Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таҳкими амнияти ҷамъиятӣ ва давлатӣ: назари геополитикӣ ва политтехнологии он

«Ҳифзи озодию истиқлолият ва манфиатҳои миллию

давлатӣ вазифаи мухимтарини ҳар як фарди бонангу

номус, ватандӯсту ватанпарвар ва худшиносу худогоҳи

ин сарзамин мебошад.

Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


14Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатиашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2017 вазъи геполиткии минтақа ва ҷаҳонро таҳлили чуқур намуда, аз ҷумла иброз дошта буданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо вуҷуди тағйирёбии вазъи сиёсиву иқтисодӣ ва амниятии ҷаҳон, дар роҳи пешрафти бемайлони иқтисодӣ, расидан ба ҳадафҳои стратегӣ ва ба ин васила таъмин намудани зиндагии шоистаи аҳолӣ бо қадамҳои устувор пеш меравад.
Аммо вақтҳои охир дар ҷаҳон раванди бартариҷӯӣ, мусаллаҳшавии бошитоб, пайдоиши нишонаҳои марҳалаи нави “ҷанги сард” боиси нигаронӣ гардидааст.
Соли ҷорӣ дар гӯшаҳои гуногуни олам нооромиву низоъҳо идома ёфта, барои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун айёми душвору пуртазод эътироф гардид.
Дар ин давра зиёда аз сад давлати дунё мавриди ҳамлаҳои ғайриинсонии террористон ва ифротгароён қарор гирифт.
Воқеият чунин аст, ки ҷуғрофияи нооромиҳо торафт доман паҳн намуда, таҳдиду хатарҳои глобалӣ имрӯз ба асосҳои бунёдии тартибу низоми ҷаҳонӣ ва усулҳои муносиботи байналмилалӣ таъсиргузор мебошанд.
Идомаи минбаъдаи ин ҳолат метавонад боиси амиқ гардидани таҳдиду хатарҳои сиёсиву иқтисодӣ, амниятӣ ва башариву фарҳангӣ дар минтақаҳои гуногуни олам гардад.
Дар марҳалаи кунунӣ кишвари мо бо мақсади вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои ҷаҳонӣ дар раванди ташаккули иқтидори муносиби дохилӣ ва хориҷӣ тадбирҳои муассир меандешад».
Дар ҷаҳони имрӯза ҳар лаҳза вазъи геполитикӣ чӣ дар Шарқи наздик, кишварҳои арабӣ, Аврупою Осиё зуд тағйир ёфта, монеъи рушди устувори кишварҳо мегардад. Ҷангу харобиҳо, терроризму экстремизм рӯирост ба амнияти ҷамъиятӣ ва давлатии кишварҳои ҷангзада таҳдид намуда, истиқлолият ва тамомияти арзии онҳоро зери хатар қарор додааст.
Дар таъсиррасонӣ ба вазъи геополитикӣ якчанд усулҳои ошкор ва ғайриошкоро (конспирологӣ) истифода мегарданд, ки донистани онҳо бахусус барои кормандони мақомоти корҳои дохилӣ хеле зарур мебошанд.
1. Омили аз ҳама маъмул - ин амалиётҳои муссалаҳона аз ҷониби як кишвар ба дигар кишвар;
2. Омили идеологӣ - иттилоотӣ, таъсир ба зеҳну шуури шаҳрвандони кишварҳои алоҳида тавассути ВАО, аз ҷумла Интернет бо мақсади ғарази сиёсӣ;
3. Омили пардапӯшонаи (конспирологии) заифгардонии иқтисодии кишварҳо бе амалиётҳои муссалаҳона;
4. Омили политтехнологии тағйири афкори ҷамъиятӣ;
5. Омили ба вуҷуд овардани арзишҳои ривояткунонидае, ки гӯё дар ин кишарҳо «Ҳуқуқи ннсон» поймол мешавад ё умуман арзи вуҷуд надорад.
6. Омили сиёсии ҳамгироии сунъӣ ва сохтаи иқтисодӣ, ҳарбию стратегӣ;
7. Омили психологии аз байн бурдани менталитети миллӣ ва арзишу сунатҳои миллӣ.
Назарияҳои геополитикӣ меомӯзанд, ки ин равандҳо сохташуда, бебунёд ва баъзан тахрибкоронаю экспансионӣ мебошанд, ки дар ниҳояти кор ба манфиати амалигардонии назарияи маълуми «идоракунии бетартибӣ» оварда мерасонанд.
Дар Ҷумҳури Тоҷикистон низ аз ҷониби Шӯрои амнияти кишвар, олимону коршиносон дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳо, донишгоҳу донишкадаҳо,
Академияи ВКД ва дигар ниҳодҳои давлатӣ масоили мазкур мавриди омӯзиш ва таҳлил қарор мегирад, пешниҳодҳои мушаххас низ арзёбӣ мегарданд, вале бори дигар хатару тахдидҳои амниятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ёдовар мешавем, ки аз инҳо иборат мебошанд:
-гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, экспансияи маводи мухаддир, таҳдиди он ба вазъи ҷамъиятӣ-сиёсӣ;
-мавҷудияти ташкилотҳои ҷиноятии яроқнок, созмонҳои террористию экстремистӣ дар хориҷи кишвар ва ғаразҳои идеологии онҳо;
-тундгароии динӣ ва экстремизми динию сиёсӣ;
-бӯҳронхои моливию иқтисодии ҷаҳонӣ.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ дар фазои ИДМ Тоҷикистон дар эмингардонии ҷомеа аз ин хатарҳо пешсаф буда, заминаи ҳуқуқии мукаммал ва нигаронии фавриро соҳиб аст, ки аз ҷониби СААД, СҲШ ва дигар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ баҳои баланд гирифтааст.
Ба ҳар ҳол илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ буда, набояд фаромӯш сохт, ки объекти асосии политтехнологиҳои бархе аз давлатҳои хориҷӣ ин - одамон ва хусусан қишрҳои осебпазири он мебошанд, ки бо роҳҳои идеологию психологӣ коркард карда мешаванд. Имрӯз фазои иттилоотии Тоҷикистонро садҳо системаҳои телекоммуникатсионӣ фарогир аст, ки қисме аз онҳо ҳамчун «чашми панҷум» ду ҳадафро пайгирӣ менамоянд, яке паҳни иттилооти бепояю бофтаи ривояткунондашудаи пучу бе мағзи ғаразнок, дуюм соҳиб шудан ба захираи ақлонии кишвар. Ин равандҳо начандон кӯҳна буда, асосан нимаи дуюми асри 20-ум хуруҷ карда, қисме аз давлатҳоро ба коми худ фурӯ бурда, мардуми онро зору халил намуданд.
Политтехнологияи муосир мақсадҳои зеринро пайгирӣ менамояд.
1.Тағйири равандҳои сиёсӣ-иҷтимоӣ ва афкори иштирокчиёни он;
2.Ба вуҷуд овардани модел ё арзишҳои таҳмилшавандае, ки гӯё миллатҳои дигар бе он зиндагӣ карда наметавонанд;
3.Таъсир ба зеҳн ва шуури мардум, ки онҳо аз асли хеш дур раванд ва кӯркӯрона ин ғояҳои подарҳавои муболиғони онро қабул намуда, рафтори ба ном «нави замонавиро» ба худ қабул намоянд.
Беҳуда нест, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо таъкид менамоянд, ки «Истиқлолияти давлатӣ ва озодӣ барои мо неъматҳои муқаддастарин ва бузургтарин мебошанд, ки тамоми дастовардҳои мо аз онҳо вобастаанд».
Асламов Б.С., Маҳмадов С.А.,Самеҳов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...