Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ояндабинии стратегӣ ва манфиатҳои миллӣ (бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон)

97Ояндабинии стратегӣ яке аз рукнҳои муҳими давлат, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ ба шумор рафта, ояндабинӣ дар пешгирии ҳамаи намудҳои зуҳуроти номатлуби ҷомеа, алалхусус ҷинояткорӣ нақши муассир мебозад. Ояндабинии стратегӣ дар асоси ҳодисаҳои рӯйдода мутамарказ гардида, он натиҷаи ягон карор набуда, ҳангоми амалигардонӣ зуҳуроти ногаҳониро доро мебошад. Дар натиҷаи надоштани маълумоти аниқи дорои хусусияти ояндабинии солҳои 80-уми асри 20 оқибат он ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонид. Таърих ҳолатҳои гуногунро медонад, ки бинобар сабаби надоштани иттилои ояндабинии аниқ соли 1914 ҷанги якуми ҷаҳонӣ (1914-1918) оғоз гардид. 

Таҳлилҳои геополитикии давраҳои гуногуни таърихӣ нишон медиҳанд, ки гарчанде ояндабинии стратегӣ вуҷуд дошта бошад ҳам, эҳтимоли дурустии он дар баъзе ҳолатҳо нокифоя мемонад. Имрӯз мо дар арсаи равандҳои геополитикӣ муассисаҳои бузурги геополитикиро дар кишварҳои ҷаҳон мушоҳида менамоем, ки ба ояндабинии стратегӣ машғул мебошанд. Бузургтарини онҳо созмони таҳлилии «Stratfor» мебошад, ки асосгузори он сиёсатшиноси америкоӣ Ҷорҷ Фридман мебошад. «Stratfor» аз соли 1996 н ҷониб ба омӯзиш ва тахлили ояндабинии стратегии кишвархои ҷахон машғул мебошад. «Stratfor» бӯҳрони молиявии соли 2008, вазъи кунунии кишвари Украина ва дигар ҳодисоти кишварҳои Аврупо, Осиё, Шарқи Наздик ва Америкаи Лотиниро пешгӯӣ намуд. Таҳлилҳо асосан дар соҳаи иқтисодӣ, сиёсӣ, ҳарбӣ, технологӣ ва вазъи ҷинояткории фаромиллӣ гузаронида мешаванд.
Вазъи муосири стратегӣ марҳилаҳои муайни худро дорад. Дараҷаи якуми онро ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва вазъи кунунии давлатҳои пасошӯравӣ шабоҳат медиҳанд. Ин вазъият на танҳо ба Россия, балки вазъи Аврупо ва ҷаҳон таъсир расонида, афзалиятро ба муттаҳидшавии Аврупо яъне Иттиҳоди Аврупо дар рақобат бо ИМА гузошт. Имрӯз дар майдонҳои геополитикӣ сухан аз таъсиси Иёлоти Муттаҳидаи Аврупо бо артиши ягонаи худ меравад, ки агар ба манфиатҳои «Хонаи умумии Аврупо» рост ояд ҳам, вале ба манфиатҳои умумии ИМА созгор нест. Ҳамин тавр то соли 2008-ум ташаккулёбии сутунҳои нави геополитикӣ ба вуҷуд омад. ИМА 25 фоизи маҷмӯи маҳсулоти ҷаҳониро истеҳсол намуда, ба он танҳо Ҷумҳурии Халқии Чин рақобат менамояд. Танхо дар соли 2000-ум маҷмӯи маҳсулоти дохилии Чин ба 1-триллион доллари америкоӣ расид. Соҳибкорони Чин дар иктисоди Индонезия 90 фоиз, Таиланд 75 фоиз, Малайзия 60 фоиз, Сингапур 100 фоиз саҳм доранд. Ба акидаи барандаи мукофоти Нобелӣ Роберт Самюэлсон, инкишофи босуръати иқтисодии Чин ба иқтисоди ҷаҳонӣ ба натиҷаҳои ногаҳонӣ оварда мерасонад. Бузургтарин тарҳи асри 21 ин сохтмони магистрали Осиё ва Америкаи Шимолии Сингапур-Бангкок-Гуанҷоу-Шанхай-Пекин-Шэнян-Харбин-Шарқи наздики Россия-нақби зери гулгоҳи Бернинг то Ванкувер ва Сан-Франсиско мебошад, ки онро шоҳроҳи бузурги иқтисодӣ ва технологӣ меноманд. Бозори Осиё босуръат рушд мекунад ва он ба Осиёи Марказӣ ва алалхусус Авруосиё бетаъсир намемонад. Ба ақидаи Ҷ.Фридман ИМА кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки Авросиёро аз худ намояд, аммо аз номукамалии қувваҳои баҳрӣ ба мушкилиҳо дучор мегардад. Аз ҷониби дигар Чин, Ҳиндустон, Россия дар ин минтақа нуфуз пайдо менамоянд. Имрӯз масоили муттаҳидшавии Аруосиё ба рӯзномаи равандҳои геополитикӣ ворид шудааст, ки ташаббускорони он Қазоқистон ва Россия мебошанд. Ҳангоми имзои Созишномаи Беловежск (8-декабри соли 1991) собиқ Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ширкат накарда, лоиҳаи Авруосиёро пешниҳод намуд, ки минбаъд Россиро аз хатарҳои муосири геополитикӣ қисман наҷот дод.
Барои ояндабинии стратегӣ моҳияти онро дарк намудан лозим аст. Ояндабинии стратегӣ ин муайян намудани вазъи оянда, бо дарназардошти шароитҳои берунӣ, манфиатҳои миллӣ, майлонҳо, сохторҳо, ҷаҳонбинӣ ва имкониятҳои субъектони гуногун мебошад. Ояндабинии стратегӣ метавонад комлексӣ ва глобалӣ бошад.
Моҳияти ояндабинии стратегӣ аз инҳо иборат мебошад:
1.Муҳити табиӣ: иқлим, захираҳои дастрас, ифлосшавии муҳити табиӣ;
2.Муҳити сунъӣ: дараҷаи зиндагӣ, технология, талабот ба захираҳо, сифати зиндагӣ;
3.Аҳолӣ: синфҳои иҷтимоӣ, иделогия, ҳаракатҳои оммавӣ, ширкатҳои фаромиллӣ, давлат, иттиҳоди давлатҳо.
Ҷанбаҳои ояндабинии стратегӣ инҳо мебошанд:
1.Ҳолат;
2.Равандҳо;
3.Тасаввуроти субъектҳои алоҳидаи ин моҳият;
4. Амали субъектони гуногуни ин моҳият.
Ояндабинии стратегӣ дорои уфуқҳои худ мебошад:
1.Уфуқи тағйиротҳои иқтисодӣ-сиёсӣ (10-15 сол);
2.Уфуқи тағйиротҳои тарзи ҳаёт(15-20 сол);
3.Уфуқи тағйиротҳои этникӣ (5-200 сол);
4.Уфуқи тағйиротҳои антропологӣ ва тамаддунӣ (200-1000 сол).
Аз нигоҳи амалӣ бештар ду уфуқи аввалин бештар мавриди истифода қарор мегиранд. Ояндабинии стратегии Тоҷикистон дар санадҳои гуногуни муҳими давлатӣ инъикоси васеи худро ёфтаанд, аз лиҳози иқтисодӣ-иҷтимоӣ муҳимтарини он «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мебошад.
Дар доираи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки бо қарори Ҳукумати ҶТ таҳти №392 аз 1-октябри соли 2016 қабул гардидааст, ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои мазкур се вазифаи асосӣ гузошта шудааст, ки ҳалли онҳо дар шароити кунунӣ хеле зарур мебошад:
- якум, расидан ба сатҳи рушди иҷтимоӣ-иқтисодии баробар ба сатҳи кишварҳои тараққиёташон миёна бо дараҷаи миёнаи даромад муқоисашаванда;
- дуюм, таъмин намудани рушди устувор тариқи диверсификатсия ва баланд бардоштани рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ;
- сеюм, тавсеа ва таҳкими мавқеи табақаи миёна.
Дар ин замина, барои ноил гардидан ба ҳадафи аввал зарур аст, ки:
суръати устувори афзоиши иқтисодиёт дар сатҳи 7-8% нигоҳ дошта шавад;
ҳаҷми ММД-и кишвар ба 3 ва беш аз он маротиба афзоиш ёбад;
нишондиҳандаи ММД ба сари аҳолӣ на кам аз 2,5 маротиба афзоиш ёбад;
нишондиҳандаи сатҳи умумии камбизоатӣ 2 маротиба коҳиш дода шуда, нишондиҳандаи камбизоатии шадид рафъ карда шавад;
хароҷоти соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мунтазам зиёд карда шавад.
Баҳри расидан ба вазифаи дуюм зарур аст, то:
суръати нисбатан баланди рушди саноат ва зиёд намудани ҳиссаи он дар сохтори ММД-и кишвар таъмин карда шавад;
самаранокии соҳаи кишоварзӣ ва зиёд намудани саҳми он дар таъмини амнияти озуқаворӣ бо назардошти ғизои комил баланд бардошта шавад;
афзоиши босуръати хизматрасониҳои дараҷаи нисбатан мураккаб (хизматрасониҳои илмию технологӣ) таъмин карда шавад;
баланд бардоштани диверсификатсияи иқтисодиёти миллӣ (паст намудани нишондиҳандаи содироти се маҳсулоти асосӣ аз 83 % то 58 %);
сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти миллӣ баланд бардошта шавад.
Дар амал татбиқ намудани тадбирҳои зерин барои то соли 2030 аз рӯи рейтинги «Пешбурди бизнес» ҷои 60-умро ишғол намудан, имконият фароҳам меоварад (ҳоло, мавқеи 132 миёни 189 кишвари ҷаҳон).
Барои ҳалли вазифаи сеюм бояд ҳиссаи табақаи миёна дар соли 2030 то 50% зиёд карда шавад. Тадбирҳои калидӣ дар доираи ин ҳадаф чунин мебошанд:
-мусоидат барои баланд бардоштани даромади аҳолӣ, алалхусус аҳолии деҳот, ҷавонон ва занҳо;
-фароҳам овардани шароити мусоид барои таъмин бо ҷои кори сазовор, аз ҷумла баланд бардоштани нишондиҳандаи шуғли аҳолӣ миёни табақаҳои осебпазир;
-коҳиш додани сатҳи нобаробарӣ ;
«Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», ки ташаббусу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардид, дар давраи то соли 2030-юм Тоҷикистонро бо имкониятҳои маҷуда ба яке аз кишварҳои босуръат рушднамудаи иқтисодии ҷаҳон табдил медиҳад, ки ин аз ҷониби коршиносони ватанӣ ва хориҷӣ ояндабини стратегӣ гашта, шурӯъ аз соли 2013 ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро хамчун кишвари аз лиҳози иқтисодӣ пешрафта шинохта, бо шароити мусоиди инвеститсионӣ дар ҳамгироии ояндаи иқтисодӣ хеле қуллай ва мувофиқ меҳисобад.
Дар ҳошияи мулоқоти қарибулвуқуи Ҷаласаи Шӯрои олии иқтисодии Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 28-29-уми майи соли 2019 дар Ҷумҳурии бародарии Қазоқистон собиқ Президенти Қазоқистон Нурсултон Назарбоев ба талошу пайкори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ҳамгироӣ, дӯстию бародарӣ баҳои баланди сиёсӣ дод, ки имрӯз Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллии хеш дар фазои ИДМ аз лиҳози иқтисодӣ хеле ҳам рушд намуда истодааст ва дар ин ҷода хизмати шахсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле барҷаста намоён аст ва ин дӯстию ҳамҷаворӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бо амалигардонии ҳадафҳои стратегиаш ба яке аз кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон табдил ёбад.
Асламов Б.С., ходими калони шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, узви ИЖТ, полковники милитсия,
Одинаев Ш.И., ходими илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...