НАВРӮЗИ ОЛАМАФРӮЗ
Санаи 19-20.03.2019 кормандони факултети № 4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таҷлили ҷашни Наврӯзи дилафрӯз омодагии ҷиддӣ дида, сараввал атрофу акнофро тозаву озода намуда, ниҳолҳои мевадору сояафкан шинонданд. На танҳо саҳну боғот, балки утоқу долонҳо низ бо овезаву деворнигориҳои тоза ороиш ёфта, бо гулҳои хонагии тароватбахш муждаи омадани баҳорро расонидаанд. Пазирони ин иди аҷдодиро сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А.,чунин шарҳ дод:
«Ҳадаф аз таҷлили Наврӯз аз бар кардани нерӯи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст».
Воқеан, фармудаанд, ки агар ҳар кас Наврӯзро бо шодию сурур ва бо покию сафову озодагӣ ва фаровонии нозу неъмат истиқбол намояд, соли нав барояш соли хушиву саодат ва пурфайзу баракат хоҳад шуд. Бо мақсади тарғиби арзишҳои миллӣ, расму оинҳои ниёгон, хушнудиву болидахотирӣ ва тақдими самимтарин тамманиёту беҳтарин орзуҳо дар факултети №4-и Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон иди Наврӯз бо пухтани суманак хушу хотирмон ҷашн гирифта шуд ва иштироки собиқадорон ва меҳмонон барои афзудани шукӯҳу шаҳомати он мусоидат намуд.
Бояд зикр кард, ки санаҳои 18-19.03.2019 дар факултет бо иштироки ҳайати шахсӣ яке аз хӯрокҳои наврӯзӣ суманак пухта шуд. Суманак дар миёни мардум дар шаклҳои «саманак», «саману» суманак, суман, сабунак, талаффуз мешавад. Суманакро маъмулан дар арафаи Наврӯз мепазанд. Гандумро 3 рӯз дар об тар карда мемонанд. Сипас то неш задан, тахминан 1-2 ва дар баъзе ҷойҳо 3-4 сантиметр расиданаш ба муддати 5-6 рӯз об мепошанд. Баъдан қисми нешзадаи гандумро бо корд бурида, дар ҳован кӯфта, шираашро мегиранд. Оби шираи гандумро дар дег андохта, тақибан чор баробари шира ба он орд меандозанд. Ба таги дег оташ гирон карда онро мепазанд. Пухтани суманак вақти зиёд мегирад. Ҳангоми пухтани суманак ҳамаи ҳайати шахсии факултет дар гирди он бо рақсу бозӣ шабро саҳар карданд ва санаи 19.03.2019 суманакро дар муддати 3-4 соат дам карда ба ҳамаи ҳайати шахсӣ ва тағйирёбандаи факултет тақсим карданд.
Ва иқдомҳои хайри эшон, ки якчанд устодон бо ифтихорнома сарфароз гардиданд ва дастгирии молиявии курсантони бепарастор Наврӯзи имсоларо боз муборакктар гардонид.
Дар байни курсантони муҳассисилин бахши 1,2 ва 3 озмун таҳти унвони «Фурӯғи ориён» аз рӯйи чандин шарт: ҳусну ҷамол ва ҳунари сухангӯии Маликаи Наврӯзиву бобои деҳқон, рақси миллӣ, ҳунари сарояндагӣ, дастхобонӣ, қироати ашъори Наврӯзиву рубоиҳои халқӣ, бадеҳахонӣ, саҳнаҳои ҳаҷвӣ, бозиҳои миллӣ шуда гузашт.
Инчунин дар чорабинии идона аз тарафи кафедраҳо хаймаҳои наврузӣ, пухтани суманак, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, оростани дастурхони идона ва инчунин хурокҳои наврузӣ аз ҳафтсину ҳафтшин иборат аст, намоиш дода шуд. Шерхониву бадеҳахонӣ ва саҳначаҳои таърихӣ, ки Наврӯзро дар асри асотир Шоҳҷамшед ҷашн гирифта буд, ки аз сарчашмаҳои таърихию фарҳангӣ бармеояд, ҷашни Наврӯз дар аҳди Куруши Кабир ва салтанати Дорои Бузург дар толорҳои пурҳашамати тахти шоҳ Ҷамшед, аз ҷумла қасри сафеду барҳавои Садсутун бо иштироки табақаҳои гуногуни ҷомеа, дар сатҳи давлатӣ зиёда аз як ҳафта баргузор карда шуда, аҳли созу наво, санъаткорону косибон ва ғайраҳо онро шукуҳу ҷилои хоса мебахшиданд, нақши Шоҳҷамшедро аз тарафи курсантон намоиш дода шуд. Дар ҷашнвораи Наврӯзӣ аҳли санъати вилояти Суғд ва барномаҳои театрикунонидашудаи курсантони факултети № 4 ба саҳна гузошта шуд, ки хеле хотирмон ва хурсандибахш буд.
Барои ҳавасманд намудани курсантон ғолибони озмун бо мукофотҳо сарфароз гардонида шуданд.
Сардори қисми таълим, н.и.ф., майори милитсия Ҷабборова М.Т.