Авруосиё-маркази таваҷҷуҳи манфиатҳои геополитикӣ ва геостратегӣ (бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон)
Баъд аз пошхӯрии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ақидаи аксар таҳлилгарони масоили геополитикӣ на танҳо вазъи геополитикии давлатҳои пасошуравӣ, балки вазъи геополитикии кулли ҷаҳон комилан тағйир ёфт. Гарчанде, ки Конститутсияи ИҶШС кафолат медод, ки давлатҳои аъзои он метавонанд ихтиёран аз ҳайати он берун шаванд, вале дар таҷриба ин амалӣ намегашт. Идеологияи давлатии шаклан миллию мазмунан сотсиалистӣ зери таъсири идеологияи ғарбӣ шикаст хурд. Дар ҷаҳон марҳилаи нави геополитикӣ оғоз гардид, ки он бо номи «Созишномаи Беловежск» (8-уми декабри соли 1991) маълум аст, ки ҳадаф ва оқибати он ба вуҷуд овардани тартиботи нави ҷаҳонӣ мебошад. Асоси онро таъсиси қувваҳои марказгурез ташкил медиҳанд. Марҳилаи нави геополитикӣ ҳадаф дорад, ки идеяҳои марҳилаи Версал (соли 1919)-ро аз нав барқарор карда, Россиро пуррра маҳдуд сохта, заифии Хитой, Ҳиндустон ва кишварҳои исломиро ба вуҷуд орад. Дар кишварҳои пасошуравӣ ин раванд бо инқлобҳои ранга маълум аст аст, ки онро аллакай Гурҷистон, Украина ва Қирғизистон аз сар гузарониданд. Дар Тоҷикистон ҷанги тахмилии шаҳрвандӣ ба вуҷуд омад. Баъд аз шикасти ДОИШ дар Сурия ва Ироқ гуруҳҳои ҷангҷуй пароканда гашта, кисме аз онҳо дар Афғонистони ҳамсоя паноҳ бурданд. Экспансияи идеологӣ ба марҳилаи нав ворид гашт. Россия мехохад, ки дар давлатҳои пасошӯравии мустақил манфиатхои миллии худро бо тарзи зайл нигоҳ дорад:
1.Нигоҳ доштани равобити доимии дӯстона бо ин давлатҳо;
2.Пешгирии таҳдидҳои транзитӣ барои амнияти Россия;
3.Дахолат накардан ба масъалаҳои дохилии ин давлатҳо.
Баъзе аз коршиносони Ғарб иддао доштанд,ки дар давлатҳои пасошӯравӣ тачдиди сохти Шӯравӣ ба амал омаданаш мумкин аст, ки ба он танҳо Россия манфиатдор аст, аммо диалектикаи инкишофи иҷтимоӣ собит месозад, ки роҳ ба сӯи қафо нест. Ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ тайи қариб 30-сол мешавад, ки соҳибистиқлол буда, сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро мустақилона пеш бурда, манфиатҳои миллии хешро дар раванди ҷаҳонишавӣ дифоъ менамоянд. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ибтидои соли 2000-ум сиёсати «дарҳои кушод»-ро эълон дошта, дар равобити байналмилалӣ бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба комёбиҳои назаррас ноил гаштааст. Пешниҳодҳои Пешвои миллат оиди масоли геополитикӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ аз ҷониби СММ пайваста пазируфта мешаванд, ки мавқеи геополиткии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам қавтар мегардонанд. Яке аз ин пешниҳодҳо дар шаҳри Палермо дар маросими имзои Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои муташаккил аз 12-уми декабри соли 2000-ум садо дода буд: «Ҷинояткории муташаккили трансмиллӣ рӯирост ба истиқлолияти давлатҳои ҷавон таъсир рсонида, душмани демократия ва давлати ҳуқуқбунёд мебошад».
Дар вохӯрӣ ва мулоқот бо роҳбарони ҳайатҳои ҷаласаи Шӯрои роҳбарони мақомоти амният ва хадамоти махсуси давлатҳои иштирокдори ИДМ 21-уми майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе Пешвои миллат аз ҷумла иброз намуданд: «Мутаасифона имрӯз терроризми байналмилалӣ ба як ҷузъи бозиҳои геополитикӣ табдил ёфта, торафт доираи бештари қаламрави давлатҳои гуногунро фаро мегирад. Дар ҳамин замина дар сарҳади ҷанубии ИДМ мунтазам иқтидори ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ таҳким ёфта, хатари онҳо ба амнияту суботи минтақа бештар мегардад ва боиси таассуф ҳам ҳаст, ки дар баробари ин дар муносибат бо ин гуна ташкилоту созмонҳои террористию экстремистӣ аз ҷониби кишварҳои алоҳида сиёсати «меъёрҳои дугона» истифода гардида, онҳо аз лиҳози сиёсӣ, ахлоқию идеологӣ ва муҳимтар аз ҳама ба таври моливу молиявӣ дастгирӣ карда мешаванд». Бинобар дар мавқеи муҳими геополитикӣ дар Авруосиё чойгир шудани Тоҷикистон чун кишвари бой ва зебою таърихӣ, яке аз марказҳои чолиби сайёҳӣ дар роҳи бузурги абрешим - дар маркази омӯзиш ва тавваҷчуҳи хоси геполитикӣ қарор дорад. Нахуст мафҳуми Хартленд (англ. Heartland )-ро геополитики машҳури англис Х.Макиндер дар ибитидои асри 20 пешниҳод намуд. Ба акидаи ӯ маҳз Авруосиё дар оянда макони бузурги бархурдҳои геополитикӣ мегардад. Х.Макиндер афкори геполитикии хешро чун зарбулмасали дорои ҳикмат баён намуда буд: «Он касе, ки Аврупои Шарқиро идора мекунад, дили заминро соҳиб мегардад. Он касе, ки дили заминро идора мекунад ба Уқёнуси ҷахон - яъне Авруосиё соҳиб мегардад. Он касе, ки Уқёнуси ҷаҳон - яъне Авруосиёро идора мекунад, ҷаҳонро соҳиб мегардад». Ин зарбулмасал дар шароити муосири геополикии ҷаҳон хеле актуалӣ мебошад, ки баҳри амалӣ намудани он қудратҳои ҷаҳонӣ ба бозиҳои геполитикӣ ворид гаштаанд. Авруосиё, ки дар он Тоҷикистон низ ҷойгир аст хеле бой буда, аз ҷиҳати аҳолӣ низ сернуфуз мебошад, 75 фоизи аҳолии кураи заминро дар бар гирифта, аксари боигариҳои он зери замин хобидаанд. Ба ҳиссаи Авруосиё 60 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии ҷаҳон рост омода, 80 фоизи захираҳои энергетикиро доро аст. Ин китъаи бузург аз қафои худ Африкаро бурда, ба ақидаи геополтики бузурги америкоӣ З.Бжезинский дар оянда метавонад, ки ба маркази бузурги геополитикӣ табдид ёбад. «Авруосиё тахтаи бузурги шоҳмоторо мемонад, ки дар он мубориза барои қудратҳои ҷаҳонӣ давом хоҳад ёфт». Дар чунин шароит давлатҳои Хитой, Ҳиндустон, Осиёи марказӣ рушд хоҳанд намуд. Қутбҳои геполитикӣ низ тағйир ёфта, афзалиятро Хитой соҳиб мешавад, ки яке аз сармоягузорони бузурги Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Россия ва Қазоқистон яке аз муаллифони лоиҳаи Авруосиё ба ҳисоб рафта, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиёро созмон доданд. Кишварҳои Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Белорусия ва Арманистон аъзои он мебошанд. Созишномаи таъсиси Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё 29-уми майи соли 2014 дар шаҳри Остонаи Ҷумурии Қазоқистон ба имзо расид. Россия мехоҳад, ки дар оянда фазои бисёрҷонибаи коммуникатсионӣ ба вуҷуд оварда, муколамаи фоидабахши Ғарбу Шарқро ба вуҷуд орад.
Авруосиё-ҳамчун фазои ягонаи геополитикӣ шинохта мешавад. Авруосиё кишварҳоро ба сӯи ягонагии иктисодӣ, амниятӣ иттилоотӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мебарад. Геополитки рус Л.Н.Гумилёв Авруосиёро яке аз марказҳои геополитикӣ номида онро ба ҷаҳон муқобил намегузорад. Ба ақидаи З.Бзежинский «Авруосиё-ин қитъаи бузурги кураи замин аст, ки накши меҳвариро мебозад. Кадом давлате, ки дар он ҳукумрон мегардад ба ду ё се кишвари тариққикардаи сайёра дар Аврупои Ғарбӣ ва Осиёи Шарқӣ таъсири ҳалкунандаи худро мегузорад».
Тоҷикистон - аз 2-юми марти соли 2013 аъзои Созмони чаҳонии тичорат буда, мақоми кишари рушдкунандаро гирифта дорои манфиатҳо миллии хеш мебошад, айни ҳол Тоҷикистон бо тамоми кишварҳои дунё дар асоси сиёсати «дарҳои кушода» робитаҳои дучониба ва бисёрҷонибаи иқтисодӣ, амниятӣ, фарҳангию гумантариро ба роҳ мондааст. Тоҷикистон, бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои боз» ва бисёрсамтӣ робитаҳои худро бо Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳоди Аврупо, ИМА, Ҷанубу Шарқи Осиё, кишварҳои арабӣ, олами ислом ва ғайра густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллии хеш истифода мебарад.
Эълони хадафи чоруми стратегии давлат - саноатикунонии босуръати кишвар аз ҷониби Пешвои миллат, Стратегияи миллии рушд барои то соли 2030, сохтмони иншооти азими аср Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун», Лоиҳаи «CASA-1000», сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, роҳи бузурги абрешим «Як камарбанд –як роҳ» ҳамаи ин имкониятҳои стратегии Тоҷикистон мебошад, ки манфиатҳои миллӣ ва геостратегии Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ҳифз менамоянд. Геостратегияи ояндаи Тоҷикистон бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба ҳалли вазифаҳои ҳаётан муҳими давлатӣ, аз қабили истиқлолияти энергетикӣ, амнияти озуқаворӣ, баромадан ба шабакаи умумиҷаҳонии коммуникатсионӣ, саноатикунонии босуръат, таҳкими истиқлолият ва амну суботи миллӣ ба шумор меравад, ки дар ин ҷодаи мураккаб ва ҳаётан муҳим Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заҳмати шабонарӯзӣ мекашанд.
Асламов Б.С., ходими калони илмии Акдемияи ВКД, узви ИЖТ, полковники милитсия,
Қосимов Ф.М., омӯзгори калони факултети №6 Академияи ВКД, унвонҷӯ, полковники милитсия.