Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар шакли он-лайн гузаронидани конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ

12

Яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти банйалмилалии Академия – ин васеъ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи маориф бо давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад, ки аз Созишнома дар бораи ҳамкорӣ оид ба ташкил намудани фазои ягонаи маорифи давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, ки бо Қарори Шӯрои сарони ҳукуматҳои ИДМ 17 январи соли 1997 тасдиқ шудааст, бармеояд. 16 августи соли 2002 дар ш.Душанбе Протокол дар бораи ҳамкорӣ дар соҳаи тайёр намудани кадрҳо байни Академияи идоракунии ВКД Россия ва Академияи ВКД Тоҷикистон имзо карда шуда буд. Мутобиқи ин Протокол, санаи 14 декабри соли ҷорӣ конференсияи илмӣ-амалии байналмилалӣ дар мавзӯи «Сиёсати ҷиноятии Россия дар давраи муосир: вазъият, тамоюлҳо, имкониятҳо» (Уголовная политика России на современном этапе: состояние, тенденции, перспективы) дар режими он-лайн гузаронида шуда буд. 

13

Тибқи барномаи конференсия ба сухани ифтитоҳӣ сардори Академияи идоракунии ВКД Россия, доктори илмҳои техникӣ, дотсент, генерал-лейтенанти политсия Андрей Николаевич Конев баромад намуд.
Дар конференсия олимони барҷастаи Россия, аз ҷумла, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор В.Ф. Цепелев, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор А.И. Долгова, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Л.И. Беляева, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Б.Я. Гаврилов, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор В.П. Лавров, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессорВ.П. Ревин бо маърӯза иштирок намуданд.
Академияи ВКД-ро дотсенти кафедраи ҳуқуқи ҷиноятӣ, криминология ва психологияи факултети № 2, номзадли илмҳои ҳуқуқ, подполковники милитсия Хайров Ф.М. бо маърӯза дар мавзӯи «Криминализация противоправных действий с прекурсорами, осуществляемая на уровне национального уголовного закона под влиянием международно-правовых актов» муаррифӣ намуд.
Дар рафти конференсия инчунин, олимон аз Академияи ВКД Россия дар ш.Нижний Новгород, Донишкадаи ҳуқуқшиносии ВКД Россия дар ш. Уфа, Донишкадаи ВКД Ҷумҳурии Белоруссия дар ш. Могилев бо маърӯзаҳо иштирок намуданд.
Дар рафти конференсия масъалаҳо оид ба ҳолати муосир, проблемаҳо ва такмили сиёсати ҷиноятӣ, проблемаҳои мубрами ислоҳоти қонунгузории ҷиноятӣ, ташкили ошкор намудан, таҳлили тамоюлҳои ҷаҳонии криминализатсияи кирдорҳои нави ҷиноятӣ, хусусияти пешқадам ва намунаи хориҷии криминализатсияи кирдорҳои ба ҷамъият хавфнок ва декриминализатсияи ҷиноятҳо баррасӣ шудаанд.

Шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...