Озмуни беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллӣ
Артиши миллии Тоҷикистон, ки баъди соҳибистқилол гардидани давлатамон таъсис гардидааст бе ягон заминаи меросии моддиву техникӣ ташаккулу такомул ёфт ва аз имтиҳони сангини таърих гузаштааст.
Танҳо шахси ватандӯст метавонад дилсӯзона ва бо тамоми ҳастӣ ҳифзи амният ва ободии Ватани худро таъмин созад. Барои таҳкими нерӯи мудофиавии кишвар, ҳифзи боэътимоди сарҳадоти давлатӣ мо натанҳо ба мутахассисони содиқи низомӣ, балки ба сарбозони бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва аз сидқи дил хизмати ҳарбиро ихтиёр карда эҳтиёҷ дорем.
Ҳар як хизматчии ҳарбӣ бояд хуб дарк намояд, ватандӯстӣ ин арзи садоқат ба ватан, миллат, давлати соҳибистиқлоли арзишҳои миллӣ аз тамоми манфиатҳо боло гузоштани манфиати давлату миллат зоҳир мегардад.
Тарғибу талқини ғояҳои худогоҳиву худшиносӣ ҳисси ифтихори миллӣ, ватандӯстиву ватанпарварӣ ва омӯхтани таърихи миллат вазифаи ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Барои таҳкими оромию суботи ҷомеа афзун сохтани қудрати мудофиавии мамлакат ва ҳимояи марзҳои давлатӣ, Қувваҳои мусаллаҳи моро зарур аст, ки омодагии худро ба талаботи замони муосир мутобиқ созанд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангиву омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии Қувваҳои мусаллаҳ ва тарбия намудани кадрҳову мутахассисони варзида таваҷҷӯҳи хос зоҳир менамояд.
Дар ҳайати Қувваҳои мусаллаҳи кишвар таъсис додани қӯшунҳои зудамал ба Гвардияи миллӣ табдил додани собиқ Гвардияи президентӣ ва таҷдиди сохтори он беҳбудии таъминоти моддиву техникии ҷузъу томҳои ҳарбӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат ба роҳ мондани тарбияи кадрҳои низомӣ ва дастгирии иҷтимоии хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумлаи тадбирҳое мебошанд, ки дар солҳои охир дар амал тадбиқ гардидаанд.
Аз ин рӯ, санаи 22 феврали соли 2019 дар факултети №4-уми Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин газетаи деворӣ бахшида ба Рӯзи Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон байни гурӯҳҳои таълимӣ ва кафедраҳои факултет гузаронида шуд, ки чунин натиҷа дод:
Ҷойи якумро кафедраи фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии мақомоти корои дохилӣ ва гурӯҳи таълимии 202 ишғол намуданд;
Ҷойи дуюмро кафедраи тайёрии ибтидоӣ ва такмили ихтисос ва гурӯҳи таълимии 104 ишғол намуданд;
Ҷойи сеюмро кафедраи фанҳои давлатӣ – ҳуқуқӣ ва гурӯҳи таълимии 301 ишғол намуданд.
Мо ҳама дар назди халқу ватан вазифадор ҳастем, ки сулҳи пойдор ва тамоми марзи якпорчагии Тоҷикистони азизро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намоем, зеро хизмат кардан ба Ватан шарафи бузург ва қарзи шаҳрвандии ҷавонони бонангу номуси миллат аст.
Ҷабборова М.Т., сардори қисми таълим, н.и.ф., майори милитсия.