Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Семинари илмӣ-амалӣ дар Академияи ВКД

372

Бо ташаббуси сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, генерал-майори милитсия Шарифзода Ф.Р. ва ҳамоҳангсозии шуъбаи ташкилӣ-илмӣ ва табъу нашр, шуъбаи адъюнктураи Академияи мазкур дар толори Шӯрои олимон 27-уми ноябри соли 2018, семинари доимоамалкунандаи илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масоили мубрами фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва илмӣ-педагогӣ» доир гардид.

Ҷаласаро бо сухани муқаддимавӣ муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода З.А. ҳусни оғоз бахшида, дар бораи моҳияти фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ ва ҷойгоҳи он дар амалияи ҳуқуқтатбиқнамоӣ ибрози ақида намуда, қайд кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтидо аз моҳи августи соли 2017 раванди корҳои илмӣ дар Академияи мазкур равнақи тоза гирифта, даҳҳо конференсия, онлайн-конференсияҳо, нишастҳои илмии сатҳи байналмилалӣ дар мавзӯъҳои гуногун баргузор гардиданд, ки дар кори онҳо бевосита Вазири корҳои дохилӣ генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ширкат ва маърӯзаҳои илмӣ намуд, ки ин он боиси ифтихори ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД аст. Чандин нашрияҳои илмӣ, аз ҷумла «Осори Академия», маҷмӯаи мақолаҳои илмии конференсияҳо, дастуру китобҳо, барномаҳои таълимӣ ба табъ расонида шуданд.
Бо тақозои пешрафти илми муосир Академия низ бояд ҳамқадами он бошад ва корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мукаммал гарданд, то ин ки олимону омӯзгорони Академия тавонанд худро берун аз ҷумҳурӣ низ муаррифӣ намоянд. Зеро хизмати илм дар тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳими кишвар беназир аст.
Дар ҷараёни чорабинӣ сардори шуъбаи адъюнктура, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, дотсент, подполковники милитсия Раҳмадҷонзода Р.Р. оид ба мавзӯи «Ворид шудан ва муаррифии фаъолияти илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар платформаи ШИИР (РИНЦ)» маърӯза намуд. Мавсуф тавсияҳои муфидро ҷиҳати доштани суроғаи (почтаи) электронии фаъол пешниҳод намуда, чунин қайд кард, ки айни замон чор суроғаи электронии машҳур дар ҷаҳон фаъолият менамоянд, аз ҷумла: gmail.com; yandex.ru; mail.ru; rambler.ru.
Раҳмадҷонзода Р.Р. ҳамзамон, иброз намуд, ки бе доштани почтаи электронӣ ба қайд гирифтан дар ШИИР ғайриимкон аст.
Имрӯзҳо зарурати аз қайди ШИИР (РИНЦ) гузаштани ҳайати профессорону омӯзгорони Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдо шудааст. Арзишёбии корҳои илмӣ-тадқиқотии ҳайати профессорону омӯзгорони Академияро имрӯз метавон дар доираи илмии наукометрия (наукометрия – ин соҳаи донише мебошад, ки бо роҳи тадқиқоти оморӣ сохтор ва сатҳи фаъолияти илмиро меомӯзад) санҷид. Наукометрия фарогири се нишондод мебошад: шохиси Хирш (индекс Хирша), шохиси иқтибосоварӣ (индекс цитирования) ва шумораи нишондоди муҳимияти маҷалла (импакт-фактор).
Шохиси Хирш ин нишондоди санҷиши илмиест, ки соди 2005 аз ҷониби физики амрикоӣ Хорхе Хирш аз Донишгоҳи Сан-Диегои Иёлоти Калифорния (ИМА) пешниҳод шудааст. Ин тавсифи шуморавии самараи эҷодкории олим (муаллиф) дар асоси шумораи маводи нашргашта ва иқтибосоварӣ аз эҷодиёти ӯ мебошад.
Сипас Раҳмадҷонзода Р.Р. оид ба тарзи соддатарини бақайдгузорӣ дар Китобхонаи илмии электронӣ (КЭБ) маълумот дода, оид ба ШИИР чунин иброз намуд, ки Шохиси иқтибосоварии илмии Россия – ин системаи таҳлилӣ-иттилоотӣ буда, дар он беш аз 2 миллион нашри муаллифони россиягӣ қайд шудаанд ва инчунин, иқтибосоварӣ ба ин муаллифон зиёда аз 3000 маҷаллаи илмии россиягӣ рӯ овардааст. ШИИР на танҳо барои таъмини фаврии тадқиқоти илмӣ бо маълумоти мубрами муҳоваравӣ-библиографиявӣ, балки олоти пуриқтидорест, ки метавонад натиҷаи босамар будани фаъолияти илмӣ-тадқиқотии муассисаҳо, олимон, сатҳи маҷаллаҳои илмӣ ва ғайраро муайян созад. Хоҳишмандон ҳамчунин, метавонанд ба сомонаи eLIBRARY.RU https://elibrary.ru ворид шуда, аз он ҷо маълумоти заруриро ба даст оваранд.
Маърӯзаи Раҳмадҷонзода Р.Р. миёни иштирокчиёни семинар мавриди саволу ҷавоб, баҳсу мунозираҳои илмӣ гардид, ки дар он сардори факултети № 1, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Нозиров Н.А., сардори кафедраи мурофиаи ҷиноятӣ, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Арипов А.Л. сардори ШТИ ва ТН, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, подполковники милитсия Мансурзода А.М., дотсенти кафедраи мурофиаи ҷиноятии факултети №2, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, майори милитсия Ализода П.Ҳ., сардори кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, полковники милитсия Бойзода Ҷ.Ҷ., омӯзгори калони кафедраи фанҳои ҷамъиятии факултети №2, майори милитсия Самиҳов Б.С. ва дигарон баромад намуда, роҳҳои мукаммалгардонии самти мазкурро пешниҳод намуданд.
Кори семинарро муовини сардори Академияи ВКД оид ба илм, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, полковники милитсия Саидзода З.А. ҷамъбаст намуда, ба иштирокчиён дар ҷодаи илм барору комёбиҳо таманно кард.
Мавриди қайд аст, ки семинари доимоамалкунандаи илмӣ дар Академияи ВКД моҳе як маротиба баргузор гардида, иштирок дар он озод мебошад.

Хабирова Т.А., Асламов Б.С.

Шарҳи Шумо

Security code
Рамзи дигар





Китобҳои олимони академия

676

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

Ҳамватанони азиз!

Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...