Маҳфили илмӣ дар Академияи ВКД
Соҳаи сайёҳӣ дар ҷаҳони имрӯза маъруфияти бештаре касб карда, сол то сол таваҷҷӯҳ ба ин соҳа рӯ ба афзудан дорад. Теъдоди сайёҳон дар дунё ба маротиб зиёд мешавад ва бисёр давлатҳо аз ин раванд пурсамар истифода мебаранд, чунки сайёхӣ соҳаи бисёр сердаромад аст.
Кишварҳое ҳастанд, ки манбаи асосии даромади буҷаашон аз соҳаи сайёҳӣ ба шумор меравад. Вобаста ба ин, зарур аст, ки бо мақсади боз ҳам тавсеа бахшидани соҳаи сайёҳӣ, истифодаи самараноки имкониятҳои мавҷуда дар ин самт, инкишофи инфрасохтори сайёҳӣ, беҳтар кардани сифати хизматрасонӣ, густариши раванди танзими давлатӣ ва дастгирии сайёҳии дохилию хориҷӣ, ҷалби ҳарчи бештари сармоя дар ин самт ва омода кардани кадрҳои баландихтисос 27-уми майи соли 2017 дар назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохтори алоҳида, яъне Кумитаи рушди сайёҳӣ таъсис дода шуд.
Тавре, Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олӣ чунин қайд намуданд, “Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳимми бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин, муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад. Бо мақсади тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ, муаррифии шоистаи имкониятҳои сайёҳии мамлакат ва фарҳанги миллӣ дар арсаи байналмилалӣ, инчунин, ҷалби сармоя ба инфрасохтори сайёҳӣ пешниҳод менамоям, ки соли 2018 дар кишвар Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шавад”.
Рӯзи 28 феврали соли равон, вобаста ба ин ва иҷрои Нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулоддаи факултети №5 Академияи ВКД, бо роҳбарии сардори факултети №5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар мизи мудаввар бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД ва курсантони факултети №5 дар мавзӯи «Тоҷикистон-макони сайёҳӣ ва ифодакунандаи ҳунарҳои миллӣ» баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори факултети №5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар кушода, аз ҷумла қайд намуд, ки моҳе се чор маротиба дар Академия бо иштироки намояндагони касбу кори гуногун ҳамоиши илмию фарҳангӣ гузаронида мешавад. Ҷамъомади мо, ки бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони Академия доир гардид, фикр мекунам, барои дӯстдорони илм хотирмон хоҳад буд.
Сипас, капитани милитсия Нуруллозода Меҳрулло баромад намуда, чунин қайд намуд, ки хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди бунёдкориву созандагӣ, аз ҷумла, бунёди нерӯгоҳҳои барқӣ, кушодану васли роҳу нақбҳо, ғанӣ гардонидани маънавиёти ҷомеа ва баланд бардоштани ифтихори миллӣ, вусъат бахшидан ба вазъи таълиму тарбия, тандурустӣ ва сайёҳӣ ҷойгоҳи махсус дорад. Дар баробари ин, Пешвои миллат бо пешниҳоду ташаббусҳои хеш дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосса дошта, ин маҳбубият на танҳо боиси боварию эътимоди мардуми Тоҷикистон, балки ифтихори тамоми тоҷикони ҷаҳон аст.
Мавриди тазаккур аст, ки маҳз бо талошҳои созанда ва пайгиронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар заминаи сиёсати «Дарҳои боз» Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2007 узви комилҳуқуқи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ гашта, барои ворид шудани соҳаи мазкур ба бозори ҷаҳонии сайёҳӣ заминаҳои воқеӣ фароҳам оварда шудаанд.
Мафсуф аз суханронии Пешвои муаззами миллат иқтибос оварда, қайд кард, ки Президенти мамлакат дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ ҷиҳати босуръат тараққӣ додани соҳаи сайёҳӣ дар кишвар, чунин зикр намуданд: «Воридоти таҷҳизоту маводи сохтмонии иншооти сайёҳӣ аз пардохтҳои андозию гумрукӣ, инчунин, ширкатҳои сайёҳӣ дар панҷ соли аввали фаъолияташон аз пардохти андоз аз фоида озод карда шаванд». Аз ин лиҳоз, соҳибкорон ва сармоягузорони ватанамонро зарур аст, ки ҷавобан ба ин ғамхориҳо тамоми саъю талоши хешро, доир ба рушди босуботи иқтисодӣ, воридоти технологияҳои ҳозиразамон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, афзоиши даромади аҳолӣ, инчунин, анҷом додани корҳои созандагӣ ва бунёдкорӣ равона созанд.
Сипас, курсанти курси сеюми факултети №5, сержанти хурди милитсия Ҳабибов Ҳокимҷон дар мавзӯи “Тоҷикистон минтақаи ҷолиби сайёҳӣ” баромад намуда қайд кард, ки албатта, аз миён бардоштани мушкилиҳои ҳалталаб кори якрӯзаву дурӯза нест ва он вақту сармоя мехоҳад, аммо сол то сол афзудани шумораи сайёҳон ба кишвар баёнгари он аст, ки ин масоил тадриҷан ҳалли худро ёфта истодаанд.
Ӯ ҳамчунин қайд намуд, ки мо ҷавонон, зимомдорони ояндаи ин миллати таърихӣ буда, дар якҷоягӣ бо халқи шарифу сарбаландамон имсол ва солҳои минбаъда низ ба хотири рушди соҳаи сайёҳӣ ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои зиндагии шоистаи халқамон бояд ҷаҳду талоши бештар дошта бошем ва Тоҷикистони азизамонро дар арсаи олам ба таври сазовор муаррифӣ намоем.
Дар чорабинии фарҳангию илмӣ курсантон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифта, маҳфили мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати хосса анҷом пазируфт.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин маҳфилҳо ба монанди мизи мудаввар, конфренсияҳо, тренингҳо ва диспутҳо ба болоравии донишу маҳорат ва малакаи курсантон дар Академияи ВКД мусоидат хоҳад кард.
Омӯзгори Академияи ВКД
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нуруллозода Меҳрулло