Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вазъи геополитикии Осиёи Марказӣ баъд аз соҳибихтиёрии давлатҳои он (бо назардошти манфиатҳои миллии Тоҷикистон)

47Минтақаи Осиёи Марказӣ аз нигоҳи геополитикӣ яке аз минақаҳои муҳим ба ҳисоб рафта, аз канданиҳои фоиданок, захираҳои табиӣ ва энергетикӣ бой буда, ҳанӯз чанд аср пеш то имрӯз таваҷҷуҳи кишварҳои гуногунро ба худ ҷалб намуда, зери бархурди шадиди манфиатҳои геополитикӣ қарор гирифтааст. Барои ин минтақаи бою дорои релефи мусоид барои рушди кишоварзӣ дар нимаи дуюми асри 19 байни империяи Британияи Кабир ва империяи Россия бархурди геополитикӣ ба вуқӯъ пайваста буд, ки оқибати он ба вуҷуд омадани сарҳадҳои байни Осиёи Марказӣ бо кишвари Афғонистон гардид, ки имрӯз чун сарҳади ҷанубии давлатҳои ИДМ эътироф гардидааст. 

Низоми тоталитарии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ба ақидаи яке аз геополитикҳои машҳури амрикоӣ Збигнев Бзежинский боиси барҳамхурии он ва соҳибихтиёр гаштани давлатҳои аъзои он гардид. Аввалан, ин соҳибихтиёриро кишварҳои назди Балтик, баъдан назди Кавказ ва Осиёи Марказӣ касб намуданд. Гарчанде, ки Иттиҳоди Шӯравӣ барҳам хурд, вале меросхури асосии он Федератсияи Россия боқӣ монд. Баъд аз соҳибихтиёрии кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қирғисистон - ҳамчун шарикони боэътимоди Россия боқӣ монда, нерӯҳои ҳарбии Россияро ҳамчун кафили амнияти минтақа дар марзи худ нигоҳ доштанд. Илова бар ин кишварҳои Қазоқистон, Тоҷикистон, Қирғизистон ба узвияти Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ворид гаштанд. Ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Қирғизистон дар навбати худ ба Иттиҳоди иқтисодии Аруосиё ва низоми ягонаи гумрукӣ ворид шуданд. Ҷумҳурии Туркманистон худро ҳамчун давлати нейтралӣ эълон намуда дар ИДМ хамчун нозир боқӣ монда, Оинномаи ИДМ-ро тасдиқ накард.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо натиҷаҳои назаррас соли 2018 Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ-ро роҳбарӣ намуда, аз ҷониби сарони давлатҳои ИДМ бахусус Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ва собиқ Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Нурсултон Назарбоев баҳои баланди сиёсӣ дар бахши тақвияти амнияти минтақавӣ, ҳамкориҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ - гуманитарӣ гирифт. Шурӯъ аз 1-уми январи соли 2019 Президенти Ҷумҳурии Туркманистон Гурбонгули Бердиммухамедов ба Шӯрои давлатҳои ИДМ дар давоми соли 2019-ум роҳбарӣ менамояд. Дар марҳилаи наздик бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳои Ҷумҳурии бародарии Ӯзбекистон бо Ҷумҳурии Тоҷикистон ривоҷ гирифта, ба давраи нави муносибат ворид гаштанд. Ба ақидаи геополитикҳои Федератсияи Россия Ашенкамф Н.Н. ва Погорелская С.В. дар оянда низ «Минтақаҳои Кавкази Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамчун минтақаҳои стратегӣ боқӣ мемонанд».
Дар марҳилаи кунунӣ байни кишварҳои Осиёи Марказӣ чунин омилҳои наздикшавӣ бо Россия ба назар мерасанд:
1.Дар Россия паҳнои замин зиёд буда, дар Осиёи Марказӣ захираҳои инсонӣ ва меҳнатӣ зиёд мебошанд. Бинобар ин Россия дар асри 21 низ ба нерӯи корӣ аз Осиёи Марказӣ (муҳоҷирон меҳнатӣ) сахт эҳтиёҷманд мебошад.
2.Яке аз масоили муҳими кишварҳои Осиёи Марказӣ ин масоили амниятӣ мебошад, ки дар доираи СААД - ҳифзи сарҳадҳои ҷанубии ИДМ амалӣ карда мешавад. Маълум аст, ки кишварҳои Ӯзбекистон ва Туркманистон аъзои СААД нестанд ва ин масоилро мустақилона бояд ҳал намоянд. Дигар созмони байналмилалӣ, ки дар минтақа нуфузи зиёд дорад, ин Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) мебошад, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ ба истиснои Туркманистон ҳамчун кишвари даъватӣ аъзои он мебошанд.
Ба ақидаи аксари коршиносон ва таҳлигарони масоили байналмилалӣ бархурди манфиатҳои геополитикӣ дар Осиёи Марказӣ миёни ИМА, Россия ва Хитой дар ин даҳсолаҳо боқӣ мемонад. ИМА ба кишварҳои Осиёи Марказӣ баъд аз истиқлолият ба даст овардани онҳо таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, ду тарҳи муҳимро барои ин минтақа пешниҳод намудааст: якум, Барномаи минтақавии ИМА - панҷгонаи давлатҳои Осиёи Марказӣ илова ба як (5+1) дуюм, Консепсияи роҳи нави абрешим. Моҳи марти соли 1999 Конгресси ИМА «Санад оид ба стратегияи роҳи абрешим»-ро эълон намуд. Аммо ҳамагон медонанд, ки тӯли чандин сол аст, ки дар кишвари ҳамсояи Афғонистон вазъи сиёсӣ ноором буда, ҷанги дохилӣ идома дорад, гачанде, ки эътилофи зидди терроризм ба таври густурда амал менамояд. Вобастагии ИМА солҳои охир аз Халиҷи Форс зиёд шуда, вазъ дар Ховари миёна низ чандон хуб нест ва Консепсияи амрикоии роҳи нави абрешим метавонист, ки ин вобастагии ИМА-ро коҳиш дода, манофеи миллии онро дар Осиёи Марказӣ ҳимоя намояд. Вазъи ноороми Афғонистон ва ҷанги дохилии он ба ин имкон намедиҳад. Барномаи минтақавии ИМА 5+1 бо кишварҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябри соли 2015 дар шаҳри бостонии Самарқанд низ бозгӯи ин манофеъ мебошад. Идеяи роҳи нави абрешим солҳои 90-уми асри 20 дар Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва Кавказ (ҳамчун Маркази таҳлилии Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар шаҳри Вашингтон) тадқиқ гардида, профессор Фредрик Старр соли 2005 дастури «Ҳамкорӣ дар доираи Осиёи Марказии бузург барои Афғонистон ва ҳамсоягони он»-ро нашр намуд. Дар ин дастур муаллиф 5-кишвари Осиёи Марказиро баъд аз суқути Иттиҳоди Шӯравӣ барои ҳамкории минтақавӣ бо Афғонистон, Эрон, Покистон ва Ҳиндустон даъват намуд, ки зери музаффариятҳои ИМА қарор гиранд. Рӯзи 11-уми сентябри соли 2001 баъд аз воридшавии нерӯҳои ҳарбии ИМА ба қаламрави Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Покистон ҳамшарикони зиддитеррористии ИМА гардида, ба эътилофи зиддитерористӣ мусоидат намуданд, вале то ҳол бо сабабҳои дохилӣ ва берунӣ вазъи Афғонистони ҳамсоя ором нагашт.
Аммо хушбахтона гиреҳҳои геополитикӣ кушода гашта, моҳи сентябри соли 2013 Ҷумҳурии Халқии Хитой лоиҳаи дигари бузурги «Як камарбанд - як роҳ»-ро эълон намуд, ки форуми дуюми он 25-уми апрели соли 2019 баргузор гардид, ки дар кори он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок ва суханронӣ намуда аз ҷумла иброз дошт: «Тоҷикистон ба тадбиқи бомуваффақияти ташаббуси «Як камрбанд - як роҳ» аҳамияти хос медиҳад ва ба ҳамкории судманд дар доираи ин лоиҳа ба ҳамаи кишварҳои манфиатдор омода аст. Ташаббуси мазкур метавонад ба Тоҷикистон дар тадбиқи Стратегияи миллии рушд барои соли 2030 ва ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор мусоидат намояд».
Дар кори форуми мазкур ба хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамгироии иқтисодии кишвар дар минтақа баҳои баланд дода, нақши меҳварии Тоҷикистон дар роҳи бузурги абрешим инъикоси васеъ ёфт. Китоби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Тоҷикон дар оинаи таърих» дар Академияи илмҳои ҷамъиятшиносии кишвари Чин муаррифӣ гардид, ки олимони Хитой ба он баҳои баланди илмӣ доданд.
Хотиррасон бояд намуд, ки Консепсияи «Роҳи нави абрешим» - ин Консепсияи нави Осиёгии системаи нақлиётӣ буда, аз Хитой тавассути Осиёи Марказӣ ба сӯи Аврупо ҳаракат намуда, магистрали роҳи оҳани Трансибири Россия, купруки дуюми байниқитъавии Авруосиёро тавассути Қазоқистон дар бар гирифта, борҳои нақлиётиро дар муддати 15-рӯз аз Хитой ба Олмон мерасонад, ки аз роҳи баҳрии канали Суетс 2-маротиба роҳ ва харҷро кам менамояд. Лоиҳаи бузурги «Як камарбанд - як роҳ» на танҳо ахамияти иктисодӣ-коммуникатсионӣ дорад, балки дар муқовимати муштараки кишварҳо бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, терроризму экстремизм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мусоидат хоҳад намуд.
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви ИЖТ, полковники милитсия,
Муҳаммад С.А., дотсенти кафедраи фанҳои ҷамъиятии Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.с., майори милитсия.

Адабиёт:
1.Суханронии Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар форуми дуюми байналмилалии «Як камарбанд - як роҳ». Пекин, 26.04.2019.
2.Ашенкампф Н.Н., Погорельская С.В. Геополитика, М., 2010.
3.Бжезинский З. Великая шахматная доска. М., 2017.
4..Бжезинский З. Выбор: Мировое господство и глобальное лидерства. М., 2004.
5.Мухаев Р.Т. Геополитика. М., 2007.
6.Зокиров Г.Н. Геополитика. Душанбе, 2009.
7.Шарифзода А., Косими З. Эмомали Рахмон и мировое сообщество. Душанбе, 2011.
8.Рахимов Р.Х. Стратегия политики государств-участников СНГ в сфере противодействия незаконному обороту наркотических средств и психотропных вещесть. Душанбе, «Эр-граф»2013.
9.Таджиев Т.С. Геополитика. М., 1997.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...