Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон – наҷотбахши давлат ва миллати тоҷик

429-уми сентябри соли 1991 дар харитаи сиёии ҷаҳон Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳамчун давлати соҳибистиқлол пайдо гашт. Барои давлати навини тоҷикон марҳилаи эҳё ва созандагӣ оғоз гардид. Вале, ҳеҷ кас гумон намекард, ки ин марҳилаи таърихи навини тоҷикон, ки таърих ва фарҳанги қадима доранд ба бӯҳрони сиёсии солҳои 90-уми қарни ХХ ба ном «драмаи миллӣ» дучор мегардад.

Низои сиёсии тоҷикон – ҳамчун таҳавуллоти шаклҳои ҷустуҷӯӣ аз байн бурдани фазои зиндагӣ, айният бо муносибатҳои давлатҳои навтаъсисёбанда қаламдод карда мешавад.1

         Бо сабабҳои объективӣ ва субъективӣ фазои сиёсии Тоҷикистон солҳои 90-ум тағйир ёфт. Тоҷикистон ҳамчун давлати собиқи Шуравӣ, низоми сиёсии кӯҳнаро мерос гирифт, ки ба тағйиротҳои демократӣ ҷавобгӯ набуд. Тараққиёти сусти иқтисодии минтақаҳо, суст ҷалб намудани инвеститсияи хориҷӣ, ислоҳоти сусти низоми сиёсӣ, рақобатҳои геополитикии давлатҳои абарқудрат ва ҳамсоягӣ бо кишвари ҷангзадаи Афғонистон боиси сар задании низои сиёсии тоҷикон гашт.

         Он рӯзҳо солҳои (1992 -1997) ҳеҷ кас андеша намекард, ки ин «драмаи миллӣ» кадом роҳи ҳалли худро дорад, баъзе гурӯҳҳои навмед, ҳатто фикр мекарданд, ки на лидери сиёсӣ ҳаст ва на қуввае, ки халқро ором намуда, ба ваҳдат биёрад.

         Ба ин масъала олимон ва рӯзноманигорон танҳо баъди имзо шудани Созишномаи истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ (27 июни соли 1997) дар шаҳри Москва баҳои сиёсии худро доданд. Дар ин ҷо сухан дар бораи ҷонфидоиҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меравад.2

         Котиби Генералии замони СММ Кофи Аннан дар маҷаллаи махсуси русии «Огонёк» соли 2001 ҳамчун дӯсти тоҷикон навишта буд: «Тоҷикистон намунаи хоси ҳалли муноқишаи дохилиро пешниҳод намуд. Фикр мекунам, ки ин ҳиссаи Тоҷикистон дар таърихи истиқрори сулҳ ба ҳисоб меравад».

         Лекин ибтидои фаъолияти сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ин Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Тоҷикистон дар шаҳри бостонии Хуҷанд ба шумор мерафт, ки аз ҷумла он вақт ҳамчун раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон чунин суханҳои таърихиро баён намуда буданд: «Ман ҳамчун сиёсатмадор аз рӯи тақдир ба шароити таърихии худ ба сарварии Тоҷикистони соҳибистиқлол дар лаҳзаҳои душвори муқовимат омадам, ки ҳар рӯзи ҷангро аз байн бурдан, ба Ватан ҳар чӣ зудтар сулҳ ва созиш овардан, ин мақсади олии ман буд, ки барои ба даст овардани он ҳеҷ чизро дареғ намедоштам»1.

Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон чунин баҳо дода буд: «Эмомалӣ Раҳмон дар байни сиёсатмадорони давлатҳои мустақил яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд ва ин тасодуфӣ нест. Тамоми кӯшишҳои вай шаҳодати он мебошад, ки дар Тоҷикистон ҷараёни сулҳ мегузарад, ки монанди он дар дигар кишварҳои ба низоъ дучор гашта вуҷуд надорад. Он чизе, ки дар Тоҷикистон мегузарад ин намунаи хуб барои бисёр халқҳо ва кишварҳо ба шумор меравад».2

Ҳанӯз дар солҳои 384-322 то мелод файласуфи Юнони қадим Афлотун дар асри худ «Давлат», қайд карда буд, ки «дар давлат бояд ҳикмат, шуҷоат, иффат ва адолат ҳукмфармо бошад».3

Ба ақидаи Афлотун, сиёсат санъатест, ки донишу маҳорати хоси идоракуниро тақозо менамояд. Донишу маҳорати идоракунии ба худ хос - ин яке аз ҷиҳатҳои муҳими сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад, ки меъёри асосии он хирад ва зеҳни амиқи сиёсӣ мебошад.

Дар Иҷлосияи 52-юми Маҷмааи Генералии СММ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон чандин бор бо дарки сиёсии амиқ изҳор намуд:

«Дар байни низоъҳо ва ҳолатҳои бӯҳронӣ, баъди анҷоми «ҷанги сард» аз масъалаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон дида муҳимтаре нест, ки ба паҳншавии яроқ, маводи мухаддир, терроризм ва ифродагароӣ дар минтақа мегардад».4 Мутаасифона ин пешгӯиҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмонро чандон ба назари эътибор нагирифтанд.

Воқеаи 11-уми сентябри соли 2001 амали терроризми байналмилалӣ дар ИМА исбот намуд, ки то кадом дараҷа андешаҳои сиёсии Эмомалӣ Раҳмон ба таҳлил ва баррасии масоили сиёсии минтақа ва ҷаҳон кодир аст. «Ташаккули муносибатхои сиёсӣ - ба ақидаи сотсиологи рус Кравченко А.И. - дар заминаи институти сиесии ҷомеа, ки яке аз институтҳои асосии ҷомеа ба шумор рафта, таъиноти асосии он амният ва тартиботи ҷамъиятӣ мебошад, баррасӣ мегардад».

Бинобар ҳамин ба ақидаи мо сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон то ба арсаи сиёсати бузург омадани ӯ ба ҳайси намояндаи Шӯрои Олии Ҷумхурии Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон оғоз гардида, ба марҳилахои зерин ҷудо мешавад:

-марҳилаи якум, солҳои 1990-1991 то қабули Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ ва эълон шудани Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад. (24.08.1990. – 9.09.1992)

- марҳилаи дуюм – даъвати Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ибтидои муттаҳидшавии халқи тоҷик (16.11.1992-6.12.1994).

- марҳилаи сеюм - ташаккули муносибатҳои нави сиёсӣ бо қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интихоби Президенти ҷумҳурӣ (06.11.1994. -27.6.1997).

- марҳилаи чорум – имзои Созишномаи истиқрори сулҳу ризоияти миллӣ ва фазои баъдиҷангӣ (27.06.1997 - 11.03.2002).

- марҳилаи панҷум – имзои ризояти миллӣ аз ҷониби ҳамаи ҳизбҳои сиёсӣ ва ташкилотҳои ҷамъиятии ҷумҳурӣ (11.03.2002-22.06.2003).

- марҳилаи шашум - гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.06.2003-2006).

- марҳилаи ҳафтум – интихоби умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006).

- марҳилаи ҳаштум - гузаронидани райъпурсии умумихалқӣ ва ворид намудани тағйироту иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (22.05.2016).

Ба ақидаи муҳаққиқи тоҷик З.Мамадҷонова «бисёр олимон чунин ақида доранд, ки равандҳое, ки дар ҷомеаи тоҷикон мегузаранд, ин давраи қонунии бунёди шууру худогоҳии ҳар як халқ, аз ҷумла тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки дар онҳо тағийротҳои дарднок дар муносибатҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба вуҷуд меояд».1

Яке аз ин қиматҳои муҳими иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сиёсӣ ин бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон аст, ки ба марҳилаи таърихи навини худ ворид шудааст. Дар рушд ва инкишофи давлати миллии тоҷикон баъд аз ҳазорсолаҳо талошу хизматҳои Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле калон буда, ин давраро давраи «Маданияти давлатдории Эмомалӣ Раҳмон» ё худ «Мактаби сиёсии Эмомалӣ Раҳмон» номидан ҳам мумкин аст.

Эмомалӣ Раҳмон борҳо хусусияти демократӣ ва башардӯстии афкори сиёсии худро эълон намудааст. Аз ҷумла, ӯ менависад: «Мо ба ягон кас модели демократияи худро бор намекунем, ки решаҳои худро дошта, бо системаи дунявӣ ҷомеа асос ёфтааст. Лекин мо ва ин ҳуқуқи демократии мост, ки моделҳои таҳмилшавандаи дигаргунсозии давлати худро қабул надорем, ки метавонанд вазъиятро дар кишвар ноором гардонида ба ҷудоандозӣ, бӯҳрони сиёсӣ, аз даст рафтани истиқлолият оварда расонанд.2

Дар ҷаҳон мактабҳои сиёсӣ, аз қабили мактаби америкоӣ, мактаби англисӣ, олмонӣ, франсавӣ ва ғайра зиёд мебошанд, лекин то ҳол мактаби сиёсии тоҷикон, бахусус мактаби сиёсии муосири он ба пуррагӣ тадқиқ нагаштааст. Аз ин лиҳоз, мактаби сиёсии тоҷикон аз замони Абунасри Форобӣ, Ибни Сино, Низомулмулк хеле пурқувват буда, баҳри санъати идоракунии давлат намуна мебошанд.

Абунасри Форобӣ - яке аз мутафаккирони асримиёнагии тоҷик буд, ки хусусият ва хислатҳои сарварии сиёсиро пешниҳод намуд, ки қимати сиёсии худро то ҳол гум накардаанд:

  • 1.Сарвар бояд аз ҷиҳати табиӣ мутлақо ҷисми мустаҳкам, қобилияти узвҳои бадан барои ҳаракатҳои заруриро дошта бошад.
  • 2.Аз нигоҳи табииӣ ба таври аъло табиати шӯх дошта, гуфтаҳои худро дарк намояд.
  • 3.Хотираи мустаҳкам дошта бошад, ҳамаи он чизҳоеро, ки ба ӯ мегӯянд, тассавур карда тавонад.
  • 4.Ақл ва зеҳни чуқур дошта бошад.
  • 5.Нутқи бурро ва тафаккури равшан дошта бошад.
  • 6.Муҳаббат ба таълим ва маърифат дошта бошад.
  • 7.Ҳақиқатро дӯст дорад ва тарафдори он бошад, дурӯғ ва дурӯғгуёнро бад бинад.
  • 8.Дили кушод дошта шаъну шарафро қимат донад.
  • 9.Дирам, динор ва дигар нишондодҳои ҳаёти моддиро нафрат кунад.
  • 10.Аз табиат адолатро дӯст дорад.
  • 11.Беадолатӣ ва зулмро бадбинӣ намояд.
  • 12.Ба одамони худӣ ва бегона адолатнок бошад, дар назди адолат якравӣ накунад.
  • 13.Ҷасур бошад ва зуд қарор барорад, тарсу буздилӣ надошта бошад.
  • 14.Ба таври хуб санъати идоракуниро донад.1
  • Ин сифатҳои сарварӣ бевосита ба шахсияти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мувофиқ буда, борҳо дар равандҳои душвори идоракунии давлатӣ худро исбот намудааст.

    Ба ақидаи муҳаққиқи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон Одиназода А.Ш. барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ шароитҳои муайяни иҷтимоӣ зарур аст, ки ба ин шароитҳо дохил мешаванд:

    - шароитҳои иҷтимоӣ – иқтисодӣ;

    - шароитҳои иҷтимоӣ – сиёсӣ;

         -шароитҳои фарҳангӣ.

         Барои ҳамаи ин шароитҳо сарварии сиёсии Эмомалӣ Раҳмон идеяҳои конструктивӣ пешниҳод намуда, равандҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва фарҳангиро омили муҳими давлатдорӣ меҳисобад.

    Барномаҳои гуногуни рушди иқтисодӣ (бунёди роҳҳо, сохтмони азими НБО – «Роғун», корхонаҳои саноатӣ, рушди кишоварзӣ ва ғ.), рушди демократия дар Тоҷикистон (бисёрҳизбӣ, озодии матбуот, дину виҷдон, иштироки васеи мардум дар идоракунии давлатӣ), Стратегияи кам кардани сатҳи камбизоатӣ, ҳимояи қишрҳои ниёздоштаи ҷомеа, танзими расму оинҳо, барномаҳои фарҳангӣ (2006-бузургдошти соли тамаддуни ориёӣ, 2500-солагии Истаравшани бостонӣ, 2700-солагии шаҳри бостонии Кӯлоб, 3000-солагии Ҳисори шодмон, соли 2009-соли бузургдошти Имоми Аъзам), сиёсати берунии бисёрвектораи давлати Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, робитаҳои қавӣ бо кишварҳои гуногуни ҷаҳон бидуни низоми сиёсии онҳо ва дигар барномаҳои муштараки инкишофи иқтисодӣ –иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа номгӯи масъалаҳое мебошанд, ки самтҳои асосии сиёсати Президенти Чумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмонро муайян месозанд.

         Чӣ тавре, ки Эмомалӣ Раҳмон қайд менамояд «ҳамватанони мо хуб мефаҳманд, ки маҳз таҳлили дурусту баҳои оқилонаи раванди воқеаҳо, ботамкинӣ ва дурандешагии ҳукумати ҷумҳурӣ ва ниҳоят дастгирии Созмони Милали Муттаҳид, давлатҳои ба мо дӯсту бародар ва хайрхоҳ имконият доданд, ки мо на як бору ду бор хатари табадуллоти давлатӣ ва такроран ба ҷангӣ хонагӣ кашидани мардуми азияткашидаамонро бартараф созем. Имзои намояндагони бештар аз 50 ҳизбу созмон дар «Аҳдномаи ризоияти ҷомеаи Тоҷикистон» низ иқдоми накӯ ва боэтимодест барои таъмини якпорчагӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу осоиш ва якдигарфаҳмӣ дар сар то сари кишвар»2.

             Дар маҷмӯъ хусусиятҳои муҳими сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумхури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҳо мебошанд:

    - фароҳам овардани фазои мӯътадил дар ҷомеа барои рушди ояндаи бемайлони он;

    - ҷонибдории арзишҳои демократии бо назардошти фарҳанг ва психологияи миллӣ хос;

    - гуногунандешагӣ, озодии виҷдон, матбуот;

    - таҳаммулпазирӣ, эътирофи ҳуқуқи халқҳои сокини Тоҷикистон ва расму русуми онҳо;

    - институти бисёрҳизбӣ ва манъи ҳизбҳои хусусияти ифродгароӣ дошта;

    - нигаҳдории принсипи дунявияти давлат;

    - равобити гуногунвекторӣ бо кишварҳои хориҷӣ, сиёсати дарҳои боз;

    - пойдории ваҳдати миллӣ, якпорчагӣ ва дӯстии халқҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ;

    - рушди босуботи иқтисоди миллӣ, ҳимояи бозори дохилӣ, асъори миллӣ;

    - давра ба давра кам намудани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар;

    - ҳимояи қишрҳои камбизоати ҷомеа ва ғамхорӣ дар ҳаққи он;

    - танзими оила ва ҳимояи иҷтимоии он аз ҷониби давлат;

    - танзими расму оин, кам намудани хароҷотҳои зиёдатӣ ва бо ин роҳ ғанӣ гардонидани буҷаи оилавӣ;

    - самти афзалиятнок эълон намудани рушди маориф ва наздикшавӣ ба ҷомеаи технологӣ;

    - ҳимояи манфиатҳои геополитикии Тоҷикистон ва амнияти дохилӣ ва берунии он;

    - танзими равандҳои муҳоҷират, ба бозори меҳнати дохилӣ ҷалб намудани шаҳрвандон.

    - ҳимояи ҳаёт, тандурустӣ, ташкили фароғати мусоиди шаҳрвандон бо нигоҳдории хусусиятҳои миллӣ – этникӣ (табдили Тоҷикистон ба яке аз кишварҳои демократии тараққикардаи озод, соҳибихтиёр ва ҷолиби сайёҳӣ).

    «Бо боварӣ гуфта метавонем, ки давраи нави инкишофи иқтисодӣ – иҷтимоии кишвар фаро расидааст, ки муносибати комплексиро дар бунёди низоми инкишофи миллӣ талаб менамоянд»1, қайд менамояд Эмомалӣ Раҳмон.

             Таҳлил ва тадқиқи адабиёти илмӣ ва илмӣ – оммавӣ нишон медиҳад, ки масъалаи мазкур актуалӣ буда, то ҳол ба таври алоҳида тадқиқ нашудааст. Моҳият ва паҳлӯҳои гуногуни сарварии сиёсии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва заҳматҳои беназири ин шахсияти таърихӣ дар наҷот ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол тадқиқоти пурраи фундаменталиро дар илмҳои ҳуқуқшиносӣ ва сиёсатшиносӣ тақозо менамояд.

    АДАБИЁТ

    1. Раҳмон Э. Ш. Таджикистан уникальный опыт мира и согласия. Народная газета, 2002.№ 26.

    2. Раҳмон Э.Ш. Республика Таджикистан на пороге ХХ1 века. Независимая газета, 8 декабря 2000г.

    3. Эмомалӣ Раҳмон. Тоҷикон дар оинаи таърих . Душанбе,1997.

    4. Семененко О. Ю. Политические конфликты и механизмы разрешения опыт Таджикистана Душанбе, 2002.

    5. Асламов Б.С., Маҳмадов С.Т. Саҳми Э.Ш.Раҳмон ҳамчун пешвои сиёсӣ дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Осори илмии Академияи ВКД. Душанбе, 2002.

    6.Сайфуллоев Н. М., Раҷабов Р. М. Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат. Душанбе, 2006.

    7. Сухомлинов В., Шолаев Г. Дорога к согласию: Эмомалӣ Раҳмон человек и политик. М., 2002.

    8. Кравчинко А.И. Социология. М., 2001.

    9. Мамаджонова З. Национальные отношения в Таджикистане. Этносы Таджикистана: реальность и перспективы развития «Бизнес и политика», №6, 2002.

    10. Джураев Р.З. Необходимые качество и свойство политического лидера. Труды Академии МВД РТ, Выпуск 5. Душанбе, 2002.

    11. Одинаев А.Ш. Теоретико – правовые аспекты формирования гражданского общество (на примере Республики Таджикистан). М.,2008.

    13. YIP. Международный журнал о лидерах и для лидеров. №7-8. Москва, 2008.

    Шарифзода Ф.Р. - сардори Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ, дотсент, генерал-майори милитсия.                    

                                  

    Асламов Б.С. - муовини сардори факултети № 2 Академияи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон, аълочии матбуот, полковники милитсия.



    1 Ниг.: Пурра: Семененко О.Ю. Политически конфликты и механизмы разрешения (опыт Таджикистана) Автореферат диссертации на соискания ученой степени кандидат политических наук. Душанбе, 2002. -20 с.

    2 Ниг.: Асламов Б.С.Маҳмадов С.Т. Саҳми Э.Ш.Раҳмон ҳамчун пешвои сиёси дар истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллӣ. Осори илми Академияи ВКД. ҶТ. Душанбе, 2002. 49-53.

    1 Раҳмон Э.Ш. Таджикистан уникальный опыт мира и согласия. Народная газета, 2002. №26.

    2 Огонёк. Специальный выпуск, 2001. С.3.

    3 Сайфуллоев Н.М., Раҷабов П.М. Таърихи таълимот оид ба ҳуқуқ ва давлат. Душанбе, 2006. - С.20.

    4 Сухомлинов В., Шолаев Г. Дорога к согласие: Эмоали Рахмон человек и политик. М., 2002. – С.

    1 Мамаджонова З. Национальные отношения в Таджикистане. Этносы Таджикистана: Реальность и перспективы развития. Бизнес и политика, № 6. 2002.

    2 Раҳмонов Э.Ш. Республика Таджикистан: на пороге XXI века. Независимая газета, 8-декабря, 2000.

    1 Ниг.: пурра: Джураев Р.З. Необходимый качество и свойство политического лидера. Труды Академии МВД РТ, выпуск 5. Душанбе, 2002. С. 190-196.

    2. Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикон дар оинаи таърих. Душанбе, 1997.С. 15

    1 YIP. Международный журнал о лидерах и для лидеров. 111 №7-8, Москва, 2008. С.9-10.

    Шарҳи Шумо

    Security code
    Рамзи дигар





    Китобҳои олимони академия

    676

    Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ»

    Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!

    Ҳамватанони азиз!

    Соли 2023 барои Тоҷикистон, бо вуҷуди мураккабшавии бесобиқаи вазъи ҷаҳони муосир, инчунин...