;

-      ҳаҷми иловапулӣ ва мукофотпулии кормандони Академияро дар асоси қарори Шӯрои олимон тасдиқ менамояд;

-      аз номи Академия шартномаҳоро ба тасвиб мерасонад;

-      тибқи муқаррарот барои ҳавасманднамоӣ ва ё татбиқ намудани ҷазои интизомӣ нисбати кормандони Академия, қарор қабул мекунад;

-      нақшаи солонаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотиро тасдиқ мекунад;

-      корро ҷиҳати ҳифзи иттилооте, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда ба сирри давлатӣ ва хизматӣ дохил карда шудааст, ташкил мекунад;

-      комиссияи аттестатсионии хатмро таъсис медиҳад;

-      чорабиниҳоро оид ба ҳимояи ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, нигаҳдории саломатӣ, вазъи моддӣ, беҳдошти муҳити ахлоқӣ ва психологии ҳайати доимӣ ва тағйирёбанда баҳри устувории маҳаки касбӣ амалӣ месозад;

-      мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қарорҳоро дар бораи таъсиси иттиҳодия (ассотсиатсия, иттифоқ, созмон)-ҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣқабул менамояд;

-      дар доираи салоҳияти худ бо тартиби муқарраршуда, дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ ва шартномаҳо (созишномаҳо)-и дутарафаи басташуда, ҳамкории байналмилалиро дар самти тайёр намудани кадрҳо, фаъолияти илмӣ ва педагогӣ амалӣ мегардонад;

-      дар назди ҳайати шахсӣ ва муассис барои фаъолияти Академия масъул мебошад;

-      барои ҳолати интизоми молиявӣ ва риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳисоби муҳосибӣ масъул мебошад;

-      дигар намуди фаъолиятро дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур ба амал мебарорад.

  • Роҳбарии бевоситаи фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ, илмӣ-тадқиқотӣ ва табъу нашр, кор бо кадрҳо, таъмини низоми амният, омодагии хизматӣ ва сафарбаркунӣ, маъмурӣ-хоҷагидорӣ ва дигар намудҳои фаъолиятро муовини якум ва муовинони сардори Академия амалӣ менамоянд.
  • Муовини якум ва муовинони сардори Академияро Вазири корҳои дохилӣ ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод менамояд.
  • Муовини якум ва муовинони сардори Академия барои ҳолати кор дар самти фаъолияти ба онҳо вогузошта масъул мебошанд. Дар доираи ваколати худ онҳо Академияро дар ҷузъу томҳои ВКД ва дигар мақомот, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилот ва дигар муассисаҳо муаррифӣ менамоянд.
  • Факултет бахши таълимӣ-илмӣ ва маъмурии Академияро ташкил медиҳад.
  • Факултетро сардори он роҳбарӣ менамояд, ки ӯро Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди сардори Академия аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси равияи мувофиқ ва соҳиби дараҷа ва ё унвони илмӣ таъйин менамояд.
  • Ҷузъу томи асосии таълимӣ-методӣ ва илмии Академия кафедра ба ҳисоб меравад. Кафедра кори таълимӣ, методӣ, илмӣ-тадқиқотиро аз рӯи самт ва фанҳои таълимие, ки бо стандарти давлатии таҳсилот муайян шудааст, амалӣ менамояд.
  • Роҳбарии фаъолияти кафедраро сардори он амалӣ мегардонад, ки ӯ аз ҳисоби мутахассисони баландихтисоси равияи мувофиқ ва соҳиби дараҷа ва ё унвони илмӣ, ба истиснои кафедраи тактикаи махсус ва омодагии ҷисмонӣ, таъйин карда мешавад. Ҳангоми дар кафедра набудани мутахассиси соҳиби дараҷаи илмӣ ва ё унвони илмӣ, муваққатан ба таври истисно шахси дорои собиқаи кории илмӣ-педагогии 10-сола таъйин карда мешавад.
  • Факултет, кафедра, шуъба, шуъбача ва дигар сохторҳо фаъолияти худро дар асоси Оинномаи мазкур, фармонҳо, қарорҳо, дастурамалҳо, низомномаҳо, уҳдадориҳои вазифавӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳавӣ амалӣ мегардонанд.
  • Дар Академия мувофиқи тартиби муқарраргардида, мумкин аст иттифоқи касаба ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятии кормандон ва коргарон, ки фаъолияташон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда шудааст, ташкил карда шаванд. Ба таъсис ва фаъолияти сохторҳои ташкилии ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳо ва ташкилоти ҷамъиятӣ-сиёсӣ ва динӣ иҷозат дода намешавад.
  • Дар Академия мумкин аст судҳои шараф, ассотсиатсияҳои профессорону омӯзгорон ва курсантону шунавандагон, ҳайати таҳрирӣ, ҳайати худфаъолиятии бадеӣ, ҷамъияти илмӣ, варзишӣ, инчунин фондҳо ташкил карда шаванд.
  • Ташкилотчӣ ва ҳамоҳангсози фаъолияти созмонҳои ҷамъиятӣ шуъбаи кадрҳо ва шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр ба ҳисоб мераванд.
  • Вазъи ҳуқуқӣ ва ташкили кори созмонҳои ҷамъиятӣ бо низомномаҳои онҳо муқаррар карда мешавад.
  • Ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба шакли таҳсили рӯзонаи Академия қабул шудаанд, рутбаҳои махсуси ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда дода мешавад. Онҳо бо тартиби муқарраршуда Савганди корманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул менамоянд.
  • Курсант – ҳайати қаторӣ ва хурди роҳбарикунанда ба ҳисоб меравад, ки бо тартиби муқарраршуда ба шакли таҳсили рӯзонаи Академия қабул шуда, таҳсилро аз рӯи барномаҳои таҳсилоти олии касбӣ мегузарад.
  • Шунаванда – ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунанда ба ҳисоб меравад, ки бо тартиби муқарраршуда ба Академия қабул шуда, аз рӯйи барномаҳоитаҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ бо шакли рӯзона ва ғойибона таҳсил менамояд.
  • Ба курсантон, шунавандагон ва адъюнктони шакли таҳсили рӯзона тибқи муқаррароти пешбинишуда шаҳодатномаи хизматӣ дода мешавад.
  • Курсантони курси якум дар ҳудуди Академия истиқомат мекунанд ва дар ҳолати казармавӣқарор доранд.
  • Ҳуқуқ ва вазифаҳои ҳайати тағйирёбанда бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур муайян карда мешавад.
  • Курсант, шунаванда ва адъюнкт ҳуқуқ дорад ба:
  • Курсантоне, ки аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ таҳсил менамоянд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо маоши вазифавӣ, иловапулӣ барои рутбаи махсус ва ҷубронпулӣ бар ивази хӯрокворӣ таъмин карда шуда, барои гирифтани мукофотпулӣҳуқуқ доранд. Курсантони собиқаи кории дар мақомотдошта ва шунавандагони таҳсили рӯзона, адъюнктҳо ва докторантҳо бо музди кори вазифавӣ таъмин карда мешаванд.
  • Курсант ва шунаванда вазифадор аст:
  • Ҳуқуқ ва вазифаҳои курсант ва шунаванда бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва шартномаҳое, ки шахсони ҳуқуқӣ ва (ё) шахсони воқеӣ бо Академия бастанд, муайян карда мешавад.
  • Барои аз ҷониби курсант ва шунаванда вайрон кардани талаботи Оинномаи мазкур ва қоидаҳои тартиботи дохилии Академия мумкин аст чораҳои ҷазои интизомӣ, то хориҷ намудан аз Академия, татбиқ карда шавад.
  • Курсант ва шунаванда дар ҳолати зерин аз Академия хориҷ карда мешавад:
  • Ҷазои интизомӣ ба ҳайати шахсӣ ва тағйирёбанда баъди гирифтани баёнот дар асоси хулоса татбиқ карда мешавад.
  • Ҷазои интизомӣ на дертар аз як моҳ аз рӯзи муайян намудани кирдор ва на дертар аз шаш моҳ аз рӯзи содиршавии он, бе ҳисоби вақти беморӣ, рӯхсатӣ ва ё таътил, татбиқ карда мешавад.
  • Курсант ва шунавандае, ки талаботи нақша ва барномаи таълимии курси дахлдорро пурра иҷро намудааст, бо фармони сардори Академия ба курси дигар гузаронида мешавад.
  • Шартан гузаронидан ба курси дигар ё иҷозат додан ба сессияи навбатӣҳангоми қарздории академӣ бо дилхоҳ сабабҳо иҷозат дода намешавад.
  • Ҳангоми аз Академия хориҷ кардани курсант ё шунаванда, ба ӯ бо тартиби муқарраршуда маълумотномаи академӣ дода шуда, ҳуҷҷат дар бораи таҳсилоте, ки дар асоси он ба Академия дохил шуда буд, баргардонида мешавад.
  • Гузаронидан ба Академия аз дигар муассисаи олии таълимии ҳамравия бо мувофиқаи роҳбарони муассисаҳои таълимӣ дар шакли ғайриройгон, танҳо аз курси дуюм дар давраи таътили тобистона, бо шарти гузаштан аз ҷамъомади таълимӣ-саҳроӣ ва ё супоридани фарқиятҳои академӣ амалӣ карда мешавад. Дар сурати мавҷудияти зиёда аз 7 фарқият, донишҷӯ ба як курс поёнтар қабул карда мешавад.
  • Шунаванда аз шакли таҳсили ғойибона ба шакли таҳсили рӯзона ба самти ҳамравия дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо назардошти иҷрои соатҳои барномаҳои таълимӣ ва мавҷудияти камтар аз 7 фарқияти академӣ як курс поёнтар ба ҳамон шакли таълим (ройгон ё ғайриройгон) гузаронида мешавад.
  • Курсант ва шунаванда аз шакли таҳсили рӯзона ба шакли таҳсили ғойибона ба самти ҳамравия дар давраи таътили зимистона ва тобистона бо назардошти иҷрои соатҳои барномаҳои таълимӣ ва мавҷудияти камтар аз 7 фарқияти академӣ дар курси худаш ба ҳамон шакли таълим (ройгон ва ғайриройгон) гузаронида мешавад. Ин амал танҳо дар ҳолати таъмин гаштани курсант ба кор дар мақомот мумкин аст.
  • Гузаронидани курсанти факултети № 2 ба факултети № 4 ва ё бараъкс ба самти ҳамравия дар давраи таътили зимистона ва тобистона дар ҳолати мавҷудияти ҷойи холӣ иҷозат дода мешавад.
  • Барқароркунӣ ва гузаронидан ба курси дахлдор ва муайян намудани муҳлати супоридани фарқиятҳо бо фармони сардори Академия амалӣ карда мешавад.
  • Гузаронидан ба факултети № 1-уми Академия аз дигар муассисаҳои олии таълимӣ ба шахсоне, ки дар ҳамин ихтисос ва самти ҳамравия таҳсил менамоянд, иҷозат дода мешавад.
  • Ҳангоми муайян кардани фарқияти академӣ, натиҷаи фанни дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ ва олӣ омӯхташуда, дар сурати пурра мувофиқат кардани онҳо ба талаботи Нақшаи таълимии факултети Академия аз рӯи ҳамин фанҳо ба назар гирифта мешавад. Ин амал аз ҷониби сардори факултет дар мувофиқа бо шуъбаи таълими Академия ба роҳ монда мешавад.
  • Курсант ва шунавандае, ки аз Академия хориҷ шудааст, бо тартиби муқарраргардида метавонад барқарор шавад.
  • Курсант ва шунавандае, ки барои дағалона вайрон намудани интизоми ҳарбӣ-хизматӣ ва дигар амалҳое, ки ба шаъни корманди мақомоти корҳои дохилӣ доғ меоранд, аз Академия хориҷ ва аз мақомоти корҳои дохилӣ озод карда шудааст, барқарор карда намешавад.
  • Масъалаи барқарор намудани курсант ва шунавандаи хориҷшуда дар як соли таҳсил дар ду давра то оғози даври академии навбатӣ сурат мегирад. Барқароркунӣ баъди гузаштани на камтар аз як даври академӣ дида баромада мешавад. Курсант ва шунаванда ба давраи академие барқарор карда мешавад, ки аз он хориҷ шуда буд.
  • Тақсимоти хатмкардагон ба мақомоти корҳои дохилӣ аз тарафи комиссияи Раёсати кадр ва кор бо ҳайати шахсии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  • Адъюнкт (аспирант) – мутахассиси дорои таҳсилоти олии касбӣ ё магистрӣ, ки бо мақсади таҳияи рисола ва омодагӣ барои дарёфти дараҷаи номзади илм дар адъюнктура (аспирантура) таҳсил мекунад.
  • Докторант – шахсе, ки соҳиби дараҷаи илмии номзади илм буда, барои дарёфти дараҷаи доктори илм ба докторантура қабул шудааст.
  • Унвонҷӯ – шахсе, ки таҳсилоти олии касбӣ дошта, ба адъюнктура (аспирантура) ва ё докторантура вобаста шудааст ва барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илм бидуни таҳсил дар адъюнктура (аспирантура) рисолаи илмӣ таълиф мекунад ва ё шахсе, ки дорои дараҷаи илмии номзади илм буда, барои гирифтани дараҷаи илмии докторӣ бидуни таҳсил дар докторантура рисолаи илмӣ таълиф мекунад.
  • Вазифаҳо дар Академия мувофиқи ҷадвали шумораи воҳиди корӣ бо кормандони ҳайати қаторӣ, роҳбарикунанда ва коргарон пурра карда мешавад.
  • Вазифаҳои ҳайати роҳбарикунанда аз ҳисоби сардорони сохторҳо, профессорону омӯзгорон ва кормандони илмӣ, ки дараҷа ва (ё) унвони илмӣ, инчунин таҷрибаи корӣ амалии зиёд дар мақомоти корҳои дохилӣ доранд, пур карда мешаванд.
  • Барои таъмини мунтазами раванди таълим ва пур намудани воҳидҳои корӣ ба таври иловагӣ шахсони таҷрибаи педагогӣ ва (ё) дараҷаи илмидошта аз захираҳои дохилии Академия ва берун аз он ба таври ҳамкор ҷалб карда мешаванд.
  • Ба вазифа таъйин ва аз вазифа озод намудани кормандони Академия, муваққатан аз вазифа озод кардан, ба дигар вазифа гузаронидан ва аз мақомот озод кардани онҳо мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  • Давомнокии вақти корӣ дар давоми рӯз ва ҳафта барои ҳайати доимии Академия тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  • Тартиби ишғоли вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорони Академия тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
  • Ба ҳайати профессорону омӯзгорон вазифаҳои сардори факултет, сардори кафедра, профессор, дотсент, омӯзгори калон, омӯзгор ва сардори кабинет дохил мешаванд.
  • Ба ҳайати профессорону омӯзгорон роҳбарияти Академия, сардорони шуъбаҳо ва кормандоне, ки дар соли таҳсил на кам аз 240 соат машғулиятҳои таълимӣ мегузаронанд, дохил мешаванд. Дар ин ҳолат бурдани корҳои таълимӣ барои кормандони номбаршуда ҳатмӣ мебошад, агар онҳо таҷрибаи педагогӣ ва дараҷаи илмӣ дошта бошанд.
  • Ҳайати профессорону омӯзгорон ва ходимони илмӣ вазифадоранд:
  • Ҳайати профессорону омӯзгорон ва ходимони илмӣҳуқуқ доранд:
  • Ба фаъолияти педагогӣ дар Академия шахсони дорои таҳсилоти олии касбӣ ва соҳиби тахассус бо назардошти вазъи саломатӣ, сифатҳои ахлоқии омӯзгорӣ ва қобилияти илмӣ-тадқиқотӣҷалб карда мешаванд.
  • Академия дар мувофиқа бо муассис метавонад ба вазифаи ҳайати профессорону омӯзгорон ва кадрҳои илмӣ мутахассисонеро, ки дараҷа ва унвони илмӣ доранд, новобаста аз синну соли муқаррарнамудаи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабул намояд.
  • Шахсоне, ки дар вазифаҳои ҳайати профессорону омӯзгорон ва ходимони илмӣ фаъолият менамоянд, дар муҳлати пешбинишуда, марҳила ба марҳила аз аттестатсия гузаронида мешаванд. Аз рӯйи натиҷаи аттестатсия мувофиқатии корманд ба вазифаи ишғолнамуда ва сатҳи тахассуси касбии ӯ муайян карда мешавад.
  • Аз кор озод намудани кормандоне, ки ба фаъолияти педагогӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ машғуланд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории амалкунанда ва Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  • Ҳуқуқ ва вазифаҳои кормандони Академия бо Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Оинномаи мазкур ва уҳдадориҳои вазифавӣ муайян карда мешавад.
  • Кормандон ва коргарони Академия ба имтиёзҳо, кафолатҳо, ҷубронпулиҳо ва кӯмакпулиҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ доранд.
  • Ба кормандони Академия машғул шудан бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ба истиснои фаъолияти эҷодӣ, илмӣ ва омӯзгорӣ манъ аст.
  • Тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
  • Дар Академия тайёр намудан ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ дар шаклҳои зерин ба роҳ монда мешавад:
  • Фаъолияти Академия дар самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор ба танзим дароварда мешавад.
  • Тартиби интихоб, қабул ва таҳсил дар адъюнктураи Академия тибқи низомномаҳои дахлдори самти тайёр намудани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ ба роҳ монда мешавад.
  • Дар сурати мавҷуд будани шумораи зарурии мутахассисони дорои дараҷаҳои илмӣ ва унвонҳои илмӣ, бо тартиби муқарраршуда дар Академия Шӯроҳои диссертатсионӣ таъсис дода мешаванд.
  • Ҳуқуқу вазифаҳои адъюнктон (аспирантон), докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (Phd) ва унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ, инчунин кафолатҳои иҷтимоӣ ва ҷубронпулиҳое, ки нисбати онҳо пешбинӣшудааст, бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
  • Ба адъюнктон (аспирантон), докторантон, докторантон аз рӯйи ихтисос (Phd) ва ходимони илмӣ уҳдадориҳои муқаррарнамудаи Оинномаи мазкур ҷиҳати риоя намудани интизоми хизматӣ, меъёрҳои ҳуқуқӣ-ахлоқӣ вақойидаҳои тартиботи дохилӣ паҳн мегардад.
  • Равон намудани омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос дар 5 сол на кам аз як маротиба гузаронида мешавад.
  • Масъалаҳои ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқии ҳайати шахсии Академия мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда шуда, самтҳои зеринро дар бар мегирад:
  • Ба Академия, бо мақсади таъмини фаъолияти таҳсилотии оинномавии он, дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативӣ, бо тартиби муқарраршуда объектҳои моликияти давлатӣ (бино, иншоот, комплексҳои молу мулкӣ, таҷҳизот) инчунин, дигар молу мулки таъйиноти истеъмолӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва амсоли инҳо, мустаҳкам карда мешавад.
  • Қитъаҳои замине, ки ба Академия бо тартиби муқарраргардида вобаста шудаанд, барои истифодабарӣ мустаҳкам карда мешаванд.
  • Академия ҳуқуқ надорад молу мулки ба ӯ дар асоси ҳуқуқи идоракунии оперативии аз ҳисоби буҷети давлатӣ мустаҳкамшударо бегона кунад ва ё бо тарзи дигар ихтиёрдорӣ намояд.
  • Академия барои нигоҳдорӣ ва истифодаи самараноки молу мулки ба ӯ барои идоракунии оперативӣ мустаҳкамшуда масъул мебошад. Назоратбариро аз болои фаъолияти Академия дар ин самт мақомоти аз ҷониби соҳибмулк ваколатдоркардашуда ба амал мебарорад.
  • Молу мулке, ки Академия аз ҳисоби воситаҳои иҷозатдодашудаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти фоидаоваранда ба даст овардааст (воситаҳои ғайрибуҷетӣ), дар баланси алоҳида ба қайд гирифта шуда, ба ихтиёри мустақили Академия мегузарад.
  • Академия мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади таъмини раванди таълим ва такмили махзани моддӣ-техникӣ барои иҷора додан ва ё ба иҷора гирифтани иморатҳои ғайриистиқоматӣ шартнома бандад.
  • Тибқи муқаррароти қонунгузорӣ, Академия функсияи фармоишгарро вобаста ба объектҳои сохтмонӣ, таъмири асосӣ ва ҷорӣ иҷро менамояд. Дар асоси озмун шартномаҳои пудратро барои сохтмони асосӣ, таъмири асосӣ ва ҷорӣ мебандад. Қабули корҳои иҷрошуда ва расонидани хизматҳоро ба амал мебарорад.
  • Истифодабарии объектҳо, бино ва иншоот, воситаҳои нақлиётӣ, мошинҳо ва таҷҳизот дар Академия дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
  • Маблағгузории Академия аз ҳисоби воситаҳои зерин амалӣ карда мешавад:
  • Академия маблағҳои пулии буҷетӣ ва ғайрибуҷетиро тавассути суратҳисобе, ки дар мақомоти хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодааст, истифода мебарад.
  • Академия ҳуқуқ дорад барои гузаронидани амалиёти молиявӣ, ки ба амалисозии робитаҳои байналмилалӣ вобастааст, бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилоти кредитӣ суратҳисоби асъорӣ кушояд.
  • Сардори Академия ихтиёрдори кредитҳо буда, маблағҳои молиявиро дар ҳаҷми тасдиқшудаи буҷетӣ мувофиқи сметаҳои даромад ва хароҷот байни воҳидҳои сохторӣ тақсим мекунад.
  • Маблағҳои молиявие, ки аз фаъолияти таълимии пулакӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ ба даст меоянд, аз маблағҳои буҷетӣ алоҳида ба ҳисоб гирифта шуда, бо қарори Шӯрои олимони Академия мутобиқи сметаи даромад ва хароҷот, ки бо тартиби муқарраршуда аз тарафи сардори Академия тасдиқшудаанд, бо мақсадҳои зерин сарф карда мешаванд:
  • Бо мақсади ба даст овардани маблағҳои иловагӣ (ғайрибуҷетӣ) Академия дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳангоми мавҷудияти иҷозатномаи мувофиқ, ҳуқуқ дорад хизматрасониҳо ва корҳои пулакиро аз рӯи намудҳои зерини фаъолият амалӣ созад:
  • Академия барои корхонаҳо, муассисаҳо ва шаҳрвандон дар асоси шартномаҳо кор ва хизматрасониҳоро иҷро менамояд. Иҷрои кору хизматрасониҳоеро, ки барои амалигардонии фаъолияти оинномавӣ заруранд, дар доираи маблағҳои дар сметаи даромадҳо ва хароҷот пешбинишуда, фармоиш медиҳад.
  • Академия метавонад хариди мавод, маҳсулот ва дигар ашёҳо, фармоиши иҷрои кор ва хизматрасониҳоро бо ҳисоби нақдӣ бо шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар доираи қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ созад.
  • Таҳсилиғайриройгон ва дигар намуди фаъолияти фоидаовар тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда мешавад.
  • Академия оид ба уҳдадориҳои марбут ба амалисозии фаъолияти пулакӣ бо тамоми молу мулки худ ҷавоб мегӯяд.
  • Академия бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, метавонад чорабиниҳои хайрхоҳонаро гузаронад.
  • Академия метавонад воситаҳои асосии корношоям ва фарсудашударо тибқи тартиби муқарраршуда аз эътибор соқит намуда, онҳоро бо тартиби муқарраргардида ба соҳибияти каси дигар, аз ҷумла ба кормандони худ диҳад.
  • Академия ҳуқуқи бастани аҳдҳоеро, ки оқибати имконпазири он ба бегона (дур) шудани молу мулки ба Академия вобастакардашуда оварда мерасонад ва ё молу мулке, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатии ба Академия ҷудо карда шуда ба даст оварда шудаанд, надорад.
  • Назорати давлатӣаз болои фаъолияти Академия бо роҳи гузаронидани аттестатсия ва аккредитатсияи давлатӣ ва дар шаклҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд, амалӣ карда мешавад.
  • Назоратбарӣаз болои фаъолияти Академия аз тарафи мақомоти ваколатдори давлатӣ ва ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли нозиротӣ (гузаронидани инспексия), санҷишҳои комплексӣ ва мақсадноки фаъолияти таҳсилотӣ ва дигар намуди фаъолият, ревизияи фаъолияти молиявӣ-хоҷагидорӣ амалӣ карда мешавад.
  • Назорати оперативии дохилӣ аз болои фаъолияти Академия ва сохторҳои онро роҳбарони дахлдори Академия дар доираи ваколати худ бо тартиби муқарраршуда, амалӣ мегардонанд.
  • Академия мустақилона ҳисобу китоби оперативӣ ва муҳосибӣ мегузаронад ва бо тартиби муқарраршуда ҳисоботи оморӣ, муҳосибӣ ва дигар ҳисоботро дар шакли муқарраргардида, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ВКД Тоҷикистон пешниҳод менамояд.
  • Шахсони мансабдори Академия барои таҳрифи ҳисоботи давлатӣ тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошанд.
  • Академия бо тартиби муқарраргардида, дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор, ҳамкории байналмилалиро дар самти фаъолияти илмӣ ва таълимӣ амалӣ месозад.
  • Асоси ҳукуқии амалисозии ҳамкории байналмилалиро шартномаҳои байналмилалӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
  • Академия бо тартиби муқарраргардида, дар доираи ваколати худ, дар самти муносибатҳои байналмилалӣ корҳои зеринро амалӣ месозад:
  • Академия ҳуқуқ дорад дар асоси шартномаҳои байналмилалӣ, ки бо салоҳияти муассис ба имзо расидаанд, тайёр кардани мутахассисони хориҷӣ ва таҷрибаомӯзиро оид ба ҳамаи самтҳои мавҷуда амалӣ намояд.
  • Академия мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оинномаи мазкур аз нав таъсис ва ё барҳам дода мешавад.
  • Қатъ гардидани фаъолияти Академия, азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар асоси қарори суд ва дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба амал бароварда мешавад.
  • Пас аз барҳамдиҳии Академия молу мулк ва маблағҳои пулии боқимонда ба ихтиёри муассис мегузаранд, агар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро муқаррар накарда бошад. Ҳуҷҷатҳои Академия барои нигаҳдорӣ ба бойгонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида мешавад. Ҳангоми азнавташкилдиҳӣ бошад, бо тартиби муқарраргардида ба ташкилоте, ки ҳуқуққабулкунандаи он мебошад, супорида мешавад.
  • Тағйирот ва иловаҳое, ки ба Оинномаи мазкур ворид карда мешавад, пас аз муҳокима ва тарафдории Шӯрои олимони Академия, аз тарафи маҷлиси умумииҳайати шахсӣқабул карда шуда, бо фармони ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад. Дар Академия, барои ҳайати шахсӣҷиҳати шиносоӣ, муҳокимаи озод ва пешниҳоди тағйироту иловаҳо ба Оиннома, шароит фароҳам оварда мешавад.
  • Иҷроиши талаботи Оинномаи мазкур барои ҳайати шахсии Академия ҳатмӣ мебошад.
  • Оинномаи мазкур аз лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ эътибор пайдо мекунад.

7. Ҳайати таҒйирёбанда ва

доимии академия

- эҳтироми шаъну шарафи инсонӣ, озодии виҷдон, иттилоот, изҳори озоди фикри шахсӣ ва эътиқод;

- гирифтани дониш, маҳорат, малака аз рӯйи ихтисос;

- истифодаи биноҳои таълимӣ ва таълимӣ-ёрирасон, иншооти варзишӣ, ашё ва дигар таҷҳизоти Академия;

- иштирок дар ҳама намуди фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ;

- ройгон истифода бурдан аз китобхона, фондҳои иттилоотӣ, хизматрасонии воҳидҳои таълимӣ, илмӣ, табобатӣ ва дигар ҷузъу томҳои Академия;

- гузариш аз як барномаи таҳсилотӣ ба дигар (аз рӯи ҳамаи шаклҳои таҳсил);

- иштирок намудан дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳое, ки ба фаъолияти Академия дохил мешаванд;

- интихоб намудан ва интихоб шудан ба ҳайати Шӯрои олимон, дигар мақомоти интихобии (намояндагии) Академия;

- таъмин бо ҷой дар хобгоҳ дар сурати мавҷуд будани фонди манзилии Академия;

- гузаштан аз шакли таҳсили ғайриройгон ба шакли таҳсили ройгон тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- гузаштан ба дигар муассисаи таҳсилотии самти мувофиқ;

- барқарор шудан барои таҳсил ба Академия;

- арзу шикоят намудан нисбати фармонҳои Академия бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.

- ба Савганди корманди мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ бошад, интизоми хизматиро риоя намояд, талаботи оинномавӣ, фармонҳои сардорон, қойидаҳои тартиботи дохилиро бечуну чаро ва аниқ иҷро намояд, ба таври мукаммал силоҳи ба ӯ вобасташударо донад ва аз он дуруст истифода бурда тавонад;

- молу мулки Академияро эҳтиёт намояд;

- ба донишҳои назариявӣ, маҳорат ва малакаи касбӣ аз рӯи ихтисоси интихобшуда соҳиб гардад, дар машғулиятҳои таълимӣ ва худомӯзӣ иштирок намояд ва супоришҳоеро, ки бо нақшаҳо ва барномаҳои таълимӣ пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд;

- савияи касбӣ, илмӣ ва фарҳангии худро баланд бардорад, қобилияти ҷисмонии худро такмил диҳад, малакаи корҳои ташкилӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, тарбиявӣ ва варзишӣ-оммавиро соҳиб гардад;

- меъёр ва талаботи техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сӯхтор ва ҳолати санитариро риоя кунад;

- ба таври қатъӣ сирри давлатӣ ва хизматиро махфӣ нигоҳ дорад.

- бо хоҳиши курсант ва шунаванда (дар асоси гузориш);

- бо сабаби ба дигар муассисаи таълимӣ гузаштан;

- бо сабаби давомоти нокифоя (зиёда аз 36 соат дар як нимсолаи таълимӣ);

- барои қарзҳои академӣ, аз ҷумла, дар ҳолати саривақт насупоридани санҷишу имтиҳонҳо, аз се ё зиёда фанҳои таълимӣ;

- курсантон ва шунавандагоне, ки дар асоси шартнома таҳсил мекунанд, дар ҳолати сари вақт пардохт накардани маблағи таҳсил тибқи шартнома;

- пас аз хатм намудани курсант ё шунаванда;

- пас аз ба қувваи қонунӣ даромадани ҳукми суд барои содир кардани ҷиноят;

- дар ҳолати ба Академия омадан бо идора намудани нақлиёти механикӣ;

- бо сабаби иштирок накардан дар имтиҳоноти ҷорӣ ва давлатӣ;

- дар сурати расонидани зарари моддӣ ба Академия;

- барои вайрон кардани «Дастурамали тавсиявии либосҳои хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ»;

- барои вайрон намудани Оинномаи мазкур ва Қоидаҳои тартиботи дохилӣ ва содир кардани амалҳои номатлуб ё ғайриахлоқӣ ва ғ.

- корҳои таълимӣ-методиро дар сатҳи баланди касбӣ гузаронида, барои аз худ намудани маводи таълимӣ нисбати курсантону шунавандагон серталаб бошанд, дар онҳо мустақилият, масъулиятшиносӣ, ташаббускорӣ ва қобилияти эҷодиро инкишоф дода, дар ташкил намудани корҳои мустақилона ёрӣ расонанд;

- ба корҳои илмӣ-тадқиқотӣ машғул гардида, бо ворид намудани натиҷаҳои он дар ҳалли масоили фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мусоидат намоянд;

- дар таъмини методӣ ва илмии фанҳои таълимӣ фаъолона иштирок намоянд;

- фармон ва супоришҳои роҳбарияти Академияро иҷро намоянд;

- малакаи илмӣ-назариявии худро пайваста баланд бардошта, шаклу усулҳои муосири таълимро дар фаъолияти педагогии худ самаранок ва эҷодкорона истифода намоянд;

- робитаи доимиро бо мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ тақвият диҳанд;

- таҷрибаи пешқадами ватанӣ ва хориҷии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқро омӯхта, онро дар корҳои таълимӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ истифода намоянд;

- сатҳи малакаи касбии худро пайваста баланд бардошта, аз таҷрибаомӯзӣ ва такмили ихтисос гузаранд;

- дар корҳои тарбиявии курсантон, шунавандагон, адъюнктон ва унвонҷӯён иштирок намоянд, сифатҳои шахсӣ ва кории онҳоро омӯзанд, дар инкишофи ахлоқиву касбӣ ва шаҳрвандии онҳо мусоидат намоянд;

- роҳбарии илмиро оид ба иҷрои корҳои хаттӣ ва корҳои (лоиҳаҳои) дипломӣ амалӣ намоянд;

- талаботи ахлоқи илмӣ ва педагогиро риоя намоянд, барои курсантон, шунавандагон, адъюнктон ва унвонҷӯён дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ намуна бошанд;

- тартиб ва шартҳои истифодаи силоҳ, воситаҳои махсус ва қувваи ҷисмониро донанд ва дар истифодабарии онҳо тайёр бошанд;

- интизоми хизматӣ ва иҷроияро риоя намоянд;

- дар муомила бо кормандон одоби муошират ва муносибатҳои мартаботиро риоя намоянд;

- Оинномаи мазкур, қойидаҳои тартиботи дохилии Академия ва дигар санадҳои танзимкунандаи фаъолияти Академияро риоя кунанд.

- ба таъмини шароити мусоид барои фаъолияти касбӣ;

- ба Шӯрои олимони Академия интихоб шаванд ва интихоб кунанд;

- дар муҳокима ва ҳалли масъалаҳое, ки ба фаъолияти Академия вобастаанд, иштирок намоянд;

- ба таври ройгон аз хизматрасонии китобхонаҳо, фондҳои иттилоотӣ, таълимӣ, илмӣ ва дигар хизматрасониҳои иҷтимоӣ-маишии Академия истифода баранд;

- мазмуни барномаҳои таълимиро мувофиқи стандарти давлатии таҳсилот муайян намоянд;

- усул ва воситаҳои таълиму тарбияро вобаста ба хусусиятҳои инфиродии таълимгирандагон мутобиқ намуда, сифати баланди раванди таълимро таъмин намоянд;

- дар симпозиумҳо, конференсияҳо ва машваратҳои илмии сатҳи байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ, минтақавӣ, муассисаҳои олӣ ва дохили Академия иштирок намоянд;

- корҳои илмӣ, таълимӣ-методӣ ва дигар намуди маводро интишор намоянд;

- ба амалӣ намудани роҳбарии илмии адъюнктон ва унвонҷӯён;

- дар иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки фаъолияти онҳо ба мақоми Академия ва Оинномаи мазкур зид намебошанд, иштирок намоянд;

- коркард ва пешниҳодотро оид ба такмили фаъолияти таълимӣ ва илмии Академия манзур намоянд;

8. Тайёр намудани кадрҳои илмӢ, илмӣ-педагогӣ, ВА такмили ихтисоси ОНҲО

- таҳсил дар адъюнктура (аспирантура);

- таҳсил дар докторантура аз рӯйи ихтисос (Phd);

- таҳсил дар докторантура;

- вобаста кардани кормандони Академия ҷиҳати супоридани имтиҳони минимуми номзадӣ ва тайёр намудани рисолаи илмӣ;

- пешниҳод намудани рухсатии эҷодӣ бо нигоҳ доштани музди меҳнат ба муҳлати то 3 моҳ барои анҷом додани рисолаи номзадӣ ва ба муҳлати то 6 моҳ барои анҷом додани рисолаи докторӣ бо қарори Шӯрои олимон;

- гузаронидани кормандони педагогӣ ба вазифаҳои ходимони илмӣ бо мақсади тайёр кардани рисолаи илмӣ;

- равон намудани омӯзгорон ба курсҳои бозомӯзӣ ва такмили ихтисос;

- равон намудани омӯзгорон барои таҷрибаомӯзӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқи дохилӣ ва хориҷи кишвар;

- омӯзиш дар системаи омодагии хизматӣ, ҷамъомадҳо, семинару конференсияҳо;

- гирифтани маълумоти иловагӣ;

- омӯзиш дар мактаби омӯзгори ҷавон.

Ба адъюнктура, аспирантура, докторантура аз рӯйи ихтисос (Phd) ва докторантураи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва илмии дохил ва хориҷи кишвар кормандони аз озмун гузашта, бо тавсияи Шӯрои олимони Академия равон карда мешаванд.

9. ҲиМОЯи иҶтимоӢ-ҲуҚуҚӢ дар академия

- омӯхтани дархост ва ниёзҳои ҳайати шахсии Академия ва саривақтба онҳо таваҷҷуҳ зоҳир намудан, амалигардонии принсипи адолати иҷтимоӣ дар самтҳои фаъолияти Академия;

- ташкил намудани ёрии ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои ёрӣ ба ҳайати шахсӣҳангоми ба миён омадани зарурат, ҷалб намудани омӯзгорони таҷрибадор ва ҷалби адвокатҳо (ҳимоячиён) барои иштирок намудан дар ҳимояи манфиатҳои кормандон;

- баррасӣ намудани ариза, пешниҳод, шикоят ва нашрияҳо дар воситаҳои ахбори омма дар бораи ҳолатҳои поймол намудани ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳайати шахсӣ;

- андешидани чораҳо оид ба таъмини ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии ҳайати шахсии Академия ҳангоми ҳалок ё зарар дидани онҳо, инчунин, таъмини ғамхорӣ ва диққат, аз ҷумла ёрии моддӣ нисбати оилаҳои онҳо;

- расонидани ёрии моддӣ ба эҳтиёҷмандон.

10. Фаъолияти молиявӢ ва хоҶагидорӢ дар академия

- буҷети давлатӣ;

- маблағҳои пулӣ ва захираҳои моддии аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба дастомада;

- маблағҳое, ки аз шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаҳо ворид шудаанд;

- даромад аз фаъолияти таълимии пулакӣ ва дигар навъи фаъолияти фоидаовар;

- молу мулки мақсадноки ихтиёрӣ, кӯмакҳои хайрия ва дигар кӯмакҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, инчунин шахсони хориҷӣ воридшуда;

- маблағҳое, ки аз ташкилоти суғуртавӣ барои пардохти зарар ҷиҳати шартномаҳои ҳатмии суғуртаи ҷавобгарии граждании соҳибони воситаҳои нақлиёт тибқи қонунгузорӣ ворид мешаванд;

- маблағҳои воридшуда аз ҳисоби ҷуброни зарари моддии аз тарафи ҳайати шахсӣ расонидашуда;

- дигар сарчашмаҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.

- таъмини эҳтиёҷот ҷиҳати инкишоф ва такмили раванди таълим, аз ҷумла музди меҳнат;

- таъмини молиявии мутахассисони Академия, ки ба сафарҳои хизматӣ фиристода мешаванд;

- тайёркунии кадрҳои илмӣ, илмӣ-педагогӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои илмӣ-педагогӣ;

- ҳавасмандгардонии моддӣ ва дастгирии моддии бебозгашти кормандони Академия, аз ҷумла барои харидани хона, табобаткунӣ ва ғайра;

- таъмини курсантон бо хӯрока, аз ҷумла шунавандагони таҳсили рӯзона бо хобгоҳ, хизматрасонии иловагии тиббӣ, инчунин, ташкили фароғати онҳо (чорабиниҳои театрӣ, варзишӣ, фарҳангӣ-оммавии марбут ба раванди тарбияи таълимгирандагон);

- бо тартиби муқарраргардида амалисозии фаъолияти табъу нашр, ба табъ расонидани маводи чопӣ ва аудиовизуалӣ, барномаҳои омӯзишӣ, маводи иттилоотӣ ва дигар маводи ба раванди таълим алоқаманд;

- маблағгузории чорабиниҳои Академия, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат намекунанд.

1) Фаъолияти таълимӣ:

- тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳои таълим;

- таҳсил аз рӯи барномаҳои таҳсилоти иловагӣ;

- иҷрои соатҳои барзиёд аз барномаҳо ва нақшаҳои таълимӣ пешбинишуда;

- гузаронидани машғулиятҳо аз фанҳое, ки ба инкишофи ҳаматарафаи шахсият нигаронида шудаанд, вале дар стандарти давлатии таълимӣ ва нақшаҳои таълимӣ пешбинӣ нашудаанд;

- бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кадрҳо барзиёд аз шуморае, ки бо нақшаҳо ва супоришот муқаррар шудаанд аз рӯи шартнома бо мақомоти дахлдор;

- курсҳои омӯзишӣ аз рӯи самтҳои фаъолияти Академия;

2) Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ:

- дар асоси шартнома бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ гузаронидани тадқиқоти илмӣ;

- гузаронидани машваратҳои илмӣ ва ҳуқуқӣ, экспертизаҳо ва тадқиқот, расонидани дигар хизматрасониҳо дар соҳаҳои мухталифи илм, тақриз ба тадқиқоти рисолаҳо ва осори илмӣ;

- таъмини илмӣ ва илмӣ-методии муассисаҳои таълимӣ;

- ташкил ва гузаронидани конференсияҳои илмӣ ва илмӣ-амалӣ, симпозиумҳо, мизҳои мудаввар, семинарҳо ва дигар чорабиниҳо.

3) Таъмини китобҳои дарсӣ, маводи таълимӣ, брошюраҳо ва маводи дигари чопӣ.

4) Таъмини молҳои конселярӣ барои ҳайати шахсии Академия.

5) Истеҳсол ва таъмини ҳайати шахсии Академия бо маводи хӯрока.

6) Хизматрасониҳои намояндагӣ ва маишӣ барои ҳайати шахсии Академия.

7) Таъмини хатмкардагони Академия бо нишони сарисинагӣ ва ҳуҷҷатҳои намунаи давлатӣ оид ба таҳсилот.

8) Дигар хизматрасониҳое, ки ба санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Оиннома мазкур мутобиқ мебошанд.

11. БАҲИСОБГИРӢ, ҲИСОБОТ ВА НАЗОРАТБАРӢ

12.ҲАМКОРИИ БАЙНАЛмилалӢ

- дар мувофиқа бо муассис, бо намояндагони хориҷӣ (шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ) ҳуҷҷатҳоро дар самти тайёр кардани кадрҳо, гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва ғайра ба имзо мерасонад;

- намояндагон ва шаҳрвандони хориҷиро қабул мекунад;

- сардори Академия бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати ба Академия ташриф овардани намояндагон ва шаҳрвандони хориҷӣқарор қабул менамояд;

- Академия сафари кормандонро берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби муқарраргардида ташкил менамояд.

13. ТАРТИБИ ТАЪСИС, АЗНАВТАШКИЛДИҲӢ

ВА БАРҲАМДИҲИИ АКАДЕМИЯ

14. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ


М У Н Д А Р И Ҷ А

1.

Муқаррароти умумӣ ………………………….……..

3

2.

Тартиби қабул ба Академия ….................................

10

3.

Фаъолияти таълимӣ ва тарбиявӣ дар Академия…...

11

4.

Фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академия ……………

19

5.

Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Академия.…………..…

22

6.

Идоракунӣ дар Академия……...……….………….…

22

7.

Ҳайати тағйирёбанда ва доимии Академия…….….

30

8.

Тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси илмӣ,

илмӣ-педагогӣ ва такмили ихтисоси онҳо .…………

40

9.

Ҳимояи иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ дар Академия ………..….

42

10.

Фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидорӣ дар

Академия ………………………………………….……

43

11.

Баҳисобгирӣ, ҳисобот ва назоратбарӣ ……….……

48

12.

Ҳамкории байналмилалӣ ………………………...…..

49

13.

Тартиби таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва

барҳамдиҳии Академия…………………………….…

49

14.

Муқаррароти хотимавӣ ………………...……….…..

50

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...