Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Назаре ба мафҳуми идеология ва манфиатҳои геополитикӣ (бо назардошти манфиатхои миллии Тоҷикистон)

55«Ҳимояи манфиатҳои миллӣ ҳамчун ҳадафи асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳанӯз дар ибтидои истиқлолияти давлатӣ дар асоси усули муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ бо тамоми кишварҳои ҷаҳон муайян ва поягузорӣ гардида буд, боқӣ мемонад».

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Идеология - ин системаи ақида, назария, ғояҳои сиёсӣ, ҳуқуқӣ, динӣ, ахлоқӣ, эстетикӣ ва фалсафӣ мебошад. Мафҳуми идеологияро охири асри 18 дар Франсия ходими ҷамъиятӣ А.Дестют де Траси ва файласуф Этенн де Кондиляк ба илм ворид намуданд, ки аз назарияи маърифати файласуфи англис Ҷон Локк сарчашма мегирад. Траси ин мафҳумро барои фаҳмондани ғоя (идея) – ҳамчун таълимот дар бораи қонуниятҳои умумии пайдоиши идея аз таҷрибаи ҳиссӣ пешниҳод намуд, ки минбаъд асоси ахлоқ, сиёсат ва ҳуқуқро ташкил дод.
Идеологияро мо бояд аз психологияи иҷтимоӣ фарқ намоем. Психологияи иҷтимоӣ - ин маҷмӯи ҳиссиёт ва табъу руҳияи иҷтимоиро дар бар мегирад. Таърих гувоҳ аст, ки ҳар як ҷомеа дорои идеологияи ба худ хос буда, бо мурури замон он тағйир ёфта, шуури ҷамъиятии форматсияи муайяни ҷамъиятӣ-иқтисодиро инъикос менамояд. Имрӯз аз идеологияи аз байн рафтаи коммунистии замони Шӯравӣ қариб чизе боқӣ намондааст. Системаҳои иҷтимоӣ ба вуҷуд меоянд ва аз байн мераванд, ин далектикаи ҳаёти иҷтимоӣ ҳамин мебошад, вале идеология мутаассифона дар мафкураи одамон дер боз боқӣ мемонанд, ки ҳамчун арзиши иҷтимоӣ баромад мекунад. Барои аз байн бурдани низоми давлатдорӣ пеш аз ҳама идеология аз байн бурда мешавад, ё идеологияи бегонаи таҳмилшаванда ҷои онро мегирад. Низоми тоталитарии Шуравӣ идеологияи коммунистиро тарғиб менамуд, ки ба идеологияи динӣ созгор набуд, ин набарди идеологӣ тули беш аз 70-сол идома ёфта, охир бо таъсири марказҳои идеологӣ ва геополитикии хориҷӣ ба шикаст мувоҷеҳ гашт, аммо имрӯз дар кишварҳои низоми теократӣ, идеологияи динӣ ба ҳайси идеологияи расмӣ шинохта мешавад. Ба раванди идеологиякунонии ҷомеа раванди дигари демократӣ-ғайриидеологикунонии ҷомеа муқобил гузошта мешавад. Ин раванд миёнаи солҳои 50-60-уми асри 20-шурӯъ гашта, солҳо 80-90-уми асри 20 ба шикасти системаҳои сиёсии Аврупои Шарқӣ ва Иттиҳоди Шӯравӣ оварда расонид, ки он охири солҳои 40-уми асри 20 дар марказҳои муқтадири геополитикӣ тарҳрезӣ шуда буд. Мисоли зиндаи он ба ақидаи геополитики машҳури америкоӣ Збигнев Бзежинсий ин барҳамхурии низоми коммунистии ҷаҳон буд, ки дар маркази он Иттиҳоди Шӯравӣ меистод ва онро ба кишварҳои Аврупо, Осиё ва Амрико интиқол медод. Ин идеологияи давлатӣ манфиатҳои геополитикии собиқ Иттиҳоди Шӯравиро дар тартиботи ҷаҳонӣ ҳимоя мекард. Идеологияро ба манфиатҳои геополитикӣ ҳамчун омили таъсиррасон арзёбӣ менамоянд, ки идеология ин ифодакунандаи манфиатҳои миллии давлатҳо ба шумор меравад.
Консепсияи манфиати миллӣ аз ҷониби муҳаққиқон З.Бзежинский, Ҷ.Розенау, К.Уолте, Ф.Фукуяма тадқиқ гардидааст, вале муҳаққиқи барҷастаи он сиёсатшиноси америкоӣ Г.Моргнетау ба ҳисоб меравад.
Мафҳуми «манфиати миллӣ» бори аввал соли 1935 аз ҷониби олимони америкоӣ Р.Нибур ва Ч.Бирду ба илм ворид карда шуд, вале классики он Г.Моргнетау ба ҳисоб рафта, ба сиёсати хориҷии ИМА таъсир ва нуфузи бештари худро гузоштааст.
Принсипҳои асосии манфиати миллӣ аз нигоҳи Г.Моргнетау инҳоянд:
1.Манфиат категорияи объективӣ буда, аз қувва иборат аст;
2.Манфиатҳои миллӣ сиёсатро муайян мекунанд;
3.Манфиатхои миллӣ аз ҳолат, вақт, замон ва шароит вобастагӣ доранд.
Авруосиё ин минтақаи муҳими геополитикие мебошад, ки дар он Ҷумхурии Тоҷикистон ҷойгир аст, кишварҳои он баъди зери раванди ғайриидеологикунонии солҳои 80 ва 90-уми асри 20 ба чолишҳои геополитикӣ кашида шуда, ҳато истиқлолияти ин кишварҳо зери хатар қарор гирифт.
Дар вазъияти имрӯзаи геополитикӣ Авруосиё ҳамчун меҳвари замин (Хартленд) зери таваҷҷуҳи хоси геополитикӣ қарор дорад. Ҷомеаҳои давлатҳои Авруосиё кайҳо боз ғайриидеологӣ гаштаанд, вале ҷои ин холигиро бунёдгарони исломӣ ва идеологҳои экстремистӣ мехоҳанд пур намоянд, як намуд «мағзшӯии шаҳравандон»-и он ба ҷараёнҳои иртиҷоии экстремистию террористӣ идома дорад. Муболиғони он мехоханд, ки ба дини муқаддаси ислом ислоҳот дароранд, ба ҷои тоату ибодат хушунат, эътироз ва хунрезиро ҷой намоянд, яке аз ин ислоҳотчиён Машҳад-ал-Шариатӣ (1933-1977) мебошад, ки бо ақоиди иртиҷоии хеш мехоҳад байни мусулмонон низои мазҳабӣ андозад.
Афғонистони ҳамсоя зери чолишҳои идеологии бепояи мазҳабӣ тули 40-сол аст, ки ба гирдоби ҷанги хунини дохилӣ кашида шудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борхо таъкид намуд, ки масоили Афғонистон роҳи ҳалли ҳарбии худро ҳаргиз надорад, ягона роҳ ин музокирот ва ризоияти миллии мардуми афғон мебошад. Ибтидои соли 2000-ум Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо ҷомеаи ҷаҳониро ҳушдор дод, ки агар қазияи Афғонистон ҳал нагардад, ин боиси бадбахтиҳои кишварҳои дигар, густариши амалҳои террористӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хоҳад гашт, вале ҷомеаи ҷаҳонӣ ин ояндабинии сиёсии амиқи Пешвои миллатро нодида гирифт ва фоҷеаи бузург амали террористии 11-уми сентябри соли 2001 рух дод.
«Тайи солҳои зиёд Тоҷикистон ҳамчун сипари на танҳо амнияти худ, балки бехатарии минтақа, кишварҳои пасошӯравӣ ва аврупоиро аз паҳншавии маводи мухаддир, силоҳ, терроризму экстремизм ва муҳочирати ғайриқонунӣ таъмин карда истодааст» зикр намуданд дар Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018-ум.
Барои Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ҳимояи манфиатҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ, ташаккули тарзи идораи ҷумҳурии президентӣ, якпорчагӣ ва сохти конститутсионии он, ташаккули давлатдории миллӣ, инкишофи устувори иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, пойдории сулҳ ва ризоияти миллӣ, таҳаммулпазирии динӣ, рушди демократии ҷомеа, муносибатҳои баробарӣ ва дӯстӣ, Стратегияи миллии рушд, принсипи дунявият аз қабили чолишҳои идеологӣ мебошанд, ки ояндаи дурахшони онро таъмин менамоянд. Беҳуда нест, ки Президенти Ҷумхурии Точикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар «Независимая газета» дар мақолаи худ «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI», соли 2000 навишта буданд: «Мо ба ҳеҷ кас модели демократияи худро таҳмил намекунем, ки вай дар заминаи системаи ҷомеаи дунявии мо ба вуҷуд омадааст. Лекин, мо ин хуқуқи демократии худро истифода бурда, ҳамаи дигар моделҳои бегонаи сохтори давлати худро рад менамоем, ки вазъиятро дар кишвар бад мегардонад, ба ҷудоиандозӣ ва буҳрони сиёсӣ ва оқибат аз даст додани истиқлолият оварда мерасонад».
«Муқовимат ба таҳдидҳои амниятӣ низ муттаҳидии давлатҳоро тақозо намуда, ба ҳеҷ ваҷҳ истифода аз сиёсати “меъёрҳои дугона”-ро намепазирад, зеро чунин муносибат боиси тавсеаи доираи таҳдиду хатарҳои амниятӣ дар шаклу усулҳои ғайримаъмулӣ мегардад» иброз намуданд, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рахмон дар суханрониашон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноякории муташаккил», 17-майи соли 2019 дар шаҳри Душанбе.
Дар маҷмӯъ бо боварии комил гуфта метавонем, ки Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон ба тазодҳои геополитикӣ ва идеологии замони муосир нигоҳ накарда, дар раванди ҷаҳонишавӣ бо назардошти манфиатҳои миллӣ ба ояндаи дурахшон зери сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон собитқадамона пеш меравад ва баргузории Конфронси сатҳи баланд зери унвони «Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноякории муташаккил» дар шаҳри Душанбе исботи ин далел мебошад.
Асламов Б.С., ходими калони илмии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ, полковники милитсия
Муҳаммад С.А., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., майори милитсия


Адабиёт:
1.Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26 декабри соли 2018. Душанбе, 2018.
2. Суханронии Президенти Ҷумҳурии Точикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи ифтитоҳии Конфронси сатҳи баланд«Ҳамкории байналмилалӣ ва минтақавӣ дар мубориза бо терроризм ва манбаъҳои маблағгузории он, аз ҷумла гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва ҷиноякории муташаккил», шаҳри Душанбе. 17-майи соли 2019.
3. Эмомалӣ Раҳмон. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар остонаи асри XXI, «Независимая газета» соли 2000.
4.Рахимов Р.Х. История ОРД в Таджикистане. Душанбе, 2012.
5.Дергачев В.А. Геополитика. М., 2004.
6.Зокиров Г.Н. Геополитика. Душанбе, 2009.
7.Ольшанский Д.В. Политическая психология. М., 2002.

 

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...