Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастурамал
оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Душанбе-2017
Бо қарори мушовараи
Вазорати маориф ва илми
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «29» майи соли 2017
№7/36 тасдиқ карда шудааст.
Дастурамал
оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд- Дастурамал) дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ», «Низомномаи намунавӣ оид ба муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2011, №118) ва дигар асноди меъёрии ҳуқуқии зинаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шудааст.
- Муқаррароти умумӣ
1. Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон меъёрҳои ҳисоби соатҳои кафедраҳо ва тартиби муайян намудани ҳаҷми сарбории умумии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро муайян менамояд.
2. Ҳисоби соатҳои кафедраҳо ва ҳаҷми сарбории умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо назардошти иҷро намудани тамоми шаклҳои корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ, ки аз вазифаҳои ишғолнамудаи онҳо, нақшаҳои таълимии ихтисосҳои роиҷи зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ (бакалавриат, мутахассис, магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD)), шаклҳои амалкунандаи таҳсил (рӯзона, ғоибона, фосилавӣ), нақшаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ-тарбиявии муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бармеоянд, муқаррар карда мешавад.
3. Ҳисоби соатҳои кафедраҳо ва ҳаҷми сарбории умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои як соли таҳсил аз корҳои: таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ иборат мебошад.
4. Ҳуҷҷати муайянкунандаи сарбории умумии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ нақшаи инфиродӣ ба шумор меравад, ки он тибқи меъёрҳои Дастурамали мазкур ва нақшаи корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ ва иҷтимоӣ-тарбиявии кафедраҳо аз ҷониби ҳар як омӯзгор барои як соли таҳсил тартиб дода мешавад.
- қаррароти ҳисоби соатҳои кафедра ва сарбории умумии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
5. Ҳисоби соатҳои кафедраҳо тибқи тавзеҳномаи Дастурамали мазкур (замима) ба роҳ монда мешавад, ки дар он талаботи муайян намудани воҳиди вақт барои иҷрои шаклҳои гуногуни корҳои таълимӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодии омӯзгорони дар шакли кормандони асосӣ, ҳамкор (дохилӣ ё берунӣ) ва соатбайъ фаъолияткунанда муайян карда мешавад.
6. Кормандони асосии кафедраҳо профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентҳое ба шумор мераванд, ки дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ дар асоси иштирок дар озмуни ишғоли вазифа бо қарори Шӯрои олимон, фармоиши ректор ва ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо раёсати муассисаҳои таълимӣ ба муҳлати то 5 сол интихоб гардидаанд ва ё профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентҳое, ки бо фармоиши ректор ба муҳлати то се моҳҳамчун иҷрокунандаи вазифа ба кор қабул карда мешаванд.
7. Ҳамкорони дохилии кафедраҳо профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентҳое мебошанд, ки дар сохторҳои роҳбарӣ, кафедраҳо ва воҳидҳои дигари сохтории муассисаи таълимӣҳамчун корманди асосӣ дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ фаъолият менамоянд ва бо фармоиши ректор танҳо барои як соли таҳсил дар ҳаҷми 0,25-0,5 воҳиди корӣ ба вазифаи профессор, дотсент, муаллими калон ва ассистент ба кор қабул карда мешаванд.
8. Ҳамкорони берунии кафедраҳо профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентҳое мебошанд, ки дар вазорату идораҳо, кафедраҳо ва воҳидҳои сохтории дигар муассисаҳои таълимӣ, муассисаҳои истеҳсолии ҷумҳурӣ, ҳамчун корманди асосӣ дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ фаъолият менамоянд ва бо фармоиши ректори муассисаи таълимӣ танҳо барои як соли таҳсил дар ҳаҷми 0,25-0,5 воҳиди корӣ ба вазифаи профессор, дотсент, муаллими калон ва ассистент ба кор қабул карда мешаванд. Ҳамкорони берунӣ танҳо дар як муассисаи таълимӣ ба вазифаҳои профессорон, дотсентон, муаллимони калон ва ассистентҳои кафедраҳо дар асоси розигии ҳатмии роҳбари муассисае, ки дар он ҳамчун корманди асосӣ фаъолият менамоянд, ба муҳлати то як сол ба кор қабул карда мешаванд.
9. Қабули омӯзгорон дар шакли ҳамкорони дохилӣ ва берунӣ дар ҳаҷми 0,75 воҳиди корӣ ба тариқи истисно (муваққтан) дар асоси қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иҷозат дода мешавад.
10. Кормандони тариқи ҳамкор дар кафедраҳо дар ҳаҷми 0,25-0,5 ё 0,75 воҳиди корӣ ба кор қабулгардида ҳамчун кормандони асосии кафедра, ки дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ фаъолият мекунанд, дар баробари иҷрои корҳои таълимӣ, корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодиро низ ба нақша гирифта, тибқи реҷаи корӣ ва нақшаи инфиродии омӯзгорӣ ба таври ҳатмӣ иҷро менамоянд.
11. Ҳисоби соатҳои кафедраҳо ва сарбории умумии омӯзгорон бо назардошти теъдод, натиҷаи таҳлил ва баҳисобгирии нақшаҳои таълимии инфиродии бакалаврҳо, мутахассисон, магистрҳо ва докторантоне, ки тибқи нақшаи қабул аз рӯи ихтисосҳои амалкунанда дар шаклҳои таҳсили рӯзона, ғоибона ва фосилавӣ ба курси 1-ум қабул карда шудаанд ва донишҷӯён, магистрҳо ва докторантоне, ки дар курсҳои болоӣ таҳсил менамоянд, муқаррар карда мешавад.
12. Ҳисоби соатҳои кафедраҳо ва сарбории умумии омӯзгорон бо кредит (ё соатҳои академӣ) ба роҳ монда мешавад. Барои ҳисоби соатҳои кафедра ва сарбории умумии омӯзгорон 1 кредит дар ҳаҷми 24 соати академӣмуқаррар карда мешавад.
13. Ҳаҷми сарбории умумии омӯзгорони кафедраҳо тибқи қонунгузории амалкунанда бо назардошти сарфи воқеии вақт, ки дар шакли бақайдгирӣ дар табели корӣ назорат карда мешавад, дар як соли таҳсил (44 ҳафта, ба истиснои 8 ҳафтаи рухсатии меҳнатӣ) ба таври умумӣ, новобаста аз вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ барои 1,0 воҳиди корӣ 64 кредит (1536 соат) муқаррар карда мешавад, ки иҷрои корҳои зеринро дар бар мегирад:
- машғулиятҳои аудиторӣ (хондани лексия, гузаронидани дарсҳои лабораторӣ, амалӣ, семинарӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор) – 16 кредит (25%);
- машғулиятҳои ғайриаудиторӣ (қабули рейтингҳои академӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, гузаронидани мусоҳибаҳо, роҳбарии кор ва лоиҳаҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалавр, рисолаҳои дипломии мутахассис, рисолаҳои илмии магистрҳо, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) ва аъзои комиссияҳои аттестатсияи хатм) – 7 кредит (11%);
- корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор берун аз ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ (пешниҳод ва тасдиқи мавзуъҳои корҳои мустақилонаи донишҷӯён, назорати вазъи иҷрои корҳои мустақилона аз ҷониби донишҷӯён, қабул ва баҳодиҳӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён – 10 кредит (16%);
- корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ – 31 кредит (48%);
14. Сарбории таълимии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (соатҳои фаъол, ғайрифаъол ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор берун аз ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ), ки барои як воҳиди корӣ 33 кредитро ташкил медиҳад, ҷиҳати муайян намудани ҳаҷми музди меҳнати онҳо ҳамчун асос истифода карда мешавад.
15. Реҷаи кории кормандони асосии кафедраҳо бо назардошти иҷрои корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ дар як ҳафта дар ҳаҷми 35 соат муайян карда мешавад.
16. Вақти иҷрои корҳои таълимии ҳайати омӯзгорони кафедраҳо ҳамчун сарбории таълимӣ тибқи тақвими академӣ, ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ, ҷадвалҳои қабули рейтингҳои академӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ дар давраҳои асосӣ ва иловагӣ (триместр)-и сессияҳои имтиҳонӣ танзим карда мешавад.
17. Ҳисоби соатҳои кафедраҳо ва сарбории умумии омӯзгорон аз ҷониби мудирони кафедраҳо то оғози ҳар як соли таҳсил дар асоси талаботи Дастурамали мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва бо қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректор тасдиқ карда мешавад.
3. Меъёрҳои муайян намудани сарбории таълимии
ҳайати омӯзгорон
18. Сарбории таълимии омӯзгорон аз сарбории таълимии фаъол (гузаронидани машғулиятҳои аудиторӣ - дарсҳои лексионӣ, лабораторӣ, амалӣ, семинарӣ ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор) ва ғайрифаъол (назорат ва баҳодиҳӣ ба корҳои мустақилонаи донишҷӯён, қабули рейтингҳои академӣ ва имтиҳонҳои ниҳоӣ, гузаронидани мусоҳибаҳо, роҳбарии кор ва лоиҳаҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалавр, рисолаҳои дипломии мутахассис, рисолаҳои илмии магистрҳо, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) ва аъзои комиссияҳои аттестатсияи хатм) иборат мебошад.
19. Барои муайян намудани ҳаҷми тамоми шаклҳои корҳои таълимии сарбории таълимии ғайрифаъоли омӯзгорон риояи талаботи тавзеҳномаи Дастурамали мазкур ҳатмӣ мебошад.
20. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣҷиҳати ворид намудани соатҳо барои роҳбарии таҷрибаомӯзиҳо, роҳбарии кор ва лоиҳаҳои курсӣ, рисолаҳои хатми бакалавр, рисолаҳои дипломии мутахассис, рисолаҳои илмии магистрҳо, докторантура аз рӯи ихтисос (доктори фалсафа (PhD) ва аъзои комиссияи аттестатсияи хатм ба сарбории таълимии кормандони асосӣ (дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ), ҳамкорони дохилӣ ва берунӣ (дар ҳаҷми 0,25-0,5 воҳиди корӣ) ва ё муайян намудани иҷрои онҳо дар шакли соатбайъ мустақил мебошад.
21. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар муайян намудани ҳаҷми сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони кафедраҳо барои кормандони асосӣ дар ҳаҷми 1,0 воҳиди корӣ танҳо аз ҳисоби соатҳои фанҳои таълимии кафедраҳо, ки тадриси онҳо аз рӯи ихтисосҳои амалкунандаи шакли таҳсили рӯзона ба роҳ монда мешавад, мустақил мебошад.
22. Сарбории таълимии омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба истиснои омӯзгорони фанни тарбияи ҷисмонии кафедраҳои умумидонишгоҳӣ бо назардошти иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор берун аз ҷадвали дарсӣ барои 1,0 воҳиди корӣ новобаста аз вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ дар ҳаҷми 33 кредит (792 соат) муқаррар карда мешавад.
23. Сарбории таълимии омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳии тарбияи ҷисмонӣ ба истиснои ихтисосҳои соҳаи варзиш бо назардошти иҷрои корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор берун аз ҷадвали дарсӣ барои 1,0 воҳиди корӣ дар ҳаҷми 32 кредит муайян карда мешавад.
24. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар асоси зарурати истеҳсолӣ метавонанд бо қарори Шӯрои олимон ҳаҷми сарбории таълимии омӯзгорони кафедраҳоро барои як воҳиди корӣ вобаста ба вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ тафриқавӣ муқаррар намоянд.
Муайян намудани тафриқа дар ҳаҷми сарбории таълимии омӯзгорони кафедраҳо барои як воҳиди корӣ вобаста ба вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ дар шакли ҷадвали 1 тавсия дода мешавад.
Ҷадвали 1
Ҳаҷми сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони кафедраҳо вобаста ба вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ барои 1,0 воҳидӣ корӣ
№ | Вазифа, дараҷа ва унвони илмӣ | Ҳаҷми сарбории таълимии: | КМРО берун аз ҷадвали дарсӣ | Ҳамагӣ | |||||
фаъол | ғайрифаъол | ||||||||
соат | кредит | соат | кредит | соат | кредит | соат | кредит | ||
1 | Профессор, доктори илм | 384 | 16 | 168 | 7 | 240 | 10 | 792 | 33 |
2 | Профессор, номзади илм | 408 | 17 | 168 | 7 | 240 | 10 | 816 | 34 |
3 | Дотсент, номзади илм | 432 | 18 | 168 | 7 | 240 | 10 | 840 | 35 |
4 | Дотсент, бе унвони илмӣ | 432 | 18 | 168 | 7 | 240 | 10 | 840 | 35 |
5 | Муаллими калон, номзади илм | 432 | 18 | 168 | 7 | 240 | 10 | 840 | 35 |
6 | Ассистент, номзади илм | 456 | 19 | 168 | 7 | 240 | 10 | 864 | 36 |
7 | Муал. калон, бе унвони илмӣ | 456 | 19 | 168 | 7 | 240 | 10 | 864 | 36 |
8 | Ассистент, бе унвони илмӣ | 480 | 20 | 168 | 7 | 240 | 10 | 888 | 37 |
25. Роҳбарӣ ба теъдоди муайяни кор ва лоиҳаҳои курсӣ, рисолаи хатми бакалаврӣ, рисолаи дипломии мутахассис ва рисолаи илмии магистрӣ барои омӯзгорон дар асоси қарори Шӯрои олимони муассисаи таҳсилоти олии касбӣ ба роҳ монда мешавад.
26. Соатҳо барои роҳбарии таҷрибаомӯзиҳо, кор ва лоиҳаҳои курсии тахассусӣ, рисолаҳои хатми бакалаврӣ, рисолаҳои дипломии мутахассис ва рисолаҳои илмии магистрӣ, ки дар давоми соли таҳсил аз ҷониби омӯзгорон иҷро карда мешаванд, бо назардошти нарасидани кадрҳои илмӣ-педагогии кафедраҳо ба сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони кафедраҳои мувофиқи муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дохил карда мешаванд.
27. Ба омӯзгорони кафедраҳои тахассусӣ ва умумидонишгоҳие, ки дар ихтисосҳои кафедраҳои дигар сарбории таълимӣ иҷро менамоянд, дар як ихтисос пайиҳам зиёда аз ду сол банақшагирӣ ва иҷрои сарбории таълимӣ иҷозат дода намешавад.
28. Дар сурати дар кафедра нарасидани кадрҳои дорои дараҷа ва унвони илмӣ, бо қарори Шӯрои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ассистентҳо барои гузаронидани машғулиятҳои лексионӣ дар ҳаҷми то 6 кредит (144 соат) иҷозат дода мешавад.
29. Омӯзгорон дар давраи бемор будан, гузаштан аз курсҳои такмили ихтисос аз иҷрои сарбории таълимӣ озод карда мешаванд. Машғулиятҳои дарсии онҳо дар ин давра аз ҷониби дигар омӯзгорони кафедраҳо тариқи иҷро намудани сарбории иловагии таълимӣ дар шакли соатбайъ гузаронида мешаванд. Дар баробари табобат гирифтан, ба анҷом расонидани курсҳои такмили ихтисос ва идома додани фаъолияти омӯзгорӣ, сарбории таълимии онҳо барои давраи боқимондаи соли таҳсил дар ҷаласаи кафедраҳо аз нав тасдиқ карда мешавад.
4. Тартиби таҳия ва тасдиқи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорон
30. Мудирони кафедраҳо вазифадор мебошанд, ки дар заминаи ҷадвали воҳидҳои корӣ соатҳои кафедраро дар мувофиқа бо садорати факултет дар байни ҳайати омӯзгорон тақсим карда, ба раёсати таълим пешниҳод намоянд.
31. Дар сурати нарасидани омӯзгорони асосӣ, инчунин бо мақсади ҷалби мутахассисони соҳибтаҷриба мудирони кафедраҳо дар мувофиқа бо садорати факултет ва раёсат (шуъба)-и таълими муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ метавонад мутахассисонро дар шакли ҳамкор ё соатбайъ аз дигар муассисаҳои таълимӣ ё корхонаву муассисаҳои ҷумҳурӣ даъват намоянд.
32. Ҳайати омӯзгорон нақшаҳои инфиродии худро тибқи намунаи бо қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқгардида таҳия менамоянд. Нақшаи инфиродии омӯзгорони кафедраҳо мазмуну мундариҷаи фаъолияти солона ва панҷсолаи онҳоро муайян менамояд.
33. Дар нақшаҳои инфиродии омӯзгорони кафедраҳо тамоми шаклҳои корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ вобаста ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи таҳсилоти олии касбӣ ба қайд гирифта мешавад.
34. Нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар ҷаласаи кафедраҳо муҳокима карда шуда, бо гузоштани имзо аз тарафи омӯзгорон, мудирони кафедра, деканҳои факултет, муовинони ректор оид ба таълим, илм ва тарбия тасдиқ карда мешаванд.
35. Нақшаҳои инфиродии омӯзгорон дар тамоми давраи фаъолияти қарордодии онҳо дар ду нусха (нусхаи якум дар кафедра ва нусхаи дуюм дар раёсат (шуъба)-и таълим нигоҳ дошта мешавад.
36. Дар охири соли таҳсил ҳар ду нусхаи нақшаи инфиродии омӯзгор бо қайди иҷрои воқеии корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ ва пешниҳоди ҳисоботи солона аз ҷониби мудирони кафедраҳо, деканҳои факултет мавриди баррасӣқарор дода шуда, ба раёсат (шуъба)-ҳои таълим, илм ва тарбия супорида мешаванд.
37. Ҳаҷми сарбории таълимии дар шакли соатбайъ аз ҷониби кормандони асосии кафедраҳо иҷрошаванда ва пардохти музди меҳнати онҳо бо назардошти сарф гардидани вақти воқеӣ муайян карда шуда, дар як соли таҳсил то 10 кредит муқаррар карда мешавад.
38. Ҳаҷми сарбории таълимии аз ҷониби ҳамкорони дохилии кафедраҳо дар шакли соатбайъ иҷрошаванда ва пардохти музди меҳнати онҳо бо назардошти сарф гардидани вақти воқеӣ ба ҳисоб гирифта шуда, дар як соли таҳсил то 6 кредит муқаррар карда мешавад.
5. Нишондиҳандаҳои муайян намудани воҳидҳои вақт барои ҳисоби соатҳои кафедра
39. Теъдоди донишҷӯён барои гузаронидани шаклҳои гуногуни машғулиятҳои дарсӣ (лексия, машғулятҳои семинарӣ, амалӣ ва лабораторӣ, таҷрибаомӯзии таълимӣ) дар гурӯҳҳои академӣ 25 нафар ва дар зергурӯҳҳо 12-13 нафар муқаррар карда мешавад.
39. Бо назардошти дар натиҷаи қабул, хориҷ, барқарор ва интиқоли донишҷӯён пурра нагардидан ё аз меъёри муқарраргардида зиёд шудани теъдоди онҳо, ба таври истисно барои муайян намудани теъдоди донишҷӯён дар гурӯҳҳои академӣ – аз 19 то 35 нафар ва дар зергурӯҳҳо – аз 9 то 18 нафар иҷозат дода мешавад.
41. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар муайян намудани теъдоди донишҷӯён барои гузаронидани машғулияти лексионӣ дар шакли гурӯҳҳои академии якҷоя (патокҳо) мустақил мебошад.
42. Нишондиҳандаи дигари муайян намудани воҳидҳои вақт барои ҳисоби соатҳои кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ вобаста ба иҷро намудани шаклҳои гуногуни корҳои таълимӣ, таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ, ки тавассути кредитҳо (ё соатҳои академӣ) ба қайд гирифта мешаванд, тибқи тавзеҳномаи Дастурамали мазкур ба роҳ монда мешавад.
Замима
Тавзеҳнома
ба Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1. Меъёрҳои дар тавзеҳнома овардашуда тибқи талаботи Стандарти давлатии таҳсилоти олии касбӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25.02.2017, №94), Низомномаи низоми кредитии таҳсилот дар муассисаҳоитаҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.12.2016, №19/24) ва Дастурамал оид ба таҳияи сарбории таълимии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (қарори мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.08.2017, №7/36) муайян карда шудааст.
2. Корҳои ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шакли сарбории умумӣ дар ҳаҷми 64 кредит (ё 1536 соат) муқаррар карда шудааст. Сарбории умумии ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар навбати худ ба қисмҳои сарбории таълимӣ ва корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ, илмӣ-эҷодӣҷудо мешавад.
3. Қисми якуми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ танҳо дар шакли иҷро намудани корҳои таълимӣ (сарбории таълимии фаъол, ғайрифаъол ва корҳои мустақилонаи донишҷӯ бо роҳбарии омӯзгор берун аз ҷадвали машғулиятҳои дарсӣ) муқаррар гардида, ҳадди ақали ҳаҷми иҷрои намудани он барои 1,0 воҳиди корӣ дар як соли таҳсил ба 33 кредит (ё 792 соат) баробар мебошад (ҷадвали 2).
4. Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар ҳолати бо назардошти махсусияти фанҳои таълимӣ пурра нагардидани сарбории таълимии ғайрифаъоли омӯзгорони кафедраҳои умумидонишгоҳӣ, аз ҷумла кафедраҳои умумидонишгоҳии илмҳои ҷомеашиносӣ метавонанд ин қисмро аз ҳисоби кредитҳои сарбории фаъол пурра гардонанд.
Ҷадвали 2
Меъёрҳои муайян намудани ҳаҷми сарбории таълимии
ҳайати омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
№ | Намудҳои фаъолияти таълимӣ | Меъёрҳои вақт барои ҳисоби сарборӣ бо соатҳои академӣ ё кредит | Тавзеҳот |
1 | Сарбории таълимии фаъол | 384 соат | |
1.1 | Хондани лексия | 1 соат | ба гурӯҳҳои то 100 нафар |
1.2 | Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ ва семинарӣ | 1 соат | ба як гурӯҳи 20-35 нафар |
1.3 | Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва хориҷӣ | 1 соат | ба як зергурӯҳи 10-19 нафар |
1.4 | Гузаронидани машғулиятҳои амалӣ аз фанҳои тахассусӣ | 1 соат | ба як зергурӯҳи 10-19 нафара |
1.5 | Гузаронидани КМРО мувофиқи ҷадвали дарсӣ | 1 соат | ба як гурӯҳи 20-35 нафар |
2 | Сарбории таълимии ғайрифаъол | 168 соат | |
2.1 | Гузаронидани машварат пеш аз имтиҳонҳои ниҳоӣ новобаста аз шакли қабули онҳо (тестӣ, хаттӣ, шифоҳӣ) | 1 соат | ба як гурӯҳи 20-35 нафар |
2.2 | Қабули имтиҳонҳои фосилавӣ тариқи тестӣ бо истифода аз компютер | 3 соат | ба як гурӯҳи 20-35 нафар |
2.3 | Қабули имтиҳони ниҳоӣ тариқи тестӣ бо истифода аз компютер | 3 соат | ба як гурӯҳи 20-35 нафар |
2.4 | Қабули имтиҳони ниҳоӣ бо тарзи хаттӣ | 0,2 соат | ба як донишҷӯ |
2.5 | Қабули имтиҳони ниҳоӣ бо тарзи шифоҳӣ | 0,4 соат | ба як донишҷӯ |
2.6 | Қабули корҳои назоратӣ (барои шаклҳои таҳсили ғоибона ва фосилавӣ) | 0,2 соат | ба як донишҷӯ |
2.7 | Иштирок дар Комиссияи аттестатсияи хатм барои раис ва аъзо | 0,5 соат | ба як донишҷӯ |
2.8 | Роҳбарӣ ба корҳои курсии фаннӣ | 1-2 соат | ба як донишҷӯ |
2.9 | Роҳбарӣ ба корҳои курсии тахассусӣ | 3 соат | ба як донишҷӯ |
2.10 | Роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзии таълимӣ | 36 соат | ба як зергуруҳ дар як ҳафта |
2.11 | Роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзии истеҳсолӣ | 12 соат | ба як гурӯҳ дар як ҳафта |
2.12 | Роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар курси 3-юми ихтисосҳои алоҳида ва курси 4-уми ихтисосҳои ҳамгиро | 24 соат | ба як донишҷӯ дар давраи таҷрибаомӯзӣ |
- ба роҳбари факултетӣ | 1 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба роҳбари гурӯҳӣ (фаннӣ) | 12 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба методисти фанни педагогика | 2 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба методисти фанни психология | 1 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба директори муассисаи таълимӣ | 0,5 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба омӯзгори фаннӣ | 6 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба роҳбари синф | 1 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба масъули таҷрибаомӯзӣ | 0,5 соат | ба як донишҷӯ | |
2.13 | Роҳбарӣ ба таҷрибаомӯзии педагогӣ дар курси 4-уми ихтисосҳои алоҳида ва курси 5-уми ихтисосҳои ҳамгиро | 36 соат | ба як донишҷӯ дар давраи таҷрибаомӯзӣ |
- ба роҳбари факултетӣ | 1 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба роҳбари гурӯҳӣ (фаннӣ) | 18 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба методисти фанни педагогика | 3 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба методисти фанни психология | 2 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба директори муассисаи таълимӣ | 0,5 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба омӯзгори фаннӣ | 9 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба роҳбари синф | 1,5 соат | ба як донишҷӯ | |
- ба масъули таҷрибаомӯзӣ | 1 соат | ба як донишҷӯ | |
2.14 | Роҳбарӣ ба рисолаи хатми бакалавр ва рисолаи дипломии мутахассис | 18 соат | ба як донишҷӯ |
2.15 | Роҳбарӣ ба рисолаи илмии магситр | 36 соат | ба як донишҷӯ дар давраи таҳсил |
3 | КМРО берун аз ҷадвали машғуляитҳои дарсӣ | 240 соат | |
3.1 | Пешниҳоди мавзуъҳои КМД | 15 | барои як сол |
3,2 | Тасдиқи мавзуъҳои КМД | 15 | барои як сол |
3.3 | Назорати вазъи иҷрои КМД | 74 | барои як сол |
3.4 | Баҳодиҳӣ ба КМД | 120 | барои як сол |
5. Қисми дуюми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шакли иҷро намудани корҳои таълимӣ-методӣ, илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявӣ ва илмӣ-эҷодӣ пешбинӣ гардида, ҳаҷми иҷро намудани онҳо барои 1,0 воҳиди корӣ дар як соли таҳсил 31 кредит (ё 744 соат)-ро ташкил медиҳад (ҷадвали 3).
Ҷадвали 3
Меъёрҳои муайян намудани ҳаҷми корҳои таълимӣ-методӣ,
илмӣ-таҳқиқотӣ, иҷтимоӣ-тарбиявии ҳайати омӯзгорони
муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ
№ | Номгӯйи корҳо | Асос | Воҳиди ченак | Соат |
Корҳои таълимӣ-методӣ ва ташкилӣ - методӣ | 200 - 250 | |||
Таҳияи китоби дарсӣ | тавсияи ВМ ва И | 1 ҷ.ч. | 40 | |
Тарҷумаи китоби давлатҳои хориҷи ба забони давлатӣ | тавсияи ВМ ва И | 1 ҷ.ч. | 40 | |
Таҳияи китоби дарсӣ ба забони тоҷикӣ (фанҳои тахассусӣ) | тавсияи ВМ ва И | 1 ҷ.ч. | 60 | |
Таҳияи дастуру воситаҳои таълимӣ | тавсияи ШМ ДТТ | 1 ҷ.ч. | 25 | |
Таҳияи дастуру воситаҳои таълимӣ ба забони англисӣ аз фанҳои тахассусӣ | тавсияи ШМ ДТТ | 1 ҷ.ч. | 45 | |
Таҳияи барномаи кории фан (силлабус) | тавсияи ШМ факултет | 1 фан | 20 | |
Таҳияи матни нави лексияҳо | Қарори кафедра | фан | 32 | |
Таҳияи матни нави лексияҳо ба забони тоҷикӣ (фанҳои тахассусии равияҳои техникию табиӣ ва тиббию биологӣ) | Қарори кафедра | 1 фан | 48 | |
Барномаи таълимии фан, ки аз ҷониби ВМ ва И ҶТ тасдиқ мешавад | 1 фан | 50 | ||
Таҳияи супоришҳои тестии электронӣ барои қабули имтиҳони ниҳоии фанни таълимӣ (на камтар аз 100 супориши тестӣ барои 1 кредит) | тавсияи ШМ факултет | 1 кредит | 30 | |
Таҳия ва истифодаи маводи таълимии мултимедӣ: (Power Point, MS Excel , Archi Cad, MaxStudio ва ғайра) | Тавсияи ШМ ДТТ | 1 фан | 50 | |
Коркарди курсҳои электронии таълимӣ барои таҳсилоти фосилавӣ | тавсияи ШМ ДТТ | 1 фан | 50 | |
Таҳияи дастуру воситаҳои электронии таълимии дорои элемент (хусусият)-ҳои мултимедӣ ва усулҳои фаъоли таълим | тавсияи ШМ ДТТ | 1 фан | 70 | |
Таҳияи дастуру воситаҳои электронии таълимии дорои элемент (хусусият)-ҳои мултимедӣ ва усулҳои фаъоли таълим ба забони тоҷикӣ | тавсияи ШМ ДТТ | 1 фан | 70 | |
Таҳияи барномаи фанҳои таълимӣ ба забони англисӣ барои ихтисосҳои ғайрифилологӣ | тавсияи ШМ ДТТ | 1 фан | 80 | |
Иштирок дар ташкил ва гузаронидани олимпиадаҳои фаннии хонандагон ва донишҷӯён | фармоиши ректор | 1 фан | 20 | |
Экспертиза, таҳрир ва танзими истилоҳоти техникии маводҳои таълимӣ | тасдиқи ШМ ДТТ | 1 ҷ.ч. | 20 | |
Аъзои гурӯҳи кории Ҳукуматӣ | Қарори Ҳукумат | 1 комиссия | 60 | |
Аъзои гурӯҳи кории ВМ ва И | фармоиши вазир | 1 комиссия | 40 | |
Аъзои Шӯрои олимони донишгоҳ | фармоиши ректор | 40 | ||
Котиби Шӯрои олимони донишгоҳ | фармоиши ректор | 50 | ||
Аъзои гуруҳи кории Шӯрои олимони донишгоҳ | фармоиши ректор | 1 комиссия | 20 | |
Аъзои Шӯрои олимони факултет | фармоиши ректор | 30 | ||
Котиби Шӯрои олимони факултет | фармоиши ректор | 40 | ||
Аъзои Шӯрои методии донишгоҳ | фармоиши ректор | 30 | ||
Котиби Шӯрои методии донишгоҳ | фармоиши ректор | 40 | ||
Аъзои Шӯрои методии факултет ва гурӯҳҳои кории факултет | фармоиши ректор | 20 | ||
Котиби Шӯрои методии факултет | фармоиши ректор | 25 | ||
Роҳбарии кафедра (Мудири кафедра) | фармоиши ректор | 60 | ||
Иштирок ба дарсҳои ҳамдигар | Тибқи ҷадвали кафедравӣ | 1 дарс | 3 Ду соат барои иштирок, як соат барои таҳлил ва пешниҳоди хулоса | |
Фаъолияти илмӣ-таҳқиқотӣ, эҷодӣ ва варзишӣ | 300 - 450 | |||
Нашри монографияи илмӣ | Қарори Шӯрои нашр ва татбиқ | 1 ҷ.ч. | 60 | |
Корҳои илмии нашршуда | ||||
- Нашрияҳои «Scopus», «Web of Science» ваамсоли онҳо | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 300 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- Нашрияҳои КОА ва ФР | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 100 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- нашрияҳои РИНЦ | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 80 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- нашрияҳои дигари байналмилалӣ, аз он ҷумла маводҳои конференсияҳои байналмилалӣ | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 60 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- нашрияҳои дигари ҷумҳуриявӣ, аз он ҷумла маводҳои конференсияҳои ҷумҳуриявӣ | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 40 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- маводҳои конференсияҳои донишгоҳӣ | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 30 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- фишурдаи мақолаҳо (тезис) | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 15 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- Роҳбарӣ ба корҳои илмии чопшудаи донишҷӯён ва магистрантҳо (ба истиснои корҳои дар банди 2.2 нишондодашуда) | ||||
- нашрияҳои хориҷи дур | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 100 | |
- нашрияҳои хориҷи наздик | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 70 | |
- нашрияҳои ҷумҳуриявӣ | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 30 | |
- нашрияҳои донишгоҳӣ | нусхаи маводи чопи ва сомонаи интернетӣ | 1 мақола | 20 | |
Дарёфти | ||||
- нахустпатент барои ихтироот (ҷумҳуриявӣ) | ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда | 1 патент | 120 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- патент барои ихтироот | ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда | 1 патент | 140 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- патент барои ихтироот (евроосиёӣ) | ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда | 1 патент | 180 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- патент барои ихтироот (байналхалқӣ) | ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда | 1 патент | 180 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- Шаҳодатнома барои Маҳсулоти зеҳнӣ | ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда | 1 нишон | 80 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
- Ташкил ва гузаронидани озмуни «Ихтирокорони ҷавон» | ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда | 50 | ||
Тақриз ба: | ||||
-монография | Нусхаи тақриз | 1 моно-я | 30 | |
-автореферат | Нусхаи тақриз | 1 авт-т | 6 | |
-мақолаи илмӣ | Нусхаи тақриз | 1 мақола | 2 | |
Роҳбарӣ ба семинари илмии доимоамалкунандаи | ||||
-донишгоҳӣ | фармоиши ректор | 1 сол | 30 | |
-факултет | фармоиши ректор | 1 сол | 20 | |
-кафедра | фармоиши ректор | 1 сол | 15 | |
Роҳбари ҶИД дар факултет | фармоиши ректор | 1 сол | 40 | |
Гузаронидани экспертизаи лоиҳаҳои илмӣ | фармоиши роҳбари мақомоти дахлдор | 1 лоиҳа | 20 барои 1 ҷ.ч | |
Дарёфти грант барои иҷрои лоиҳа | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 150 Соат ба муаллифон тақсим мешавад | |
Роҳбарӣ ба лоиҳаи байналмилалии илмӣ, илмӣ-таълимӣ | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 150 | |
Иштирок дар лоиҳаи байналмилалии илмӣ, илмӣ-таълимӣ | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 50 | |
Роҳбарӣ ба лоиҳаи ҷумҳуриявии илмӣ, илмӣ-таълимӣ | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 120 | |
Иштирок дар лоиҳаи ҷумҳуриявии илмӣ, илмӣ-таълимӣ | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 50 | |
Роҳбарӣ ба лоиҳаи илмӣ аз рӯи мавзуъҳои фармоишӣ | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 100 | |
Иштирок дар лоиҳаи илмӣ аз рӯи мавзуъҳои фармоишӣ | фармоиши ректор | 1 лоиҳа | 50 | |
Аъзои ҳайати таҳрири маҷаллаҳои илмии КОА ва ФР | фармоиш | 1 маҷалла | 50 | |
Оппоненти расмии рисолаи илмӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 рисола | 25 | |
Аъзои Шурои диссертатсионӣ барои як сол (дар донишгоҳ) | ||||
¾ раис | фармоиши КОА | 60 | ||
¾ муовини раис | фармоиши КОА | 50 | ||
¾ котиби илмӣ | фармоиши КОА | 80 | ||
¾ аъзо | фармоиши КОА | 30 | ||
Аъзои Шӯрои Шӯрои татбиқ ва нашри корҳои илмӣ-таҳқиқотии донишгоҳ | фармоиши ректор | 20 | ||
Омодасозии хулосаи кафедра (факултет, донишгоҳ) нисбат ба рисолаҳои илмӣ (ҳамчун муассисаи пешбар) | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 рисола | 60 Ба омӯзгорони хулосадиҳанда | |
Чопи автореферати рисолаи номзадӣ ва докторантураи PhD (ҳимоя) | Қарори ШД | 300 | ||
Чопи автореферати рисолаи докторӣ (ҳимоя) | Қарори ШД | 400 | ||
Омода намудани донишҷӯёни озмунҳои донишгоҳии илмӣ, ихтироъкорӣ, конференсияҳо ва дорандаи ҷоизаҳо | Фармоиши ректор | Барои донишҷӯён | 25 | |
Омода намудани донишҷӯёни озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ, ихтироъкорӣ, конференсияҳо ва дорандаи ҷоизаҳо | Фармоиши ректор | Барои донишҷӯён | 30 | |
Омода намудани донишҷӯёни озмунҳои байналмилалии илмӣ, ихтироъкорӣ, конференсияҳо ва дорандаи ҷоизаҳо | Фармоиши ректор | Барои донишҷӯён | 50 | |
Татбиқи натиҷаҳои корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар раванди таълим (истеҳсолот) | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 санад | 30 | |
Ташкили конференсияи байналмилалӣ ба сифати: | ||||
- раис | фармоиши ректор | 1 конф-я | 50 | |
- котиб | фармоиши ректор | 1 конф-я | 40 | |
- аъзои кумитаи тадорук | фармоиши ректор | 1 конф-я | 30 | |
Ташкили конференсияи ҷумҳуриявӣ ба сифати: | ||||
- раис | фармоиши ректор | 1 конф-я | 40 | |
- котиб | фармоиши ректор | 1 конф-я | 30 | |
- аъзои кумитаи тадорук | фармоиши ректор | 1 конф-я | 20 | |
Ташкили конференсияи донишгоҳӣ ба сифати: | ||||
- раис | фармоиши ректор | 1 конф-я | 30 | |
- котиб | фармоиши ректор | 1 конф-я | 25 | |
- аъзои кумитаи тадорук | фармоиши ректор | 1 конф-я | 10 | |
Гузаштан аз курси такмили ихтисос ва бозомӯзӣ | сертификат | 1 курс | 60 | |
Ғолиби озмунҳои донишгоҳии илмӣ ва ихтироъкорӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 озмун | 50 | |
Ғолиби озмунҳои ҷумҳуриявии илмӣ ва ихтироъкорӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 озмун | 60 | |
Ғолиби озмунҳои байналмилалии илмӣ ва ихтироъкорӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 озмун | 100 | |
Ташкили олимпиадаи донишгоҳии донишҷӯён ба сифати: | ||||
- раис | фармоиши ректор | 1 олимп-а | 30 | |
- котиб | фармоиши ректор | 1 олимп-а | 25 | |
- аъзои кумитаи тадорук | фармоиши ректор | 1 олимп-а | 10 | |
Роҳбарӣ ба рисолаи илмии магистрӣ | фармоиши ректор | 1 донишҷӯ | 32 | |
Роҳбарӣ ба рисолаи илмии аспирант (докторанти PhD) | фармоиши ректор | 1 аспирант | 100 | |
Роҳбарии барномаҳои алоҳидаи дастаҳои таълимӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 80 | ||
Омодасозии чорабиниҳои тақвимӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 100 | ||
Омодасозии сенарияҳои чорабиниҳои фарҳангӣ - фароғатӣ: - шавқовар 1 ҷузъи чопии муаллифӣ, намоишӣ- бозигӣ - анъанавӣ - маросимӣ - идҳои оммавӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 70 80 200 | ||
Таҳияи филмҳои ҳуҷҷатӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 300 | ||
Ҷамъоварии маводҳои бойгонӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 70 | ||
Роҳбарӣ ба маҳфили эҷодии донишҷуён | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 80 | ||
Роҳбарӣ ба маҳфили варзишии донишҷӯён | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 80 | ||
Барои омода намудани донишҷӯён ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи донишгоҳӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 50 | ||
Барои омода намудани донишҷӯён ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи вилоятӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 100 | ||
Барои омода намудани донишҷӯён ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи ҷумҳӯриявӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 150 | ||
Барои омода намудани донишҷӯён ба мусобиқаҳои варзишии сатҳи байналхалқӣ | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 300 | ||
Корҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ | 100 - 200 | |||
Ташкил ва гузаронидани чорабиниҳо оид ба такмил додани низоми корҳои тарбиявӣ дар сатҳи кафедра (семинарҳо, мизҳои мудаввар ва ғайра) | Протоколи кафедра | 1 чорабинӣ | 20 | |
Коркарди маводи методӣ оид ба корҳои тарбиявӣ | Тавсияи ШМ ДТТ | 1ҷ.ч | 20 | |
Ташкили чорабинии тарбиявӣ дар сатҳи кафедра | Протоколи чорабинӣ | 1 чорабинӣ | 20 | |
Ташкили чорабинии тарбиявӣ дар сатҳи факултет | Протоколи чорабинӣ | 1 чорабинӣ | 30 | |
Иштирок дар озмунҳои факултетӣ | Протоколи чорабинӣ | 1озмун | 10 | |
Омода намудани донишҷӯёне, ки дар озмунҳои донишгоҳии эҷодӣ, варзишӣ ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардидаанд | пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ғолибият | 1 донишҷӯ | 20 | |
Омода намудани донишҷӯёне, ки дар озмунҳои ҷумҳуриявии эҷодӣ, варзишӣ ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардидаанд | пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ғолибият | 1 донишҷӯ | 30 | |
Омода намудани донишҷӯёне, ки дар озмунҳои байналмилалии эҷодӣ, варзишӣ ба гирифтани ҷойҳои намоён сазовор гардидаанд | пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунандаи ғолибият | 1 донишҷӯ | 50 | |
Навбатдорӣ дар хобгоҳҳои донишҷӯён ва бинои таълимӣ дар давоми сол | Ҷадвал ва журнали навбатдорӣ | 1 навб-ӣ | 5 | |
Роҳбарӣ ба маҳфилҳои тарбиявӣ-ватандӯстии донишҷӯёни кафедра дар давоми сол | Нақша ва ҳисоботи маҳфил | 1 маҳфил | 50 | |
Сарпарасти гурӯҳи академӣ | Фармоиши ректор | 1 гуруҳ (дар нимсола) | 32 | |
Нашри мақолаҳо дар бораи ватандӯстӣ, ҳуввияти миллӣ, одобу ахлоқ, тағриби донишҳо ва ғайра дар | ||||
- Рӯзномаи донишгоҳӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 мақола | 25 | |
- Рӯзномаҳои расмии ҷумҳуриявӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 мақола | 50 | |
- Маҷалаҳои расмии ҷумҳуриявӣ | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 мақола | 50 | |
- Рӯзномаҳои расмии хориҷи кишвар (ба забони русӣ) | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 мақола | 60 | |
-Маҷалаҳои расмии хориҷи кишвар (ба забони русӣ) | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 мақола | 70 | |
-Маҷалаҳои расмии хориҷи кишвар (ба забонҳои англисӣ, олмонӣ, фаронсавӣ) | ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 1 мақола | 90 | |
Ташкили вохуриҳо бо роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ собиқадорони ҷангу меҳнат ва дигар шахсияти маъруф дар сатҳи; | ||||
- Донишгоҳ | протокол | 1 вохӯрӣ | 20 | |
- Факултет | протокол | 1 вохӯрӣ | 15 | |
- Кафедра | протокол | 1 вохӯрӣ | 10 | |
Ташкили чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ | ||||
-Иштирок дар тайёрӣ ва гузаронидани роҳпаймоӣ бахшида ба ҷашнҳои миллӣ | ҳуҷҷати тасдиқшуда | 1 чорабинӣ | 80 | |
-Иштирок дар тайёрӣ ва гузаронидани барномаҳои фарҳангӣ | ҳуҷҷати тасдиқшуда | 1 чорабинӣ | 30 | |
-Иштирок дар тайёрӣ ва гузаронидани маҳфили зарифон ва ғайра | ҳуҷҷати тасдиқшуда | 1 чорабинӣ | 80 | |
Ташкили чорабиниҳои варзишӣ дар сатҳи | ||||
- Факултет | фармоиши ректор | 1 чорабинӣ | 10 | |
- Хобгоҳҳо | фармоиши ректор | 1 чорабинӣ | 10 | |
- Донишгоҳӣ | фармоиши ректор | 1 чорабинӣ | 15 | |
- Шаҳрӣ | фармоиши ректор | 1 чорабинӣ | 20 | |
- Ҷумҳуриявӣ | фармоиши ректор | 1 чорабинӣ | 80 | |
Ташкили экскурсияҳо барои донишҷӯён ба ҷойҳои таърихӣ, осорхонаҳо, китобхонаҳо ва ғайра | Тасдиқи ШТТ | 1 экскурсия | 15 | |
Ташкили озмунҳои (хобгоҳои беҳтарин, ҳуҷраи беҳтарин, куратори беҳтарин, синфхонаи беҳтарин ва ғайра): | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 50 | ||
Ташкили озмуни донишҷӯӣ сол, сардори сол, беҳтарин раиси созмони ҷавонон | Пешниҳоди ҳуҷҷати тасдиқкунанда | 50 |
Ҳаҷми минималии қисми дуюми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои як басти корӣ ба миқдори зерин муайян карда мешавад.
- Корҳои таълимӣ-методӣ 200 - 250
- Корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ 300 - 450
- Корҳои иҷтимоӣ-тарбиявӣ 100 - 200
Дар маҷмуъ қисми дуюми сарбории омӯзгорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои як басти корӣ бояд аз 31 кредит (744 соат) кам набошад.
Барои омӯзгороне, ки аз 0,25 то 1,75 басти корӣ доранд, қисми дуюми сарборӣ мувофиқан ба андозаи зерин муайян карда мешавад:
Басти корӣ | Қисми дуюми сарборӣдар маҷмӯъ, Соат | Ҳаҷми минималии қисми дуюми сарборӣ, соат | ||
таълимӣ-методӣ | илмӣ-таҳқиқотӣ | иҷтимоӣ-тарбиявӣ | ||
0,25 | 186 | 50 | 75 | 25 |
0,5 | 372 | 100 | 150 | 50 |
0,75 | 558 | 150 | 225 | 75 |
1 | 744 | 200 | 300 | 100 |
1,25 | 930 | 250 | 375 | 125 |
1,5 | 1116 | 300 | 450 | 150 |
1,75 | 1302 | 350 | 525 | 175 |