Корҳои ободони ва созандагӣ дар факултети №4 Академияи ВКД
Дар раванди ислоҳоти сохтори идоракунии давлатӣ маҳз ба хотири эълон гардидани солҳои 2019-2021 “Соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таъкид карданд, ки ниҳолпарварону боғпарварони кишвар ва ҳар як дӯстдори табиати зебо аз ҳар рӯзи ҳавои мусоид бояд пурсамар истифода бурда, дар бунёди боғу токзорҳо ва барқарорсозии боғоти кӯҳна, кабудизорсозии муҳити зист ва ободу зебо намудани ҳар ваҷаби хоки сарзамини зархези Тоҷикистони азиз бояд саҳмгузор бошанд.
Ҳайати профессорону омӯзгорон ва курсантони факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз даврони осоишта аз зебоиҳои айём бархурдор гашта бо шинонидани гул, ниҳолҳои мевадиҳанда, дарахтони ороишӣ ва корҳои сохтмонӣ, рангуборкунӣ дар гирду атрофи ин даргоҳи илму маърифат бо ташаббуси сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, н.и.ҳ., дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. саҳми худро гузошта истодаанд. Ҳайати кормандони факултет заминро аз сангҳо, партовҳо тоза намуда, ба гулпарварӣ мутобиқ гардониданд.
Ба омадани баҳори дилафрӯз ҳамаи ҳайати шахсӣ омодагии ҷиддӣ дида, сараввал атрофу акнофро тозаву озода намуда, ниҳолҳои мевадору сояафкан шинонданд. На танҳо саҳни боғот, балки утоқу долонҳо низ бо овезаву деворнигориҳои тоза ороиш ёфта, бо гулҳои хонагии тароватбахш муждаи омадани баҳорро расонидаанд. Пазироии баҳори дилафрӯзро сардори факултет, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Насуриён П.А.. чунин шарҳ дод:
«Ҳадаф аз пешвоз гирифтани баҳор аз бар кардани нерӯи тоза, қудратмандӣ дар ирода ва шурӯъ намудан ба корнамоиҳо, талошҳо ва барномаҳои оянда аст».
Рӯзи 24-уми феврали соли 2019 дар ҳудуди факултет беш аз 300 бех ниҳолҳо аз қабили дарахтони сояафкан ва мевадиҳанда, ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуданд.
Ба ҳар як кафедраи факултет қитъаи замин вобаста карда шуд, ки устодон дар он гулу гулбутта, гулҳои ороишӣ аз ҷумла, гулҳои садбарг, довудӣ, бобуна, мехчагул ва райҳон шинониданд. Боиси хушнудист, ки дар факултет устодоне низ ҳастанд, ки бо маҳсули дастони зебоиофарашон ва боазми қавӣ барои ободии ин таълимгоҳ камари ҳиммат мебанданд. Гирду атрофи таълимгоҳро бо гулҳои баҳорӣ лабрез намудаанд.
Агар атроф тозаву озода, муаттару дилнишин бошад, табъи кас низ болидаву хотир осуда мегардад. Набототу растаниҳо, ки асоси зебоии табиатро ташкил мекунанд, ҳамеша ба нигоҳубини дурусти инсоният ниёз доранд. Агар мо ҳамчун инсони комил онҳоро хуб парвариш намоем ва аз зебоиҳои он истифода барем, хотирамонро болида мегардонанд. Агар обҳоро чун сарвати бебаҳо сарфакорона истифода барему тоза нигоҳашон бидорем, манбаи пайдоиши нуру зиё ва зебогии оламу одам мегарданд. Агар захираҳои табиатро муқаддас ҳисобему онҳоро сарфакорона истифода барем, зиндагиамон торафт ободу зебо ва хотирмону дилпазир хоҳад гашт.
Вазифаи устодони ин даргоҳ бо як масъулияти баланди ватандӯстӣ тарбия кардани шогирдон, ба роҳи рост ҳидоят намудан, истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллиамонро устувор нигоҳ доштан, ҷомеаи худро ба як ҷомеаи мутамаддин табдил дода тавонистан, сарзамини биҳиштосоямонро сидқан дӯст доштан ва пайваста саъй кардану ватани маҳбубамонро ба як гӯшаи ободу пешрафтаи сайёра мубаддал гардонидан мебошад.
Кишвари азизамон Тоҷикистон бисёр табиати бузургу нодир дорад, ки барои васфаш китобҳо лозим меоянд. Табиати атрофро ба чатри сояафкани бузург метавон ташбеҳ, дод, ки инсониятро аз гармову боришоти зиёд эмин медорад, аз бемориҳо дур месозад ва дар паноҳи гулу гиёҳ ва дарахтони сарбаландаш мепарварад.
Факултети №4 Академияи ВКД, як гӯшаи диёри зебоманзараи кишварамон мебошад, ки ҳайати олимон ва профессорони он кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки барои ободонии ин гӯшаи диёр саҳмгузор бошанд. Зеро, ки ободии диёр аз ҳар хонавода, маҳали худ оғоз меёбад.
Ғафуров М.С., муовини сардори факултети №4 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, оид ба таълим ва илм, н.и.ҳ., подполковники милитсия.