Тафаккури стратегӣ ва манфиатҳои миллӣ (бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон)
Тафаккури стратегӣ - ин раванди равонӣ ва фикрӣ буда, бо назардошти комёбӣ дар бозӣ ё дигар намуди фаъолият истифода мегардад. Барои ба амалбарории тафаккури стратегӣ мавҷудияти идея ва имконият нақши асосӣ мебозад. Он метавонад, ки инфиродӣ ё дастаҷамъӣ бошад, ки ояндаро муайян карда тавонад. Яке аз ҳадафҳои муҳими тафаккури стратегӣ ин банақшагирӣ ва хулосабандӣ барои оянда мебошад. Ба ақидаи генерали франсавӣ Андре Бофре (соли 1963) тафаккури стратегӣ ин раванди фикрие мебошад, ки хусусиятҳои абстрактӣ ва ақлонӣ дошта, маводҳои психологӣ ва моддиро мавриди истифода қарор медиҳад. Стратег барои таҳлил ва ҷамъбасткунии фикр бояд нерӯи бузурги ақлонӣ дошта бошад, воқеиятро таҳлили амиқ карда, ҷамъбаст намуда, хулосабарорӣ ва қарори дахлдор қабул карда тавонад. Дар илм ва ҷомеа мафҳуми ягонаи тафаккури стратегӣ вуҷуд надорад ва он вобаста ба масоили ҷамъиятӣ - сиёсӣ тағйир меёбад. Ҷомеаи инсонӣ исбот намуд, ки на ҳама вақт тафаккури стратегӣ дар асоси банақшагирӣ дуруст мебарояд. Достенти Донишгоҳи миллии мудофиаи Варшава Мариан Козуб менависад, ки «тафаккури стратегӣ ба воқеият ва масоили амнияти робита дорад, ки дар маркази муносибатҳои байналмилалӣ меистад».
Тафакури стратегӣ ин бештар бо забони таҳдидҳои ҷаҳони муосир баррасӣ мегардад, аз қабили хатари паҳншавии яроқи ядроӣ, терроризм, экстремизм, савдои одамон, инкишофи босуръати технологӣ ва оқибатҳои хавфноки он, хатарҳои экологӣ, инкишофи нобарорбари иқтисодии кишварҳо, ҷангҳои дохилӣ ва минтақавӣ, ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ ва ғайра. Дар адабиёти илмӣ беш аз 400 маънидодкунии мафҳуми «стратегия» мавҷуд мебошад, ки барои шароити муосир се гурӯҳи омилҳои онро ҷудо кардан мумкин аст:
1.Мақсад ва методи ҳокимияти ҳарбӣ дар фаъолияти сиёсӣ;
2.Дараҷаи муайянкунии мақсади стратегӣ ва тарзҳои амалигардонии он дар давлат;
3.Дараҷаи муайян кардани вазифа ва айнияти амалигардонии вазифаҳои комлексӣ.
Дар Хитои қадим Сун Стзи навишта буд: «Агар ту худат ва душманро донӣ ба ту садҳо муҳориба хафнок нест. Агар ту худатро донию душманро не, ҳар як муҳорибаи ту ба шикаст дучор меояд. Агар ту на худат ва душманро донӣ, ҳар як муҳорибаро шикаст хоҳӣ дод» - то ҳол дар санъати ҳарбӣ мазмуни актуалӣ дорад. Аз рӯи таҳлилҳои геополитикӣ тафаккури стратегӣ дурнамои реалияти воқеии кишварҳои ҷаҳонро муайян месозад. Дар ҷаласаи 46-уми Шӯрои роҳбарони хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ 21-майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе ин нукта бори дигар мустаҳкам гардид: «Нақшаҳои ҳарбӣ-техникӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон дар масоили амниятӣ меафзояд, ки ин ҳолат аз таҳдидҳои Афғонистон рӯи кор меояд. Намудҳои ҳамкориҳо дар ҷодаи ёрӣ ба қувваҳои муссалаҳ, омодагии кадрҳо, дастаҳои таъиноти махсус ворид намудани техника ва таҷҳизоти радиолакатсионӣ афзоиш меёбад».
Яке аз ҳадафҳои муҳим дар ин самт ин пешгирии паҳншавии маводи мухаддир дар сарҳадҳои чанубии ИДМ, маблағгузории гуруҳҳои террористию экстремистӣ мебошад. Тафаккури стратегии кишварҳои гуногун мутаасифона ба қавли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «бархе аз кишварҳо мутаасифона дар бозиҳои геополитикӣ аз стандартҳои дугона истифода мебаранд, ки вазъи сиёсии минтақаҳоро боз ҳам мураккабтар менамояд».
Дар маҷмӯъ тафаккури стратегӣ як қатор таҳдидҳои амнияти стратегиро барои Ҷумҳурии Точикистон барои оянда муайян менамояд:
1.Ҳифзи манфиатҳои ҳаётан муҳими давлатӣ;
2.Устувории асосҳои сохтори конститутсионии давлат;
3.Мавҷудияти нерӯ ва захираи зарурии давлатӣ баҳри дифоъ аз хатарҳои дохилӣ ва берунӣ.
Асламов Б.С., ходими калони илмии Академияи ВКД, узви ИЖТ, полковники милитсия,
Қосимов Ф.М., омӯзгори калони факултети №6 Академияи ВКД, унвонҷӯ, полковники милитсия.