Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Конференсия дар мавзӯи «Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об»

09

Имрӯз дар тамоми қаламрави ватани азизамон - Тоҷикистони соҳибистиқлол, масъалаи пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои нохуш аз офатҳои табиӣ бисёр масъалаи мубрами ҷомеа ба ҳисоб меравад, ки мо зиёиёни кишвар, ки ҳамзамон шаҳрвандони ватандӯсти ин кишвар ҳастем бо дарки масъулият дар ҷодаи пешгирии ҳодисаҳои нохуш худро муввазаф медонем.
Аз ин рӯ, санаи 27-уми апрели соли равон вобаста ба ин ва иҷрои Нақшаи корҳои илмӣ-тадқиқотии кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо роҳбарии сардори факултети №5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар конференсияи ҷумҳуриявӣ бо иштироки ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони амалии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзӯи «Оқибатҳои тағйирёбии иқлим ва зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба об» бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»» дар Маркази таълимии Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Сардори факултети №5, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар чорабиниро ҳусни оғоз бахшида, чунин қайд намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳиме, ки айни ҳол таваҷҷуҳи ҷомеа ба он нигаронида шудааст, ин бархурди манфиатҳо ва муборизаҳои геополитикии бемислу монанди давлатҳои абарқудрат ба ҳисоб меравад. Гузашта аз ин, инсоният ба муаммоҳое чун терроризму экстремизм, эпидемияҳову таҳримҳо, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва мушкилотҳои экологӣ рӯ ба рӯ шуда истодааст. Дар баъзе аз давлатҳо нодориву гуруснагӣ, нарасидани оби ошомиданӣ ва авҷ гирифтани бемориҳои сироятию ивазшавии иқлим масоили печидае ҳастанд, ки инсоният дар ҳаллашон то ба имрӯз оҷиз мондааст.
Умуман дар шароити кунунии тараққиёти ҷомеа, инсоният таъсири омилҳои тағйирёбии иқлимро нисбати дигар масъалаҳои мубрами рӯз дар мадди аввал гузошта, барои паст намудани хатарҳои он кӯшиш намуда истодааст. Тоҷикистони мо низ дар баробари дигар давлатҳои абарқудрат оиди ҳалли ин масъала чораҳои зиёди пешгирикунандаро амалӣ гардонида истодааст.
Аз ин рӯ, 27-уми сентябри соли 2015 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ню-Йорки ИМА дар муколамаи интерактивии Саммити 2015 оид ба мавзӯи "Ба хотири ҳифзи сайёраи мо ва дар ҷодаи мубориза бо тағйирёбии иқлим", ки дар Созмони Миллали Муттаҳид ороста шуд, иштирок карда, аввалин шуда суханронӣ намуд ва чунин қайд намуда буд, ки “Тайи даҳсолаи охир пайомадҳои манфии тағйироти иқлим, ки ба андозаи муайян ба фаъолияти инсон иртибот дорад, ҳарчи бештар аз худ дарак медиҳад. Пажӯҳиши чандинсолаи мутахассисони мо, аз тақвияти таъсири тағйироти иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодӣ дар кишвар ва минтақа гувоҳӣ медиҳад. Тибқи мушоҳидаҳо, тайи 60 соли охир ба ҳисоби миёна ҳарорати солонаи ҳаво дар Тоҷикистон ба андозаи 1 дараҷа аз рӯи ҷадвали байналмилалии Селсия баланд шудааст; теъдоди рӯзҳои сербориш зиёд гардидааст ва ҳодисаҳои ғайриодии гидрометеорологӣ бештару шаддидтар рух медиҳанд. Фақат ба иллати офатҳои табиии имсола ба иқтисоди кишвари мо ба андозаи садҳо миллион доллари амрикоӣ хисороти моддӣ расид. Мутаассифона, онҳо ба талафоти ҷонӣ низ боис шудаанд”.
Сипас риштаи сухан ба сардори кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулодаи Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани милитсия Нуруллозода Меҳрулло дода шуд. Номбурда дар мавзӯи «Тағйирёбии иқлим ҳамчун омили зиёд гардидани ҳолатҳои фавқулода», баромад намуда, қайд кард, ки вобаста ба он, ки мавқеи ҷойгиршавии Ҷумҳурии Тоҷикистон асосан минтақаи кӯҳсорро фаро гирифтааст, релефи он ба рӯйдоди равандҳои хатарноки табиӣ ва таъсири манфии онҳо ба шароитҳои маишию иқтисодии аҳолӣ ва умуман ҷумҳурӣ зиёд мушоҳида мегардад. Ҳамасола дар ин ё он минтақаи ҷумҳурӣ обхезӣ ба амал омада ҳудудҳои калонро фаро мегирад. Офатҳои калон ба монанди омадани сел, ки минтақаҳои аҳолинишин, манзил, корхонаҳои саноатӣ, роҳҳо ва дигар иншоотҳои гидротехникиро хароб мегардонад. Дар бисёр минтақаҳои кӯҳӣ хавфи омадани сел ва лағжиш мунтазам таҳдид мекунад. Инчунин дар натиҷаи боришоти зиёди барф ба минтақаҳои кӯҳӣ таҳдиди зиёди тарамафароӣ вуҷуд дорад.

10

Ҳамчунин маърӯзачӣ оиди воқеаҳои моҳи майи соли равон, ки дар минтақаҳои гуногуни Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал омада буд, баромад намуда, оиди дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зарардидагони ин офати табиӣ қайд карда гузашт.
Сипас, суханронии собиқадори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳарбӣ Мансуршоева Лутфия Саидназаровна дар атрофи «Ташкили чорабиниҳои муҳофизатӣ дар соҳаи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулода шунида шуд. Номбурда қайд намуд, ки ба ҳамагон маълум аст, ки яке аз масъалаҳои глобалии замони муосир тағйирёбии иқлим мебошад. Тез-тез ба амал омадани офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, обхезиҳо, хушксолиҳо ва падидаҳои фалокатовари гидрометеорологӣ таъсири манфии худро ба амнияти орзуқаворӣ, захираҳои обӣ ва энергетикӣ, солимии аҳолӣ расонида истодааст. Аз ин ҷост, ки масъалаи ҳифз ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ мавриди таваҷҷуҳи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Масъалаи ҳифзу беҳдошти муҳити зист борҳо аз минбарҳои баланди сатҳи байналмилалӣ аз тарафи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид гардида, ҷомеаи ҷаҳониро барои пешгирӣ ва мутобиқгардонии бахшҳои мухталифи муҳити табиӣ ва иқтисодию иҷтимоӣ ба таъсири тағйирёбии иқлим даъват намудааст. 30 ноябри соли 2015 зимни суханронӣ дар Нишасти сарони давлатҳои тарафҳои Конвенсияи тағйири иқлим (конфронси 21) дар Париж таъкид намуданд, ки “ҳарчанд ҳиссаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳаҷми партовҳои газҳои гулхонаӣ ба муҳит дар миқёси олам ночиз мебошад, аммо кишвари мо дар масъалаи тағйирёбии иқлим яке аз давлатҳои осебпазир ба ҳисоб меравад. Имрӯз соҳаҳои асосии иқтисодиёти Тоҷикистон бо паёмадҳои манфии вобаста ба тағйири иқлим рӯ ба рӯ гардидаанд.”
Ҳамчунин, муаллими кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, капитани милитсия Савирзода Давлат Миралӣ дар мавзӯи «Мавҷудияти хатарҳои гидрологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳҳои бартараф кардани онҳо» баромад намуда қайд кард, ки имрӯз олимон бар он ақидаанд, ки сабаби асосии тағйирёбии иқлим ин таъсири инсон ба атмосфера мебошад. Зеро тамоми заводу фабрикаҳои фаъолияткунанда аз худ моддаҳои заҳролудро ба атмосфера ҷудо менамоянд.
Сипас, риштаи сухан ба курсанти курси чорум Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоҳир дода шуд. Номбурда қайд кард, ки тибқи маълумотҳои олимон ва мутахассисони СММ айни замон сеяки қисми сайёраи мо ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд ва онҳо аз дастрасии об барои зарурати хоҷагии худ маҳрум мебошанд. Бо сабаби истифодаи оби ошомидании пастсифат ҳар сол дар кураи Замин то 9 млн. нафар одам вафот менамояд. Эҳтиёҷ ба оби ошомиданӣ сол аз сол бо сабаби зиёдшавии аҳолӣ афзун мегардад. Мутахассиcони соҳа бар он ақидаанд, ки агар минбаъд низ ҳолати истифодаи исрофкоронаи об ба мисли ҳозира нигоҳ дошта шавад, соли 2025 қариб 60 фоизи аҳолии сайёраи мо ба оби ошомидании тоза эҳтиёҷманд мегардад. Ҳаамчунин баромадкунанда оид ба дигар паҳлуҳои масъалаҳои марбут ба об қайд карда гузашт.
Ҳамзамон дар ин чорабинии мазкур курсантон Ҳамид ва Шаҳноза Шавкатовна ва Ҷамшедов Алихон Гурхонович низ дар доираи мавзӯъҳои хеш баромад намуданд.
Дар чорабинии илмӣ курсантон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд. Маҳфили мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати хосса анҷом пазируфт.
Бояд қайд намуд, ки доирнамоии чунин маҳфилҳо ба монанди мизи мудаввар, конфренсияҳо, тренингҳо ва диспутҳо ба болоравии донишу маҳорат ва малакаи курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард. Чунин чорабиниҳо бояд ҳамеша тавассути воситаҳои ахбори омма ба саҳми шаҳрвандон расонида шавад. Шаҳрвандон аз оқибатҳои нохуши офатҳои табиӣ бояд бохабар бошанд ва маърифати экологӣ ва ахлоқии онҳо баланд бардошта шавад.
Нуруллозода М., Убайдуллоев Ш., Сафарова С., кормандони Академияи ВКД.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...