Ташкили самараноки корҳои илмӣ-тадқиқотӣ дар Академияи ВКД
Тадқиқотҳои илмӣ дар низоми таҳсилоти олии касбӣ яке аз рукнҳои асосии фаъолит ба ҳисоб меравад, ки дар Академияи ВКД аз ҷониби роҳбарияти ВКД ва Академия ба он таваҷҷуҳи хос зоҳир карда мешавад. Дар шароити муосир чӣ тавре, ки Вазири корҳои дохилӣ борҳо таъкид менамояд раванди идоракунии самаранони мақомоти корҳои дохилиро бе тадқиқотҳои илмӣ тасаввур кардан ғайримкон аст. Дар ин ҷода бояд профессорону омӯзгорони Академияи ВКД бояд фаъолияти густурда дошта бошанд.
Фаъолияти илмии Академияро сардори Академия, муовини сардори Академия оид ба илм, шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр роҳбарӣ ва ба танзим медароранд. Сол то сол теъдоди нашрияҳои илмии Академия афзуда, Осори илмии Академия ба фехристи КОА ворид гардида, робитахои илмии Академия бо кишварҳои хориҷии дур ва наздик ривоҷ ёфта, ба кори илмӣ кулли омӯзгорони Академия ширкат варзида, дар конференсияҳои сатҳи байналмилалӣ вобаста ба риштаҳои гуногуни илмӣ ширкат варзида, маърузаҳои илмӣ пешниҳод менамоянд, ки аз ҷониби олимони варзидаи ватанӣ ва ИДМ пазируфта мешаванд. Дар Академия шуъбаи адъюнктура фаъолият менамояд.
Муҳимтарин самтҳои корҳои илми-тадқиқотӣ дар Академияи ВКД аз инҳо иборат мебошанд:
1.Фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар Академия мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ, ташкил ва мавриди амал қарор дода мешавад.
2.Вазифаҳои асосии Академия дар соҳаи фаъолияти илмӣ ин рушди самтҳои афзалиятноки фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба воситаи тадқиқоти илмие, ки аз ҷониби кормандони илмӣ-педагогӣ, курсантон (шунавандагон) ва дар ташкили тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогии соҳавӣ амалӣ мегардад.
3.Академия метавонад дар ҳамкорӣ бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои Тоҷикистон, бо дигар муассисаҳои таҳсилотӣ олӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ, ташкилотҳои илмӣ, мақомоти корҳои дохилӣ, ташкилотҳои шаклҳои гуногуни ташкилию ҳуқуқӣ ва шаклҳои гуногуни моликият дар асоси барномаҳои муштараки тадқиқоти илмӣ, ҳамзамон, бо роҳи истифодаи шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ, аз ҷумла, бо тартиби муқарраргардида ташкил намудани ассотсиятсияҳо, иттифоқҳо, институтҳои илмӣ, илмӣ-тадқиқотӣ, коллективҳои муваққатии эҷодӣ ва дигар иттиҳодияҳо тадқиқоти илмӣ барад.
4.Тадқиқоти илмӣ аз ҷониби кормандони илмӣ, ҳайати профессорону омӯзгорони кафедраҳо ва олимону мутахассисони бо ҳамкорӣ ҷалбшуда, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ (адъюнктон, аспирантон, докторантон ва ғайра), курсантон (шунавандагон) анҷом дода мешавад.
5.Академия фаъолияти илмии худро мутобиқи нақшаҳои дурнамо ва солонаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ташкил менамояд. Нақшаҳо дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маориф ва мақомоти корҳои дохилӣ, ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ кор карда баромада мешаванд.
Нақшаи фаъолияти илмии солона дар Шӯрои олимон муҳокима ва ҷонибдорӣ гардида, аз тарафи сардори Академия тасдиқ карда мешавад.
6.Академия дар соҳаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ интегратсияи фаъолияти илмӣ ва таълимиро таъмин менамояд, бо тартиби муқарраргардида ба мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар кори аз ҷониби онҳо амалан татбиқ намудани натиҷаҳои тадқиқот ва коркардҳои Академия кӯмаки зарурии илмӣ-методӣ мерасонад. Дархостҳоро оид ба гузаронидани тадқиқоти илмӣ ва коркардҳо барои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар асоси шартномаҳои ҳуқуқии гражданӣ иҷро менамояд, дастовардҳои навтарини илмиро паҳн намуда, адабиёти илмӣ, таълимӣ, методӣ ва маълумотиро нашр менамояд. Нашрияҳои даврии илмие, ки натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотии Академияро дар бар мегиранд ба табъ мерасонад.
7.Барои Академия иштирок намудан дар коркарди лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва омода намудани маводи иттилоотӣ-таҳлилӣ низ самти афзалиятноки фаъолият мебошад.
8.Натиҷаҳои фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ дар шаклҳои зерини асосӣ амалӣ мегарданд:
- ҳисобот аз рӯи натиҷаҳои корҳои илмӣ-тадқиқотӣ бо тартиби муқарраргардидаи расмӣ ба қайд гирифта;
- дастурҳо ва тавсияҳои методӣ;
- маърӯзаҳо (ахбор) ба роҳбарияти ВКД Тоҷикистон, мақомоти ҳокимияти қонунгузор ва иҷроия;
- рисолаҳои илмӣ (диссертатсияҳо), монографияҳо, мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ.
9.Мувофиқасозии фаъолияти илмӣ ва илмӣ-тадқиқотии Академия, ки аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд ва аз ҷониби Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба корҳои илмӣ-тадқиқотии назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
10.Тадқиқоти илмие, ки дар Академия гузаронида мешавад, аз ҳисоби воситаҳои буҷети давлатӣ, маблағҳои фармоишгарон (дар асоси шартнома), фондҳои гуногун, хайрияҳо, маблағҳои аз фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияте, ки аз он фоида ба даст меоранд ва грантҳое, ки бо тартиби муқарраргардида ба Академия ва кормандони илмӣ-педагогии он дода мешаванд, маблағгузорӣ карда мешаванд.
11.Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон Академия ҳуқуқ дорад, ки нашрияҳои даврӣ - маҷалла ва рӯзномаҳоро таъсис диҳад, истеҳсоли маводи нашриявиро, ки барои бо адабиёти таълимию методӣ таъмин намудани ҷараёни таҳсилот заруранд, ба роҳ монад ва нашри натиҷаҳои тадқиқотӣ-илмиро ба амал барорад.
12.Барои баррасии масъалаҳои фаъолияти табъу нашр дар Академия шӯрои илмӣ ва таҳрирӣ таъсис дода мешавад, ки ҳайати онро сардори Академия тасдиқ менамояд. Низомномаи шӯрои илмӣ ва таҳририро Шӯрои олимони Академия тасдиқ менамояд.
13.Натиҷаи фаъолияти илмӣ-тадқиқоти Академия моликияти он ба ҳисоб рафта, бо ҳимояи зарурии ҳуқуқӣ таъмин карда мешавад. Шартҳои соҳибӣ намудан, истифода бурдан ва ихтиёрдорӣ кардани натиҷаҳои илмӣ ва (ё) илмӣ-техникиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
14.Ба ҳар як иштирокчии раванди илмӣ-тадқиқотӣ дар доираи нақшаи фаъолияти илмии аз тарафи Шӯрои олимон тасдиқ гардида, ҳуқуқи интихоби мавзӯи илмии тадқиқотӣ ва иҷозати бемамоният истифода бурдан аз иттилооти зарурӣ кафолат дода мешавад.
15.Дар кафедраҳо бо мақсади дар курсантон (шунавандагон) ривоҷ додани малакаи бурдани тадқиқоти илмӣ маҳфилҳои илмӣ ташкил карда мешаванд. Дар Академия мумкин аст ҷамъияти илмии курсантон ва шунавандагон таъсис дода шавад.
16.Фаъолияти илмӣ-иттилоотӣ дар Академия бо мақсади таъмини курсантон ва шунавандагон, адъюнктон (аспирантон), докторантон, унвонҷӯёни дараҷаҳои илмӣ, кормандони илмӣ, ҳайати профессорону омӯзгорон бо маълумот оид ба тамоюлҳои навтарин дар ҷодаи тайёрии кадрҳо ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, фароҳам овардани заминаи ҳозиразамони иттилоотии раванди таълим ва тадқиқоти илмӣ, амалӣ мешавад. Он иборат аст аз:
- ҷамъоварӣ, мураттабсозӣ ва коркарди маълумот оид ба таҷрибаи ватанӣ ва хориҷӣ ҷиҳати тайёр кардани кадрҳо ва фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- ташаккул додани фонди маълумотӣ-иттилоотии санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, адабиёти илмӣ ва таълимӣ, ҳуҷҷатҳои (маводи) иттилоотӣ ва ғайра;
- бо иттилоот ҳамроҳӣ намудани мавзӯъҳо ва масъалаҳои тадқиқотие, ки дар Академия гузаронида мешавад;
- муқаррарсозӣ ва нигаҳдории робитаи иттилоотӣ бо марказҳо, мақомоти соҳавии иттилоотии илмӣ-техникӣ ва муассисаҳои таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои таълимӣ ва илмии давлатҳои хориҷӣ.
Шуъбаи ташкили-илмӣ ва табъу нашри Академия, ки ба кори он номзади илмҳои хукуқ, дотсент, подполковники милитсия Мансурзода Амиршоҳ Мансур роҳбарӣ менамоянд тасмим гирифтанд, ки дар ҷодаи пешбурди корҳои илмӣ-тадқиқотӣ Академияи ВКД-ро дар асоси дастури Вазири корҳои дохилӣ ба яке аз Марказҳои пуриқтидори илмии кишварҳои ИДМ табдил диҳанд.
Асламов Б.С., ходими калони илмии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашри Академияи ВКД, узви ИЖТ, полковники милитсия.