Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВИИ ҶУМҲУРИЯВӢ ДАР АКАДЕМИЯИ ВКД

451

Бо мақсади амалӣ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки санаи 16-17 ноябри соли 2018 дар суханронии хеш бахшида ба оғози кори агрегати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баён доштанд ва ташвиқу тарғиби аҳамияту моҳияти Нерӯгоҳи барқи обии Роғун барои сокинони Тоҷикистон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 6 декабри соли 2018, конференсияи илмӣ-назариявии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи “Аҳамияту моҳияти Нерӯгоҳи барқи обии Роғун баргузор гардид.
Дар кори конференсия олимони барҷастаи ватанӣ, коршиносони соҳаи обу энергетика, экология ва ҳолатҳои фавқулодда иштирок доштанд. Меҳмонони чорабиниро курсантони Академияи мазкур бо қироати шеърҳо дар васфи Нерӯгоҳи барқии обии Роғун пешвоз гирифтанд.
Чорабинии мазкурро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқ, полковники милитсия Саидзода Зикрулло Алӣ ҳусни оғоз бахшида, қайд намуд, ки нақши Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди тамоми соҳаҳо бориз арзёбӣ намуда, зикр дошт, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба хотири таъмини зиндагии шоиста барои мардуми шарафманди тоҷик се самти асосию стратегиро дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд, ки бо татбиқи пурраи онҳо Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои пешрафтаву аз бисёр ҷиҳат тараққикарда мубаддал мегардад.
Ҳамзамон Саидзода Зикрулло зикр намуд, ки захираҳои гидроэнергетикии Тоҷикистон беназир буда, барои истеҳсоли барқи обӣ дар кишвар имкониятҳои хеле зиёд фароҳам меорад.

452

Рӯзи 26 июли соли 2018, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни таҳлили корҳои иҷрошуда ва омодагӣ барои ба истифода додани навбати агрегати аввали нерӯгоҳ ба роҳбарияти нерӯгоҳ барои таҳияи нақшаи чорабинӣ оид ба истифода додани навбати аввали Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар фасли тирамоҳи соли ҷорӣ супоришҳои мушаххас доданд. Бо супориш ва назорати бевоситаи Президенти кишвар аз аввали корҳои барқарорсозиву сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун аз буҷети кишвар ба ин иншоот дар ҳаҷми 21 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст. Дар маҷмӯъ, албатта, бо талошу заҳматҳои Пешвои миллат сохтмони Роғун идома дорад ва ин -рамзи ғалаба, воситаи муҳими амалӣ шудани орзуҳои тоҷикон дар бораи мамлакати мустақилу устувор, ҷомеаи адолатпарвару муваффақ аст.
Сипас, директори Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор Кобулиев Зайналобуддин Валиевич дар мавзӯи «Истифодаи оқилонаи захираҳои обии дарёҳои бурунмарзии Осиёи марказӣ» баромад намуд.
Номбурда пеш аз шурӯи мавзӯъ аз хизматҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда қайд намуд, ки ҳар як фарди ватандӯст, худогоҳу худшиноси миллати тоҷик бояд ифтихор намояд, ки Пешвои миллати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори асосии ҳаллу фасли мушкилоти глобалии вобаста ба об ва чун роҳбари кишвари пешсаф дар татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола ба ҳисоб меравад ва ӯро бо сиёсати хирадмандонааш дар арсаи байналмилалӣ мешиносанд ва эътироф менамоянд.
Ҳамчунин қайд гардид, ки Истиқлолият дастоварди муҳимтарин, бузургу бебаҳо ва таърихии миллати мо, ормони чандинасраи фарзандони асилу огоҳ ва маҳсули талошҳои садҳо ҳазор муборизони роҳи бақои давлати тоҷикон мебошад. Бояд таъкид кард, ки дар тӯли беш аз ҳазор сол мардуми мо пайваста барои эҳёи давлати миллии худ ва истиқлоли он талош мекард. Бо ҳукми тақдир имрӯз ба мо муяссар шудааст, ки орзуву ормони деринаи миллати тоҷикро амалӣ сохта, ба бунёди давлати мустақили Тоҷикистон ноил гардем.
Дар ҷараёни чорабинӣ декани факултети энергетикии Донишгоҳи техникии ба номи М.С.Осимӣ, номзади илмҳои техникӣ, дотсент Қасобов Лоиқ Сафаралиевич оид ба мавзӯи «Нақши Нерӯгоҳи барқи обии Роғун дар рушди соҳаи энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баромад намуда қайд кард, ки ин нерӯгоҳ дар ҳолати пурра ба кор даромаданаш дар як сол метавонад 13,1 млрд. кВт-соат нерӯи барқ ҳосил кунад. Сарбанд бояд обанбори калон бо ҳаҷми умумӣ 13,3 км3 ва ҳаҷми истифодашаванда – 8,6 км3-ро ташаккул намояд. Обанбор дар давоми 13 сол пур карда мешавад. Истифодаи обанбори мазкур барои эҳтиёҷоти энергетикӣ ва обёрии заминҳои лалмӣ пешбинӣ мегардад. Сохтмони НБО ба марҳилаҳо тақсим мешавад. Иқтидори агрегати якум дар марҳилаи аввал бо истеҳсоли 100 МВт (дар зимистон) ва 200 МВт (тобистон) барқ пайваст мебошад. Ҳамзамон дар агрегати дуюми нерӯгоҳ низ корҳо пеш рафта истодаанд. Бо назардошти технологияи баистифодадиҳию иҷрокунӣ аз рӯи нақша бояд баъд аз 4 моҳ (баҳори соли 2019) ин агрегат ҳам ба истифода дода шавад.

453

Ҳамзамон дар чорабинии мазкур сардори факултети №5 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои педагогӣ, полковники милитсия Ҳайдарзода Шомурод Ҳайдар дар мавзӯи «Асосҳои меъёрии ҳуқуқии байналхалқӣ доир ба истифодаи захираҳои обии сайёра дар мисоли Нерӯгоҳи барқии обии Роғун» ва корманди кафедраи ҳифз дар ҳолатҳои фавқулода, Норқулова Гуландом Раҷабовна дар мавзӯи «Гидроэнергетика сарчашмаи иқтисоди бехатар» баромад намуда, доир ба мавзӯҳои худ ба аҳли нишаст маълумотҳои заруриро пешниҳод карданд.
Ҳамчунин дар чорабинии илмӣ курсантон Ҷамшедов Алихон ва Ҳабибов Ҳокимҷон доир ба қабули Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, бо пешниҳоди бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар ҳоле роҳандозӣ гардид, ки дар тамоми рӯи Замин гармшавии саросарии сайёра ва норасоии рӯзафзуни оби тозаи ошомиданӣ ҷараён дорад, баромад намуданд.
Маҳфили мазкур бо як шукӯҳу шаҳомати хосса анҷом пазируфта, дар охир аз ҷониби роҳбарияти Академияи ВКД ба меҳмонон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд..
Бояд қайд намуд, ки доир гардидани чунин маҳфилҳо ба болоравии донишу маҳорат ва малакаи курсантон дар Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидати фаъол хоҳад кард.
Нуруллозода М.Убайдуллоев Ш.,Омӯзгорони Академияи ВКД

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...