Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мусоидати ҳунарҳои мардумӣ дар рушди соҳаи сайёҳӣ

200Мо ҳар амали некеро, ки ба шукронаи истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ анҷом медиҳем, барои худамон, фарзандонамон, наслҳои ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон – Тоҷикистон мекунем, зеро ин Ватан ва ин давлат аз худи мост ва онро ба ҷойи мову шумо каси дигар обод намекунад.

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон

Самти ҳунарҳои мардумӣ нишона аз асолати таърихӣ, анъана, симои миллӣ ва дастранҷу вижагиҳои хоси ҳунармандии ҳар як кишвар арзёбӣ мешавад. Инкишофи ин соҳа имрӯз хеле манфиатбор аст. Гарчанде манфиат бештар дар ҳолати устувори молиявӣ бошад ҳам, аммо арзиши манфиати маънавию фарҳангӣ устувортару муътамад ва шахсиятсозу тамаддунсоз аст.
Аз давраҳои қадим шаҳру деҳоти Тоҷикистон бо ҳунарҳои миллӣ ва ҳунармандонаш шӯҳрат дошт. Ҳунарҳо бо ҳаёти анъанавӣ ва урфу одатҳои мардумӣ робитаи зич доштанд. Ҳунармандони моҳир усулҳои бадеиву техникӣ, наққошиҳо, анъанаҳои касбӣ, нозукиҳои ҳунарро ба вуҷуд оварда, онҳоро ҳифз намуда, ба шогирдон ва наслҳои оянда меомӯзонданд.
Дастони моҳиру чобуки ҳунармандон дар давоми қарнҳои зиёд матоъҳо, зарфҳо, асбобҳои мусиқӣ, қолинҳо, сӯзаниҳо, маснуоти заргарӣ ва дигар намуд маҳсулоти ҳунармандиро тайёр мекарданд. Ҳунарҳои қадимаи ниёгонамон хушбахтона тавассути сулолаҳои ҳунармандон аз насл ба насл гузашта, то замони мо расидааст.
Дар байни тоҷикон маъмултарин ва бонуфузтарин ҳунарҳои бадеӣ бофандагӣ, коркарди фулузот-оҳангарӣ, кулолгарӣ маҳсуб меёфт. Ин намуди ҳунарҳо хусусияти меросӣ-оилавӣ доштанд. Қоидаҳо, сирру асрор, усулҳо ва нозукиҳои ҳунар аз устод ба шогирд, аксаран ба писари калонии ҳунарманд омӯзонида мешуданд. То солҳои 20 –уми қарни гузашта, дар минтақаи Осиёи Миёна бо бофандагӣ мардҳо ва бо дӯзандагӣ занҳо машғул буданд. Маснуоти кулолгариро бо меҳнати дастӣ занҳо ва тавассути чархи кулолӣ мардҳо тайёр мекарданд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол ба рушди ҳунарҳои бадеӣ дар сатҳи давлатӣ эътибор дода мешавад. Зеро бо ин роҳ фарҳанги миллиамон ҳифз мегардад.
Дар ҳақиқат Тоҷикистон аз қатори мамлакатҳое мебошад, ки захираҳои зиёди сайёҳӣ, ба монанди мавзеъҳои таърихию фарҳангӣ, табиати ҳайратангез ва ҳаловатбахш, шаҳрҷойҳо ва сохтмонҳои наву муосир, осорхонаҳо, китобхонаҳо, боғу гулгаштҳои таърихиву тозабунёд дошта, таваҷҷӯҳи зиёди сайёҳон — дӯстдорони сайру саёҳат ва шаҳрвандонро ҷалб кардааст. Захираҳои сайёҳии мамлакат дар ҳоли ҳозир на танҳо барои сайёҳон, балки барои шаҳрвандони кишвар низ кашфношуда боқӣ мондаанд.
Яке аз масъалаҳои муҳим, ки ҳамчун воситаи аёнии муаррифи фарҳанг ва тамаддун арзёбӣ гардида, шавқу рағбат ва таваҷҷӯҳи бевоситаи сайёҳонро ҷалб намудааст, ин молу маҳсулот ва маснуоти сайёҳӣ дар шакли савғотӣ, тӯҳфа, руқъа, фитта ва ғайра мебошанд. Дар кулли кишварҳои ҷаҳон ба ин намуди кору истеҳсолот аксар вақт дар маҳалҳо оилаҳои ҳунарманд машғул мегарданд, чун маҳсулоти дастӣ бо назардошти сатҳу сифат маъруфияти хосро доро мебошад ва талаботи бозор низ ба истеҳсоли маҳсулоти мардумӣ зиёд аст.
Зимнан, дар кишвари мо низ ҳавасмандгардонӣ ва имтиёзгузории ин намуди фаъолият — рушди ҳунарҳои мардумӣ аз ҷониби Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтӣ ва бисёр муҳим арзёбӣ мегардад, ки дар навбати худ он метавонад ба ташкил ёфтани ҳазорҳо ҷойи нави корӣ ва ба ин восита беҳтар шудани имкониятҳои иҷтимоии иқтисодии оилаҳо сабаб гардад.
Ба ҳеч кас пӯшида нест, ки ҳунарҳои суннатии миллӣ на танҳо мероси таърихиву бадеӣ, балки қисми муҳими фарҳанги маънавии замони муосир маҳсуб меёбад. Новобаста аз он, ки имрӯзҳо фарҳанги анъанавӣ дар мадди назари ҷомеаи навини Тоҷикистон, сиёсати фарҳангии давлати ҷавони соҳибистиқлоламон қарор дорад, мо қадамҳои аввалинро баҳри дарки ин таҷрибаи пурғановат гузошта истодаем. Ҳамзамон тадбирҳои муҳим дар самти шинохти фарҳанги миллӣ ва дарки решаҳои он андешида истодаем. Ин имконият медиҳад, ки фарҳанги миллиамонро бо фарҳанги дигар халқиятҳо муқоиса намоем ва бо ин роҳ мансубияти этникии халқамонро дар соҳаи анъанаҳои фарҳангӣ дарк намоем.
Мусаллам аст, ки сарзамини Тоҷикистон дорои захираҳои бои сайёҳию фарҳангӣ буда, тоҷикон аз азал мардумони ҳунарманду фарҳангпарваранд. Хусусан маҳсули ҳунари асили бонувони чирадасти тоҷик қалби садҳо нафар сайёҳони хориҷиро тасхир намудааст. Аз ҷониби ЮНЕСКО эътирофи байналмилалӣ ёфтани арзишҳои таърихии маънавӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва мавзеъҳои таърихии Тоҷикистон низ пирӯзии кишвари мо дар замони Истиқлолияти давлатӣ мебошад. Аз ҷониби Дафтари илму фарҳанги Созмони Милали Муттаҳид ЮНЕСКО дар шаҳри Порт –Луиси Маврикий ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии башарият шомил гардидани як навъи гулдӯзии тоҷикон-чакан, шаҳодати ин гуфтаҳост.
Ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳунарҳои бадеии халқӣ», қабул гаштани Барномаи рушди ҳунарҳои бадеии халқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015 ва инчунин эълон гардидани солҳои 2019-2021 ҳамчун “Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” такони ҷиддӣ дар ин самт мебошад.
Имрӯзҳо дар кишварамон санъати амалии ороишӣ дар ду самт ҷараён дорад, ҳунарҳои бадеӣ, аз кабили зардӯзиву адрасбофӣ, кордсозӣ, читгарӣ, колинбофӣ ва санъати ороишоти халқӣ.
Санъати амалии мардумӣ аз давраҳои қадим ташаккул ёфта, ҳамчун ҳунархои халқӣ инкишоф ёфтааст ва аҳамияти худро то имрӯз аз даст надодааст. Маҳсулотҳои санъати ороишоти амалӣ дар асоси тафаккури озоди ҳунарманд эҷод мешавад ва баҳри файз бахшидан ба муҳити атроф нигаронида шудааст.
Дар асоси дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои барқароркунии ҳунарҳои миллӣ грантҳои давлатӣ таъсис дода шуд, ки ҳадаф аз ҷудо гардидани грантҳои мазкур дастгирӣ ва рушди ҳунарҳои дастӣ, ба мисли қолинбофӣ, сузанидӯзӣ, ҳамчунин таъмини занон ва духтарон бо ҷойҳои корӣ мебошад.
Баргузории озмуну чорабиниҳо дар вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо дар роҳи эҳёи ҳунарҳои бадеии миллии тоҷикон нақши муҳим мебозад. Ҳадаф аз баргузор намудани озмун тарғиби анъанаҳои миллии либосдӯзиву фарҳанги либоспӯшӣ ва эътирофи саҳми занон дар ҳаёти ҷамъиятӣ маҳсуб меёбад.
Дар партави иҷрои саривақтӣ ва пурраи дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, татбиқи ҳадафҳои солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва дар маҷмуъ баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии мардуми деҳот амалӣ карда мешаванд.
Мавҷудияти чунин шароитҳо имконият медиҳанд, ки соҳаи сайёҳиро дар ҷумҳурӣ равнақ дода, дар ин замина баҳри ғанӣ гардонидани буҷаи давлат саҳми худро гузорем. Зеро сайёҳӣ падидаи мураккаби иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангии замони муосир маҳсуб ёфта, яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёти ҷаҳон ба шумор меравад. Сайёҳӣ дар сатҳи ҷаҳон дар даҳсолаи охир аҳамият ва мавқеи хоси худро пайдо карда, бо самтҳои гуногун ва шаклу намудҳои васеҳи хизматрасонӣ тадриҷан рушд ёфта истодааст. Имрӯз дар бозори сайёҳии ҷаҳонӣ ду соҳаи мустақили сайёҳӣ: байналмилалӣ ва дохилӣ бо низом ва сохторҳои махсуси худ амал менамоянд ва дар байни ҷомеа низ маъруфият пайдо кардаанд.
Барои расидан ба ин нишондиҳанда — рушди устувори сайёҳӣ ҳамчун манбаи муътамади иҷтимоии иқтисодӣ ва маънавӣ, албатта, зарур аст, ки аз аҳамият ва нақши сайёҳӣ дар ҷаҳон, заминаҳои қонунгузорӣ ва имкониятҳои соҳаи сайёҳӣ ва табдирҳои зарурию имконпазир ва дурнамо ҷиҳати ташаккули захираҳо ва рушди устувори сайёҳӣ дар мамлакат бархурдор бошем.

Ҳабибзода Ҳокимҷон Тоҳирҷон
курсанти курси 4-уми факултети №5
Академияи ВКД-и Ҷумхурии Тоҷикистон,
сержанти милитсия, узви Ҷамъияти илмии курсантон
«Наҷотдиҳандагон»-и кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...